ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:12

 

 Кубриё Муҳиддинова, сокини ш.Душанбе, мухлис ва хонандаи ҳамешагии газета ба идора занг зада (919 27 37 83) аз рафтори фориғболонаи кормандони САҲШ дар н.Шоҳмансури пойтахт шикоят кард.

   - 6 майи соли ҷорӣ бародарам вафот карду барои гирифтани шаҳодатномаи вафот аз рӯи ҷойи истиқомат ба шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии н.Шоҳмансур муроҷиат кардам. Шаҳодатномаро дар тӯли 5 рӯзи корӣ гирифтам, вале бо сабаби саҳлангории кормандони ҷавони шуъба 2 маротиба пул харҷ карда, хати марги ӯро аз Маркази саломатии вобасташуда биёрам, зеро хати марги якумро кормандони САҲШ дар тӯли 2 рӯз гум карданд. 

Дигар ин, ки аз рафтори фориғболона ва ҷо-ҷое дағали кормандони шуъбаи САҲШ дар н.Шоҳмансур на танҳо ман, балки мардуми зиёди корафтодаро асабонӣ мекард. Мардум пушти дар интизори кормандони ин шуъба, аз ҷумла ҷавонзанҳо Малика ва Заринаанду онҳо аз соати 12 баромада то соати 15 дар кор нестанд. Илова бар ин бо муроҷиаткунандагон дурушт суҳбат намуда, пайваста ба дағалӣ роҳ медиҳанд, мардумро писанд намекунанд. Кӣ бояд лаҷоми чунин кормандони зертобеи Вазорати адлияи ҶТ-ро кашад?

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:08

Бобои Содиқ, хонанда ва муаллифи доимии газетаи СССР аз шаҳри Кӯлоб ба идораи редаксия занг зада (238 55 56) пешниҳод кард, ки китоби Аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба китобхонаҳои деҳот низ ҳадя карда шавад.

   - СССР-и азиз! Ман 1 пешниҳод дорам: бигузор китоби «Тоҷикон»-и Аллома Бобоҷон Ғафуров ба ғайр аз он, ки ба тамоми оилаҳои мамлакат аз номи Президенти ҶТ ҳадя карда мешавад, ба китобхонаҳои деҳот низ тақдим гардад. Дар баробари китобхонаҳои деҳот ин китоб, ки рӯшангари таърихи мардуми мост, бояд дар китобхонаҳои ҳар 1 муассисаи таҳсилотӣ бошаду онро бо навбат гирифта хонем. Мо одамони нафақахӯр аз Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи мардумии СССР шахсан хоҳиш менамоем, ки «Тоҷикон»-ро бароямон дастрас намояд. Сайёф метавонад!

Аз сардабир: Хонандаи гиромӣ! Бо АМРи Президенти ҶТ, ин китоб ҲАТМАН ба дасти якояки шумо бояд расад!!! Саросема нашавед. Дар ин кор «через» мумкин нест. Вале агар ба шумо нарасид, ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунед, ки чаро дастуру супориши вежаи Ҷаноби Олиро иҷро накардаанд. Ва агар баъди ин низ саҳлангорӣ шуд, СССР ҳатман ба доди шумо мерасад. Мо метавонем!

Чоршанбе, 09 Июн 2021 09:59

1 дӯсти маҷозӣ, ки аввалин шуда дар таърихи 26.05.2021 аз ҳамлаи кирғизҳо ба чорвои сокинон ва гаравгонгирии 2 нафар сокини деҳаи Хоҷаи Аъло хабар дода буд, менависад, ки баъди нашри ин матлаб, ки онро дар гурӯҳҳо зиёда аз 130 маротиба бознашру расонаӣ карданд, саҳифаи фейсбукаш ба пуррагӣ аз санаи 28 май блок шудааст. Тахмин меравад, ки саҳифаро хакерҳои қирғиз шикастаанд ва инак чанд рӯзест, ки ин нафар наметавонад вориди фазои маҷозии Фейсбук шавад. Ҳама гуна талошҳо барои бозкушоии саҳифааш бенатиҷа анҷом ёфтааст. Иловатан чунин ҳолат на танҳо бо ин нафар, балки бо чандин дӯстоне, ки воқеаҳои марзиро пайгирӣ мекарданд, рух медиҳад. 

Хусусан саҳифаҳои сокинони Ворух дар инстаграмм, ки бо нашри видеоҳои замони муноқишаҳоҳои марзӣ нисбатан фаъолтару маъруф буданд, пурра баста шуданд. Дар ин зимн баъзе вариантҳои бо забони русӣ навишташудаи матлабҳои ҳамсон низ аз гуруҳҳои Фейсбук ҳазф шудан доранд. 

Нурмуҳаммад Раҳимӣ, 

журналист

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 09:57

 

- Салом СССР-и азиз! Президенти ҶТ дар тамоми баромаду вохӯриҳои хеш бо мардум таъкид мекунад, ки мақоми зан дар ҷомеа бояд баланд  шуда, ҳуқуқҳои зани тоҷик поймол нагардад. Вале корҳое, ки дар судҳо сурат мегиранд, бархилофи ин таъкидҳои Сарвари давлатанд.

1 сол пеш ману собиқ шавҳарам ба миён пул гузошта хонаи 1 ҳуҷрадор харидем. Хона дар суроғаи ш.Душанбе, к.Борбад 102, ҳ.71 ҷойгир буда, ҳуҷҷатҳои хона, аз ҷумла шартномаи хариду фурӯш ба номи ман аст. Пас аз ҷудо шудан шавҳарам Раҷаб Сангов, ки тоҷир буда, дар бозори “Корвон” савдо мекунад, мехоҳад хонаро аз ман бо роҳи суд кашида гирад. Мо аз зиндагии якҷоя соҳиби 2 фарзанд-2 духтарча ҳастем ва ин хона сарпаноҳи ягонаи ману фарзандонам аст. Раҷаб Сангов ин хонаро маҳз барои фарзандонам харида буд. 

Баҳси ин хона нахуст дар суди н.Фирдавсӣ баррасӣ гашта, судя Самариддин Ғиёсиддинзода ҳукмро ба фоидаи шавҳарам бароварда, тибқи он шартномаи хариду фурӯши хона, ки ба номи ман аст, бекор ҳисобида шуд. Марҳилаи дуюми баҳси судӣ дар Суди ш.Душанбе идома ёфта, Холиқ Муродзода, судяи Суди пойтахт низ саҳми ману фарзандон ва ҳуқуқи маро ҳамчун зан ба инобат нагирифта, ҳукмро боз ба тарафдории Раҷаб Сангов баровард. Ин ҳарду судя ҳатто маро дуруст напурсиданду нахостанд, ки масъаларо ҷиддӣ баррасӣ кунанд ва бо ин ҳукми худ боиси дар кӯча мондани боз 1 оилаи дигар шуда истодаанд. Ман бо аризаи касатсионӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат низ кардаму умедворам, ки ҳақ ба ҳақдор расида, Шермуҳаммад Шоҳиён ҳатман сари рафтору одоб ва касбияти судяҳои номбурда масъалагузорӣ хоҳад кард. Дар сурати акс, ҳоли 2 духтари дар кӯча мондаи ман чӣ мешавад? Магар ин тарафи масъаларо ягон судя фикр намекунад ё онҳо модар ва духтар надоранд?

Замира Самадова, ш.Душанбе

тел: 918 27 66 75

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 09:50

Ҳоло зиёд мӯд шудааст, ки омӯзгори даврони советиро меситоянду муаллими даврони муосирро санги маломат мезананд. Вале боре андешидаед, агар маоши муаллими советӣ, чун омӯзгори муосир ба орду нон намерасид, ӯ ба тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ, коррупсия ва лагандбардории мактаб-вазиру раису кабиру тоҷир-бачча даст мезад ё на? Наандешидаед??? Пас биёед сари ин мавзуъ низ биандешем. Мо Метавонем!

Маро ба навишти ин матлаб, сӯҳбати 2 шарикдарси собиқам таҳрик дод, ки Алӣ бар дигарӣ гуфт:

-Ё, Файз, медонӣ, муаллим Н. -собиқ директори мактабамон писари ман А-ро дидаву насиҳат кардааст, ки “Бачам, то метавонӣ муаллим...нашав!”...Дигар писарамро кушӣ ҳам муаллими забони англисӣ намешавад!

Ҳоло муаллим шудан, мисли аскарӣ рафтан ба Қаҳрамонӣ баробар шудааст! Муаллими ҷавонро дар ТВ чунон таърифу тавсиф мекунанд, ки ту гӯӣ ба сохтмони БАМ рӯ овардааст, ё Афғонистон ҷанг рафтанист ва ё чун Ал. Матросов худро ба амбразураи душман партофтааст...

Ва ин дар ҳолест, ки дар даврони шӯравӣ, ки аксарият дастпарвари он айёмем, муаллимӣ онгуна касби пуршараф буд, ки шомил шудан ба Институти педагогии Кӯлобу Душанбе худ шараф будӣ!!! Мутаассуф, ҳоло ҳама макотиби олии омӯзгориро ба хотири пулғундорӣ статуси Университет (Донишгоҳ) додаем, ки хатои маҳз аст. Зеро танҳо институтҳои сирф муаллимӣ метавонанд, омӯзгорони содиқ, пуртаҷруба  ва касбӣ омода кунанд. Ва ин ки “маориф ФУНДАМЕНТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТҲОСТ” ҳоло аз ҷониби касе такзиб нашудааст. Зимнан, агар Ҳукумати марказӣ мехоҳад пояи маориф мустаҳкам бошад, БОЯД универҳоро ба Институт табдил диҳад. Пулро дар дигар самтҳо низ метавон кор кард. Мо метавонем!

 

1 қисса 

Шахсан маро ин қисса сахт ба фикр овард: чӣ педагогҳое доштему чӣ омӯзгороне ҳамакнун дорем:

-Ҷавоне муаллими пирашро дар кӯча дида мегӯяд: -Муаллим, маро дар ёд доред? Охир касбияти Шумо маро педагог кард. Ёд доред, дар синфи 3 мехондему раҳбари синф будед. Он вақт соати 1 “бойбачамон” гум шуд. Онро ман гирифта будам. Шумо чун дидед, касе иқрор намекунад, ки соатро гирифтааст, ҳамаро дар назди тахта ҷамъ овардеду гуфтед, чашмонатонро пӯшед ва кисаҳои моро кофтед. Вақте аз кисаи ман соатро ёфтед, замину осмон сарам чарх заду гуфтам, шармандаам мекунед. Вале Шумои гиромӣ, соатро гирифта, таваққуф накардед ва кисаи дигаронро низ то охир кофтед. Сипас моро шинондед ва соатро бе ҳарфе ба соҳибаш баргардонидеду дарсро давом додед...

...Устод ана ҳамин сирпанаҳии Шумо маро таҳрик дод педагог шавам. Ва боре айни чунин ҳодиса рух доду ман низ аз ҷайби кӯдакони чашмпӯшида, ашёи дуздидаеро дарёфтам ва ҳар гоҳ чашмам ба чашми он дуздак меафтид, медонистам, ки ӯ чӣ фикр дораду чигуна аз ман шарм, вале сирашро мисли Шумо фош накардам. Пас, бигӯед, устод, оё ман шогирди арзандаи Шумоям?

Педагоги пир табассум карда, гуфт:

-Пас он кӯдак ту будӣ??? Намедонистам. Зеро ман низ бо чашмони пӯшида, кисаҳои шуморо мекофтам...

Ин қисса ягон шарҳу эзоҳе наметалабад. Танҳо бояд иқрор кард, ки дар 30 соли истиқлолият бо ҳама дағ-дағаву дам-дамаву ҳангома мо натавонистем, педагогикаи миллиро ақаллан ба сатҳи солҳои 1960-80 баргардонем! Ва касе мегӯяд, баргардиш ба ун солҳо пешравӣ нест, хато мекунад! Дар бисёр маворид, ба вежа соҳаи педагогика, чунин баргардиш пешравист!!!

Ва яке аз сабабҳои касодӣ дар ин самт маоши воқеан ҳам ками муаллимин аст. Бинед, аксарияти кулли ҷавонон ғулом-муздурии русиро бар “касби пуршарафи омӯзгорӣ” тарҷеҳ медиҳанд. Ва ин ҳақиқати талхест, ки ҳар Тоҷики асил БОЯД эътироф кунад. Соате расидааст, ки аз ҳангомаву дағ-даға худро орӣ кунему гӯем, воқеан вазъи педагогика дар кишвари мо таассуфовар аст ва танҳо дар ин сурат мо қадами бузурге ба пеш хоҳем гузошт.

Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон ҳамин ҳафтаи гузашта, зери амре имзо гузошт, ки маоши муаллимин то 1000 доллари амрикоӣ боло хоҳад рафт. Ӯзбекҳо гуфти бобои Ғулом “хит карданд”, ки бе маоши хуб ришват, коррупсия, порагирӣ ва дар ин бастагӣ бесаводгардонии насли навро наметавон хатм бахшид. Зимнан маоши муаллимро бурданд!

Дар мо низ агар зӯрамон ба 1000 нарасид ба 500-600 доллар дақиқан мерасад. Зеро ин қадар пулу пайсае, ки Маркази Миллии Тестӣ аз мардум мегираду харҷи маориф мекунад, ҳатман ба маоши муаллимин басанда аст. Донишгоҳу Донишкадаву Коллеҷу Литсейҳо бигзор боғу порку варзишгоҳ насозанду хиёбону кӯчаҳоро гулзор насозанд. Онҳо агар сатҳи дониши атфолу наврасону ҷавононро вардоранд, кори ҷонии худро кунанд, бовар кунед, олам гулистон мешавад. Миллиардҳо дона гули шинондаи донишгоҳҳо аз ҳисоби буҷҷаашон зӯр равад дар 6 моҳ мехушкад. Вале агар ин маблағ ба маоши муаллим зам шавад, чашмаш аз тамаъ дур гардад, ришвату пора аз долонҳои маориф дур гардад, заҳмати кори омӯзгор садсолаҳо боғу роғу кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистони азизро нурафшон хоҳад кард.

Бовар дорам, муаллими муосир чун муаллими советӣ маоши арзандаи зиндагонӣ гирад, давлат дар ҳама сатҳ рушд мекунад. 

Мо метавонем!

 

Сешанбе, 08 Июн 2021 19:51

Назди яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон миқдори молу маҳсулотеро муайян кард, ки Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷу андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ба кишвар хоҳад овард. Санад рӯзи 28-уми май дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар охири моҳи марти имсол барои, ба гуфтаи худашон, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба ин идораи давлатӣ имтиёз доданд, аммо соҳибкорони дигар онро хилофи рақобат дар бозор донистанд. Дар пайи паҳншавии бемории коронавирус ва баста шудани марзҳо тайи бештар аз як соли охир сокинон аз гаронии арзиши маҳсулот шикоят доштанд.

 

Бо қарзи Бонки Исломии Рушд

Бино бар қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ҳақ дорад:

•80 ҳазор тонна гандум;

•20 ҳазор тонна шакар;

•5 ҳазор тонна равғани растанӣ;

•2 ҳазор тонна биринҷ;

•5 ҳазор тонна орд;

•200 тонна гӯшт;

•30 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;

•ва 15 ҳазор тонна бензинро бе пардохти боҷ, андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва аксиз аз хориҷа ворид кунад.

Дар ин қарор гуфта мешавад, ки маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин "дар доираи маблағҳои қарзие, ки аз Бонки Исломии Рушд ҷалб гардидааст, харида ва ба Тоҷикистон оварда мешавад."

Имтиёз гирифтани як идораи давлатӣ барои ворид кардани бензину солярка бе пардохти гумрукиву андоз эътирози ширкатҳои фурӯши маводи сӯхтро дар Тоҷикистон ба бор оварда буд.

Моҳи апрели имсол роҳбарони 17 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз раиси ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон, хостанд, ки ба онҳо низ ба монанди Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ дар пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз имтиёз бидиҳад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, сабукиҳое, ки ҳукумат ба Оҷонсӣ дод, рақобатро дар бозор вайрон мекунад ва маҷбур мешаванд, фаъолияташонро қатъ кунанд.

Ин ширкатҳо 80 дарсади бозори сӯзишвории Тоҷикистонро зери даст доранд.

 

Норозиён чӣ мегӯянд?

Бар асоси ҳисоби ин ширкатҳо, пас аз озод шудани Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ аз пардохти боҷу андоз нархи ҳар литр бензини АИ92 ду сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 1 сомониву 20 дирам барояш арзон меафтад.

"Аз ин лиҳоз, дар нархгузорӣ фарқи калон ба вуҷуд омада, аъзои Ассотсиатсия наметавонанд дар бозори кишвар рақобатпазир бошанд ва маҷбур мешаванд аз бозор даст кашанд", -- гуфта мешуд дар номаи дастаҷаъмии ин ширкатҳо ба ҳукумат.

Ба иддаои ҳукумат, ҳадаф аз имтиёз додан ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ҷилавгирӣ аз гароншавии нархи маҳсулот ва мудохилаи молӣ (товарная интервенция) ба бозор аст. Ҳоло маълум нест, ки ин тадбир то чӣ ҳад ба нархи бозорҳо таъсир хоҳад дошт, чун раванди гароншавии нархи маҳсулот дар Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад.

Оҷонси захираҳои моддии Тоҷикистон ба хариду воридот ва захираи маҳсулот машғул аст. Дар сурати камбуди мол ё гаронии нархи маҳсулот, Оҷонсӣ муваззаф аст, захираҳояшро барои танзими нарх бо арзиши пасттар ба бозор барорад.

Дар гузашта ҳангоми гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот мақомоти Оҷонсӣ маҳсулоти худро бо нархи нисбатан арзон ба мардум пешниҳод кардаанд, аммо сокинон мегӯянд, ин идора имкони таъмини қисми зиёди аҳолиро бо маводи арзон надорад.

 

Абдулло Ашӯров

Душанбе, 07 Июн 2021 10:20

Панҷшанбе, 03 Июн 2021 11:45

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми  ҶТ рӯзи гузашта иттилоъ дод, хонандагони синфҳои 1 аз 3 июн, яъне имрӯз ва толибилмони  синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат аз 7 июни соли равон  ба таътили тобистона мебароянд. Дар ин бора 1.06.2021  бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021 фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.

    Тибқи банди 1-и  фармоиши мазкур машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

    Ҳамчунин дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн,   синфҳои 5-8 ва 10-11  аз 9 июн то 17 июн, синфҳои 10 аз 9 июн то 16 июн, синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.

 

 

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter