ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:57

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:50

 

Маҳмадулло Раҳимов, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ, собиқ раиси колхози «Роҳи Ленин»-и н.Панҷ (тел: 93 524 29 41) меҳмони идора шуда, дар бораи шогирдони генералаш нақл кард.

   - Генерал Мирзо Зиёев, собиқ вазири КҲФ (МЧС) солҳои 1985-1990-уми асри гузашта, дар колхози «Роҳи Ленин», ки ман раисаш будам, устои нассосҳои обкашӣ шуда кор мекард. Ҳаким Қаландаров, шогирди дигарам, ки ӯ ҳам пасон полковник шуд, ҳамон солҳо дар колхози мо ба ҳайси киномеханик кор мекарду Сарабек Муродов, собиқ раиси Кумитаи сангҳои қимматбаҳо, ки баъдан генерал шудаву дар табаддулоти низомии Ҳоҷӣ Ҳалим пайваставу дастгир ва ҳабси абад шуд, низ  дар вазифаи агроном-энтимолог ифои вазифа намуда, кораш мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон буд. Ин касбро дар мардум «кирмкушак» мегуфтанд. Яъне куҷое кирму ҳашарот ёфт мешуд, кашф ва пешниҳод мекарданду мо заҳр мепошидем. 

   Шодравон Мирзо-Ҷага колеҷи техникиро хатм кардаву 2 нафари дигар танҳо маълумоти миёнаи касбӣ доштанд. Онҳоро ҷанг қумандон карду Ҳукумати марказӣ генерал. Бисёр боиси таассуф аст, ки бидуни Ҳаким дуи дигар бар қадри ин некии Давлат нарасиданд ва худро талаф доданд…

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:46

 

Файзалӣ Ҳасан. Бо шунидани ин ном имрӯз гирди лабон табассум гул мекунад. Ки ӯро намешиносад? Шояд чунин афрод дар ҷамоаи кунунӣ вуҷуд надошта бошад. Аз хурд то бузург бо шунидани ҳикоёт, латоиф аз рӯзгори пешавари маҳбуб хушҳол мегардад.

Рустоибачаи кӯҳистонӣ дар диёри зебо - деҳаи Сангонели Дашти Ҷам ба дунё омадаву аз овони наврасӣ, аз қиблагоҳаш, муаллими Ҳасаналӣ дарси адаб, дониш, навохтани сози мусиқӣ андухтааст…

Аҳли байти онҳо дар 10-солагии Файзалӣ ба ноҳияи Ҳамадонӣ ҳиҷрат намудаанд. Ӯ таҳсилро дар мактаб идома бахшида, дар синни 14-солагӣ ба арсаи ҳунари миқёси ноҳиявӣ боло шуд. Бо хондани як суруд, ханҷарааш ба устоди зиндаёд Одина Ҳошим мақбул афтод. Ва аз ҳамон лаҳза Файзалӣ ба доираи назари забардаст, ғамхорӣ ва сарпарастии доимии устод ғалтид…

Файзалӣ соли 1964 донишҷӯи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе шуда, онро соли 1968 бо ихтисоси ғижак ба поён расонд. Ҳамон сол ба факултаи санъати Институти педагогии ба номи Шевченко шомил шуд. Таи ин солҳо мавсуф аз устодон Авнер Муллоқандов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Карим Ҳалим, Шоиста Муллоҷонова, Аҳмад Бобоқулов, Фаттоҳ Одинаев, Миратулло Атоев, Маҳрам Файзов, Амрохон Муборакшоев назокати ҳунар омӯхт.

Соли 1972 мутахассиси соҳибмаълумотро ба ноҳияи Москва фиристоданд. Ва ӯ 30 сол дар ин диёр кору пайкори шоиста анҷом дод. Дар ҳамин ҷо ҳамчун ҳунарманди касбӣ обруманд гашт, номвар шуд. Овозаи санъати ӯ аз навоҳӣ ба вилоят, бо мурур ба миқёси ҷумҳурӣ ва ҷамоҳири давлати паҳновари Шӯравӣ ва чанде баъд ба хориҷӣ мамлакат танин андохт.

Фаъолияти минбаъдаи муғаннӣ ба чунин равиш буд. Соли 1972 муовин, директори мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия, соли 1975 директори хонаи маданияти ноҳияи Москва таъйин гардид.

Бо ба мақоми роҳбарии театри шаҳри Кӯлоб рафтани устод Одина Ҳошим масъулияти баланди нигоҳ доштани мақому мартабаи ҳунарии ноҳия ба дӯши Файзалӣ Ҳасан афтид. Хушбахтона ӯ аз бардошти ин бори гарон баромад…

Соли 1978, дар синни 30-солагӣ ҳукумати вақт хидмати сарояндаи хушзавқ, мубаллиғи ҳунари суннатии мардумӣ Файзалӣ Ҳасанро бо унвони ифтихории Ҳофизи халқии Тоҷикистон қадр намуд.

Пешавари маҳбуб соли 1979 бори нахуст ба давлати Афғонистон, сипас ба Эрон ва дигар мамолики шарқу ғарб сафари ҳунарӣ дошт.

Соли 1999 муғаннӣ бо ордени "Шараф" дараҷаи 2 сазовор гардид. 

Соли 2004 хати зиндагии устод тағйир хӯрд. Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мавсуфро ба сифати роҳбари дастаи ҳунарии "Дарё" ба пойтахт хонданд. Аз соли 2005 Файзалӣ Ҳасан ба дастаи "Фалак" пайваст…

Мақоми асосиро дар эҷодиёти сарояндаи маҳбуб ва оҳангсози маъруф мавзӯи ватандӯстӣ ишғол мекунад. Ва баҷост, ки устоди мусиқии халқӣ ва касбии тоҷик Файзалӣ Ҳасан кайҳост бо сурудҳои ватанпарастӣ маҳбуб гашта…

Хидмати шоёни Файзалӣ Ҳасан соли 2003 бо ордени "Шараф" дараҷаи 1 қадр гардид.

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:43

28.06.1914. Дар шаҳри Сараевои Югославия эртсгертсоги австриягӣ Франтс Фердинанд аз ҷониби гимназисти серб Гаврила Принтсип ба қатл расид. Фердинанд валиаҳди императори Австро-Венгерия ба шумор мерафт ва қатли ӯ баҳонаи сар задани ҷанги аввали ҷаҳонӣ шуд. Ҷанге, ки инсоният назирашро то ба ҳол надида буд ва боиси суқути 4 империя гардид.

28.06.1919. Дар шаҳри Париж-пойтахти Фаронса созишномаи сулҳ миёни кишварҳои Антанта ва Олмон ба имзо расид. Он дар қасри Версали Порис ба имзо расид ва созишномаи Версал номгузорӣ шуд. Созишнома ба ҷанги ҷаҳонии аввал хотима бахшид, аммо Олмонро дар вазъи баде қарор дода, заминасози ҷанги ҷаҳонии 2-ум гардид.

28.06.1948.Бюрои ахбории ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарӣ Иттиҳоди коммунистони Югославияро аз ҳайъати худ хориҷ кард. Сабаби ин кор, норизоияти роҳбари коммунистони югослав Броз Тито бо сиёсати Сталин гардид.

28.06.1988. Дар Маскав конфронси XIX-и ҲКИШ доир гардид. Ин конфронс оғозгари ислоҳоти сиёсӣ дар СССР шуд.

29.06.1957. Дар пленуми ғайринавбатии КМ ҲК ҳаммаслакони собиқи Сталин, Маленков, Молотов ва Каганович зери танқиди сахт гирифта шуданд.

30.06.1941. Дар шаҳри Воронеж, дар заводи ба номи Комминтерн, аввалин тӯпхонаи реактивии шӯравӣ БМ-13 сохта шуд. Ин тупхона, ки баъдан «Катюша» ном гирифт қудратмандтаринсилоҳи ҶБВ ба шумор мерафт ва истифодаи он душманро ба даҳшат меовард.

1.07.1918. Ҳукумати шӯравӣ корпартоёнро душмани халқи меҳнаткаш эълон намуд. Аз ин ба баъд ҳар навъ корпартоӣ ва эътироз дар Русияи шӯравӣ мамнӯъ шуд.

1.07.1966. Дар колхозҳои СССР бори аввал пардохти музди меҳнати моҳона ҷорӣ карда шуд.

2.07.1924. Дар шаҳри Париж Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис дода шуд. Ин рӯз аз с.1995 бо пешниҳоди ҳамин Ассотсиатсия чун Рӯзи рӯзноманигори варзишӣ ҷашн гирифта мешавад. 

2.07.1976. Баъди пирӯзии Ветнами шимолӣ дар ҷанг ҳар 2 Ветнам бо ҳам муттаҳид шуда, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнамро ташкил доданд. Пойтахти кишвари нав ба Сайгон мунтақил шуд ва ин шаҳр ба Хошимин тағйири ном кард. 

2.07.1990.Оғози кори Анҷумани XXVIII-и ҲКИШ. Охирин Анҷумани ҳизби коммунисти СССР аст.

СССР

 

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:35

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Шаҳринав мақолаи хонандаи ҳафтаномаи «СССР» Гулнисо Ҳомидоваро аз 22.04.2021, №16 (657) таҳти унвони «Шаҳринав: раис кай қабул мекунад?» мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда, ки суроғаи аниқи худро дарҷ накардааст, дар мақола қайд менамояд, ки гӯё 4 ҳафта боз ба қабули раиси ноҳия меравад, вале ӯро дарёфт карда наметавонад.

Бояд гуфт, ки раиси ноҳия рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз соати 800 то охирин муроҷиаткунанда шаҳрвандонро қабул карда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо ба масъулин ба таври хаттӣ дастур медиҳад ва оид ба рафти қабули шаҳрвандон протокол таҳия карда мешавад. Ҳамин тавр, аз 9 январ то 24 апрели соли ҷорӣ 553 нафар шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе ба раиси ноҳия ба таври шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки доир ба натиҷаи иҷрои арзу шикояти онҳо аз ҷониби масъулин бевосита ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас ирсол карда шудааст.

Ногуфта намонад, ки ному насаб ва суроғаи муроҷиаткунандагон дар қабулгоҳи мақомоти иҷроия аз ҷониби масъулони шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон дар дафтари махсус қайд карда мешавад. Вале ному насаби Ҳомидова Г. дар чунин китобҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин даъвои Ҳомидова Г. дар бораи бевосита дар маҳалҳо доир нагардидани қабули муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия низ беасос мебошад. Зеро тибқи тақвими мақомоти иҷроия аз 3 феврал то 17 марти соли ҷорӣ рӯзҳои чоршанбе дар ҳамаи ҳафт Ҷамоати шаҳраку деҳот қабули раиси ноҳия ба роҳ монда шуд, ки 170 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд.

Бахши иттилоотӣ-таҳлилии 

МИҲД н.Шаҳринав

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:33

 

Маҳмадсайфиддин Ҷомиев, нафақахӯр ва омӯзгори фанҳои физика ва математика дар муассиса таълими №21 н.Панҷи вилояти Хатлон бо идораи СССР дар вилояти Хатлон тамос гирифта (тел: 93 508 89 45) дар бораи баланд нашудани нафақааш изҳори нигаронӣ кард. 

   - Пас аз нафақа баромаданам ҳам, ки қобилияти корӣ, яъне таълим додан доштам, ба таври шартномавӣ дар мактаб монда, то ба имрӯз ба толибилмон дарс медиҳам. Бо фармони Президенти ҶТ нафақа 2 маротиба 15% баланд карда шуд, аммо нафақаи ман не. Чаро? Сабабро дар фонди нафақаи ноҳия пурсон шудам, посух доданд, ки шумо қобилияти корӣ дореду кор мекунед… Ман 50 соли собиқаи омӯзгорӣ дорам ва Аълочии маориф аз даврони СССР ҳастам, магар мо қадр надорем, ки нафақаи моро баланд намекунанд ё омӯзгор дигар қадр надорад!?

Аз редаксия: - Муаллими гиромӣ! То ҷое мо ҳам хабар ёфтем, тибқи тартиби наве, ки чанд соли ахир роҳандозӣ шудааст, он нафароне, ки пас аз нафақа баромадан, кор мекунанд, бояд ё маошашон зиёд шавад ё нафақаашон. Яъне, агар шумо кор мекунеду маош мегиред, танҳо маошатон  баланд мешаваду нафақаатон не…

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:30

 

Раҳмон Мирзоев, сокини  Ҷамоати Оббурдони н.Мастчоҳ ба редаксия занг зада (тел: 92 717 59 94) дар бораи калимаи «анклав» ва маънои он пурсид.

   - Худи калимаи «анклав» чӣ маъно дорад ва барои чӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма Ворухро пайваста «анклав» менависанд? Зиёд «анклав» гуфтему навиштем, ин сарзамини мо «анклав» шуда рафт. Биёед, дигар Ворухро «анклав» нагӯему нанависем!

Аз редаксия: -Хонандаи гиромӣ! Калимаи «анклав», ки аз забонҳои фаронсавӣ ва лотинӣ тарҷума шудааст, маънои «маҳбусшуда ва маҳкамшуда»-ро дорад. Анклав гуфта, замини 1 давлатеро меноманд, ки пурра аз ҷониби ҳудуди давлати дигар иҳота карда шудааст. Чунин ҳудуд метавонад ҳам хушкӣ бошад ва ҳам обӣ.

 

Чоршанбе, 30 Июн 2021 08:28

 

Салом СССР-и дардошно! Ман офарин бар бонувони тоҷик мегӯям. Бовар кунед, хонумҳои мо босабртарину  покизатарин инсони рӯйи оламанд. Вале бонувони сабури кишварамон бо баъзе мардҳои носкашу арақнӯшу сигоркаш чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, ман ҳайрон?! 

   Ман ҳам мард ҳастам ва аз ягон чизҳои дар боло ном гуфтаам истифода намекунам. Ягон ҷоям кам нашудааст-ку. Занҳо фариштаанд, покизаанд. Оё месазад, ки онҳо бо чунин ифлосии мардҳо то охири умр зиндагӣ кунанд???

Сафаралӣ Азизов, 

Омӯзгор, н.Вахш

 

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter