Аз сардабир: Мехостам ин матлабро кӯтоҳтар кунам. Вале чун хондамаш, бузургиву хоксориву иззату иффату шарафбандии маэстроҳои санъати миллиро дар он дида, амр кардам: ЧОП шавад!!! Мо метавонем!
Тоҷик-эйр аз камтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар сартосари ҷаҳон аст, ки барои кӯдакон чиптаи ройгон медиҳад! Браво, Тоҷик-эйр!!!
Вақте Файзалӣ Саидов пеши Сангак қариб ба зону зада мегуфт, «Дед! Иҷозат деҳ 3 рӯз ақаллан ба Хоруғ даромада «чистка» кунам», пешвои Фронти халқӣ, ки бераҳмии писархондашро медонист, қатъан посухаш дод: «Только через мой труп!»
Коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои қатли Сангак ҳамин пуштибонияш аз мардуми бумии Бадахшон шуд…
Андешаи Зикриёи Дилшод зери унвони “Чаро марказ шах шуд?” (СССР, №32(517), 9.08.2018) бо ширкати масъулини ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сохтмони бинои “маркази ҷавонон” ба уҳдаи ҶДММ “Ситоиш” (сардораш Файзуллоев Халифа) вогузор карда шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Пудратчии сохтмон Вазорати фарҳанг буда, дар с.2017 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 230.000 сомонӣ ва дар семоҳаи сеюми с.2018, ҳамагӣ 180.000 сомонӣ ҷудо шудаасту халос. Ҳоло дар доираи маблағҳои ҷудошуда корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Сабаби боздошта шудани корҳо ин ҷудо кардани маблағ барои сохтмон аст, ки ҳангоми ворид шудани маблағ ба суратҳисоби корхона корҳо аз нав оғоз карда мешаванд.
Ш.Солеҳиён, муовини раиси ноҳия
1.11.1924. Дар АМО-заводи автомобилсозии ш.Маскав аввалин мошини боркаши шӯравии АМО-Ф-15 ҷамъоварӣ шуд. Тамоми қисматҳои мошин аз масолеҳи ватанӣ сохта шуда буданд ва 7 ноябр 10 мошини аввалин аз майдони Сурхи Маскав бо тантана убур намуданд.
2.11.1938. Дар СССР аввалин бор занон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шуданд. Нахустин қаҳрамонзанҳои шӯравӣ, ҳавонавардон Валентина Гризодубова, Полина Осипенко ва Марина Расков буданд.
2.11.1945.Ҷопони императорӣ дар ҷанги ҷаҳонии 2 шикаст хӯрд ва ба санади таслими бечунучарои худро имзо намуд.
3.11.1931.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Институти марксизм-ленинизм дар назди КМ ВКП(б) таъсис дода шуд. Он то охирин рӯзҳои мавҷудияти СССР фаъолият дошт ва яке аз бойтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои аввалин кишвари Шӯроҳо будӣ.
3.11.1983. Дар иёлоти Колифорниёи ИМА, дар рафти як семинар, ки ба бехатарии компютерӣ бахшида шуда буд, бори аввал мафҳуми "вируси компютерӣ" истифода шуд. Ин истилоҳро бори аввал донишҷӯи Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ Фред Коэн ба забон овард.
Тасхири Қасри Николай
7 ноябр (25 октябр бо тақвими кӯҳна) нерӯҳои инқилобӣ қасри Зимистона (қароргоҳи собиқи Николайи 2), охирин такягоҳи ҳукумати муваққатро дар Петроград пурра ба муҳосира гирифтанд. Ҳамлаи ҳалкунанда мебоист соати 18:00 оғоз мешуд, лек болшевикон натавонистанд ҳамаи нерӯҳоро то ин муддат дар назди қаср ҳозир кунанд. Бо вуҷуди ин ба таъхир андохтани ҳамла низ ба фоидаи болшевикон анҷом ёфт. Қисмате аз муҳофизони қаср, вақте диданд ҳамлае сурат нагирифт, сангарҳои худро тарк карда, аз қаср берун рафтанд. Соати 20:00 комиссари КҲИ Г.Чудновский бо талабномаи нав ба қасри Зимистона ҳозир шуд, лек намояндагони ҳукумат онро рад карданд. Соати 21:00 нерӯҳои инқилобӣ ба тирборони Қасри зимистона оғоз намуданд.
Узви Ихвон-ал-СССР, Манучеҳр Ҷӯраев, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, сокини деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус (тел: 501 10 32 31) ба СССР занг задаву гуфт, ки доир ба 2 мушкили сахти мардум гуфтаниям.
1.Хонаи мо, ки дар таҳи дарёи Кофарниҳон аст, хавфу хатари он рӯз то рӯз зиёд шудан дорад. Ҳоло ку ин қадар не, аммо ҳар сол дар моҳҳои марту апрел (шабу рӯзи пахтакорӣ) сатҳи оби дарё мехезад. Имрӯз хатари ба дару хонаи мардум зада даромадани оби Кофарниҳон хело наздик шудан дорад. Фикр мекунам, ба ин мушкил бояд Агентии соҳилмустаҳкамкунии назди Ҳукумати ҶТ сари вақт андеша кунад. Ба қавли Шайх Саъдӣ: Сари чашма бояд гирифтан ба бел!
2.Дар ноҳияи мо дар 1 рӯз ҳамагӣ 6 соат (3 соат саҳарӣ ва 3 соат бегоҳӣ) барқ медиҳанду халос.
Узви Ихвон-ал-СССР, шоири ҳаҷвнигор Араби Дӯстмурод аз ноҳияи Восеъ занг задаву гуфт, ки ҳамин ҳоло аз пеши назари ман, дар шаҳри Кӯлоб, 1 бачаро кормандони комиссариати ҳарбии ш.Кӯлоб облава карда бурданд. Ин бача-Ёрматов Маҳдӣ Бекмуродович, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №22, сокини деҳаи Нонҷемаси н.Восеъ аст. Ӯ ҳамроҳи очааш-Гулхумор дар назди “Ориёнбонк”-и ш.Кӯлоб қарор дошт ва бояд “пайғоми пулӣ”-и падарашро аз Русия мегирифту барои худ 1 ҳуҷҷате омода месохт. Вақте очааш ба кормандони комиссариат гуфт, ки “писарам хонандаи мактаб аст”, онҳо баҳона пеш оварда гуфтанд, ки “шаҳодатномаи писарат қалбакист!”
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар