ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Август 2021 08:43

Бунёд Ҷоншоев, мухлис, муаллиф ва хонандаи доимии СССР  аз н.Дӯстӣ занг зада (тел: 93 431 74 30) дар бораи ҷиҳатҳои мусбату манфии маршировка чунин гуфт: 

 - Маршировкаро дар матбуот зиёд зери тозиёнаи танқид қарор медиҳанд, ки бояд онро аз байн бурд. Аз 1 ҷиҳат хуб аст, аммо нохубӣ ҳам дорад. Хулоса, маршировка 2 ҷиҳат дорад-мусбат ва манфӣ. Ҷиҳати мусбат ин аст, ки ҳисси ҷавонон ба Ватандустӣ, худогоҳӣ ва ба ҷашнҳои давлатӣ, аз ҷумла Истиқлолият, Наврӯз ва ғайра бедор мешавад. Аммо ҷиҳати манфӣ ин аст, ки донишҷӯён аз дарс мемонанд, дар гармӣ саломатияшонро аз даст дода, аз таҳсил дур мешаванд. 

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 08:28

Салом ва паёми самимӣ ба хонандагони СССР! Дирӯз аз назди бинои ТВС мегузаштам, ки 1 сарояндаи афғонро дидам. Ӯ дар барномаозмуни сарояндагӣ дар шабакаи Tolo-и Афғонистон иштирок карда буд, шинохтам. Духтарону ҷавонписарон рафта бо ӯ акс мегирифтанд. Номаш Фаҳим. Ман ҳам салом карда, ҳол пурсидам. Вай дар ТВС мусоҳиба доштааст. Аз сабаби он ки дар давлаташон ҷанг аст ба кишвари мо омадааст… 

Ман чӣ гуфтаниям: шукри тинҷӣ карда, аз пушти ҳар нохалаф рафтан даркор нест. Ба қадри сулҳ мисли ана ҳамин афғонбача бояд расид!  

Шамсулло Саидов, 

ш. Ҳисор 

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 08:26

 

 Деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод сераҳолӣ буда, зиёда аз 400 хонаводаро дар бар мегирад. Дар қисмати шимолии деҳа мавзеъҳои хушбоду ҳавои Туркмандара ва Сардара воқеан, ки дар ин мавзеҳо зиёда аз 2 ҳазор чарогоҳи тобистона ҷойгир буда, сокинони деҳа то солҳои қаблӣ аз  чарогоҳи тобистона истифода мебурданду чорвояшонро дар ин чарогоҳ мечаронданд. Вале чӣ мегӯед, ки дар 5 соли охир пулдорони деҳа ба воситаи тағобозӣ чарогоҳи тобистонаи деҳаро тарака карда, 680 га чарогоҳи барои чорвои мардум ҷудошуда симхор гирифта, маҳкам карда шуд. 

    Дар бораи ин амалҳои ғайриқонунӣ ба МИҲД ноҳия муроҷиат кардам, вале чорае андешида нашуд. Мутахассиси идораи кумитаи замини ноҳия 28.06.2021 барои санҷиши чарогоҳи тобистона омада, мебоист таракаи чарогоҳ ва ҳуҷҷатҳои қалбакии одамони ғасбкардаро месанҷид, аммо мутахассис роҳи рафту омади подаро диду тамом. 

    Мардуми кӯҳистон алалхусус сокинони 8 деҳаи ҷамоати деҳоти Мискинобод бо нигоҳубини гову мол зиндаанд, онҳо аз фурӯши ширу гӯшт зиндагиашонро пеш мебаранд ва аз даст рафтани чарогоҳи умумӣ вазъи сокинонро аз ин ҳам бадтар мекунад. Кӣ бояд зимоми чунин ашхоси ғасбкунандаро бикашад?

Ҳокими Сафар, 

н.Файзобод

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 08:21

30.07.2021. Соат ба вақти Душанбе 09:00 дақиқа. Ин рӯзу ин соатро ҳатман дар хотир гир, хонанда, зеро дар ин ҳангом коре шуд ношуданӣ ва амал роиҷ гардид аз андеша берун:

-Нахустин бор дар 30 соли Истиқлолият Вазорати фарҳанги ҶТ бо сардабирону ноширону журналистони ватанӣ во хӯрд ва онҳоро чун…одам шинохт. То ин дам, моро танҳову танҳо созмонҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳои давлатҳои бегона сарҷамъ мекарданду дарди диламонро гӯш.

Сано бар Давлат Сафар-муовини навтаъини вазири фарҳанг, ки чун худ бархеста аз олами мост, тавонист дар оғози кори худ журналистони Тоҷикро новобаста ба мақому манзалат ва самти фаолият, хабарнигорони мустақилу расмӣ, газетаҳои хусусиву давлатиро сари 1 мизгирд ба ҳам орад. Ва маълум шуд, ки воқеан ҳам ин мардум гуфтаниҳову проблемаҳое доранд ҳалу баҳсталаб.

1.Нахуст, худи муовини вазир аз он шурӯъ кард, ки тасмим дорад, «матбуоти фаҳшо, зинокор ва обрӯрези миллати Тоҷикро бандад». Давлат Сафар шарҳ ҳам дод, «бо онҳо гуфтугӯ мекунем, ислоҳ нашуданд-мебандем!».

Воқеан ҳам чандин сол пеш банда перомуни фаъолити пурсамари ингуна газетаҳо навишта будам. Журналист Далер Мерганов низ аз онҳо танқид карда буд, ки бо қиссаҳои бофтаву тофтаашон дар мавриди «бо келин шаҳват гузидани хусур», «арӯси домод шудани хушдомани пир», «шаҳватситезии арӯс бо додари шавҳар» ва баракс «бо хоҳарарӯс наздик шудани домод» ва 1001 қиссаҳои аз интернет дуздидаашон, чанд газетаи фаҳшои нони ҳаромхӯр, обрӯи миллати Тоҷикро мерезанд. Чаро нонашон ҳаром? Зеро таблиғи фаҳшо на камтар аз зиност!

Ва агар Давлат Сафар садди роҳи ин бешарафӣ нашавад, 40-50 сол пас қирғизе, урусе, афғоне, эроние ё дилхоҳ степнишини дигаре аз ҷамиъи матлабҳои ин газетаҳои ғар ва «мақолаҳои ғаржурналистон» 1 рисолача навиштаву авлоду аждоди моро писханд хоҳад зад, ки магар «Тоҷик нест, ки хусур бо келин, хушдоман бо домод ва ғ. ва ҳ. секс мекарданду фаҳшову зино???». Воқеан ҳам, агар матлаби ин ғаргазетаҳоро ҳамин ҳоло ҳисоб кунем, ҳадди ақалл 2 млн Тоҷик бо ҳам чунин бархӯрд кардаанду фарҳанги зиндагонии мо зиност.

БАС! Бо ин ғаржурналистон, ғаргазетаҳо ва ғарматбуот, ки нависандаву муассису сардабиронашон боз ҳоҷӣ ва домулло низ ҳастанд, мадоро бас аст. Мо бо Вазорати фарҳангем. Онҳоро бубояд баст!!! Гузорише омода кунед ва аз номи миллат онҳоро ба суд кашед-барои таҳқири Модари Тоҷик; барои дашноми Падари Тоҷик; барои бадномии духтари Тоҷик; барои ҳақорати ҷавонмарди Тоҷик. Дар ҷамъ барои обрӯрезии Миллати Тоҷик!!! 

Хушбахтона, ба назар мерасад, акнун Миллат пуштигир ёфт, дар сурати Давлат Сафар, ки ҳалолаш бод. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ва аммо дар ин ҳамоиш проблемаҳои глобал низ садо доданд. 

2.Минҷумла ин иддаъо, ки чаро журналистони Тоҷик бо имзои худ, дар газетаҳои хеш, дар ҷангҳои иттилоотӣ аз манофеи миллӣ, давлатӣ ва ҳукумати марказӣ пуштибонӣ намекунанд?

