ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:00

 Бунафша Аҳмадова, мухлиси газета аз ш.Душанбе ба телефони редаксия 238 55 56 занг зада, барои матлаби мухбирони газета дар бораи нархи чипта ва вазъият дар фурудгоҳҳои мамлакат изҳори сипос намуд.

   - Ташаккур ба СССР барои матлаби «Агентии авиатсияи гражданӣ «дӯсти хирс» аст???», ки шумораи гузашта нашр шуд. Ҳарчӣ пас аз матлаби газетаи мардумии СССР Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ эълон кард, ки нархи чиптаҳои парвоз то 500 доллари ИМА коҳиш дода шуданд. Коре, ки бояд аз рӯзи 1.04.2021 анҷом мегирифт, имрӯз ва бо «кӯфтани» СССР ҷомаи амал пӯшид. О, ана, мешудааст ку?! Пас чаро мардумро ин қадар язият мекунед!?

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 15:56

 Юнус Сафар, хонандаи доимии газета аз н.Фархор  занг зада (тел: 90 999 36 51) ба масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ 1 пешниҳод намуд.

   - Моҳи сентябри соли 2017 зани ба мо ношинос Фазилат Ризоева, ки раиси ҷамъияти маъюбони ноҳия будааст, духтари ман-Фарзонаро барои писараш хостгорӣ карда, бо ваъдаҳои зиёд духтарамро келин карда рафту зиндагии Фарзонаи ман 2 сол дар хонадони Фазилат Ризоева «Одинаи Арбоб Камол»-ро мемонд-дағаливу бадзабонии хушдоман, бепарвоии шавҳар, гуруснагиву бепулӣ. 8.12.2019 хушдоман келинро аз хона пеш карду дигар ба писараш Шарофиддин иҷозат надод, ки омада аз ҳоли зану 2 фарзандаш хабар бигирад. Ҳоло духтарам Фарзона бо 2 кӯдак дар хонаи ман асту 120 сомонӣ барои фарзандонаш алимент ҷудо шудааст. Бо ин нарху навои бозору 120 сомонӣ чӣ гунна метавон фарзандро хӯронду пӯшонду ба воя расонид? 

Ҳоло ба ба раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ 1 пешниҳод дорам-дар ҳолати ҷудошавӣ бигузор хушдоманҳо низ дар баробари шавҳар ҳамҷавобгар бошанд. Зеро маҳз хушдоманҳо сабабгори ҷудошавии оилаҳои ҷавонанд! 

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 15:54

 

Салом ба СССР! Дар Хона-интернати кӯдакони бепарастори н.Ёвон бахшида ба 80-солагии зодрӯзи шоири шӯридасар Лоиқ Шералӣ вохӯрӣ бо аҳли зиёи ноҳия барпо гардид. 

Шоирон Омон Раҷаб, Муҳаммади Некхоҳ ва Бобохон Каримӣ зимни мулоқот ба тарбиятгирандагон аз хотираҳои хеш дар бораи устод Лоиқ Шералӣ нақл карданд. Дастпарварони хона-интернат дар навбати худ аз эҷодиёти пурғановати Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат карда, гурӯҳи духтарон бошанд, рақсҳои ҷаззоби тоҷикиро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Сипос ба муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик З.Алиназарова барои баргузор намудани чунин маҳфили фарҳангӣ.  

Ф. Раҳматуллоева, омӯзгори Хона-интернати н.Ёвон

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 15:50

Салом СССР-и азиз! Ман рӯзи 30.04.2021 ба микроавтобуси №27а, рақами давлатияш № 8344 ТТ 02 аз ҷумъабозор нишаста, ба тарафи бозори «Панҷшанбе» роҳ пеш гирифтам. Барои роҳкиро 10 сомонӣ дароз кардам, аммо ронанда бақияпулиамро надод, чун аз ӯ талаб кардам, гуфт, ки пули маро нагирифтааст.

Дар вақти ҳаракати мошин ронанда ба пулчинӣ овора мешуд, ки ин ба амнияти мусофирон хавфи калон дорад. Болои ин одамонро рӯиҳам мегирифт. Ман, ки маъюбам, ба ронанда ҳушдор додам, ки бақияи роҳпулиамро баргардонад, ӯ даъво пеш овард, ки пули маро нагирифтааст. Ман фикр мекунам, ки нисбати ин ронанда бояд ҷиддӣ чораандешӣ карда шавад. Дигар ин, ки чаро дар ҷойи намоёни маршрутка ном ва фамилияи ронандаи мусофирбар номери телефони ширкати хизматрасонӣ ва нақлиётӣ навишта намешавад? 

