ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:50

Салом ССССР-чиёни гиромӣ! Соҳибкори созандаву ватандӯст Бегмурод Холов, муассисаи нави таълимии №8-ро дар деҳаи Ғалабаи ҷамоти деҳоти «Ҷиликул»-и н.Дӯстӣ сохта ба истифода дод.  Боиси хушҳолист, ки мактаби хуштарҳу замонавӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо ташаббуси бевоситаи роҳбари хоҷагии овозадори ба номи Эргаш Султонов ба маблағи 800.000 сомонӣ бунёд гардидааст. Хотиррас мешавам, ки аснои ифтитоҳи муассисаи мазкур раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода суханронии пурмӯҳтаво намуда, иқдоми мактабсозии тоҷири ба нангу номусу ватанпарварро шоистаи таҳсин хонда, ба у Сипосномаи МИҲД вилояти Хатлонро тақдим намуд. 

Абдукарими Абдураҳим, 

н.Ҷ.Балхӣ 

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:40

19.05.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:23 дақиқа. Бо Ҳусейн Эмомович Раҳмонов дилшиноси маъруфи кишвар, номзади илми тибб ва духтур-кардиологи беҳамто, «обед» рафтем ва тасодуфан чашми ман ба нимпайкараи қади роҳи Садриддин Айнӣ уфтод. Шармандаам, вале ман то ин замон намедонистам, ки ин ҷо хона-музейи устод Айнист. Хулласи калом, баъди чошт меҳмони Айнӣ шудем…

Аз Бухоро то Сталинобод

19.05.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:33 дақиқа. Шердил Каримов-ходими пешбари ин осорхона, ки 1 ҷавони зиндадил, доно ва ҳушманде будааст, моро хайрамақдам гуфтаву вориди осорхонаи адабии Айнӣ намуд ва сар аз таваллуди устод дар Соктаре, кору бораш дар Бухорову Самарқанд то Сталинобод қиссаҳо кард… Барои шунавидани моҷарои сари устод омада, ту, хонандаи ин сутур, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «СМ маро низ дар назар дорад?», бояд ҳатман ба ин осорхона раваду қиссаҳои мароқангези Шердилро бишнавад. Равед! Мо рафтем ва бурд кардем. Мо Метавонем!

Осорхонае, ки хурд мешавад…

19.05.2021. Соат ба вақти Душанбе 14:37 дақиқа. Осорхонаро чарх задем. Шунидан кай бувад монанди дидан. Зимнан аксу тасвираҳои онро пешкашат кардем, ки қабл аз хондани ин сутури ҳақир, онҳоро навакак дидӣ, хонандаи азиз.

Вале моро чизи дигаре ба ташвиш овардаву зиқ кард. Ва ин ҳам бошад, хурду кӯчак шудани Осорхонаи устод, ки метавон онро таваллудҷои Давлати Тоҷикон, хонаи яке аз асосгузорони РСС Тоҷикистон хонд.

Проблема ин аст, ки аз 3 тарафи осорхона баландошёнаҳои маъруф бар «новостройка» онгуна мавқеи хонаро танг кардаанд, ки дур нест рӯзе, онро тамоман маҳв кунанд. Кӯшишҳо буданд. Пулғафсе, ки аз пушти осорхона бино месозад, ҳавлии устодро гирифт, вале бо дахолати Радиои Озодӣ, ки омадаву гузориш карданд (РТВ давлатӣ ку???), хайрийят, ки сухан ба гӯши соҳиб расиду сарватманд ҳушдор гирифт, ки «Ба хонаи устод нарас!!!» ва ақибнишинӣ кард. Вале то кай?

Метарсам, сахт метарсам, ки сарватмандони ҷадид, мисли ҷадидони бухороӣ сари таърихи пойтахтро нахӯранд ва боз ҳам ба ин осорхона дастдарозӣ накунанд!!!

Зимнан, барои ҷилавгирӣ аз вандализми хонасозҳо БОЯД қароре қабул кард, то осорхонаҳои хурду кӯчаки Душанбе, ки мисли лаъл дар нигини таърихдории РСС Тоҷикистонанд, дар сартосари пойтахт ҳифз шаванд, то сарватманди муосире дар 2 ҷаҳон низ ба онҳо дастдарозӣ накунад. Мисле, ки дар Санкт-Петербург чунин қарор содир шудааст. Бовар дорам, танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем онҳоро ҳифз ва таърихи зиндаи миллатро дар амн нигоҳ дорем.

Мо Метавонем!

С.Мизроб

Махсус барои хонандаи ҳушманди СССР

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:33

29.05.1965. Дар пойтахти Олмони Демократӣ-шаҳри Берлин, чемпионати XVI-уми Аврупо оид ба бокс баргузор шуд. Дар он боксчиёни шӯравӣ аз 10 медали тилло 8 медали тилло ба даст оварданд.

29.05.1975. Дар РСС Беларуссия истеҳсоли бузургтарин мошини боркаш дар СССР - «БелаАЗ-7520» ба роҳ монда шуд.

29.05.1988.Сафари расмии президенти ИМА Роналд Рейган ба СССР. Ӯ дар ин сафар шахсан бо М.Горбачев, ки тибқи назари баъзе, дастнишондаи ғарбиҳо буд, вохӯрд. Аслан вазифаи Горбачев таҳрики мардум ва амал накардан ба ваъдаҳояш буд, ки хеле хуб аз ӯҳдаи вазифааш баромад. Ҳеҷ ваъдаи додаашро амалӣ накард ва мардум ҳам аз ин ба дод омада, ба майдонҳо рехтанд.

30.05.1918.Дар Русияи Шӯравӣ Георгий Чичерин Комиссари халқии корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ӯ дар ин симмат Лев Тротскийро ҷойгузин карда, яке аз боистеъдодтарин афрод дар ҳукумати болшевикӣ будӣ.

31.05.1918. Баъди пошхӯрии импературии Австро-Венгрия, дар Питсбурги ИМА чехҳо бо словакҳо иттиҳоди сиёсӣ баста, кишвари нав-Чехословакияро таъсис доданд. Ин кишвар чанд даҳсола арзи вуҷуд карда, ахир чехҳо ва словакҳо дубора аз ҳам ҷудо шуда, ҳар кадом кишвари мустақили худро созмон доданд.

31.05.1943.Дар совхозҳо ва МТСҳои шӯравӣ шӯъбаҳои сиёсӣ барҳам дода шуданд.

1.06.1922.Дар СССР аввалин хатсайри ҳавоии байналмилалӣ Маскав-Кёнигсберг ифтитоҳ ёфт.

1.06.1931.СССР бо ИМА шартномаи ҳамкорӣ баст ва тибқи он муҳандисони амрикоӣ мебоист дар сохтмони 90 заводи металлургии СССР ширкат мекарданд. Онҳо воқеан вориди СССР шуда, дар интустриякунонии аввалин кишвари шӯроҳо саҳми бориз гузоштанд. Ҳатто дар Тоҷикистон ҳам муҳандисони амрикоӣ дар сохтмони канали калони Вахш ширкати фаъолона доштанд. Дар ин боб ҳатто филми маъруфи «Одам пӯсташро иваз мекунад» ба навор гирифта шудааст.

2.06.1924. Ҳукумати болшевикӣ ҳайъати Бюрои сиёсии баъдиленинии ҳизби коммунистро интихоб намуд. Ба Бюро Бухарин, Зиновев, Каменев, Риков, Сталин, Томский ва Тротский шомил шуданд. 1 гурҷӣ ва 6 яҳудӣ.

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:27

Батко Лукашенко ё худ «Лукаи Муқаддас»-президенти Беларус оламро ҷумбонид! Ин бор ӯ бо усули Сталинӣ яке аз оппозитсионерҳои сарсахту пургӯяшро дар осмон қаппид! Чигуна? Оддиякак.

Самолёти ширкати ирландии Ryanair, ки дар баробари 171 мусофир, Роман Протасевич ва арӯсдухтараш София Сапегоро низ бояд аз Афини Юнон то Вилнюси Литва мебурд, рӯи ҳарими ҳавоии Беларус ҳушдор гирифт, ки дар таркибаш бомба дораду оҷилан бояд дар Минск нишинад. Баъди 5 соати «ҷустуҷӯ» маълум шуд, ки бомбае дар ҳавопаймо нест.169 пассажир ба курсиҳои худ нишастанд ва танҳо баъди парвоз диданд, ки 2 курсие, ки каме пештар дар он ҷо 2 навҷавон бӯсу канор доштанд, холист!

Террористи президентӣ

Роман Дмитриевич Протасевич ва Степан Путило-асосгузорони Телеграмм-канали  NEXTA чанде қабл, бар асари ҷангҳои итиллоотӣ ва даъвати мардум ба тазоҳуроту низоъ бар зидди режими Батко Лука, аз рӯи 3 банди ҷиноии Беларус, террорист эълон шудаву ғоибона ҳукми қатл гирифтанд. Романи ҷавони 26 сола аз куҷо медонист, ки бо Рӯбоҳи Пир-Лукашенко бозӣ кардан бо думи шер бозидан аст. Зимнан соли 2019, баъди кор дар Радиои амрикоии «Свобода» ба Полша рафтаву он ҷо гурезаи сиёсӣ шуд. Таври маълум, ҳоло Полша давлатест, ки тавассути он НАТО нақшаҳои табаддулоти давлатии хешро дар кишварҳои пасошӯравии худкома пиёда менамояд. 

Соли 2020, баъди интихоботи президентӣ Роман Протасевич ва Степан Путило тавассути Телеграмм-канали  NEXTA мардумро ба майдон кашиданд ва маркази итилоотии оппозитсияи Лукашенко маҳсуб мерафтанд. 

 Светлана Тихановская, проекти нави Ғарб, ки дар рақобат бо Лукашенко варшикаста шуда буд, дар ин сенарияи антибеларусӣ нақши 3 дараҷа низ надошт. Нақши калидӣ ва асосиро маҳз Протасевич мебозид. Зимнан Александр Лукашенко Светкаро ба Литва ҷавоб додаву мунтазири боздошти Ромка-«муши калонӣ» шуд.

Пирати ҳавоӣ

Фурудсозии ҳавопаймои Иттиҳоди Аврупо ва боздошти ҳавоии «Душмани №1» оҷилан дар кулуарҳои давлатҳои калон фурор ба амал овард. Аксарияти кишварҳои Аврупоӣ ҳарими ҳавоияшонро ба рӯи Минск баста, зумрае аслан парвоз аз болои Беларусро қатъ карданд. Амрико, Полша, Литва, Юнон, Англия Лукашенкоро пират-ғоратгари ҳавоӣ хонданд. Маскав кори Баткоро истиқбол намуд. Вале бо ин ҳама пашори Батко намебараду хобаш шояд баъди 12 моҳи ахир, ин шабу рӯз бароҳаттар шуд. Зеро ӯ кори намешуданӣ кард:

-Душманашро аз осмон қаппид!

Баъди ин инсидент кӣ гуфта метавонад, ки Лукашенко наметавонад?

PS: Ҳоло хабарҳо мерасанд, ки Рома Протасевич дар шаби аввали боздошташ тамоми нақшаву ният ва спонсорҳои инқилоби беларусиро фош кардаву ҷон ба саломат бурданист.

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:20

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:12

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:04

Прокуратураи ш.Ҳисор мақолаи шаҳрванд Носиров Абдунаим, сокини ш.Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Файзбахшро зери унвони «Мактабро доғдор накунед», ки дар ҳафтаномаи «СССР» № 11-12 (653) аз 18.03.2021, ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки муроҷиати шаҳрванд Носиров Абдунаим оиди норозӣ буданаш вобаста ба номи марҳум Баротов Шафеъ номгузорӣ шудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ш.Ҳисор пештар аз тарафи прокуратураи шаҳри Ҳисор мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он ба номбурда тариқи хаттӣ аз 10.07.2020 сол, таҳти № 18/189а-20, аз 08.10.2020 сол, таҳти № 13/313а-20 ва аз 26.10.2020 сол, таҳти №8/313а-20 хабар дода шудааст.

Дар натиҷаи санҷиши гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки дар филиали Бойгонии Маркази Давлатии ҶТ дар ш.Ҳисор ва Бойгонии Марказии Давлатии ҶТ ягон мавод, аз ҷумла нусхаи қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Баротов Ш. вобаста ба ҷинояти куштор, қарор дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва нусхаи ҳукми суд нисбати ӯ аз рӯи ин парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд намебошад.

Инчунин тибқи маълумотномаи Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ҶТ аз 08.07.2020 сол марҳум Баротов Шафеъ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст ва доғи судӣ надорад. Аз ин лиҳоз, ба номи Баротов Шафеъ номгузорӣ шудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Ҳисор тибқи Қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор аз 07.08.2007 сол, таҳти №126 дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии  амалкунанда сурат гирифтааст.

Ҳамчунин дар асоси ҳалномаи суди ш.Ҳисор аз 04.01.2021 сол, аризаи МИҲД ш.Ҳисор «Дар бораи татбиқ намудани муҳлати даъво» нисбати аризаи даъвогии Носиров Абдунаим «Дар бораи барқарор кардани муҳлат ва бекор кардани қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз 07 августи соли 2007, №126», қонеъ карда шуда, аризаи Носиров Абдунаим «Дар бораи барқарор кардани муҳлат ва бекор кардани қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз 07 августи соли 2007, №126», бинобар беасос буданаш ва бе сабабҳои узрнок гузаронидани муҳлати даъво рад карда шудааст.

М. Осимзода, 

прокурори ш.Ҳисор, 

мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2

 

Чоршанбе, 02 Июн 2021 16:02

 

 Муллонур Нуров, мухлис ва хонандаи доимии мо аз н.Айнӣ меҳмони идора шуда, аз тақдири ояндаи маблағҳояш, ки дар бонки «Тоҷиксодиротбонк» маҳфузанд, изҳори нигаронӣ кард.

   - Бонки миллии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта иҷозатномаи бонкҳои «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд кард ва ҳамакнун ин бонкҳо иҷозати фаъолият надоранд. Акнун пасандози мо-муштариён чӣ мешавад? Пасандози ман дар филиали дар н.Айнӣ будаи «Тоҷиксодиротбонк» 83 ҳазору 887 рубли русӣ ва 2 750 сомониро ташкил медиҳад. Ман аз гирифтани фоизҳои ин пасандоз кайҳо даст кашидаам ва ҳоло мехоҳам, ки пуламро ба ман пурра баргардонанд. Акнун, ки бонк аз фаъолият монд, ба куҷо муроҷиат кунам? Кӣ ба суоли ман посух мегӯяд?

 

саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter