ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Июн 2021 08:37

Матлаби фавқро ба Асадуллои Раҳмон, Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Бахтиёр Назарзода-ҳамкасбон ва дӯсти кӯдакии ба наздик модаргумкардаам мебахшам…

14.06.2021. Очаҷони ман 90-сола шуд! Оре, шуд, на ин ки  «мешуд». Зеро то ману фарзандонаш ҳастему ба ин давлату ин ҷамъият, ин халқу ин миллат хидмате мекунем, Очаи ман зинда аст! Очаи ту ҳам зинда аст, хонандаи ин сутур, агар ту низ мисли ману мо камари хидмат бар халқу миллатат барбастаӣ. 

Вале Очаи онҳое дигар нест, ки барои манфиати хеш ба сар мебаранд. Ҳатто агар намозу саҷдаву зуҳду риёву ҳаҷҷу дағ-дағаву дам-дамае, барои худнамоӣ мекунем(д), пухта донед, ки очаа(т)мон мурдааст. Зеро ману шумо хайрияи ҷорием ва агар ин хайру сахо бар мардуми Худо мерасад, пас роиҷ аст, ки гӯянд, фулонӣ зинда аст, агарчи мурда бошад. Ва ману мову шумо низ бояд фарзандоне тарбият кунем, ки фардо хидматгори ин миллату ин давлат бошанд, то номамон ва рӯҳамон зинда монад. 

 Матлаби фавқ боре нашр шуда буд. Ин бор таҳрирхӯрда чоп мешавад. Вале мӯҳтавояш ҳамон аст; Иззат гузоштан аз қаҳрамони даврони мо-Очаи ман, Очаи ту, Очаи вай, Очаҷонҳои мо. 

Ин мақоларо барои он бознашр мекунам, ки фикр дорам, 14 июн барои ман муқаддас аст. Зеро дар ин рӯз Очаҷони ман таваллуд шудааст-офаридгораке аз офаридаҳои Офаридагор. Очаи ту ҳам, хонандаи ман, ҳатман зодрӯз дорад ва агар он санад аз хотират рафтааст, бок нест, ин матлабро ман ба Очаи ту низ мебахшам! Зодрӯзи Очаи қаҳрамонат муборак, визави. Мо Метавонем!

 Чаро Оча гуфтам? Зеро ман ёд надорам, ки Ӯро боре Модар гуфта бошам, илло ба рӯзи 8-март ва Зодрӯзаш-14.06.1930, ки табрики расмиаш мекардам. Кӯдак будам ва ба Ӯ шеъри Модар мехондам. Ба вежа дар 8-март, ки худ ба кӯҳ баромадаву гулаш мечидам ва мегуфтам:

Ман аз кӯҳсор гул чиндам, 

Ман аз ҷӯйбор гул чиндам,

Ман аз гулзор гул чиндам,

Бишуд гулдастае тайёр,

Барои Модари ғамхор...

Фикр дорам, муаллифи ин шеър ва ҳар шоире, ки Модар гуфта шеър менависад, ҳатман модарашро дар зиндагонӣ Оча гуфтааст, ё Бува, ё Она ё Ача ё…

Ӯ низ 1 умр барои ман Оча буд! Вақте ба поям хор мехалид, дастам хуншор мешуд, меафтодам, мепаридам, меҷастам, лат мехӯрдам… «вой Очаҷон!» мегуфтам, на «Оҳ, Модарҷон». Зеро Ӯ Очаҷон буд…

 Очаи ман дар тарбияти ман дасти тамом дошт. Имрӯз дар бисоти фардии хеш ҳар чизе, ки дорам аз Ӯст: маро Ӯ сохта аст, ҳамчун индивид ва ҳамчун шахсият. Табиист, ки ҳама зан таваллуд мекунад. Вале ангуштшумор занҳо ҳастанд, ки сипас фарзандро СОЗАНД! Очаи ман аз ангуштшумор модарони Тоҷик буд, ки маро зода, сипас сохт…

Ҳамагӣ 4 синф хонда, вале сахт басавод буд. Зеро 7 фарзандро ҳамеша ба дарсу мактаб омода мекард. Программаи таҳсилоти мактаби миёнаро, ки алорағми барномарезии даврони истиқлолияти мо, ҳаргиз тағйир намеёфт, 100% аз худ карда буд. Зеро намехост фарзандонаш бесавод монанд. Ёд дорам, ки математика, алгебра ва геометрияро аз ҳамаи мо чӣ, ки аз омӯзгоронамон хубтар медонист. Мо 7 тан фарзандаш ҳама аълохон ва фахри мактаб будем ва ин ҳама муваффақиятамон бар ивази заҳамоти шабонарӯзии Очаам муяссар гаштааст.

 Очаи ман аслан баҳои 4-ро қабул намедошт! Танҳо 5!!! Ӯ, вақте, ки ман шоҳмотбоз будаму дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ баромад мекардам, ҷои 2 ва 3-ро аслан қабул намекард. Мегуфт, ту аз дигарон чи камӣ дорӣ, ки набояд дар ҷои 1 бошӣ? Гуштӣ мегирифтем, футбол мезадем ё хоккей (дар шӯравӣ хоккей варзиши №1 буд), ҳамеша Очаам маро танҳо дар сафи аввал дидан мехост; ё чемпион ё капитани даста. Дигар мавқеъ барои Ӯ вуҷуд надошт. Яъне Ӯ аз ман ЛИДЕР дар миёни ҳамсолон метарошиду ман бе хабар...

Ман Очаамро дӯст намедоштам!... 

Зеро фикр мекунам, ин мафҳум он ҳиссиётеро, ки ман нисбат ба Очаам доштам, наметавонад фаро бигирад. Очаам ба ман бештар аз мафҳуми муҳаббату дӯстӣ манзалат дошт: 

-Ман Ӯро чун оваридгори худ, чун нафаре, ки маро таваллуд кардаву парвардаву офаридааст, дӯст медоштам. Хеле бадтар ин суханони пайғамбари охируззамонро хондам, ки "Агар иҷозати парастиши дигар кас мешуд, ман Модарро мепарастидам"-тақрибан чунин гуфта буд. Яъне ман бо эҳсоси кӯдакӣ  дарк мекардам, ки Очаи ман чизе бештар аз Модар ва 1 Одам аст...

Албатта, барои ман.

 Очаи ман хушрӯ буд! Оҳ, хушрӯе будеее. Ёд дорам, аз пасаш «афсунхонан» мегаштам, ки касе Очаи маро чашм накунад! Дар таки попӯшаш порӯи мурғ мешакидам, ки чашми бадро буррад. Хоб мешуд, пашму риштаи пойафзори меҳмононро дудӣ мекардам, ки очама чашм накарда бошанд?! 

Ман ӯро бо ана ҳамон хурофоти тифлӣ намоз мегузоридам ва ҳифз мекардам!!!

  Дар солҳои 50-уми асри гузашта, ки Роҳи Оҳани "узкокалейка"-ро бо ҳашару дастобадаст месохтанд, сохтмончии фаол буду тахаллусаш "Гули Данғара". То ҳол дар деҳаи Сеншайхи Данғара овозааш ҳаст, ки ҳама, ҳатто раисону вазирон ошиқаш буданду «1 сағераи детдомӣ»- Падари ман, Ӯро бо модараш, яъне бибии ман, дуздида бурд: дигар роҳи висол барояшон намонда буд, охир... То охири умр ҳамдигарро дӯст медоштанд, агарчи заҳамоте бар ҳам зи сари муҳаббат, рашк ва таассуби Ишқ мерасониданд...Ишқи асил чун ба васлат расад, ҳамеша чунин заҳматҳо дар пай дорад! Ман инро аз хурдӣ дидаву кӯшиш мекардам ба дӯстдоштаам издивоҷ накунам...

 Ман бӯйи Очаамро то ҳанӯз дар хотир дорам: -Ӯ бӯйи таппак, бӯйи оғилхона мекард!!!  Очаам, зикка, ки буд, 3 камзул дошт: яке барои кору бори хона, дигар барои рӯбучини оғил ва саввумӣ барои нонпазӣ. Ва ҳар вақте Очаам камзули барои оғилашро субҳи козиб, пеш аз хоб хестани ман оварда меовехт...аз он ба ман бӯйи...таппаку оғил мезад ва ман фикр мекардам, ки ин бӯйи Очаам аст ва чӣ бӯйи хуше буд-бӯйи он камзул. Хаёли кӯдакӣ маро, албатта, фиреб мезад, вале он бӯй ҳамчун бӯйи Очаам то ҳанӯз дар машомам мондааст. 

 Бӯйи дигари модари ман бӯйи чагдон ва фатири гарм мекард. Вақте худро ба оғӯши Ӯ сари чагдон меафгандаму аз дасташ "Тагғарфа" мехӯрдам-таоме, ки аз нони гарми навкандаву намаку обу қаламфур таҳия месозанд, бӯйи баданаш, ки омехтаи нони гарм буд, маро маст мекард. Очаам мегуфт, биҳишт чанд бӯй дорад ва яке аз онҳо бӯй нони гарми нав аз чагдон канда аст:

 -Оғӯши Очаи ман бӯйи биҳишт дошт!...

Очаи ман 17 сол аст, ки бо ман нест. Вале ин рӯз, ки зодрӯзаш аст, 1 умр бо ман, дар ман ва аз ман аст...

Зодрӯз муборак, қаҳрамони даврони ман, Очаҷонам!!!

14.06.2016-14.06.2021

 

Сешанбе, 22 Июн 2021 20:16

 

Отифа Пичанд, паноҳандаи эронӣ дар Тоҷикистон

Сешанбе, 22 Июн 2021 14:51

 

 Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой  калонтарин воҳиди  ҳудудии мақомоти маҳалии Хитой буда, яке аз панҷ ноҳияҳои худмухтор  ба шумор  меравад, ки дар он  миллатҳои  зиёд зиндагӣ  мекунанд.  

 Дар  70 соли охир, ба шарофати ғамхориҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой,  ва заҳмату ғайрати тамоми сокинони Шинҷон, ин гавҳари дурахшони Шоҳроҳи бузурги абрешим дубора дурахшидан гирифт. Имрӯзҳо аҳолии  25 млн. нафараи  Шинҷон дар раванди амали сохтани Барномаи «Як камарбанд, як роҳ» дар таърихи ноҳияи хеш саҳифаи навро оғоз намуда истодаанд. 

 Аз соли 60-и пеш аз мелод, аз замоне, ки ҳукумати марказии Хитой дар даврони ҳукмронии сулолаи Хонҳои Ғарбӣ намояндагии ҳукумати худро бо номи   Сиюй (Сарҳади Ғарбӣ ) таъсис доданд, Шинҷон, ба тарҷума аз забони хитойи – Сарҳади нав, ба таври расмӣ  дохили қаламрави Хитой гардид. 

1 октябри соли 1955  Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой  расман таъсис  дода шуд. 

Дар 64 сол  дар Шинҷон тағйиротҳои бузург  ба вуҷуд омаданд. Дар соли  2018 ҳаҷми умумии иқтисоди Шинҷон ба 1,2 трлн юан расид,  ки ин рақам нисбат ба соли 1952  қариб 200 баробар афзоиш ёфтааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 166 юан дар соли 1992 ба  49 ҳазор юан дар соли 2018  расид.   Ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ ба  20 млрд доллари ИМА расид,  ки ин рақам  1481 маротиба аз соли  1950 зиёд мебошад. Сохтори  истеҳсолоти Шинҷон сифатан дигар шуд ва ин ноҳия ба яке аз бузургтарин маркази истеҳсоли пахта ва меваҷоти тару хушк табдил гардид. 

Соҳаи  туризма дар Шинҷон  рушди бесобиқаеро нишон медиҳад:  дар соли  2018 теъдоди саёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, ки аз Шинҷон дидан намудаанд ба  150 млн нафар расид, ки ин  40,1%  бештар аз соли қабли мебошад. 

Рушди бесобиқаи иқтисодӣ дар Шинҷон мустақиман ба афзоиши сатҳи зиндагии сокинони маҳалӣ ва беҳбудии  будубоши ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Дар ноҳияи Шинҷон  системаи маълумоти ҳатмии нуҳсола  мавҷуд буда дар ҳама ҷо беморхонаҳои ҳозиразамон барои табобат ва пешгирии касалиҳо дар се сатҳи мақомоти маҳалли: дар ноҳияҳо, ҷамоъатҳо ва деҳаҳо фаъолият менамоянд, ки ба шарофати онҳо  идомаи синни миёнаи зиндагӣ ба 72 сол расидааст.   

Баъд аз таъсиси Хитойи нав, ҳукумати марказӣ ба Шинҷон иловапулиҳои давлатӣ  дар ҳаҷми  2,35 трлн юан ҷудо намуд. 19 вилоят ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Шинҷон кумакҳои мустақим  менамоянд, ки дар чаҳорчуби онҳо 1,8 трлн юан ҷудо гардид, ки имкон дод иқтисоди Шинҷон ба рушди бесобиқаи иқтисодӣ ноил шавад.  

Шинҷон дар масъалаи таъмини бехатарӣ  бо чолишҳои ҷиддӣ рубару  шуд. Аз солҳои  90-уми  асри гузашта «се неруи бадкор» (терроризм, экстремизм ва ҷудоиталабӣ) дар дохили кишвар ва дар хориҷа  нақша кашида баъдан дар Шинҷон чанд ҳазор  амалҳои мудҳиши террористиро анҷом доданд.   Амалҳои террористие, ки дар таърихи 5 июли соли 2009 анҷом гардиданд ва дар натиҷаи онҳо теъдоди зиёди одамон қурбон шуданд, тамоми ҷаҳонро такон доданд ва  эътирози ҳамагонро барангехтанд. Ин ҳодисаи хунин ба ҳамаи мо нишон дод, ки дар набудани амният, субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, намешавад дар бораи шукофонӣ ва тараққиёт ҳарф зад.  Дар шароите, ки ҷаҳонро «хабарҳои дуруғ» ва суиистифодаи ғаразнок аз вазъияти Шинҷон фаро гирифта буд, ҳукуматдорони  ин ноҳияи худмухтор, фишорҳоро бо сабру таҳаммул паси сар намуда,   чораҳои заруриро  мутобиқи қонун қабул карданд. Онҳо натанҳо бар зидди қонунвайронкуниҳо  мубориза бурданд, балки фаъолона роҳҳои пешгирии даҳшатафканӣ, ифротгароӣ  ва терроризмро пайдо намуда, бадин васила ба муваффақиятҳои калон дар соҳаи идораи давлатӣ дар Шинҷон ноил шуданд.

Қобили хушҳолӣ ин аст, ки дустони русӣ, намояндагони гуногуни ҷомеаи маданӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Русия ин ҳодисаҳоро дуруст дарк ва баҳогузорӣ  менамоянд. Мисоли ин амал  мақолаҳои хабарнигорони русӣ мебошанд, ки баъд аз боздиди Шинҷон ва марказҳои бозтарбия ва касбомӯзӣ навишта шудаанд ва дар ШМА ва кишварҳои Ғарбӣ ин марказҳоро бо сабаҳои ғаразолуд «урдугоҳҳои шиканҷа» ном мебаранд.   

Чунин  марказҳо бахотири ин кушода шудаанд, ки бо роҳи  инсондустона, роҳе  ки худи сокинони Шинҷон дар тули мубориза бо терроризм ва тафаккури ифротгароӣ, интихоб намуда буданд,   идеологияи ифротгароӣ комилан аз байн бурда  шуда, усулҳои волоияти қонун ва маърифат тавсиа пайдо намоянд. Донишу малакаи касбӣ, ки дар ин  марказҳо   омузонда мешаванд, имконияти бо ҷойи кор таъмин карданро фароҳам оварда, ба шахсоне, ки таҳти нуфузи тафаккури ифротгароӣ ва террористӣ қарор доштанд, кумак менамояд, ки ба зиндагии оддии ҷамъиятӣ боз гарданд. 

Бо дарназардошти ҳамаи ин  шароитҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар мубориза бо терроризм, барномаи дарсӣ таҳия гардид, ки ҳадафи он омӯзиши забони давлатӣ, қонунҳо, малакаи касбии техникӣ ва асосҳои зидди ифротгароӣ мебошад.  Ҳангоми гузаронидани ин дарсҳо  ягон хел «поймолкунии ҳуқуқи инсон» вуҷуд надорад. Донишомӯзон, баъд аз касби дараҷаи муайян, курсҳои омӯзиширо хатм намуда ба зиндагии оддӣ боз мегарданд. Марказҳои тарбиявӣ ва касбомӯзӣ ягон шабоҳате ба "урдугоҳҳои шиканҷа"  надоранд, ки дар кишварҳои Ғарбӣ аз онҳо ном мебаранд. Дар ин марказҳо онҳо ягон хел бадрафторӣ ва ё хунрезӣ вуҷуд надорад.  Баръакс, бештари хатмкунандагони ин марказҳо бо истифода аз малакаҳои касбӣ, ки дар марказҳо ба даст оварданд, ба зиндагии бофароғат ва хушбахтӣ ноил гаштанд. 

Ҳукумати марказии Хитой ба таври ҳамеша ба масъалаҳои озодии виҷдон барои сокинони маҳаллӣ диққати калон дода, барои ҳимояи он иқдомҳои зарурӣ меандешад.Дар Шинҷон масҷидҳо, калисоҳои насронӣ, ибодатгоҳҳои бутпарастон ва даоссҳо- дар маҷмуъ 25 ҳазор  масканҳои динӣ мавҷуд буда, теъдоди руҳониёни бонуфуз дар ҳудуди 30 ҳазор нафар ва миқдори мадрасаҳои исломӣ 10 адад мебошанд.  

Фарҳанги бошукуҳи  анъанавии миллатҳои хурд зери ҳимоя қарор дошта доиман дар ҳоли рушд мебошад. Фарҳанги ҳазорсолаи мусиқии дувоздаҳмуқоми уйғурӣ, эпоси қирғизии "Манас" ба руйхати осори фарҳанги инсонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.   Забони хаттӣ ва гуфтугуйи уйғурӣ ба таври васеъ дар  мақомотҳои маҳалии давлатӣ ва адлия, маориф, воситаҳои ахбори омма, табъу нашр, радио-телевизион, интернет ва зиндагии ҷамъиятӣ истифода мешавад.   

 Дар гузаштаи Шинҷон ҳам шукуфонӣ буд, ки бо Шоҳроҳи бузурги абрешим вобастаги дошт, ва ҳам  солҳои сахти хунрезӣ ва бетартибиҳо. Халқи Шинҷон нағз медонад, ки чи мехоҳад, чиро интихоб мекунад ва чиро намехоҳад. 

 Чжан Ханьхуэй

Таҳияи Наҷмиддин Шоҳинбодов

 

 

Душанбе, 21 Июн 2021 18:13

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 11:28

 

Солҳои охир дар мактабҳо ашёҳои аёнӣ камубеш дастрас шудаанд. Дигар муассисаҳои таҳсилоти умумиро намедонам, вале дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ш.Ҳисор, деҳаи Кӯшкак агар гӯем, ки харитаи таърихӣ ва ҷуғрофӣ вуҷуд надорад, хато нест. Мо омӯзгорон 1 дона харитаи ҷаҳон дорему 1 дона харитаи ҷуғрофӣ. Аз ин харитаҳо ҳам муаллимони фанни таърих ва ҳам муаллимони фанни ҷуғрофия истифода мебаранд. Харитаҳо кӯҳна буда, хеле фарсуда шудаанд. 

Дар даврони шӯравӣ вобаста ба ҳар мавзӯ харитаҳои гуногун вуҷуд дошт, аммо чаро ҳоло не? Баъзе китобҳои дарсӣ ҳам кӯҳна шуда, бояд аз истифода берун карда шаванд, зеро аз соли нашрашон 15-20 сол гузаштааст. Ба назари ман дар оғози ҳар соли таҳсил ин камбудиҳо бояд ислоҳ шавад, то кори муаллим осон гардад.

Хайрулло Олимов, 

омӯзгори мактаби №58, ш.Ҳисор

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 11:26

Аз лиҳози моҳият роҳи Душанбе — Чанок  дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда, кишварҳои ҳамсоя, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст намуда, барои ҳамлу нақли  байналмилалӣ имконият фароҳам сохтааст. 

 Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст. 

  Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони «IRS» роҳи  мазкур дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст. Матолиби дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки  пештар аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  

  Аз далелу рақамҳои  мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. 

  Иттилоъ медиҳем, ки соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо харҷи 59 182 тонна асфалт  таъмири 391190 метри квадратӣ роҳ  дар назар аст.  Давоми  мавсими имсола дар минтақаи Варзоб 101304 метри квадратӣ бо масрафи 15742 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон - 167580 метри квадратӣ бо сарфи 23776 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 122306 метри квадратӣ бо харҷи 19667 тонна асфалт таъмири куллӣ ва ҷорӣ хоҳад шуд. 

  Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад. 

Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, ба сифати кори анҷомёфта таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.  Корхонаҳои истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат, ки дар заминаи навсозӣ иқтидори онҳо низ зиёд гардидааст, баҳри  тавсеаи ин раванд саҳми назаррас доранд.

Дар маҷмӯъ, густариши фаъолияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моро бори дигар мутмаин месозад, ки роҳи Душанбе –Чанок дар симои ин ширкат нигоҳбони боэътимод дорад. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳмомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 11:18

Суҳбатҳое, ки имрӯз дар телевизионҳои мо намоиш дода мешаванд, қолаби мусоҳиба надоранд. Яъне, журналист ба ҳамсуҳбаташ савол медиҳаду хушку холӣ мунтазири ҷавоб мемонад. Бо саволу ҷавоб таҳия гаштани барнома дар жанри мазкур, ин дар қолаби худаш истифода нашудани мусоҳиба аст. Чун асоси суҳбат баҳс аст, бартарияти журналист бояд дар аввал истад, журналистро мебояд, мубоҳисаро барангезад, мусоҳибро такон диҳад, бикшояд ва назари алтернативиеро ба тамошобин пешкаш созад. 

Суҳбат ва мусоҳиба бояд фарқ кунанд 

Суҳбат дар муқоиса бо Мусоҳиба васеътар аст. Дар суҳбат қолаби муайяни низомдор риоя нашавад ҳам, ҷолибияташ дар мубоҳиса аст. Дар суҳбат масъалаи баррасишаванда бо луқмапартоӣ ва табодули назари журналист баррасӣ мешавад. Масалан журналист аз ҳамсуҳбат суолеро мепурсад ва дар ҷавоби ҳамсуҳбаташ ҳуқуқ дорад эрод гирад. Яъне ӯ метавонад баръакси ҷавоби ҳамсуҳбат риштаи баҳсро сӯи дигар кашад. Ана ҳамин махсусияти болозикр имрӯзҳо дар қолаби мусоҳиба риоя намешавад. 

  ТВ «Варзиш»1 қадам пеш аст!

Намунаи барҷастаи суҳбатро имрӯз дар ТВ «Варзиш» дидан мумкин аст. Барномаҳои "Вожаварз", "Майдони баҳс", "Еврогол", "Иртибот" ва амсоли ин барномаҳо ба таври баҳс сабт мегарданд. Дар ҳар яки ин барномаҳо суҳбат бо тамоми талаботҳояш риоя карда мешавад. Чигунае, ки дар боло зикр кардем асоси суҳбатро бояд баҳс ташкил диҳад ва табиист, ки баҳс бе мухолифат вуҷуд дошта наметавонад. 

Ҷолибият дар чист? 

Барномаҳое дар жанри суҳбат таҳия мешаванд, ки аз ягон ҷиҳат ба бинанда ҷолиб нест. Барномаи " Ҳукм "-и ТВ Сафина аз қабили чунин барномаҳо буда метавонад. Он дар жанри суҳбат ба навор гирифта мешавад, аммо ин барнома бе иштироки журналист сурат гирифта, танҳо меҳмонони даъватшуда бо ҳам суҳбат меороянд. Набудани журналист дар барномаи мазкур ва мавзӯи мавриди суҳбат қарор дошта бе баҳс ҷараён ёфтанаш, гувоҳи он аст, ки ин барнома ягон ҷолибияти хоса надорад.

Дар суҳбат бояд тазод, бархӯрди нуқтаи назари мухолиф, инкишофи фикр аз рӯи нақшаи пешакии сенария вуҷуд дошта бошад. Тартиб додани сенария яке аз унсурҳои асосӣ барои дар сатҳи касбӣ сабт гаштани барнома мебошад. Ин ҷузъиёт  имкон медиҳад, ки конфликт бо роҳи интихоби далелҳои шайъӣ ва боэътимод, муҳимияти баҳс, ҷолибияти санадҳо ҳал карда, ба доираи бинандагон таъсири амиқ расонида шавад.  

Аудитория чӣ мехоҳад?

Бинанда аз тамошои суҳбати телевизионӣ бояд кайфияти барномаро эҳсос кунад, вале мутаассифона имрӯзҳо дар телевизионҳои кишвар барномаҳои ҷолиб нест. Лозим ба ёдоварист, ки бояд муаллифи созмондеҳи суҳбат барои ташкили намоиш аз ҷузъиёти гуногуни баҳамории сухан истифода намояд. Вай бояд пеш аз ҳама мавзӯи ҷаззоб интихоб кунад, иштирокчиёни бо салоҳиятро  гирд оварад, роҳи ҳаллу фасл, банду басти барномаро ëбад. Табиист, чунон ки ишора рафт, суҳбат бе нақшаи сенарӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ба вежа дар ТВ, ки сӯҳбат, баҳс, мубоҳиса бе наворҳои қаблии оид ба мавзуъ бардошта, тамоман хушк, пуч ва бемаънӣ менамоянд!

Муҳаммадҷон Обидов, 

донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ

 

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 11:10

 

Меҳрафзун Достиева, сокини ш.Кӯлоб меҳмони идора шуда дар бораи проблемаи №1-и имрӯз-нархи сабзӣ суҳбат кард.

   - Воқеан ҳам ҳамин ҳоло мардумро на нархи гӯшту равғану орд, балки нархи сабзӣ-маҳсулоти полезии ватанӣ нигарон кардааст. Нархи 1 кило сабзӣ дар бозори ш.Кӯлоб то 10-12 сомонӣ баромад. Барои маъракае харид кардем, нархи биринҷ 360 сомонӣ шуда нархи сабзӣ 480! Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто эълон карданд, ки 1 ҳафта аз харидани сабзӣ даст кашем. Мо ҳам қариб 2 ҳафта сабзӣ нахаридем, наход нархи маҳсулоти оддии ватанӣ то ин ҳад гарон шавад? Тавре ба назар мерасад, ки бозорро касе назорат намекунад.

 

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter