ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Июн 2021 11:06

 

«Россия вазифадор нест, ки ҳамаро хӯронад!»-ин изҳороти Путин В.В.-президенти Россия дар Форуми байналхалқии иқтисодии Санкт-Петербург Аврупоро ларзонда, Киевро сард кард! Дар Германия оҷилан ин миннати ВВП-ро чунин маънидод карданд:

-Россия дигар бо Украина мушогурба намекунад! Ҳарчанд ВВП қабл аз ин гуфт, «мо зидди интиқоли газ ба Европа тавассути қаламрави Украина нестем», вале айёрона афзуд, аммо хохолҳо «худашон ҳамаро ҷазир карданд».

Украиниҳо чиро ҷазир карданд?

    Ишораи ВВП сари пешниҳоди ахиримоҳимайии Зеленскийи масхарабоз ба Радаи Киев аст. Зеленский, ки ҳамчун кандидати 2-забона сари қудрат омада буд, тамоми муносиботро бо Маскав фалаҷ сохт. Хохолҳо хафа нашаванд, вале рафтори сарвари давлаташон амалкарди президенту раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизро ба хотир меорад. Ҳарчанд, Зеленский мисли Жапарову Ташиев аз олами криминал нест, вале «замашкаҳои хулиганӣ-авбошӣ» дорад.

Таври маълум Бишкеки расмӣ 2 даҳсолаи ахир сиёсати фашистӣ мебараду дигар ақаллиятҳои миллиро на танҳо намеписандад, ки одам низ ҳисоб намекунад. Генотсиди ӯзбектаборони муқими Қирғизистон дар соли 2010 ва ҳуҷуму қатлу куштори Тоҷикони Исфараи ҳамсоякишвар намунаи беҳтарини ин иддаост.

Шояд ин фашизми қирғизӣ асар кард ё «ҳе баракалло тентак»-и аврупоӣ, ки Зеленский низ ба Рада пешниҳод кард, русҳоро «миллати бумӣ» дар Украина нахонанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори соли 2001 (Украина дар нуфусшумории баъди соли 2013 усулан русҳои ҷудоихоҳро ба ҳисоб намегирад!) русҳо 17,2% аҳолии Украинаро таъсис дода, бештар дар Севастопол (71,7%), Қрим (58%) Донетск (48,2 %), Макеевка (50,8 %), Енакиево (51,44 %), Терновка (52,9 %), Краснодон (63,3 %), Стаханов (50,1 %), Свердловск (58,7 %), Краснодонск (51,7 %)  Станично-Луганск (61,1 %), Измаил (43,7 %,), Вилково (70,54 %) , Путилвск (51,6 %) ба сар мебаранд. Бори аввал, ки кӯшиши парлумон-Рада, ки мехост русҳоро ғайрибумӣ хонад, бо он анҷом ёфт, ки кишвар Қрим, Донбасс, Донетск-3 вилояти бузургро аз даст дод. Ин бор Зеленскийи масхарабоз барои чӣ чунин иқдомро пешбарӣ кард, нофаҳмост.

ВВП дар навбати худ ба ҳамтои хохолаш бо фишори иқтисодӣ посух дод. Ҳамакнун нархи газ барои Украина 6 баробар аз Россия ва 3 маротиба гаронтар  аз Белорусия фурӯхта мешавад. Барои интиқоли газ Москва танҳо дар сурате пул мепардозад, ки агар «Киев он маблағро барои харидории силоҳ корбаст накунад». Бо забони дигар зинда бод «Северный поток-2». Дур нест, ки ВВП танҳо тавассути ин роҳи газӣ маводи ҳаётан муҳимро ба Аврупо интиқол додаву Киевро назди косаи шикаста шинонад.

Ҳама роҳҳо сӯи «Северный поток-2» мебаранд. 

Урраа рафиқон, хохолҳо, 2-бор ураааа!!!

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 09:18

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 09:12

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:54

 

Овони шӯравӣ баробари мардон бонувонро низ бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадр мекарданд. Онҳо аслан аз доираи кормандони корҳои саҳроӣ, хоҷагии кишвар буданд. Бонувони қаҳрамон намунаи ибрати ҷавонон ва мубалиғони Ҳукумати Шӯравӣ маҳсуб меёфтанд.
Ин дов аз чанд тан бонувони диловари арсаи меҳнат ёд мекунем. Энаҷон Бойматова, пахтакор (Конибодом), Суфро Боқиева, говдӯш (Исфара), Гавҳар Пиракова, механизатор (Восеъ).
* БОЙМАТОВА ЭНАҶОН (1923, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом – 17.1.2011, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалисти (1960), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1967). Аъзои КПСС аз соли 1945.
Солҳои 1935 – 1942 колхозчӣ, 1943 – 1956 сардори бригадаи пазтакорӣ ва аз соли 1957 раиси колхози «Москва» - и ноҳияи Конибодом буд. Э. Бойматова дар инкишофи пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ саҳми арзанда дошт.
Аз соли 1954 аъзои КМ ПК Тоҷикистон ва депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 4 – 9). Бо 4 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо (аз ҷумла 5 медали тиллою нуқраи НКХХ СССР) ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
* БОҚИЕВА СУФРО (15.12.1926, деҳаи Шаҳраки ноҳияи Исфара – 3.6.2009, ҳамон ҷо), говдӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Устоди чорводории РСС Тоҷикистон (1967). Аъзои КПСС аз соли 1958.
Солҳои 1941 – 1954 колхозчӣ, 1954 – 1958 сардори бригадаи пиллапарварӣ ва 1958 - 1984 говдӯш, 1984 – 1990 сардори звенои фермаи чорводории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Исфара буд. Соли 1966 аз ҳар сар модагов 3,5 ҳазор литр шир дӯшидааст.
С. Бойматова дар тараққии соҳаи чорводорӣ саҳми калон дорад. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 6 – 8), вакили Съезди 3 – юми умумииттифоқии колхозчиён буд.
Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
* ПИРАКОВА ГАВҲАР (10.5.1942, деҳаи Буйдоқобод, ноҳияи Муъминобод), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965). Механизатори хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон (1965).
Солҳои 1959 – 1960 колхозчӣ, 1961 – 1963 муовини раис, 1963 – 1964 котиби ташкилоти комсомолӣ, 1964 – 1969 сардори бригадаи комплексии пахктакории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ. Солҳои 1969 – 1973 дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст. 
Солҳои 1973 – 1975 инструктори райкоми Восеъ, аз соли 1975 котиби ташкилоти ҳизбии, муовини раиси колхози ба номи С. М. Кирови ноҳияи Восеъ.
Г. Пиракова ташаббускори ғунучини мошинии пахта буда, дар соҳаи инкишофи пахтакорӣ саҳми босазо гузоштааст.
Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. 
***
* РАҲМОНОВА САЙЛӢ (6.1.1947, деҳаи Сасибулоқи ноҳияи Лахш - ), картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1986). Аъзои КПСС аз соли 1969. 
Сарпионервожатийи мактаби миёнаи № 12 (1966) ва мудири яслӣ (1967 – 1971). Аз соли 1971 аввал сардори бригадаи картошкапарварии комсомолону ҷавонони совхози «Лахш» ва баъд совхози «Қизилсӯ» - и ноҳияи Ҷиргатол. Бригадаи ӯ солҳои 1980 – 1986 аз 120 га замин ба ҳисоби миёна 297 сентнерӣ ҳосили картошка рӯёнд.
Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 9 – 10) ва вакили Съезди 20 – уми ПК Тоҷикистон. Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонда шудааст.

Умари Шерхон

адиб

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:49

13.06.1918.Дар шаҳри Перм аз ҷониби болшевикон, князи бузург Михаил Романов дуздида, баъдан пинҳонӣ ба қатл расонида шуд. Болшевикон дар симои княз, ки бародари императори собиқ Николайи 2 буд, барои ҳукумати худ хатар эҳсос мекарданд. Қатли ӯ аввалин куштор аз силсилакушторҳои хонадони Романовӣ ба шумор меравад, ки тавассути болшевикон анҷом гирифта буд.

13.06.1918.ШКХ дар Русияи Шӯравӣ барои роҳбарии мубориза бо исёни чехҳои сафед Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ (Реввоенсовет)-ро таъсис дод.

13.06.1944. Аввалин бомбаборони мушакии Лондон-пойтахти Англия аз ҷониби Олмон. Мушакҳои немисии «V-1» ва «Фау-1», ки онҳоро «тайёра-тир» ҳам меномиданд, аз соҳили Фаронса ба Лондон партоб шуданд.

13.06.1955. Дар СССР бузургтарин ва машҳуртарин кони истихроҷи алмос «Мир» дар Ёқутистон кашф карда шуд.

14.06.1919. Кишварҳои созмони Антанта адмирал Александр Колчакро ба ҳайси ҳокими олии Русия эътироф намуданд. 

14.06.1939. Дар СССР илми генетикаро хилофи диалектикаи марксистӣ эълон карданд ва тадриси он дар қаламрави СССР манъ гардид.

14.06.1941.Дар РСС Латвия, Литва ва Эстония, ки чанде қабл шомили СССР шуда буданд, табъиди оммавии мардум ба Сибир оғоз шуд. Мардумро оилавӣ ба Сибир бадарға мекарданд. Ин рӯз дар ин кишварҳо, чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни низоми коммунистӣ ҷашн гирифта мешавад.

15.06.1930.Дар ш.Ростов сохтмони корхонаи истеҳсоли мошин барои хоҷагии қишлоқ (Ростселмаш) ба итмом расид. Ин корхона то охири мавҷудияти СССР бузургтарин корхонаи мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ будӣ.

15.06.1958.Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон сохтмони шаҳри академикии Новосибирск сар шуд. Ин шаҳр яке аз бузургтарин марокизи илмии собиқ Шӯравӣ буд.

15.06.1983. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ «барои хатоиҳои содиркарда» вазири ВКД Н.А.Шёлоков ва котиби аввали ҳизбии вил.Краснодар С.Медуновро аз ҳайъати КМ берун кард.

16.06.1918. Епископи калисои рус-Гермоген аз ҷониби болшевикон дастгир ва ба дарёи Тура партофта шуд. Ӯ аз наздикони хонадони императорӣ ва яке аз дӯстони наздики Григорий Распутин буд.

16.06.1963.Дар СССР якумин зани кайҳонавард В.Терешкова бо киштии кайҳонии «Восток-6» ба фазои кайҳонӣ баромад.

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:46

Ба самъи редаксияи газетаи СССР мерасонем, ки мақолаи Қаршиев Умед таҳти унвони «Заминамро ба зӯр гирифтанд», ки дар рӯзномаи «СССР» аз 4.03.2021, таҳти №9 (650) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки бо қарори раиси н.Қубодиён №36 аз 27.01.2010 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Қиёмиддин»-и ҷамоати деҳоти У.Назаров тарҳҳои №376, №377, №383 ва №401 масоҳати 3,85 га барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» барои истифодаи якумраи меросӣ ҷудо карда шудааст. Баъдан бо қарори дигари раиси ҳамин ноҳия №673 аз 25 июли соли 2012 барои васеъ намудани замини хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Бошқалъа»-и ҷамоати деҳоти У.Назаров иловатан замини масоҳаташ 9,45 га аз тарҳҳои № 373-375, 381 ва 401 бо ҳуқуқи истифодаи якумраи мерос ҷудо карда шудааст. Дар асоси қарорҳои болозикр хоҷагии деҳқонӣ санаи 28.03.2016 бо 5 нафар аъзо ба қитъаи замини масоҳати умумиаш 13,3 га бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 0011741 таъмин гардида, он таҳти № 295 ба қайд гирифта шудааст.

Хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» 16.05.2017 бо аризаи даъвогӣ нисбати хоҷагиҳои деҳқонии «Қиёмиддин» ва «Бошқала» дар бораи бартараф кардани монеагӣ ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намуда асос овардааст, ки тибқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда барои истифодаи хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» қитъаи замини масоҳати умумиаш 13, 3 га вобаста гардидааст ва андозро барои ҳамин миқдор замин пардохт мекунанд. Вале дар асл ҳамагӣ 3 га замин дар истифода хоҷагии мазкур қарор дошта, ҷавобгарон барои истифодаи қисми боқимондаи замин монеагӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки монеагии ҷавобгарон барои истифодаи замини хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» бартараф карда шавад.

Тавре аз омӯзиши маводи парванда бармеояд, зимни муҳокимаи судӣ роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Қаршиев У. бо аризаи хаттӣ дар бораи даст кашидан аз даъво муроҷиат намудааст. Бо ҳамин асос 17.07.2017 аз даъво даст кашидани роҳбари хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» Қаршиев У. аз ҷониби суд қабул ва истеҳсолоти парванда қатъ карда шудааст.

Санҷиш муайян намуд, ки моҳи январи соли 2019 саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Мамадамин полвон» Қаршиева Ҷумагул, Қаршиев Умед, Қаршиев Нормумин ва Қаршиева Холида бо аризаи даъвогӣ  нисбати раиси хоҷагиҳои деҳқонии «Қиёмиддин» ва «Бошқала», шахси сеюм кумитаи идораи замини н.Қубодиён дар бораи бартараф кардани монеагӣ аз нав ба суд муроҷиат намуданд. Парванда дар қисми талаботи арзкардаи Қаршиев Умед бинобар мавҷуд будани таъиноти судии эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба баҳси байни ҳамин шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асос санаи 08.04.2019 қатъ карда шудааст.

З.Аминзода, 

муовини раис   

 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:40

Ҷ.Исмоил, муаллиф ва хонандаи доимии газета аз н.Ҷайҳун ба идора занг зада (93 388 07 47) дар бораи арзонии пиёз дар саҳрову баровардани партов дар маркази н.Ҷайҳун сӯҳбат кард.

 - Имсол нархи пиёз агар гӯям, ки ба замин задааст, хато намекунам. Ҳоло дар сари замини кишт нархи 3 кило пиёз 1 сомонӣ шудаасту мардуме, ки бо умед пиёз кошт, зарар дида истодааст. Агар медонистем, ҳатман сабзӣ мекоштем!

Боз 1 масъалае, ки мехоҳам дар борааш гап занам ин масъалаи баровардани партов аз маркази шаҳраки Ҷайҳун аст, ки ҳеҷ ҳалли худро намеёбаду бо фаро расидани фасли гармо бӯйи ғализаш дар тамоми гирду атроф паҳн мешавад. Наход харидорӣ намудани 2 трактор барои партовкашонӣ барои МИҲД н.Ҷайҳун мушкил бошад? 

Чоршанбе, 16 Июн 2021 08:38

 

Камолиддин Каримов, омӯзгори яке аз мактабҳои ш.Душанбе ба идора занг зада (55 355 33 99) дар бораи ҳаққи қалами омӯзгорон ҳини нашри мақолаҳояшон дар рӯзномаҳои даврӣ сӯҳбат кард.

   - Чаро нашрияҳои давлатӣ ва тахассусӣ, амсоли газетаи «Омӯзгор» пас аз чопи мақолаҳои муаллимони кишвар ба онҳо ҳаққи қалам ҷудо намекунад? Ман дар бораи он мақолаҳое, ки барои аттестатсияи омӯзгорон ҳатмист, чизе намегӯям, вале мақолаҳое, ки берун аз ин чаҳорчӯба навишта шуда, ба ҳаёту рӯзгори пирони кору шасиятҳои бузург дар соҳаи педагогика бахшида шудаанд, бояд подош дошта бошанд. 

   Дигар ин, ки чаро мақолаҳои мо омӯзгоронро куллан дигар карда, нашр месозанд? Он вақт мақола мақсад ва мӯҳтавои хешро гум мекунад…

саҳ 6 аз 11

Китобҳо

Flag Counter