ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Июн 2021 11:27

 

Санаҳои 17 ва 18 майи соли 2021 бо ташаббуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ қисман тариқи ҳузурӣ ва қисман маҷозӣ баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур ҳайатҳо аз ҷониби Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ РФ, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, РСК «Банк» - Қирғизистон ва Бонки Рушди Қазоқистон ҳузур доштанд. Дар ҷаласаи мазкур гурӯҳҳои кории Бонки давлатии рушди Хитой, Ҳабиб Бонки Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Корпоратсияи давлатии молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр суханронӣ намуданд. Ризвонзода Ф.З. дар баромади худ қайд намуданд, ки ИББ СҲШ саҳнаи муҳими ҳамкориҳои байнибонкӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор рафта, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати барқарор кардани вазъи иқтисодиёти кишварҳои аъзо якҷоя талош вазранд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки «Амонатбонк» омодааст бо шарикони рушд дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориро густариш дода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» барои муҳокимаи ҷонибҳо масъалаҳои зеринро пешкаш намуд:

1. Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ;

2. Ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявие, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолият менамоянд;

3. Муҳокимаи қабули Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026);

4. Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;

5. Ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон;

6. Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шӯрои ИББ СҲШ.

Масъалаҳои асосии ҷаласа, ин пеш аз ҳама дар таҳрири нав қабул намудани Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026) ва Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шӯрои ИББ СҲШ ба шумор меравад.

 

Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар

Санаи 22-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтакаи Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур аз фаъолияти филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии минтақаи Бохтар дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дар оғози ҷаласа оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳо дар минтақаи Бохтар дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ Сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек ҳисобот доданд.      

Қайд гардид, ки дар минтақаи Бохтар 15 адад филал ва 100 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ҳамаруза ба аҳолии ин минтақа хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ, амалиётҳои хазинавӣ, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Кормандони Марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста дар тренинг ва курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ сайъу талош меварзанд.

Дар доираи ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Бонк оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қатъии қоидаҳои одобу муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Ҷавонон ояндаи давлату миллат!

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

Ҳамасола дар кишвар санаи 23-юми май ҳамчун рузи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ., муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон 2012 Мавзуна Чориева ва аҳли кормандони «Амонатбонк» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси Раёсати Бонк Сайфзода Ш.Ҷ. тамоми ҷавонони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният намуда қайд карданд, ки имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавиирода дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа, фаъолона кору пайкори созанда дошта аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доранд. Ҳамин буд, ки санаи 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро дар кишвар ҳамчун Соли ҷавонон эълон намуданд.

Воқеан ҳам аксар аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза низ зимни баромади хеш қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони мо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми назаррас дошта варзишгарони тоҷик ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ давлату миллати хешро ба таври шосита муаррифӣ менамоянд

Намунаи ин гуфтаҳо яке аз варзишгари мувафақ барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон 2012, инчунин ҷоизадорӣ чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Мавзуна Чориева мебошад, ки дар баробари парчамбардори ватан будан дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва машғул шудани онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш саҳмгузор аст.

Ҷавонони фаъоли Амонтабонк низ бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ баромад намуда дар васфи ҷавонӣ шеърҳои пурмазмун қироат намуданд.

Дар охири чорабинӣ як зумра ҷавонони «Амонатбонк» ба хотири фаъолияти созанда ва намунавӣ бо Ифтихорнома ва Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷавонони фаъоли «Амонатбонк» ба хотири иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:58

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:53

Беҳуда Збигнев Бжезинский водии Фарғонаро Балкани Осиёи Марказӣ  намехонд. Воқеан ҳам касе фаромӯш кардааст, устод Збигнев яҳудии полшагиест, ки дар тӯли 50 соли ахир абарқудрат СССР-ро шикаст дод.

...Таври маълум, қирғизҳо ҳанӯз 4-5 сол пеш иддао доштанд, ки Россия базаи худро ба марзи миёни Қирғизу Тоҷик наздик орад ва сарҳадбониро бар дӯш бигирад. Соли 2019 бошад, сокинони Бодканд бо марши бузурге то Бишкек рафтанд ва ин талабро пеш гузоштанд. Ин дар ҳолест, ки геополитикҳои рус мегӯянд, агар Маскав ба ин марзҳо наздик шавад, катастрофа рух доданаш мумкин. Зеро маҳз Амрико ва НАТО инро мехоҳанд. Россия вориди конфликт, ки шуд, ҳатман 1 иттифоқчии бузургашро дар симои ё Душанбе ё Бишкек аз даст хоҳад дод-ин иддаои Андрей Казантсев, коршиноси рус аст, ки мавзуъро дақиқан меомӯзад.

Воқеан ҳам барои лже-оптимистон, ки аз Сулҳҷӯии қирғиз дар аввали моҳи май табли шодӣ мезаданду тавассути чанд шоираки Тоҷик шиорҳои а ля Турсунзодавӣ месароиданд, мерасонем, ки Турсунзода “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!” гуфта қавму қабоилеро дар назар надошт, ки ба мо таҳдид мекарданд! Ба ҳушдорҳои мо, ки қирғиз умре ба ваъда вафо накардааст ва “оҳанро дар гармӣ куфтан лозим!”, низ таваҷҷӯҳ нашуд. Ва бинед, ки вазъ дар марзи Воруху Бодканд боз чигилтар мешавад. Ин бор Армияи қирғиз омодагии ҷиддӣ дорад ва ин дигар ҳушдор нест, инро чун далел қабул кунед!

...Тавлиди Қирғизистон барои болшевикон худ хатое буд. Зеро ин қавм 1 умр ватан, давлат, миллат надошт. Ине, ки тӯли 30 соли пасошӯравӣ аллакай 10 инқилобу 6 президентро иваз кардаанд, исботи ин гуфтаҳост. Қирғизҳо аслан чун миллат дар тӯли таърих вуҷуд надоштанд. Далел мехоҳед? Миллату давлати бе хатту бе адабиётро дидаед? То-та!

 Инҳо дар асл қаро-қирғиз буданд, ки гавҳари фарҳанги табордорияшон ба қазоқ мерасид. Вале дар аввали асри ХХ бо қазоқҳо хархашаву хунрезӣ карда, ҷудо шуданд ва РСС Қирғизистон тавлид ёфт. Дар тӯли 70 соли шӯравӣ борҳо бо ӯзбекҳо, уйғурҳо, қазоқҳо, туркманҳо хунрезӣ кардаанд. 30 соли истиқлолият онҳоро қабилае муаррифӣ намуд, ки бо касе, бидуни қирғизи асил (ақоиди фашистӣ) забон намеёбанд. Ин аст, ки бо шиори “Қирғизистон танҳо барои қирғизҳо!!!” дар соли 2010 110 ҳазор ӯзбектабори шаҳрванди Қирғизистонро пеш, хонаҳояшонро валангор ва зану кӯдакони дармондаро гардан заданд. Ва танҳо ин иддао, ки Аврупо ва Амрико проекти “Ҷазираи Озодӣ” дар Осиёи Марказиро маблағгузор буд, Бишкеки расмиро аз ҷавобгарӣ дар суди байнулмилалӣ раҳонид.

Ҳамзамон проекти “Ҷазираи Озодӣ” ба нисбат ҳамон лоиҳаи “Насими Озодӣ” дар Сурияву Ироқу Лубнон аст, ки қораи Арабро таҳти бомбаҳои натоӣ ва “шамшери қутайбаи давлати исломӣ” қарор дод. Воқеан ҳам дар Қирғизистони “озод” беш аз 12 ҳизбу ҳаракатҳои экстремистии происломӣ озодона фаолият доранд ва кабирӣ ва наҳзати ӯ 1 шохаи дигари проекти исломии Ғарб мебошанд. Маҳз ҳамин аст, ки еврокашар дар ин гирудор пушти Қирғизро гирифт. Спонсор ҳаминро тақозо мекард. 

Ба забони фаҳмотар, конфликти қирғизо-фарғона-балканӣ, чун дар Югославия, бояд сари ОМ-ро бо ҷамиъи кишварҳои пасошӯравӣ хӯрад. Хуб, пас Россия бояд чӣ кор кунад дар ин маврид? Ба пиндори мо, ба шариконаш кӯмаки иқтисодӣ расонад, инвеститсия гузорад, дипломатия пеша кунад ва ё ҳадди ақал ба ин оташ ҳезумкаш нашавад, ки:

Миёни 2 кас ҷанг чун оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Вале ин аллакай Саъдист. Классика!!!

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:42

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:33

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:29

5.06.1945. Фармондеҳони ҳарбии кишварҳои иттифоқчӣ, Георгий Жуков, Дуайт Эйзенхауэр, Бернард Монтгомерӣ ва Латр де Тассинӣ дар ш.Берлин Эъломияи таслими бечунучарои Олмонӣ гитлериро ба имзо расониданд. Тибқи он қудрати сиёсӣ дар Олмон ба ҳукуматҳои СССР, ИМА, Бритониё ва Фаронса вогузор шуд. Берлин низ қисматҳо тақсим карда шуда, ҳар кишвар қисмати худашро дошт.

6.06.1922. Дар СССР бо Декрети ШКХ Раёсати асосӣ оид ба кор бо адабиёт ва нашриётҳо созмон дода шуд. Ин раёсат, ки Главлит ном гирифт, тамоми фаъолияти нашриётиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо зери назари худ қарор медод.

6.06.1922. Дар Маскав мурофиаи судии роҳбарони ҳизби эссерӣ оғоз шуд. Ин мурофиа аввалин парвандаи бузурги сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт ва дар он 34 роҳбари ҳизбӣ эссерӣ муҳокима карда шуданд.

6.06.1944. Ифтитоҳи фронти дуввум алайҳи Олмон дар Аврупо. Нерӯҳои англис ва амрикоӣ билохира баъди хоҳиши чандинкаратаи Сталин дар авохири ҷанг ба соҳили Фаронса дар Нормандия фуруд омаданд.

6.06.1957. Дар шаҳри Маскав мағозаи «Олами кӯдакон» ифтитоҳ ёфт. Баъди чанде мағозаҳо бо чунин ном дар тамоми шаҳрҳои бузурги СССР кушода шуданд ва яке аз беҳтарин мағозаҳои кӯдакон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафтанд.

7.06.1917.Ҳизби эссерон дар Русия ба 2 қанот-эссерони чап ва эссерони рост тақсим шуд. Эссерони рост аз болшевикон тарафдорӣ накарданд ва аксариятро ташкил медоданд, аммо эссерони чап аз инқилоби болшевикӣ тарафдорӣ намуда, вориди ҳукумати болшевикӣ шуданд. Албатта баъди чанде роҳашон боз аз болшевикон ҷудо гардид.

7.06.1954. Дар Маскав Анҷумани XI уми Иттифоқҳои касабаи СССР ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман, Устави нави Иттифоқҳои касабаи СССР қабул карда шуд.

8.06.1918. Дар шаҳри Маскав зери роҳбарии Феликс Дзержинский аввалин Конфронси умумирусиягии Комиссияҳои фавқулодда (ЧК) ба кори худ шурӯъ кард.

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:27

. Абдулло Сайфуллоев, сокини ноҳияи Кӯшониён меҳмони идораи газетаи СССР дар вилояти Хатлон шуда, изҳори сипоси хешро ба Ҳукумати ҶТ баён намуд.

   - Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта бо имзои фармони нав нафақаи маъюбонро 50% боло бардошт ва ин мо нафақахӯронро хушҳол кард.  Пешниҳод дорам, ки ҳангоми баланд бардоштани нафақа, маош ва стипендияҳои донишҷӯён, нархи пардохти пули истифодаи барқ, андоз ва ғизои аввалия ҳам ба танзим дароварда шавад. Ҳоло нарху навои ғизои аввалия дар бозорҳои мамлакат нигаронкунанда ва ташвишовар аст. Шукронаи Худованд, ки дар ин айём меваю сабзавоти мардуми деҳот пухта расидааст ва лабамон ба он мерасад. Нафақаи ман 350 сомонӣ буда, қувват надорам, ки дар замин кор кунам. Шукр, ки гоҳ-гоҳе писарам кӯмакам мекунад, вагарна бо ин нархи бозор кайҳо аз гуруснагӣ мемурдам! 

 

Чоршанбе, 09 Июн 2021 10:19

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Синои ш.Душанбе мақолаи рӯзномаи «СССР»-ро таҳти унвони «Раис гуфт навис-нависро бас кун!» аз 15 апрели соли 2021, №15 (656) ва мақолаи «Сино: барои уқоб постамент гузоред!» мавриди омӯзиш қарор дод.

Зимни он, мутасаддиёни мақомот бо шаҳрванд Нуралиев Ибод суҳбат намуда, муайян гардид, ки Нуралиев Ибод расман дар суроғаи деҳаи Хокалии ҷамоати деҳоти Роҳатии н.Рӯдакӣ ба қайд гирифта  шудааст, ки инро шиносномаи шахсии шаҳрванд таҳти силсилаи А03352247 аз тарафи Шуъбаи №2 ВКД ҶТ дар н.Рӯдакӣ санаи 8.07.2020 дода шудааст, тасдиқ менамояд.

Дар рафти суҳбат Нуралиев Ибод иброз дошт, ки 2 сол пеш ба раиси н.Рӯдакӣ барои надоштани манзили истиқоматӣ ва ҷои зисти доимӣ муроҷиат намудам ва ба ман тавсия дода шуд, ки ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани масъалаи мазкур ба раиси ҷамоати деҳоти Роҳатӣ муроҷиат намоям. Суханони дар мақола дарҷгардидаро раиси ҷамоати деҳоти Роҳатии н.Рӯдакӣ ҳангоми муроҷиат ба ман гуфт. Бояд қайд намуд, ки дар муддати 4 соли охир шаҳрванд Нуралиев Ибод ягон маротиба дар қабули шаҳрвандони раиси н.Сино ҳузур надошт ва бо ариза низ муроҷиат накардааст.

 Вобаста ба мақолаи навбатӣ қайд кардан зарур аст, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия васеъ ба роҳ монда шудааст ва дар ин самт бояд корҳои зиёде ба анҷом расонида шавад. 

Н.Салимзода, 

раиси н. Синои ш.Душанбе 

 

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter