ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Июн 2021 09:20

 

20.06.1921. Ба Петроград аввалин киштӣ бо озуқаворӣ барои гуруснагони Поволже ворид гардид. Он шабу рӯз қисмати Поволжеи РСФСР гирифтори гуруснагии сахт шуда буд ва ҳамаи ҷаҳон ба он кумак мекард.

20.06.1963. Миёни СССР ва ИМА хатти мустақими алоқа кашида шуд, то тарафҳо нохудогоҳ ҷангро оғоз накунанд.

21.06.1926. Дар Маскав аввалин таксиҳои шӯравӣ ба хизматрасонӣ оғоз карданд. Дар оғоз дар Маскав танҳо 16 мошини тамғаи «Рено» ба таъбире «таксӣ мезаданд».

21.06.1941.Нерӯҳои низомии немис, ки дар марзи шарқии СССР мустақар буданд, аломати шартии «Дортмунд»-ро дарёфт карданд. Тибқи ин аломат амалиёти низомӣ зидди СССР тибқи нақшаи «Барбаросса» 22 июн мебоист шурӯъ мешуд. Дастаҳои тахрибкори олмонӣ вориди хоки СССР шуданд ва флоти ҳарбии олмонӣ минакории вурудӣ ба халиҷи Финро сар кард.

21.06.1941.Дар шаҳри Самарқанд мақбараи Темури лангро канданд. Мегӯянд, баъди чанд соати боз кардани қабри Темур ҶБВ оғоз гардид.

22.06.1919. Маҷлиси умуми (Ассамблея)-и Веймери Олмон бо сабаби талаби таҳдидомези Антанта барои имзои созишномаи Версал ризоият дод. Ин созишнома яке аз сабабҳои оғози ҶБВ ба шумор меравад.

22.06.1940. Фаронса дар бешаи Кампен санади таслими бечунучарои худро дар баробари Олмон имзо кард.

22.06.1941. Артиши гитлерӣ бе эълони ҷанг ба хоки СССР ҳуҷум кард. Оғози ҶБВ. Ин рӯз дар бештари кишварҳои собиқи СССР чун Рӯзи ёдбуд ва ғаму андӯҳ қадр мегардад. 

23.06.1944. Аршиши шӯравӣ амалиёти «Багратион»-ро шурӯъ кард. Он яке аз амалиётҳои нодири ҶБВ ба шумор меравад ва дар натиҷа Белоруссия ба куллӣ аз тасарруфи немисҳо озод шуд.

23.06.1956. Дар Миср Ҷамол Абдул Носир президенти кишвар интихоб гардид. Ӯ ба ҷараёноти чапгаро бештар майл дошт ва яке аз наздиктарин иттифоқчиёни СССР дар минтақа буд.

24.06.1945.Паради ғалаба дар Майдони сурхи Маскав зери фармондеҳии маршал Георгий Жуков баргузор гардид ва нишонгари ғалаби СССР дар ҷанг алайҳи Олмон буд. Дар рафти парад тамоми парчамҳои Олмони фашистӣ ба дари Мавзолейи Ленин ҳаво дода шуданд.

Чоршанбе, 23 Июн 2021 09:15

Номи «танки паррон» - ро одатан нисбати ҳавопаймои ҳуҷумкунандаи Ил – 2 истифода мебаранд, ки тайёраи ҷангии оммавитарини замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуда буд. Лекин аксар бехабаранд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтани танки ҳақиқии паррон кӯшишҳо шуда буд. Мошини беназири ҷангӣ номи «Танки паррони КТ – 1» ё А – 40 – ро гирифт.

Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ партизанҳои советӣ навоҳии томро дар ақибгоҳи Вермахт бомуваффақият озод мекарданд, вале ба «интиқомгирандагони мардумӣ» техникаи ҷангии вазнин намерасид. Ҳолатҳое буданд, ки партизанҳо дар ҷойҳои пештараи ҷанг танкҳои шикастаи олмонӣ ё советиро дарёфта онҳоро таъмир ва барои ҳуҷум бар зидди пулисманҳо истифода мебурданд. Охириҳо, ки силоҳи зиддитанкӣ надоштанд, одатан рӯ ба фирор меоварданд.

Ситоди марказии ҷунбиши партизанӣ фоидаро аз истифодаи танкҳо мефаҳмид. Лекин ба ҷойи дигар бурдани чунин техникаҳо аз тариқи хати ҷабҳа танҳо бо роҳи ҳавоӣ мумкин буд, аммо ҳавопаймоҳои нақлиётӣ чунин борро бардошта наметавонистанд.

Конструктори (тарҳкаши) машҳури советӣ Олег Антонов, ки шурӯъ аз солҳои 1920 бо сохтани дастгоҳҳои парвозкунандаи бе сарнишин машғул буд, хост ин проблемаи ғайристандартиро ҳал кунад. Тибқи баъзе маълумотҳо вай аз авлоди декабрист Дмитрий Антонов будааст. Дар аҳди шӯравӣ оилаи Антоновҳо аз насаби дворянҳо буданашонро пинҳон медоштанд. 

Соли 1923, дар синни 17 – солагӣ Олег худро дар «Ҷамъияти дӯстони Флоти ҳавоӣ» номнавис кард ва аввалин планёр (ҳавопаймои бе мотор) - и сохтаи вай бо номи «Голубь» («Кабӯтар») соли баъдӣ дар Қрим ба маъраз гузошта шуд.

Аз соли 1931 Антонов ба сифати сарконструктори коргоҳи планёрсозии Тушинаи Москва кор мекард ва баъди пӯшида шудани он соли 1938 дар Бюрои конструктории А. С. Яковлев ба фаъолият пардохт ва ба сохтани ҳавопаймоҳои сабук машғул шуд. Вале баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ талабот ба планёрҳои десантӣ ва нақлиётӣ ба миён омад. Масалан, барои расондани бор ба партизанҳо планёри пуррачӯбии соли 1941 сохтаи А – 7 – и Антонов истифода мешуд.

Барои ба ҷойи даркорӣ бурдани танки сабуки вазни камтаринаш 5,8 тонна ҳавопаймои тамоман дигар зарур омад. Конструктор ба танк мустаҳкам намудани боли биплании фарохиаш 18 - метра ва думи душоҳтираро бо болу пар дарёфт. Дарозии конструксия бо думаш 12 метрро ташкил медод.

Қуттии биплании болҳо ва шоҳтири думи ҳавопаймо ба бадани (корпуси) танкҳо дар чаҳор нуқтаи боли поёнӣ насб карда мешуд, - тасвир намудааст нақшаи А – 40 – ро биографи Антонов Николай Якубович. – Барои паст кардани муқовимати аэродинамикии ҳаво манора вақти васли планёр дар танк бо тӯп ақибнокӣ яла мешуд». Албатта онҳо мақсади бо тӯп дар ҳаво тир парронданро надоштанд. Дар дохили танк ҳавонавард – ронанда менишаст, ки маҳалро тавассути дастгоҳи махсуси оптикӣ мушоҳида мекард. 

Танки паррон винт (парра) надошт ва бояд онро ҳавопаймои вазнин кашида, ба ҳаракат медаровард. Нависанда Виктор Суворов дар китоби худ «Яхшикан» («Ледокол») зикр менамояд: «Пеш аз фурудоӣ ба замин муҳаррики танк ба кор медаромад ва тасмачарх бо суръати максималӣ тоб мехӯрд. Баъди фуруд омадан ба замин бояд болҳо ва дум аз танк ҷудо мешуданд».

Чоршанбе, 23 Июн 2021 09:00

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент мақолаи «Панҷакент: боғамро чаппагардон карданд....», ки сокини ш.Панҷакент, деҳаи Фароб, Ҷамоати деҳоти Фароб Ҳамзаев С. дар шумораи № 15 (656) ҳафтавори «СССР» аз 15 апрели соли 2021 нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ карор дод.

Ҳангоми омӯзиш муайян гардид, ки қитъаи замини мавриди назар доштаи Ҳамзаев С. чарогоҳи мансуби хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродии Ҷамоати деҳоти Косатарош буда, дар сарҳади Ҷамоати деҳоти Фароб ҷойгир мебошад. Санаи 17 апрели соли 2018 раиси хоҷагии деҳқонии «Чорбоғ» Ҷӯраев Раҳимқул аз мавзеи «Обиқишлоқ»-и Ҷамоати деҳоти Фароб, ба шаҳрванд Ҳамзаев Сангчақул ба майдони умумии 10,0 га қитъаи замин, аз он обӣ -0,20, корами лалмӣ -1,0 га ва чарогоҳ -8,80 гаро тариқи шартнома ба иҷора додааст. Муайян карда шуд, ки қитъаи замини ба иҷора додашуда, дар харитаи заминистифодабарии собиқ ширкати кишоварзии ба номи «Амир-Темур» дар тарҳҳои 18, 12 ва 2 ҷойгир буда, мавриди таҷдид дар асоси қарори раиси ш.Панҷакент аз 11.03.2014, № 118 бо майдони 10,0 гектар хоҷагии деҳқонии «Ботир» таъсис шуда, ба аъзои он тааллуқ дорад.

Дар асоси муроҷиати раиси хоҷагии деҳқонии «Ботир» масъулини кумитаи идораи замини ш.Панҷакент сарҳадҳои хоҷагии мазкурро муайян намуданд. Ҳамчунин, муайян гардид, ки дар асоси шартномаи иҷораи замини болозикршуда Ҳамзаев Сангчақул, Набиев Мирзораҳим ва дигар сокинони Ҷамоати деҳоти Фароб дар ин қитъаи замини баҳсӣ ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонидаанд. Сипас, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ботир» барои фаъолияти хоҷагидорӣ намудан ба шудгори қитъаи замини мазкур шурӯъ менамоянд, ки боиси баҳс ва норозигии муаллиф мегардад. Ҳангоми баррасии даъвои муаллиф муайян карда шуд, ки қитъаи замини мазкур дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Косатарош ҷойгир буда, бо тартиби муқарраргардида ба хоҷагии деҳқонии «Ботир» ҷудо гардидааст. Ба муаллиф фаҳмонида дода шуд, ки тибқи талаботҳои Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи сохти сарҳадҳои марзӣ ва маъмурӣ» ва моддаи 4-и Кодекси замини ҶТ таъсис, барҳам ва тағйиротҳои ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурӣ ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ шомил мебошад. Муаллиф метавонад, барои давом додани фаъолияташ бобати бастани шартнома ба хоҷагии деҳқонии «Ботир» муроҷиат карда, дар ҳолати ҳалли худро наёфтани масъала, бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти судӣ муроҷиат намояд.

М. Сафарзода, 

муовини якуми раиси ш.Панҷакент 

 

Чоршанбе, 23 Июн 2021 08:58

 

Насиба Худоёрова, сокини ш.Душанбе ба идораи редаксия занг зада (тел: 93 222 11 43) дар бораи нархи гарони истироҳатгоҳҳои мавзеи Варзоб изҳори нигаронӣ намуд.

   - Рӯзи шанбеи гузашта кӯдаконро гирифта, ба тарафи Варзоб рафтем. 2 соат бештар макони истироҳат кофтем, ҳама ҷо аз 800-1000 сомонӣ барои 1 рӯз ҳарф мезананд. 1 кати холӣ дар истироҳатгоҳи «Мардон» 300-450 сомонист. Тарабхонаву ошхона, истироҳатгоҳҳои сарироҳӣ мизоҷи кӯдакдорро бо ҳар баҳона қабул намекунанд. Ба «Гули майда» ва «Садбарг»-у «Парвин» даромада намешавад. Хостем ҳамту дар лаби дарё кӯрпача андохта шинем, нагузоштанд, зеро лаби дарёро ҳам харидаанд. Ин ҳолат ба ёдам порчаеро аз «Лаҳзаҳои гуворо» овард, ки қаҳрамонаш Ҷамшед мегуфт, ки «санги дарёро ҳам падарам харидаанд…»

 

Чоршанбе, 23 Июн 2021 08:52

 

Зулфиқор Қувватов, сокини ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»-и н.Кӯшониён ба идора занг зада, нигаронии худро дар робита ба сайди моҳӣ тариқи шасти барқӣ баён намуд.

   - Ман ба соҳибкорӣ машғул ҳастаму барои ором кардани асабҳо ҳафтае 1 маротиба бо дучарха ба рӯди Вахш мераваму моҳидорӣ мекунам. Дар даврони СССР дар дарёи Вахш моҳиҳои зиёди калонҷусса мавҷуд буданд, ки қадашон ба қади одам мерасид. Солҳои ахир моҳӣ дар ин дарё майда ва кам шудан гирифт. Медонед чаро? Чунки мардуми беинсофи мо моҳиҳоро тариқи шасти барқӣ шабона омада, шикор мекунанд. 

   Ин тарзи шикор бештар рӯи кӯпруке, ки 2 ноҳия Кӯшониён ва Хуросонро мепайвандад, сурат мегирад. Браконерҳо рӯи балонҳои махсус нишаста моҳиҳоро бо барқ зада мекушанд. Ин аст, ки рӯи об моҳиҳои мурдаи зиёд ҷамъ шудаанд ва пеши ин амали ғайриинсониро бояд гирифт. Моҳиро бо ин роҳ қир кардан гирем, пагоҳ дарёҳоямон ба мазори моҳӣ мубаддал мегарданд.

 

Чоршанбе, 23 Июн 2021 08:48

 

Олимбеки Зиёиён, сокини н.Мастчоҳ ба идора занг зада (тел: 917 54 82 52) гуфт, ки Ворух анклав нест ва онро набояд анклав навишт. 

    - Журналистони маъруф ва тасодуфӣ ҷуъзиётро надониста дар навиштаҳояшон Ворухро «анклав» номида истодаанд. Агар аз руйи принсипи ҳуқуқҳои байналмиллӣ нигарем, бояд дар ҳуҷҷатҳои қабулкардаи парламентҳои ҳарду давлат сарҳадҳои муайянгардида ратификатсия шуда бошанд. Харитаи фазо дар бораи муйаян шудани сарҳади ҳарду давлат дар соли 1927 аз тарафи котиби давлатӣ Ким Янукидзе имзо шуда, дар он мӯҳри СССР гузошта шудааст. Дар он вақт аз нав бақайдгирии сарҳадҳои давлатҳои нав ташкил ёфтаро анҷом медоданд ва ин протсес 17.03.1927 ба анҷом расид. Замима ба харитаи соли 1927- сарҳадҳои РСС Ӯзбекистон ва РСФСР-ро Магидович имзо гузоштаанд. Ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда дар бойгонии марказии револютсияи Октябр маҳфуз буданд, ки алҳол бояд дар бойгонии марказии ФР бошанд.  Ҳамаи инро қирғизҳо хуб медонанд, вале тан намедиҳанд. 

 Қирғизҳо фаромӯш накунанд, ки мо тоҷики асил, ғаюр, соҳибдавлат, соҳиби асли хеш, яъне таърихи бузургем! 

 

Чоршанбе, 23 Июн 2021 08:46

   

Дуруд аҳли эҷод ва хонандагони СССР! Чаро мақомоти дахлдор нарху навои маводи сӯхт, хосса гази моеъро танзим намекунанд? Мо 1 гурӯҳ ронандагоне, ки аз субҳ то шом ба мусофиркашонӣ машғул буда, рӯзгорамонро бо ин роҳ пеш мебарем,  пайваста гарон шудани нархи маводи сӯхт кори моро душвор мекунад. Ҳамин ҳоло нархи 1 кило гази моеъ 5 сомониву 10 дирам шудааст, 2 рӯз пеш 4 сомониву 90 дирам буд…Чаро танзиму назорат нест!?  

Сӯҳроби Маҳмадулло, н.Кӯшонён, 

Тел: 90 595 96 89

 

Чоршанбе, 23 Июн 2021 08:42

-Салом ба СССР-и азиз! Нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе, хосса фаъолияти микроавтобусҳо ҳеҷ танзим нашуд, ки нашуд. Нархи роҳкиро кайҳо 1 сомониву 60 дирам муайан шудааст, вале чаро даҳҳо микроавтобусе, ки рақами давлатӣ надоранд, дар самти «Корвон»-«Қараболо» ё «Корвон»-«Садбарг» ҳамарӯза равуо намуда аз мусофирон 2 сомонӣ мечинанд? Маълум аст, ки ин микроавтобусҳо ба қавле «нелегаланд», аммо чаро рӯирост ва бар хилофи дастуру супоришҳои раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нархи роҳкироро бардоштаанду касе ба онҳо чизе намегӯяд? Ин микроавтобусҳоро кадом мансабдори БДА ё Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт «тағагӣ» мекунад?

Дигар ин, ки масъулони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мусофиронро ахмақ карда, хатсайрҳоро бе хабару огоҳӣ иваз мекунанд, амсоли хатсайри №33 ҳоло №55 ва №55А шудаасту нисфи ин микроавтобусҳо дар хатсайри №18 мегарданд. 

Сеюм, проблемаи асосии микроавтобусҳои мо-кондуктор ва ё пулчинакҳои дағалрафтору дағалгуфтор кай аз байн бардошта мешавад? Оё хуб нест, ки савор шудан ба микроавтобусҳо низ тавассути корти нақлиётӣ ба роҳ монда шаваду асабу гӯши мо аз садои кондукторҳо халос? 

Давлатмурод Бобоев, ш.Душанбе

 

саҳ 4 аз 11

Китобҳо

Flag Counter