Аз милисаҳои назоратчии назди бозори «Панҷшанбе» ёрӣ пурсидам, онҳо гуфтанд ба терминал рафта арз кунам …

Зойирбек Соҳибов, 

маъюби гурӯҳи 2-юм аз н.Мастчоҳ

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 15:46

Ҳайрон шудӣ, хонанда? Аз худ суол мекунӣ, ки «Сайёфро чӣ бало зад, ки душмани №1 дар ин шабу рӯзро қаҳрамон хонд?». Посухро аз ин матлаб меёбӣ. Мо Метавонем!

Ҷанге, ки дар Воруху Хоҷаи Аъло рух дод, воқеан ҳам исбот намуд, ки қирғиз яктан, якҷон, якҷиҳата, якфоқа ва миллати ваҳид аст. 

Қирғиз, ки худ низоъ ангехтаву хуни Тоҷикро дар ватани бобоии Тоҷикон рехта, боз тибқи масали «дузди хубу соҳиби гови сода», гуноҳро бар гардани мо зад, собит намуд, ки бо ҳама паркандагӣ, дар ҳолати хатар сари амнияти кишвар яктост. Тамомии қирғизҳои олам аз 1 гиребон сар бароварда, росто-дурӯғ митингу тазоҳурот дар Аврупову Амрико карда, Тоҷикистонро чун кишвари ғосиб, фашист, миллатгаро ва агрессор муаррифӣ намуданд.

Вале 1 Тоҷик 1 шиоре вардоштаву ба хиёбон ҳам не, балкони хонаи иҷорааш дар Аврупову Амрико набаромад, то аз манфиати миллату давлаташ ҳифз кунад.

Евромуллоҳои еврокашари кабирӣ бошанд (ибораи хеле нишонраси Додоҷон Атовуллоев), ба оламиён исбот карданд, ки дар асли худ «қирғиз» будаанд, на Тоҷик! Ин еврогейҳо, ки то ин дам дар Тоҷикистон миллати Тоҷикро инкору арабро талқину ташвиқ мекарданд, бо ин амал симои аслии хешро нишон доданд:

-Барои ин тӯдаи шаурмахӯр дигар муҳим нест, душмани ин сарзамин кист. Касе набошад ҳам инҳо бо ҳамонҳоянд. Бо қавму қабоиле, ки зидди Тоҷик буда бошанд!!!

Вале агар евромуллоҳо, ки тиннаташон чунин аст, тани танҳо мебуданд, 1 дарди бахайр. Чӣ қадар Тоҷику тоҷикистонӣ зидди худи мо шӯриданд? Гуфти Бобои Ғулом «абрусевшиҳомон чӣ?». Магар 1 руси тоҷикистонӣ, забонгумкарда, манқуртакони «тусовка»-и созмонҳои хориҷии муқими кишвар, тоҷикони русу англисидон дар ин набарди хунинбори иттилоотӣ пушти Ворух, Исфара, Хоҷаи Аъло ва дар ҷамъ Тоҷикистон буданд? Ман надидам. Ва ин дар ҳолест, ки журналистикаи русзабони қирғиз комилан зидди мо меҷангид, ки ҳалолашон бод!

Хонандаи гиромӣ, оё фикр дорӣ, ҳукумати имрӯзаи Қирғиз дар хориҷа оппозитсия надорад? Ещё как дорад! Ва пулу пайсае, ки ин оппозитсия бо худ бурдааст, ба садҳову ҳазорон шаурмахӯрак мерасад. Қурмонбек Боқиеву атрофиёнаш ҳудуди 2 млрд доллари амрикоӣ сарвату хазинаи Бишкекро бо худ доранду дар Беларусу Бонну Лондону Вашингтон мақару корхонаву муассисот. Аскар Акаеву атрофиёнаш 20 сол шуд дар хориҷа ба сар мебаранду сарвати ҳангуфте бурдаву бар он миллионҳои дигар замм кардаанд! Хонаводаи 5 президенти маъзулу зиндониву дарбадару рондашуда, дар ҷамъ шояд ҳазинае бештар аз буҷҷаи расмии ин давлат дар даст дошта бошанд. Вале дидеду шунидед, ки ақаллан 1 тои онҳо, мисли кабирӣ, зидди миллати худ баромад карда бошад?

Тоҷикистон оппозитсионери дигаре ҳам дорад: Додоҷон Атовулло ва Ватандораш. Вале Атовуллоев дар ин ҷанги нобаробари иттилоотӣ пуштигири Миллат ва Давлати Тоҷикон буд, ки ҳалолаш бод!  Оппозитсионериро аз ӯ бояд омӯхт, эй еврокашар!!!

Россия оппозитсия надорад? Ещё как дорад! Вале бинед, ки вақте манофеи миллати рус, тамомияти сарзамини Россия, таҳдид ба амнияти Давлат ва халал дар кори Кремлин пеш омад, ҲАМА аз 1 гиребон сар мебароранд. Ва ин аст, ки дар сартосари олам аз ФР метарсанд. Метарсанд, ки зиддаш паймонҳои сиёсиву иқтисодиву низомӣ мебанданд. Зидди зӯр иттиҳод мекунанд, на алайҳи заъифон…

…Ва ана ҳамин сару садои ба ном оппозитсионерҳои тоҷикро дидаву шунида, чаро ман, Сайёфи Мизроб, ҷавонмардона бар иттиҳоду иттифоқи халқи қирғиз каф накӯбам? Мекӯбам! Ещё как мекӯбам:

Аплодисменты вам, товарищи киргизы!!!

 Ин қарсро мане мекӯбам, ки баъди баромадҳоям дар газетаи СССР шабакаҳои Фейсу Ютуб ва ҷонибдориям аз ормонҳои миллӣ, ин миллат бар зидди ман компанияҳо таъсис додаву садҳо ҳазор нафрину такфир ба номам  мефиристад. Ба ман сахт намерасад! Зеро онҳо душмананд ва дар ана ҳамин соат ман низ бо ишон дӯст нестам! Ва ман ишонро нек дарк мекунам ва офаринашон мехонам. Соате мерасад ва он соат дур нест, ки мо шояд боз дӯсту бародар шавем ва ҳар гаҳе қирғиз хатояшро фаҳмидаву аз таҷовузи сарзамини ман даст кашид, ман низ бо ишон душмании иттилоотиро қатъ мекунам. Вале то он замон ман бар иттифоқу иттиҳодашон каф мекӯбам. Брависсимо!!!

 Зеро қирғиз коре намекунад, ки Тоҷик бар қиболи Тоҷику Тоҷикистон карда истодааст. Миллион қирғиз санг зад, мисле оне нест, ки 1 шоираки узви ИНТ, ки аз месенҷераш факт ёфтем, ҷои чойи кабуди талх, дар рӯзи ҷумъаи даҳаи охири Рамазон (соату рӯзу дақиқааш ҳам мушаххас аст!), маъзарат, вале пешоби номаҳрамонро хӯрдаву ҷои қурут дигар чиро «макида», сӯи мо санг меандохт. Ва ҳамааш барои чӣ? Барои он ки мо аз ин ниҳод талаб кардем, паҳлӯи миллат бошад. Мисле, ки тамомии иттифоқҳои ҷамъиятии Қирғиз паҳлӯи миллати хеш ва зидди Тоҷикистон қомат алам кардаанд!

Воқеан ҳам дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Абдуҷаббор Раҳмонзода дигар нест, ки ба ӯ фаҳмонем. Ҷояш одами нав омад. Эмомалӣ Насриддинзода. Юристи ҳирфавӣ. Ҳуқуқшиноси тавоно. Фикр дорем, ин нафар худ медонаду ба сарварони Иттифоқу Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мефаҳмонад, ки миссияи асливу усулии онҳо, ки дар тӯли 30 соли истиқлолият ва 70-соли шӯравӣ, аз буҷҷа нигаҳдорӣ мешаванд, ин аст, ки дар сурати хатароти амниятӣ ва набардҳои иттилоотӣ онҳо чун институтҳои ҷамъиятӣ, яъне аз номи халқи Тоҷик БОЯД қомат алам кунанд ва манофеи Давлату Сарзамини Тоҷиконро ҳифз. Вагарна онҳо ба чӣ ва кӣ лозиманд?

Ва аз ҳама муҳим: умед дорам, минбаъд афроди ба раёсати ин ниҳодҳо пешбаришударо дигар на аз рӯи критерияҳои маҳалл, шарикдарсӣ, ҳамкорӣ, ошноӣ, ҳаммайдоннишинӣ ва қадршиносиҳои қаблӣ, ки аз рӯи садоқат ва муҳаббаташон ба Миллат, Давлат, Кишвар ва Сарзамини Тоҷикон пешбарӣ хоҳанд кард.

