ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Август 2021 08:31

  

    Бо омадани ҳукумати шӯроҳо ва барқароршавии сохти нави давлатдорӣ дар водии Данғара, дар собиқ ноҳияи Кангурт ва совхози ғалакории «Данғара» солҳои 30 -юми асри ХХ аввалин тракторҳо пайдо шуданд. Моҳи январи соли 1930 мутахассисон Микола Горбун, Саша Алексеев ва Володя Николаев дар зарфи 10 рӯз, бо азоби алиме тракторҳои «Катер-Пимер»-и амрикоӣ ва «Интернасионал» -и истеҳсоли Россияро тавассути ағбаи Чормағзак, Норак, Гули Зиндон то ба Данғара оварданд.

    Тракторҳои нахустинро механикҳои амрикоӣ Ҷеймс Вергус ва мутахассиси рус Винниченко таъмир мекарданд, баъдан дар ин ҷода А.Файзиев, М.Носиров, Юлдошев ва чанде дигар ҳамчун таъмиргару тракторчӣ бо онҳо пайвастанд. Аз мардуми таҳҷоӣ баъдтар Маҷид Раҳимовро аз навҷавонӣ тракторронӣ нишон доданд.

    Ҷавонони маҳаллӣ, зодагони деҳаи Хамчашма Убайдуллои Раҷаб (с.тав.1895), Шарбати Ҷоншо (с.тав.1916), Бута Шариф (с.тав.1926) пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддати тракторчии назди МТС (стансияи мошину тракторҳо)-и Данғара дар пешбурди хоҷагии қишлоқ саҳм гирифтанд.

   Аммо ҷалби духтарон ба ин пешаи пуршараф, омӯзиши «Филҳои оҳанин» ё худ «хари даҷҷол» (бо ибораи халқӣ) дертар, оғози соҳои 40-уми асри гузашта ба вуқӯъ пайваст. Он замон ба трактор шинонидани духтарон амре буд бас маҳол…

Ибтидо

    Соли 1941. Хонаводаи амаки Қурбонро ба идораи колхоз ҷеғ заданд. Соҳибхона аъзои пешқадами хоҷагӣ маҳсуб меёфт. Аз кору бораш роҳбарият қаноатманд буданд. Зеро ӯ дар касби деҳқонӣ ҳамто надошт. Аҷобаташ ин буд, ки ӯро бо ҳамсараш Ҷоноро ва духтари қадрасаш Моҳлиқо даъват карда буданд. Дар ҳайрат афтод.

     Падару модар ва Моҳлиқо побанди хаёл ба идораи колхоз расиданд. Дар назди раиси колхоз Исмоил Шариф нафарони ношиносе менишастанд. Раис онҳоро бо эҳтироми хоса истиқбол кард. Аз ину он пурсид. Ниҳоят парда аз роз бардошт. Мақсади асосӣ на падару модар, балки духтарашон Моҳлиқо буд. Раис бо ҷиддияти том гуфт, ки Германияи фашистӣ бо армияи ҳангуфташ ба давлати шӯроҳо аҳдшиканона ҳуҷум карданд. Мардону ҷавонони заҳматӣ ҳама ба фронт сафарбар гаштаанду ҷойи онҳо дар саҳроҳои колхозӣ холӣ мондааст. То ҳадди тавон мӯйсафедону занон ба ҷойи сарбозони шуҷоъ ба саҳро баромадаанд, аммо камбуди дасти кори моро саргум кардааст. Маҷбурем, ки духтаронро соҳибкор гардонем. Қарор шуд, ки духтари шуморо низ дар баробари чанд тани дигар ба хондан фиристем.

   Амаки Қурбон хомӯш буд, аммо холаи Ҷоноро фиғон кашид. Охир духтараш нав синфи ҳафтро тамом кард. Дар куҷо дидед, ки духтари қадрас хонданӣ равад. Духтари ягонаам, ҷигарбанди ширинам нав 15 - сола шудааст. Не, намемонам…

    Ҳамакаса ба ором кардани холаи Ҷоноро пардохтанд. Ниҳоят хола ба умқи масъала сарфаҳм рафта, розӣ шуд.  

Данғара – Сталинобод

   Моҳлиқо бо Ашӯрбӣ, аз ҳамсоядеҳ фотеҳаи сафар гирифтанд. Онҳоро аробакаши колхоз амаки Аҳмад дар зарфи се рӯз аз Данғара то Сталинобод расонд. Ва онҳоро бо ду дасти адаб ба роҳбарияти мактаби (ФЗУ) омӯзишгоҳи фабрикаи заводӣ супурд.

   Таҳсили курси омехтаи 6 – моҳа дар омӯзишгоҳ дар назари духтарон мисли мижа задан гузашт. Онҳо ба омӯхтани ҳунарҳои гуногуни техникӣ заҳмати ҳаққонӣ кашиданд.

Чоршанбе, 25 Август 2021 08:27

17.08.1958. Роҳбари Чини коммунистӣ Мао Цзе Дун эълон кард, ки дар Чин сиёсати «ҷашиҳи бузург» амалӣ мегардад.

17.08.1965. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системаи мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ гардид. Акнун тамоми аҳолӣ муваззаф буданд, ки нормаҳои ГТОро бисупоранд.

17.08.1965. Оғози амалиёти Старлет («Starlite») дар ҷанги Ветнам. Он аввалин амалиёти низомии артиши ИМА дар хушкӣ дар рафти ҷанги Ветнам буд.

18.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ «Иттиҳоди умумирусиягии журналистони шӯравӣ» таъсис дода шуд. Иттиҳод баъдан филиалҳои худро ба 15 ҷумҳурии шӯравӣ интиқол дод ва он ҷо ҳам созмони рузноманигорон таъсис дода шуданд.

18.08.1920. Кунгураи ИМА ислоҳоти 19-умро ба Сарқонуни ИМА таъйид кард, ки тибқи он занҳо ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиб гаштанд.

19.08.1945. Артиши Сурх, артиши Квантунии японҳоро дар Манҷурия шикаст дода, водор ба таслимшавӣ кард.

19.08.1945. Худи ҳамон рӯз артиши коммунистии Ветнам бо сарварии Хо Ше Мин пойтахти ин кишвар-шаҳри Ханойро ба тасарруф дароварданд.

19.08.1945. Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаи Созмони Милали Муттаҳидро тасдиқ кард.

19.08.1991. Оғози табаддулоти давлатӣ дар Маскав. Охирин кӯшиши зинда кардани СССР дар шакли ГКЧП.

20.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ моликияти хусусӣ ба амволи ғайриманқул бекор карда шуд ва тамоми моликияти як шаҳр давлатӣ гардид.

20.08.1918. Дар Маскав нашриёти «Адабиёти ҷаҳонӣ» таъсис дода шуд, ки ба нашру тарғиби беҳтарин чеҳраҳои адабии ҷаҳон машғул буд.

20.08.1968. Оғози амалиёти «Дунай». Артиши муттаҳидаи Созишномаи Варшава ба Чехословакия ворид карда шуд.

21.08.1945. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳвили молу коло ва дигар маснуоти мавриди ниёзро ба СССР аз рӯи қарордоди «ленд-лиз» қатъ кард. 

21.08.1986.Ҳукумати вақти СССР расман эълон кард, ки садамаи атомӣ дар нерӯгоҳи атомии Чернобил бо сабаби саҳлангорӣ ва хунукназарии кормандони Нерӯгоҳ иттифоқ уфтод.

Чоршанбе, 25 Август 2021 08:26

Вобаста ба иҷрои талаботи Фармони Президенти ҶТ таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор бо маводҳои танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар асоси мақолаи танқидии «Фархор: ҳоли табоҳи мактаби мусиқӣ» №10, (651) аз 11.03.2021, (Тавралӣ Авсақолов) вокуниш намуда буд ва он дар шумораи №16, (657) аз 22.04.2021 - и ҳафтаномаи (СССР) ба хонандагони гиромӣ пешкаш гардидааст.

Санаи 01.07.2021 соли равон бошад, дар шумораи №26 (667)-и ҳафтаномаи СССР бори дигар мақолаи танқидии Таваралӣ Авсақолов зери сарлавҳаи «Фархор: мактаби мусиқӣ ва воқеъияти он» ба табъ расидааст, ки муаллифи мақола аз вокуниши роҳбарияти бахши фарҳанг (№16 (657) аз 22.04.2021 изҳори нигаронӣ дорад. Ба қавли муаллифи мақола бахши фарҳанг низ маҷбур шуд, ки бори дигар ба мавзӯъ баргардад ва вокуниши навбатиро ирсол намояд. Дуруст аст, ки дар онҷое кор ҳаст, камбудӣ низ ҳаст ва онро ҳеҷ кас инкор намекунад. Аз ҷумла роҳбарияти бахши фарҳанг низ.

Дар хусуси дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо ҳаминро қайд карданием, ки ҳар сол вобаста ба талабот мактаби бачагонаи санъати ноҳия бо ангишт ва ҳезум пурра таъмин карда мешавад. Чунончӣ, дар соли 2019 мактаб ба миқдори 8,2м3 ҳезум ба маблағи 979 сомонӣ ва 3 тонна ангишт, санаи 05.11.2020 бошад, мактаби мазкур ба миқдори 2500 (ду тонаву панҷсад) кг бо ангишт таъмин гардидааст. Ҳамзамон, 4 печи бо қувваи барқ гармдиҳанда низ дар мактаби мазкур хонандагонро ба гармӣ таъмин намудааст.

Дар хусуси таъмири бинои мактаб бояд қайд намуд, ки дар давраи солҳои 2019-2020 таъмири ҷорӣ на аз ҳисоби муаллимон ва дигар кормандони мактаби бачагонаи санъат, балки аз ҳисоби маблағи падарон ва волидони хонандагон, ки ҳар сол ба як хонанда 5 (панҷ) сомониро ташкил медиҳад ба роҳ монда шудааст.

З.Манонзода, 

мудири бахши фарҳанги н.Фархор

 

Чоршанбе, 25 Август 2021 08:03

 

Юсуф Одинаев,  хонанда ва мухлиси доимӣ аз н. Рӯдакӣ ба идора занг зада (тел: 989 15 32 80) доир ба кам будани нафаққааш  шикоят кард. 

    - Ман тамоми умрамро барои хизмати Ватан сарф кардаам. Дар «Роғунстрой» низ аз соли 2009 то соли 2012 содиқона кор кардааму имрӯз 304 сомонӣ нафақа мегирам. Ман иҷоранишинам, бо ин маблағ ман иҷорапулӣ диҳам ё зану фарзандамро хӯронам? Муҳтарам масъулон! Худатонро 1 бор дар ҷойи ман гузоред, баъд мефаҳмед, ки ман чӣ дард мекашам.  

 

Чоршанбе, 25 Август 2021 08:01

 

Зиёратшоҳ Мансуров,  дӯст, хонанда ва муаллифи ҳамешагӣ аз н. Кушониён бо редаксия дар тамос шуда (тел: 917 10 10 20) дар бораи норасоии об шикоят кард. 

    - Мо дар арафаи 30- солагии Истиқлолият қарор дорем. Аммо 30 сол мешавад, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашем. Об манбаи ҳаёт аст, чаро ба доди мо намерасанд? Натиҷаи арзу шикояти мо ҳеҷ не, ки мусбат ҳал шавад. Мактабҳои миёнаи №12, 54, 6 низ куллан об надоранд. Чаро пули обро мегиранду об намедиҳанд. Масъулон дар бораи мушкилии мо ҷиддӣ биандешед. Мо ҳам инсонем, охир! 

 

Чоршанбе, 25 Август 2021 07:54

 

Дуруд СССР-и дардошно!    Дирӯз дар сомонаи «Somon.tj» гӯшиямро ба фурӯш гузоштам. Баъди чанде 1 пиразани рус занг зад.  Вай гуфт, ки дар Маскав асту мехоҳад телефони маро харида, ба духтари душанбегияш туҳфа кунад. Барои фиристодани маблағ аз ман рақамҳои кортамро хост. Ман ба ӯ рақамҳоро додам. Баъд ба ман аз бонк паёми рақамӣ омад. Кампири рус занг зада гуфт, ки рақамҳои паёмакро диҳам ва ман додам. Дар ҳоле, ки дар СМС навишта буд: ин сифрҳоро ба касе надиҳам. 

Тафтиш кард  дар кортам маблағ нест, ҳоҳиш кард, ки то 500 сомонӣ ба он гузаронам. Гӯиё  ба корти холӣ пул гузаронда намешудааст. Ман макри онҳоро фаҳмидам. Аммо ӯ ҳазор баҳона пеш овард. Гӯиё пир асту намефаҳмаду ба корти холии ман пул гузаронида наметавонистааст. Хулоса, ба дасти қаллобе афтодам. Рафта зуд кортамро бекор кардам. Ин қаллобон роҳи нави фиребгариро тариқи сомонаи «Somon.tj»  пеш гирифтаанд. Огоҳ бошед!! 

З. Лола, ш. Душанбе  

тел: 985 19 29 28 

 

Чоршанбе, 25 Август 2021 07:51

 

- Салом ба СССР-и азиз! Интихоби сару либоси мактабӣ ба фикрам ҳамин ҳоло мавзӯи доғ аст-аз 1 тараф дар мактабҳо маҷбур менамоянд, ки аз ин ё онҷо рафта, тибқи роҳхат либоси мактаби бихар, аз тарафи дигар сару либоси мактабие, ки артелҳои дӯзандагии хурд дар шаҳру ноҳияҳо медӯзанд, сифати хуб надоранд. Барои 1 костюм ва шими бесифат дӯхташуда пардохт кардани 180-250 сомонӣ хеле гарон аст. Боз ҳам вақте, ки дар хона 2-3 нафар мактабхон дореду бояд ба ҳар яке тибқи сину солу синф либос бихаред. Агар духташ ҳам хуб бошад, кайфияти матоъ паст аст ва бо 2-3 маротиба шустан ҳатман ҳам ранги худро гум мекунад ва латтаи дока барин мулоим мешавад. 

    Падару модаронро маҷбур мекунанд, ки либоси мактабӣ харем, вале чаро дар бораи сифати либоси мактабӣ касе чизе намегӯяд? Кӣ бояд сифати либоси мактабиро назорат кунад? 90% либосҳои мактабӣ дар ярмаркаҳо бесифатанд ва маҷбурем аз бозор маҳсулоти босифаттарро бо нархи гарон бихарем, то бачаҳоямон лоақал 1 соли хониш онро пӯшанд. 

   Маҳсулоти ватанӣ мегӯем, таъкид медорем, ки истеҳссолкунандаи ватаниро бояд дастгирӣ намоем, аммо вақте истеҳсокунандаи ватанӣ бо пешниҳоди маҳсулоти бесифат мизоҷро фиреб медиҳад, чӣ бояд кард?

Макнуна Пирова, 

ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 25 Август 2021 07:51

саҳ 2 аз 9

Китобҳо

Flag Counter