Зиннатулло Исмоилзода-раиси ИЖТ, Саъдии Маҳдӣ-директори академияи ВАО, Давлат Сафар-муовини вазири фарҳанг низ сари ин мушкил тамаркуз карданд. Сардабири газетаи мардумӣ бошад, сареҳатан аз ҳозирин дархост намуд, ки «ҳар нафаре дар тӯли 2 соли ахир бо имзои худ бар зидди душманони синфӣ матлаб навиштааст, даст вардорад». Ҳамагӣ 3 кас даст бардошт. Шармандагӣ? Шояд. Вале мардони тарсу магар шарм доранд?

Агар бо душманонед, погонҳоро канед ва ба окопи онҳо гузаред. Вале агар метарсед, ҷойро холӣ кунед. Бигзор, дилетантҳои ҷасур сари кор оянд. Дилетантро метавон тарбият кард, тарсуро на!!!

Вазъ бояд ислоҳ шавад. То сардабирон бо имзои худ, колонкаҳои худро таъсис додаву мавқеи хешро дар баробари душманони синфӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, бархӯрд бо қирғизу Толибон мушаххасан муайян накунанд, гумон аст, ки мо дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз оем. 

Ин ҷо 1  баҳонаи журналистони расмӣ ёдам омад, ки дар сӯҳбатҳои чортанӣ мегӯянд, типа «ба мо иҷоза нест!». Кӣ шуморо манъ кардааст, аз манфиати давлату миллату Ватан ҳимоя кунед? Кӣ? Номашро ба ман гӯед ва ман мегӯям, ки ана ҳамон нафар душмани №1 барои Давлати мост…

Дар асл, дурӯғ мегӯед! Ягон кас шуморо манъ накардааст. Баракс, ҳукумат наметавонад ба шумо амр кунад, ки ин корро кунед. Зеро он гаҳ дахолат бар фаолияти рӯзноманигорон мешавад. Вале фарзи мисол, вақте ҳамон Далер Мерганов, ки бо амри дил, зидди душманони синфӣ, қирғизу наҳзатӣ, матлаб бо имзхои худ менависад, ман нашнидаам, ки ӯро касе ба «красный ковёр» давъат карда бошад…

3.Мавзӯъи доғи дигар ин ҳам шуд, ки чаро ҳукумат то имрӯз матбуотро ба хусусӣ ва расмӣ ҷудо мекунад? Дар кишваре, ки тамомии корхонаҳои бузургу хурди давлатӣ шахсӣ шудаанд, чаро матбуот, расонаҳои электронӣ, радио ва ТВ шахсӣ нашаванд? Шахсӣ ба маънии зиддидавлатӣ нест, ки воқеоти ахири «қирғиз-гейт» собити ин гуфтаҳост. Тамомии матбуоти хусусӣ бар ҳифзи манофеи миллӣ бархест ва бештар аз матуботи расмӣ, бо пофишорӣ, бо ғурурмандӣ, бо ҷасорати билотасвир аз давлат ва Ҳукумати марказӣ пуштибонӣ намуд. Магар ҳамин нукта кофӣ нест, ки ҳукумат низ бархӯрдаш бо матбуоти хусусиро тағйир диҳад ва газетаҳои хусусӣ, фарзи мисол, СССР ва Фаражро ба феҳристи ягонаи обунаи расмӣ ворид кунад?

4.Парадокси масъала ин аст, ки бо шумоему шумо то ҳанӯз ба мо бовар надоред. 30 сол шуд, ки вазъ ислоҳ намешавад. О, шумо ҳам бо мо бошед! Ба вежа, ки бӯҳрони пандемиявӣ имрӯз кори газетаҳои хусусиро сангин кардааст. Мардум камтар ба кӯча мерезад ва аз тарси сироят даст ба газета намебарад. Вале агар обуна шуд, газетаро то хонааш меоранду ӯ мехонад. Мушкил аст, моро ба феҳристи обуна ҷо кардан? Мо намегӯем, маҷбуран обуна кунед. Ҷо кунед ва мардум обуна нашуд, мо аз худ мебинем, на аз дигарон. Зеро Мо метавонем!

5.Раиси ИЖТ пешниҳод кард, ки ҳукумат бояд ба матбуоти хусусӣ грантҳо ҷудо кунад. Воқеан ҳам, чаро созмону сафоратхонаҳои хориҷӣ ба журналистон грант медиҳанду ҳукумати Тоҷикистон не? Боз ҳам ҳақ аст, Исмоилзода, ки Тоҷикистони соли 2021 кишвари солҳои 90-ум нест, ки зӯраш ба дастгирии матбуот нарасад. Мерасад. Ещё как мерасад! Вале ба назар мерасад, ки идеологҳои мо то ҳанӯз мавзеъ ва манзалати матуботи хусусиро дарк накардаанд. 100 задани сӯзангару оҳангар ин, ки агар мо гуфтем, дар хориҷа қабул аст, матуботи расмиро қабул намекунанд. Ин акисома аст, ки ғайр аз идеологҳои мо дигар ҳама медонанд!

6.Субсидия ва ё кӯмакпулӣ барои мавҷудияти матуботи хусусӣ аз мавзуъи доғи дигари матуботи даврист. Ман мавзуъи фавқро дар Аврупо омӯхтаам. Фарзи мисол, дар Шветсия, ТАМОМИ газетаҳои шведиро дастгирии пулии давлатӣ мекунанд. Матбуот шахсист, вале давлат барои раҳоӣ аз варта ба газетаҳои миллӣ субсидия ҷудо мекунад.

7.Кӯчактарин, вале назаррастарин кӯмак барои матбуот ин кӯмаки техникист. Ҷудо кардани 30-40 тонна коғаз ба газетаҳои воқеан ҳам миллӣ, сиёсӣ ва шинохташуда, ки дар саргаҳи ҷанги иттиллоотӣ истодаанд, мушкил аст?! Мегӯед зӯри давлат намерасад? 2х2 асту тамом. Вале агар дар дастгоҳ инро дарк кунанд. Бо ҳама иззату ҳурмат ба устод А.Раҳмонзода-мушовири аршади Президенти ҶТ, чанд бор мавзуъро бо ӯ, шахсан матраҳ кардам, вале ӯ ба фикрам маро нафаҳмид. Умед аст, ки ҷойгузини ӯ-Эмомалӣ Насриддинзода ба умқи проблема расидагӣ мекунаду назари ҳукумат ба матуботи хусусӣ позитив мешавад.  

Ҳукумат бояд 1 ҳақиқати кӯчакро донад, ки газетаҳои имрӯз баобрӯи хусусӣ мабодо аз байн раванд, ҷои онҳоро сайту саҳифаҳои иртиҷоӣ ҲАТМАН мегиранд ва он гаҳ бо 100-у 200 млн доллар наметавон халоро пурра кард. Ин ҳушдор нест. Ин ҳақиқати талхест, ки бояд гуфт!!!

8. Ва аз ҳама охир. Агар ҳукумат барои чопи газетаҳои хусусӣ, чун кӯмаку дастгирӣ, нархи амалиёти типографии давлатиро ақаллан 50% кам кунад, нур бар болои нур мешавад: газетаҳои хусусӣ нафаси сабук мекашанд ва фаолтараку дилгармтарак мешаванд ва аз сӯи дигар ҳукумат чизе, сомоние, дираме, пашизе  дар ин моҷаро гум намекунад.

30.07.2021. Соат ба вақти Душанбе 15:27 дақиқа. Мо гуфтем. Бовар кардем. Зеро Давлат Сафар моро нахустин бор дар тӯли 14 соли фаолият ва 30-соли Истиқлолият дилгарм кард, ки бидуни созмону сафоратҳои хориҷӣ, журналистикаи тоҷик пуштибоне дигар ҳам доштааст...

 Мо метавонем!

 

 

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 10:33

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 10:22

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 10:07

Чоршанбе, 04 Август 2021 10:00

Аз 4090 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд, то имрӯз 3916 донишҷӯ ба Ватан баргардонида ва 65 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 

Тавре зимни баргузории нишасти хабарӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ зикр намуд, айни ҳол 83 нафар дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои исломию мусулмоннишин ғайрирасмӣ таълим мегиранд. Лозим ба таъкид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайрирасмӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 4059 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта шудаанд.

 

саҳ 7 аз 9

Китобҳо

Flag Counter