Вале то он ҳангом, ман, ту, вай, мо, БОЯД ба ҷавонмардӣ, миллатпарвардагӣ ва ваҳдати миллии қабилаи қирғиз каф кӯбем ва аз онҳо ҳуббулватану ҳуббулмиллатро омӯзем, ки гуфтаанд:

-Душмани доно-беҳ аз нодон дӯст!!!

 Мо Метавонем!

 

Сешанбе, 01 Июн 2021 19:28

 

Як ширкати вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба фиристодани дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия оғоз кардааст. Қарор шудааст, ҳар гурӯҳи 50-нафарии муҳоҷиронро як намояндаи ширкат ҳамроҳӣ мекунад, то дар зиндагиву кори онҳо мушкиле пеш наояд. Муҳоҷирони тоҷик пайваста аз поймол шудани ҳуқуқи худ дар Русия шикоят мекунанд.

Биржа чӣ кор мекунад?

Юлдош Эшов, мудири Биржаи муҳоҷирони корӣ дар назди Иттифоқи касабаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи таъсиси корхона бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон, ба вижа, ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар аст.

 

Юлдош Эшов

Ӯ рӯзи 26-уми май гуфт, "ҳарчанд аз таъсиси корхона вақти зиёд нагузаштааст, аллакай бо чанде аз корхонаҳо дар вилояти Маскав, Тамбов, Краснодар ва Иркутск қарордоди ҳамкорӣ имзо кардем. Теъдоди зиёди хоҳишмандони сафар аллакай ба мо муроҷиат мекунанд. Як мушкил мондааст ва он ҳам харидани билети парвоз аст."

Эшов мегӯяд, ширкатҳои Русия ваъда додаанд, ки пас аз фиристодани чанде аз муҳоҷирон омода мешаванд, пули билети гурӯҳҳои дигарро пардохт кунанд.

Дар мавриди маоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия Юлдош Эшов гуфт, ба унвони мисол, дар корхонаи мурғпарварӣ дар вилояти Тамбов коргарон имкон доранд моҳона то 105 ҳазор рубл бигиранд. Ҳамчунин, ин корхона барои муҳоҷирон ва намояндаи ширкат ҷойи зист, се маҳал ғизо ва ҳар ҳафта ду ҳазор рубл барои ғизои иловагӣ медиҳад.

 

Муҳоҷиронро дигар “ғам” намедиҳанд?

Раҳмон Улмасов, коршиноси тоҷик, бовар дорад, бори аввал дар Тоҷикистон ширкате таъсис шудааст, ки зерсохтори ниҳоди расмӣ буда, ба фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия машғул мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки гуруҳи муҳоҷиронро барои кор ба Русия фиристоданд, вале муҳоҷирон аз камбудҳо шикоят доштанд.

"Мо қаблан пешниҳод карда будем, ки дар Тоҷикистон намояндагии Биржаи меҳнати Русия кушода шавад", -- гуфт Раҳмон Улмасов.

 

Раҳмон Улмасов

Зеро, ба гуфтаи вай, миқдори зиёди корхонаҳои Русия бо камбуди коргарон рӯ ба рӯ ҳастанд: "Мисол, чаҳор моҳ пеш дар вилояти Ростови Русия як корхонаи бузурге ифтитоҳ шуд. Онҳо эълон кардаанд, ки коргаронро бо маоши 45-50 ҳазор рубл даъват мекунанд. Тӯли чаҳор моҳ ҳеч хоҳишманди кор ба ин корхона муроҷиат накардааст. Чунин корхонаҳо дар Русия зиёд аст ва ширкатҳое назири “Биржаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди Иттифоқи касабаи Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Профсоюзи Русия метавонанд муҳоҷирони кории тоҷикро ба ин корхонаҳо сафарбар кунанд."

 

Мардум аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд, чаро?

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ва пулҳои фиристодаи онҳо ба хонаводаҳояшон бахши қобили мулоҳизаи иқтисод ва суботи Тоҷикистон дониста мешавад. Аммо соли гузашта ба далели баста будани марзи Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардид.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли гузашта 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфт, соли гузашта мақомот 193 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додаанд, аммо ин шабу рӯз ҳазорон нафар талош мекунанд, худро ба Русия бирасонанд. Онҳо мегӯянд, набудани ҷойи кори муносиб дар кишвар водор кардааст, ки ба ҳар роҳе ба Русия рафта, барои хонаводаҳои худ маблағ фиристанд.

 

Искандари Фирӯз

Барот Юсуфӣ 

Амриддин Олимов

 

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter