ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:36

Салом ба СССР! Қирғизҳо дар қаламрави мо роҳ месозанд, ҳар чизе хоҳанд мекунанд, 4 га замини тоҷик ҳам гиранд, ҳеҷ гап нест, вале агар 1 тоҷик 10 метр ба хокашон по гузорад, аз паша фил месозанду қабрашро 7 метр мекананд…

Ҷ.Исмоил, н.Ҷайҳун, 

тел: 93 880 07 47

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:33

 

Дар қонуни асосии Тоҷикистон-Конститутсия навишта шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявӣ аст. Дин аз давлат ҷудо буда, дар кишвари мо чӣ тавре, ки дар Эрону Афғонистону Арабистон дини Ислом дини давлатӣ дониста нашудааст. 

 Нафаре навишта буд, ки нобиғаҳо Розӣ, Берунӣ, Сино, Хайём, Н.Хусрав китоби Қуръонро аз худ намуда, комёбиҳои намоён ба даст оварданд. Аммо дар китоби Қуръон ягон ояте дар бораи пешбурди илмҳои дақиқ-физика, математика, тиб, астрономия, химия, техника ва ғайраҳо мавҷуд нест. Ба он ақидаи дини Ислом, ки Оллоҳ дар Арш дар Осмони 7-ум ҷой гирифтааст ва онро дин ошкор кардааст, тамоман бовар кардан мумкин нест. Чунки 700-800 сол пеш аз пайдоиши дини Ислом олимони дунё ин 7 ситораро кашф ва ҳатто аломатҳои онҳоро муайян карда буданд. Ҳатто 1600 сол пеш аз дини Ислому паёмбари он Муҳаммад донишмандони хитоӣ (чин) феҳристи ситораҳоро тартиб дода буданд. Чи тавре илм исбот намуд, дар коиноти беканору беохир зиёда аз 3 млрд ситораҳо ошкор гардидаанд. 

   Олимони дар боло номбаршуда илмро на аз китоби Қуръону дини Ислом, балки аз китобҳои донишмандони Юнону Рим, Ҳинду Хитой омӯхта, ба пояҳои дониши баланд расиданд. Инро ҳатто худи Сино тасдиқ намудааст.

Комрони Далер, ш.Бохтар, 

тел: 205-22-00-00

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:31

 

 

Миллату қавму қабоиле ҳастанд, ки тибқи пажӯҳишоти равоншиносӣ ба гурӯҳи занмизоҷ, ё худ модарсолор шомиланд. Россия аз чунин давлатҳост. Русҳо, ки номи давлаташон низ ба «женский род»-ҷинси занона шомил аст, ҳатто Родинаро низ таркиббандаи занона медиҳанду Ватан-Модар мегӯянд ва ғ. ва ҳ. ва бештар бо зан сару кор доранд. Ҳарчанд Тоҷик ба гурӯҳи қавму қабоили модарсолор шомил набуд, вале тӯли 70-соли шӯравӣ ана ҳамин занпарастӣ, модарсароии урусӣ, ба адабиёти мо, сипас ба атвору хислати мо реша давонид ва миллате, ки роду падежи занона надошт, занпарасту модарсарой гардид ва ба назар мерасад, ки ин раванд ҳич гоҳ ислоҳ намешавад. Рӯиҳамрафта, раванди гендерпарастии мӯдшудаи амрикоӣ боз ҳам зери решаҳои бегонапарастии мо об рехту коре шуд, ки дигар ҳама мебинему мешнавему мехонему тамошо мекунем: 

-шабу рӯз ин миллат модар гуфта, нола мекунаду ҳатман нависандаи ин сутур низ мавриди интиқоду мазаммат қарор мегирад. 

Вале пеш аз он ки маро санги маломат занед, матлабро то охир хонед, ин ҷо баҳс сари Модару Модарноманависиву Очагӯиву нолаҳои Очамой нест. Сӯҳбати мо сари ПАДАР аст. Вожае, ки мисли соҳиби ин унвон аз маҳфилҳои мо ронда шудааст...

Модарро ҳатман бояд дӯст дошту иззат гузошт! Ин аксиома аст. Вале ризқу рӯзирасони оиларо набояд паси дар кард. Мо метавонем!

Падари Тоҷик воқеан ҳам қаҳрамон аст! Шумо 1 мисоли дигар оред, ки аврупоӣ ё амрикоӣ ё хитоӣ ё ҳиндуе ҳудуди 30 сол гастербайтеру ғариби ихтиёриву дарбадару ғулому муздур бошаду ин ҳама заҳматро танҳо барои фарзанд кашад;

-То фардо писараш соҳиби маълумоти хубу олӣ шавад;

-То духтараш бо сари баланд шавҳар кунад;

-То фарзандонаш азобу азияти гуруснагӣ, бараҳнагӣ, ниёзмандиро накашанд;

-То занаш серу пур бошаду куртаҳои рангобаранг пӯшад;

-То хонаву даре бино кунад, ки мардум дидаву ангушти ҳайрат бигазанд;

-То буҷҷаи кишвар тиҳӣ нашавад…

Ва садҳо «То…»-и дигар.

 Падари Тоҷик имрӯз тамоми азобу азиятро мебардорад, то фарзандаш 1 зиндагонии сазовор дошта бошад. Ва дар миёни беш аз 1 млн муҳоҷири кор, ҳатто 0,1% мардонеро наметавон пайдо кард, ки рафтаву аз зану фарзанд рӯ тофта бошанд. Ин 0,1% низ ҷавонони имрӯзаанд, ки ишонро интернету равандҳои ғарбгароӣ оиласитез кардаанд. Тоҷики асил дар 2 дунё аз фарзанд рӯ намегардонад. Оре, ҳаст мавориде, ки аз зан ҷудо мешаванд. Ин протсеси табиист, вале ҳич гоҳ фарзандро хор намекунанд ва ҳамеша ба ишон кӯмак мерасонанд. Зеро ин аз фарзияти нонавиштаи равониву психологиву исломии ҳар 1 Тоҷики мард аст!

Ва аммо дар бораи 1 млн муҳоҷири кор сухан кардаву миллионҳо ҷавонмарди дигари Тоҷикро набояд фаромӯш кард, ки дар худи Тоҷикистон бо 1001 озу ниёз пул меёбанд, то ишками фарзанд гурусна намонад. Ин дар мо-Тоҷикон кори усулии ҳар мард аст-хӯрондану пӯшонидани аҳли байт. Дар хориҷа, ҳу, ҳамон Ғарбу Шарқе, ки бархе тақлид мекунед, ин амал ба 1 қаҳрамонӣ баробар аст! Зеро амрикоиву олмониву фаронсавӣ ва хитоиву ҳиндуву ҷопонӣ ҳич дар фикри шикаму донишу хӯришу пӯшишу тӯйу маъракаи фарзанд нестанд. Дур намеравем, ҳамин қирғизу-пирғизи атрофамон низ парвои зану фарзанд надоранду афғону покистониву қазоқу рус низ. 

Маданияти «Шарафи Падарӣ», яъне то рӯзи марг дар фикру андешаи фарзанд будан, танҳо хоси Миллати Шарифи Тоҷик асту андаке ба ӯзбектаборон таъсир кардааст. Дигар ҳич миллате чун Марди Тоҷик фарзандпараст нест! Ва ин маданият аз даврони Ориёнои Бузург обхӯр аст. 

Гунаи мисол, вақте Бобои Ғуломи таърихиву тавсифии мо фавтид, аз худ барои ҳама фарзандон ва ҳатто набераву абераҳояш манзили зист, замин ва хона мерос гузошт; Нафаре, ки дар давоми умри 95-сола, дар 34675 рӯз, ақаллан 1 рӯз,  истироҳат накарда буд. Ва Бобои Ғуломҳо дар таркиби ин миллат миллион-миллион нафаранд. Зеро ҳар марди асилзодаи Тоҷик ҳатман дар фикри фарзанду аҳли ақрабост, на андешаи саломату истироҳату худ.

Дур намеравем, чанде пеш 1 ҷуфти ҷавон ба ман гуфтанд, Марди оила мехоҳад, пас аз тӯй оҷилан Россия равад, зеро барои ояндаи фарзандон (ҳанӯз тӯй накардаанд!) бояд пулу мол ҷамъ оварад. Ба онҳо гуфтам, шумо ҳоло худ кӯдакед, куҷо фикри фарзанду ояндаи онҳоро доред? Посухи ҷавонмард маро ҳайратӣ кард, ки гуфт, «Ояндаи фарзандро аз ин рӯз, қабл аз издивоҷ бояд фикр кард».

Ана ҳамин аст, фундаменти табордории Ҷавонмарди Тоҷик! Ва чигуна ин Мардони фарзонамардро набояд унвони Қаҳрамон надод?

 Ҳар Марди Тоҷик Қаҳрамон аст!!! Мутмаинам, Ҷавонмарде, ки биркаи гастербайтериро бар гӯш ихтиёран задаву барои фарзанд азият мекашад, ҳатман, дар соати лозима, барои оила, зан, фарзанд, диёр, Ватан ҷонбозӣ ҳам хоҳад кард. Зиҳӣ, Марди Тоҷик, ки дар алоҳидагӣ қаҳрамони даврони мост. Зинда бод Падарони мо!!!

PS: Дар Амрико ҳар рӯзи 17 июн чун Рӯзи Падар ҷашн гирифта мешавад! Мо Рӯзи Модар дорем. Пас чаро Рӯзи Падар надошта бошем? Бигзор бошад. 1 рӯзаке, ки гулу пул тақдим накунем ҳам, ақаллан гӯширо вардоштаву гӯем:

-Салом Падар! Идат муборак!!!

Ин корро ҳатман кунед. Зеро ин хоҳиши нафарест, ки Падари Бузургворро аз даст додаву мутаассуф ин корро накарда буд…

Мо Метавонем! 

 

Сешанбе, 15 Июн 2021 18:14

 

Дар Тоҷикистон бисёриҳо аз пӯшидани ниқоби тиббӣ ба ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ мекунанд

Чоршанбе, 09 Июн 2021 17:03

БА  ПЕШВОЗИ  20 - СОЛАГИИ   СҲШ


Хитой    фақири ва камбизоатиро  тавассути рушди иқтисод  аз байн бурд

Роҳбарияти  Хитоӣ дар маҷлиси махсуси тантанавӣ дар ш.Пекин,ки ба муносибати ҷамбасти натиҷаҳои чорабиниҳо оид ба  мубориза бо фақирӣ ва сарфарозгардонии шахсони масъул баргузор гардида  буд, изҳор намуданд, ки Хитой фақириро на ба воситаи кумакҳо, балки тавассути рушди иқтисод аз байн бурд.  «Ба шарофати Ҳизби Коммунисти Хитоӣ ва халқи Хитой, кишвари мо бар фақирии мутлақ комилан пируз шуд», изҳор намуд Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин.     Раис  ҳамчунин таъкид кард, ки дар 8 соли охир  Чин  барои мубориза бо фақирӣ ва камбизоатӣ ҳудуди 1,6 трлн. юан (тақрибан $ 246 млрд) масраф намуд. Дар натиҷа 832 ноҳия ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати ноҳияҳои фақир ва камбизоат хориҷ шуданд. Ба тарзи хитойи ин чунин маъни дорад, ки дар ин ноҳияҳо беморхонаҳо, мактабҳо, роҳҳои мунфарш, сохта шуда, барқ  ва интернети босуръат пайваст гардидааст. Ҳамаи ин фаъолиятҳо қисме аз нақшаи бузурги мукаммали мубориза  бо фақирӣ ва камбизоатӣ мебошад, ки иҷрои он ҳамчун кори виҷдонӣ ва  номуси шахсию ғамхории хоси  Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой  Си Тзинпин шуда буд,  ки дар соли 2012  ҳамчун роҳбари Хитой ба сари қудрат омад.  Набояд гуфт, ки то омадани ӯ ҳеҷ коре иҷро нашуда буд.  Халосии босуръат  аз фақру нодории оммаи бузурги мардум аз шурӯи ислоҳоти роҳбари пешини Хитой  Дэн Сяопин, аз соли 1978  сар шуда буд. Дар Хитой ҳамасола рушди Маҷмуи маҳсулоти дохила 10 фоиз зиёд мешуд ва кишвар ин даромадҳоро ба тамоми табақаҳои ҷомеъа тақсим мекард. Дар натиҷа  700 млн. нафар соҳиби маълумоту ҷойи кор  шуда аз ҳолати камбизоатӣ  берун шуданд. 

Ба души Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой  Си Тзинпин мушкилтарин масъала вогузор гардид, ки он иборат аз халос кардани фақиртарин деҳаҳо ва ноҳияҳо аз нодорӣ ва камбизоатӣ буд. Додани маъоши хуб  ба нафароне, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо сол  аз ҳисоби хоҷагии наздиҳавлигӣ зиндагӣ карда буданд ва аз марказҳои истеҳсолотӣ ва тамаддунӣ дур буданд, кори осон набуд.  Теъдоди чунин ашхос беш аз 100 миллион нафар буд. Бештари онҳо соҳиби ҷойи кор шуда, имконияти фурӯши  маҳсулоти хешро аз тариқи интернет ба даст оварданд. Дар чаҳорчуби ин Барнома  10 миллион нафар аз ноҳияҳои қафомонда  ва дурафтода, аз ҳисоби давлат, ба маҳалҳои дорои манбаҳои даромад  нақли макон карданд. Барои чунин афрод шаҳракҳои зебо бо тамоми инфрасохтор сохта шуданд. Аммо пешбарандаи асосии беҳбудии зиндагии мардум ин албатта рушди боварнокардании Маҷмуи маҳсулоти дохилии  кишвар буд, ки ба шарофати он, Хитойи аграрӣ ҳамасола 10% рушд намуда, ба яке аз кишварҳои бузурги саноатӣ, ки ними  маҳсулоти саноатии ҷаҳонро истеҳсол мекунад, табдил гашт.     

Имрӯзҳо маъоши миёна  дар Хитой аз маъоши Русия бештар буда, маъоши бештари кормандони хитойи  дар  ҳудуди 8800 юан (100 ҳазор рубли руси) аст.  Нафақа дар Хитой аз 2200 то 2700 юан баробари  25−30 ҳазор рубли  руси аст. Маълум аст, ки ҳануз на ҳама  дар Хитой чунин  даромад доранд,  аммо урфу одатҳои хуб фарқиятҳоро байни одамони доро ва камдаромад, камтар мекунанд. Фарзандоне, ки дар шаҳрҳо кор мекунанд, ҳатман ба волидонашон, ки дар деҳот зиндагӣ  мекунанд, кумак мерасонанд. Ба шахсони бефарзанд  бошад, давлат кумак мекунад. Бояд гуфт, ки нафақахӯрон дар Хитой аз имтиёзҳои гуногун бархурдор ҳастанд, ки яке аз онҳо табобати ройгон аст.  Ҳамин тавр, вазифа иҷро шуд. Мутобиқи меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид  дар Хитой дигар камбизоат нест, ва аз гуфтаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид  саҳми Хитой дар муборизаи ҷаҳонӣ  бо камбизоатӣ  70  фоиз аст. 

 Соли гузашта дар моҳи май  дар маросими кушодашавии Сессияи сеюми Иҷлосияи умумихитойии вакилони мардумӣ ( Органи олии қонунбарорӣ) даъвати сенздаҳум роҳбарони Хитой пешбини намуданд, ки  то охири соли 2020  Хитой азми қавӣ дорад, ки «дар муборизаи шадид бо камбизоатӣ  қатъиян пируз шавад ва нақшаи сохтмони ҷамъияти миёнаҳолро  ҳамаҷониба иҷро хоҳад кард».  Он замон  Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин таъкид карда буд, ки: "Ҳануз барои ҳаллу фасли мушкилиҳои рушди номуназзам, кам кардани фарқияти тараққиёт байни шаҳру деҳот, пешрафти ҳамаҷонибаи одамон  ва шукуфоии сартосарӣ, роҳи дурудароз дар пеш аст.     Мо набояд  мағрур  ва ҳавобаланд шавем, набояд ором бошем, мо бояд аз мавқеъ хуб истифода кунем, қотеъона амал намоем ва ба мубориза идома диҳем». 

 Баъди  азбайн бурдани  камбизоатӣ, мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ, Хитой ният дорад, ки ба ҳадафҳои волотар, яъне сохтани ҷамъияти миёнаҳол дастраси кунад. Ва  ин ҳадафҳо натанҳо иборат аз ташаккули синфи миёнаи бузургтарин дар ҷаҳон бо даромади бештар аз 18000 юан (206260 рубли  русӣ) мебошад, ки бештар аз ними аҳолии Хитой ба он дохил мешаванд.   Балки маънои дастрасии комили одамон ба тибби муосир, маълумоти миёна барои ҳама ва  ҳамаи афзалиятҳои  дигаре  дорад, ки ба мафҳуми «сотсиализм бо хусусияти хитойи» дохил мешаванд. 

Замонатдиҳандаи   иҷроиши ин ҳадафҳо роҳбарияти дурандеши Хитой мебошад, ки дар марҳилаи кунуни тавонист бар  эпидемияи короновирус пируз шавад ва рушди иқтисодии Хитойро дар шароити коҳиши бесобиқаи иқтисодӣ дар кишварҳои дигари ҷаҳон,  таъмин намояд.   Ҳамчунин  зомини дар амал татбиқ намудани ин мақсадҳо ин аст, ки беҳбудии сатҳи зиндагии мардум  натанҳо талаботи муҳими  Конститутсияи Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, балки сиёсати асосии Ҳизби коммунистии Хитой аст. 

Ин  комёбии   Хитойро ҳатто кишварҳои Ғарб низ эътироф мекунанд. Ташкилотҳои байналмилалӣ рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилии Хитойро дар соли оянда дар сатҳи 7-10 фоиз пешбини менамоянд, ки мо танҳо метавонем онро орзу кунем. Пешбини мешавад, ки Хитой дар соли 2028 метавонад аз Америка дар пешрафти рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилии пеш гузарад. Ҳар як фоизи рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ- ин саҳми бузург дар баланд бурдани сатҳи зиндагии мардумон мебошад,  чунки дар онҷо пешрафти кишвар мафҳуми бойшавии халқро дорад.   

 Таҳияи Наҷмиддин Шоҳинбодов

 

 

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 11:53

Чоршанбе, 09 Июн 2021 11:36

Салом СССР-и азиз! Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ ва тақрибан дар масофаи 200 метр аз бинои МИҲД-и ноҳия қарор дорад. Бо сабаби набудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар мактаб хонандагон маҷбур мешаванд дар вақти занги танаффус зарфи пластикӣ дар даст барои об ба хонаҳои мардуми ҳамсоя дароянд. 

Дар мактаби мо дар 2 баст беш аз 800 нафар таҳсил мекунанд. Тақсимоти оби нӯшокӣ танзим шуда, мактаб субҳ аз соати 6 то соати 11:30 ва аз соати 5:30 то дили шаб  бо об таъмин аст. Талабагони басти аввал аз об мушкилӣ надоранд, лекин хонандагоне, ки дар басти 2-юм таълим мегиранд аз набудани оби нӯшокӣ хона ба хона об пурсида мегарданд. Мо онҳоро манъ карда наметавонем. 

Дар ин бора чанд маротиба ба роҳбарон ва мутахассисони масъули обтаъминкунӣ муроҷиат кардам. Онҳо баҳонаи набудани маблағ борои таъмири насосҳои обкашониро сабаб мекунанд. Ҳарсол аз баҳор то тирамоҳ вазъ чунин асту ҷавоб ҳам ҳамин. Қалбу виҷдонам маро ором нагузошта ба назди муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, ки куратори соҳаи маориф аст, даромада аз ин проблема сӯҳбат кардам. Зайнура Умарзода маро қабул ва гӯш карда, баъд дар ҳузури ман ба зертобеаш занги телефонӣ анҷом дода, бобати масъалаи нигаронкунанда, нимҷиддию нимшӯхиомез гуфтушунид кард ва гуфт, масъала ҳалли худро ёфт. Пас аз ин сӯҳбат ва ваъда 10 рӯз аст, ки хонандагон мисли «талбанда» дар ба дари хонаҳои мардум об мепурсанд… 

Хусрав Ҳусейнов, шаҳраки Бӯстон, н.Мастчоҳ, 

тел: 92 934 94 94

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 11:34

Аз 19-ум то 25-уми майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» баргузор гардид, ки дар он 11 театрҳои касбии ҷумҳурӣ бо намоишномаҳои худ ширкат варзиданд.

Театри давлатии ноҳияи Данғара ба озмун намоишномаи Иброҳим Усмонов «Даҳ рӯзи генерал Шерак»-ро дар таҳияи коргардони ҷавон Саломуддин Додарбеков пешниҳод намуд. Ин драма дар мавзӯи таърихи начандон дури кишвари мо, фоҷиаи ба сари миллати мо омодаи солҳои 90-уми асри гузашта, муборизаи кормандони қудратии кишвар бар зидди терроризм ва қаҳрамонии 1 нафар ҳаммиллати мо, ки дар сохтори қудратӣ фаъолият дошт, эҷод гардидааст.

Намоишномаи «Даҳ рӯзи генерал Шерак» рӯзи 22 май  дар театри ба номи А.Лоҳутӣ пешкаши тамошобинон гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз оғози намоишнома толор аз тамошобин лаболаб шуд. Қисми зиёди тамошобинон дар берун монданд. Намоишнома оғоз гардид ва ҳама дар ҳаяҷон буданд. Чунки воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум пеши назар меомад. Тамошобинон ашк мерехтанд. Насли наврас диданд, ки фарзандони сарсупурдаи миллат бо чӣ гуна талошу заҳматҳо дар сарзамини азизи мо сулҳро барқарор намуданд. Дар ҳақиқат коргардони намоишнома Саломуддин Додарбеков ин асарро дар сатҳи баланд таҳия намудааст. Баъди ба охир расидани намоишнома қарсаки тамошобинон ба авҷи фалак печид. Тамоми толор аз ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабов, Саодат Азизова, Сабоҳат Қосимова, Сайрам Исоева, Марям Исоева, Шералӣ Абдулқайсов сар карда, то тамошобини толор ба саҳна баромада, ҳунармандони театрро бо намоишномава бозии хуб гулборон мекарданд. Ҳатто тамошобини оддӣ мегуфтанд, ки Шоҳҷоизаи озмун насиби театри ноҳияи Данғара мегардад.

Мувофиқи низомномаи озмун мавзӯи намоишномаҳо бояд ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешуд. Аз чӣ сабаб  бошад, ки ҳакамони озмун ҳамаи инро нодида гирифта ноадолатона ягон ҷойро ба театри ноҳияи Данғара лоиқ надонистанд. Бо шунидаи мо театршинос,  мунаққиди маъруфи тоҷик Маҳмадулло Табаров нисбати хулосаи аъзои ҳакамони озмун норозигӣ баён намудааст.

Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки дар чунин озмунҳои бонуфуз ҳайати ҳакамонро аз шахсиятҳои ҳақиқатбину ҳақиқатҷӯ интихоб намоянд.

 

Қобилҷон Давлатов, 

Ҳунарпешаи театри н.Данғара, 

тел: 908-11-21-11

 

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter