ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Август 2021 09:22

 

Охири солҳои 20 – уми асри ХХ барои барпо намудани сохти давлатӣ дар кишвар 25.000 мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна, аз шаҳри Тошканд ба Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Алӣ Файзиев низ аз зумраи чунин соҳибкасбон буд, ки ҳаёти хешро пурра дар ободонии ҷумҳурии тозамустақил, ба вижа ноҳияи Данғара бахшид.

Алӣ соли 1904 дар оилаи деҳқон, коргари роҳи оҳани ноҳияи Пролетари шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ӯ то соли 1917 дар тарбияи волидон буд. Соли 1916 модараш аз дунё мегузарад. Як сол пас падарашро казакҳо мекӯшанд. Ҳамин хел Алӣ дар 13 – солагӣ бепарастор мемонад.

Рӯзе як шиноси падараш, коргари роҳи оҳан, челонгар Резников ба сағираи бепарастор раҳмаш омада, Алиро ба хонааш, ба шаҳри Чкалов мебарад. Бо кумаку дастгирии дӯсти падараш вай коргари заводи ҳарбии консертайёркунӣ мешавад. Ҳамзамон дар мактаб хонда хату савод мебарорад.

Соли 1921 ба шаҳри Тошканд баргашта, дар хонаи Мирзоалимбой ном шахс дастёр мешавад. Бой ба ӯ музд намедод ва Алӣ то соли 1924 дар хонаи ҳамин бой мемонад. Баъд ба хизмати бойи дигар - Қувватбой мегузарад. Барои як бурда нон шабу рӯз заҳмат мекашид. Қувватбой шахси золиму бераҳме буд ва ӯро ҳамчун ғулом истифода мебурд. Музд намедод. Ҳамин тавр вай то соли 1926 дар ҳамин хонадон бори заҳмат бар дӯш дошт.

Ба 22 – солагӣ қадам ниҳода буд, ки ӯро ба хизмати аскарӣ гирифтанд. Соли 1927 Алӣ Файзиев узви ВКП (б) шуд. Солҳои 1926 – 1928 хизмати ҳарбиро дар шаҳрҳои Бухоро, Тирмиз ва Самарқанд сипарӣ намуд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ, солҳои 1928 – 1929 дар шаҳри Тошканд ба сифати милитсионер фаъолият кард. Дар ин миён ӯ курси ронандагиро низ ба поён расонд.

Соли 1929 Алӣ Файзиевро дар қатори 25.000 нафарон аз ҷониби зернотрести РСС Ӯзбекистон ба РСС Тоҷикистон сафарбар намуданд. Алӣ барои барпо кардани сохти давлатӣ дар совхози ғаллакории «Данғара» ба фаъолият пардохт. Ҳамин тавр Алии тошкандӣ дар синни 25 – солагӣ сокини ноҳияи Данғара шуд ва то охири умр дар ҳамин диёри мардсоз кору пайкор дошт.

Дар оғози фаъолият душвориҳои зиёд пеш омаданд. Замин ҳоло ҳам дар ихтиёри бойҳо буд. Ҳини ташкил кардани совхоз ва аз дасти бойҳо гирифтани замин Алӣ 18 зарбаи корд хӯрд. Ӯро дар чалак (бак) – и сӯзишворӣ бастанд. Нишонаю захми азобу шиканҷа, пайи корд дар рӯй, бозу, дасту ангуштон, қабурғаҳо то ба охири умраш боқӣ монданд. Бо чунин душвориҳо совхози ғаллакории «Данғара» қомат афрошт. Алӣ Файзиев дар ин хоҷагӣ ҳам ронанда буду ҳам челонгар.

Солҳои 1932 – 1933 челонгар, 1933 – 1936 мудири базаи нафти совхоз, 1936 – 1937 челонгари совхоз, 1937 – 1938 челонгари МТС – и ноҳияи Данғара буд.

Соли 1938 бо роҳхати кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара ба совхоз – техникуми Сталинобод шомил шуда, соли 1940 ҳунаристонро дар 36 - солагӣ тамом кард.

Баъди хатми мактаб КМ ҲК Тоҷикистон Алӣ Файзиевро бо роҳхат ба ихтиёри райкоми Данғара фиристод. Кумитаи ҳизбии ноҳия ӯро ба сифати муовини мудири шуъбаи кадрҳо пазируфт.

Моҳи августи соли 1940 ин вазифа ихтисор ва ӯро инструктори шуъбаи кадрҳо таъйин карданд. Дар ин вазифа то соли 1949 кор кард.

Чоршанбе, 18 Август 2021 09:18

9.08.1928. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бинои Сирки шаҳри Ленинград аввалин Осорхонаи сирк ва эстрада дар ҷаҳон ифтитоҳ ёфт.

9.08.1990. Шӯрои Олии РСФСР қарор «Оид ба ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Русия»-ро қабул кард. Тибқи ин қарор Шӯрои Олии РСФСР тамоми муомилоти идора ва муассисаҳои иттиҳодӣ оид ба тилло, алмос, уран ва дигар маҳсулоти стратегӣ дар қаламрави РСФСР аз эътибор соқит мегардиданд.

9.08.1991.Федератсияи Русия ҷойнишини ҳуқуқии Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф карда шуд.

9.08.1991. Дар Русия раиси кобинаи Вазирон Сергей Степашин истеъфо дод ва ба ҷояш шахси он ҳангом ношинос Владимир Путин таъйин карда шуд.

11.08.1921.Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР қарор дар бораи сиёсати нави иқтисодиро ба тасвиб расонид. Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП-Новая экономическая политика) баъди коммунизми ҳарбӣ ба ҳаёти иқтисодии аввалин кишвари шӯроҳо таъсири мусбат расонид ва иқтисоди кишварро рушд бахшид.

11.08.1949.Роҳбарияти СССР эълон кард, ки дигар Югославияро иттифоқчии худаш ҳисоб намекунад. 

11.08.1959.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ фурудгоҳи байналмилалии Шереметево ифтитоҳ ёфт. Он яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҳавоии аввалин кишвари шӯроҳо ба шумор мерафт ва то ҳол бо муваффақият фаъолият мекунад.

12.08.1953. Дар машқгоҳи Семипалатински РСС Қазоқистон озмоиши бомуваффақияти бомби гидрогенӣ ба вуқуъ пайваст. Ин бомб он шабу рӯз бузургтарин силоҳи кушанда дар ҷаҳон маҳсуб меёфт ва СССРро барои муддате пешсафи мусобиқаи таслиҳотӣ гардонд.

13.08.1961. Ҷумҳурии Демократии Олмон сарҳадро миёни Берлини Шарқӣ ва қисмати Ғарбии он баст. Оғози сохтмони девори Берлин.

13.08.1943. Ҳукумати шӯравӣ фармон оид ба таъсиси озмоишгоҳи №2-и АУ СССР-ро ба имзо расонид. Озмоишгоҳ дар пойтахти Тотористон-шаҳри Қазон таъсис ёфт ва ба он физикдони маъруфи шӯравӣ Игор Курчатов сарварӣ мекард.

Чоршанбе, 18 Август 2021 09:14

Рӯзи видоъи Лео Месси бо тими дӯстдоштааш.

Гиря ҳам неъмати илоҳист.

Ҳеҷ эҳсоси дигар тавони онро надорад, ки ҷои гиряро гирад.

Гиря борони раҳмат аст, ки гунаҳҳоятро мешӯяд, агар самимона тавба кунӣ.

Гиря обе поку софест, ки ба он метавонӣ таҳорати ботин кунӣ.

Гиря беҳтарин вожаи муродифи «алвидоъ» аст.

Гиря - чакомаи нигоҳҳо дар рӯзи гусел.

Гиря - ҳамосаи калимаҳо дар лаҳзаи ҷудоӣ.

Гиря - шаҳодатномаи шаҳодати ишқҳо.

Гиря - хуни сафеди дардҳо.

Гиря шеъри беҳтарини ҳар кас ва ҳама кас, ки ҳеҷ не як бор эҷод кардааст.

Гиря - забони фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ.

Рафтани Лео Месси аз Барселона пуровозатар ва пурҳаяҷонтар аз рафтани шоҳону вазирону сипаҳсолорон аз тахт буд.

Як саҳифаи зебои футбол имрӯз варақгардон шуд.

Як девони мавлоноӣ ба ҷевони китобхонаи таърих рафт. 

Барселона бе Месси Барселона нест.

Месси бе Барселона Месси нест. 

Ман боизтироб конфронси хайрбодии ӯро дар Камп-ноу интизор будам.

Ӯ чӣ хоҳад гуфт?

Кадомин калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳоро ӯ дар ин шабҳои бехобӣ захира карда бошад?!

Ё суханваре барояш матн омода кардааст?!

Матне зебо, бо андарзҳо, насиҳатҳо, васиятҳо, иқтибосу гуфтовардҳо?!

Месси ба минбар баромад.

Худо ба ҳамроҳ! - беихтиёр гуфтам.-Худо забони гӯё диҳад, Лео!

Ӯ ба толор нигарист. Сукуте кард. Калима меҷуст. Аммо оби чашмаш фаввора зад. Мекӯшид оби чашмашро фурӯ барад. Аммо натавонист. Аввал хомӯш гирист. Баъд бо тамоми овоз.

Ларзон – ларзон. 

Ҳама гиристанд.

Минбар ва толор. 

Бовар дорам, ки дар ин лаҳзаҳо миллионҳо нафар дар зовияҳои гуногуни дунё бо Мавлонои футбол гиристанд.

Ман – яке аз онҳо...

Додоҷон Атовуллоев,

мухлиси футбол, Месси ва Барселона

 Бузургтарин Шахсият дар олам…

Воқеан ҳам рафтани Месси аз Барселона хабаре таккондиҳанда аз пандемияи коронавирус, қатлу террору ваҳшигариҳои толибону митингу бенизомиҳову сӯхтору кушторҳо дар олам гардид. Рафтани Месси аз Барселона хабари №1 дар олам шуд. Зеро ӯ худ варзишкори №1 дар олам буд…

Андрес Куччуттини

Лионел Андрес Месси Куччиттини-кӯтоҳ Месси, кӯтоҳтар Кайкак, кӯтоҳтарактар Кайк, 24.06.1984 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Футболисти Барселона, капитани мунтахаби Аргентина. Ҳарчанд бо дастаи Барса тамоми нӯшу неъмати олами футболиро чашид, аммо бо Аргентинааш соҳиби ҷоизае нашуд, ки нашуд. Ва ахси корро бинед, ки ҳамагӣ чанде қабл Ҷоми Амрикоро ба даст оварду хурсандияшро натавонист бо Каталония бо ҳам бинад. Аз Барса калушҳояшро пеши пой гузоштанд. Нашуддд.

Ҳарчанд Барсаро бе Месси ва Мессиро бе Барса дар асри ХХ ва ХХI тасаввур карда намешуд, вале коре шуд, ки ҳамакнун Месси-фарзанди хоназоди ин клуб метавонад дар рӯзу моҳҳои наздиктарин бар зидди Каталония бишӯрад ва дар қабои ПСЖ ба майдон барояд…

6-карат зӯр!!!

Бо қомати 170 см ва вазни 72 кг,  Месси дар таърихи футбол ЯГОНА нафарест, ки 6 бор соҳиби «Бутсаи тилоӣ» ва «Тӯби тиллоӣ»шудааст. Бори нахуст дар 17-солагӣ ба майдон шуда, аккурат 17 сол бо футболкаи Барса баромад карда, 10 бор Ла Лига, 7 бор Ҷоми Шоҳи Испания, 8 суперкубоки Испания, 3 борӣ Суперкубоки Аврупо ва Ҷоми чемпионҳои ҷаҳонро рабуд. 4 карат қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудан боз ба кӣ муяссар мегардад? Суолест риторикӣ албатта…

 

Чоршанбе, 18 Август 2021 09:11

Имрӯз проблемаи №1 барои сокинони пойтахт на нархи сабзиву орд, на мактаби оливу миёна, на ҷои кору хобгоҳ, ки набуд ва ё норасоии кӯдакистонҳост. Ҳар оилаи ҷавон, бобову бибӣ, медонад, ки ман чиро дар назар дорам…

Ҳаққи кӯдак куҷо мешавад?

    Шароити бештари боғчаҳои давлатии ш. Душанбе аслан хуб набуда, ниёз ба таъмир ва таъмини шароити дилхӯшии кӯдакон доранд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук аз ҷониби волидон оид ба пулҷамъкунӣ аз тарафи маъмурияти боғчаҳо ҳамеша шикоят зиёд аст. Новобаста аз он, ки Вазорати маориф ва илми ҶТ пулҷамъкуниро дар муассисаҳои томактабӣ рад мекунад, вале ин падида ҳаст ва сол аз сол ба ҷои коҳиш ёфтан, афзун мегардад.

681 боғча

Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 681 адад расида, шумораи кӯдакон 97 679 нафарро дар бар мегирад. Шумораи кӯдакистонҳо дар 6 моҳи ахир ба 19 адад зиёд шудааст. Айни замон, дар ВМКБ 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2141 кӯдак, дар вилояти Хатлон 158 муассиса бо фарогирии 16783 кӯдак, дар вилояти Суғд 276 адад  бо фарогирии 40283 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 8566 тифл ва дар ш.Душанбе 136 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 29906 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

   Дар робита ба амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ дар ҶТ, дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян низ амалӣ гардидаанд. Агар чунин марказҳо дар соли таҳсили 2019-2020 1771 адад бо фарогирии 46360 кӯдак бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2020-2021 ба 1764 расид, ки дар онҳо 49332 нафар ба тарбия фаро гирифта шуд.     Мувофиқи маълумотҳо айни замон дар ҷумҳурӣ 153 муассисаи томактабии хусусӣ ва Марказҳои хусусии инкишофи кӯдак бо фарогири 8200 нафар фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. 

Таъмирро кӣ кунад-ҳукумат ё волидайн?

    Азнавсозӣ, баргардонидани биноҳои кӯдакистонҳо, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, Марказҳои инкишофи кӯдак ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Вале дар ин самт мақомоти дахлдор корҳои судмандро ба анҷом нарасонданд. Ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Ба нақша гирифтани масъалаи баргардонидани биноҳое, ки дорои шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошанд, барои фарогирии бештари кӯдакон зарур аст.

   Ҳамчунин, таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии имрӯза нокифоя будани маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот, махсусан дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба мизу курсӣ ва рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ ниёз доранд.

«Кисаи чап»-маблағ ба куҷо меравад?

   Тавре маълум гашт,  мушкили моддию молии боғчаҳо аслан ба Вазорати маориф ва илми мамлакат рабт надорад. Маблағгузорие, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад ба кисаи чапи дигар мақомот меравад: ба ҳукуматҳои маҳаллӣ... Шояд рӯзе расида, ки маблағ бевосита ба худи боғча гузарад? Дар ин моҷарову гирудор на мураббия ва на мудири боғчаҳо гунаҳкор нестанд, зеро маблағгузорӣ то дасти онҳо намерасад, ки ба каму кости боғча расидагӣ кунанд. Бештаре аз волидон ғайри моҳонаи муқарраршудаи давлатӣ бо розигии худ маблағи иловагие ба мураббияву парастори кӯдак медиҳанд, ки аз кӯдакашон хуб муроғибат шавад ва ин 1 қадрдонии заҳмати мураббия ба ҳисоб меравад. 

Ҳаққи кӯдак куҷо мешавад?

Пайваста ҷамъоварии пули таъмиру бозича, рангу бор, таъмири ҳавзи шиноварӣ дар тобистон ва дар зимистон бошад пули бухорию парда барои гурӯҳҳои синни болоӣ коғазу дафтар, лавозимоти омӯзишию таълимӣ, инҳо магар ба зиммаи волидон аст? Пас он маблағе, ки барои рафъи ин камбудиҳо аз буҷа ҷудо мешавад, куҷо меравад? Бале, нисбат ба боғчаҳои хусусӣ, ки нархи моҳонаашон аз 800 то 2000 мебошад ин маблағ чизе нест, вале мо талаб надорем, ки шароитро мисли кӯдакистонҳои хусусӣ ба қавле «люкс» кунед! Танҳо ҳамон шароити хурдтаринро барои хушгузаронии кӯдакони қишри миёнаи аҳолӣ  муҳайё созед. Қариб ҳама биноҳои боғча аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд, ҳадди ақал ҳамон биноҳоро аз таъмири капиталӣ бароред, бас.

Мо пайгирӣ мавзӯ ҳастем!

Баҳори Мубориз, СССР

PS: Меҳвари барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯдакистонҳо бошанд. Ислоҳотро бояд аз кӯдакистонҳо оғоз кард. Бояд ҳарчи бештар кӯдакистон сохту барои кӯдакон шароит фароҳам овард, кӯдаконро ройгон таълиму тадрис дод. Ояндаи миллат он вақт дурахшон мешавад, ки кӯдаконаш донову зирак ба воя расанд. «Хишти аввалаш!» ҳамин дия…

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

         

 

 

 

Чоршанбе, 18 Август 2021 08:52

22 июли соли 2021 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор шуд.

Нишасти матбуотӣ таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо ҳузури муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс, Ёқубзода Мирҳаёт ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба пешбурди сиёсати монетарӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дода, таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бармеоянд, инчунин дар ҳамоҳангӣ бо Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат роҳандозӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд.

Рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, ММД-и номиналии кишвар 40,0 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 3,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,6 фоиз ба амал омад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул, сиёсати мутавозуни пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳои худ ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуд.

Аз ҷумла, меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт бо назардошти афзоиши фишорҳо, интизориҳои таваррумӣ дар ин давра тадриҷан 1,25 банди фоизӣ зиёд карда шуда, дар сатҳи 12,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 153,0 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷалб гардид. Инчунин, дар ин давра 33 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ баргузор карда шуд.

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, бо пули миллӣ 3 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Сиёсати самараноки қурбӣ дар реҷаи шинокунандаи танзимшаванда имкон фароҳам овард, ки дар ин давра қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.

Қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210). Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 б.ф кам мебошад. Новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад.

Ба ҳолати 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 17 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 адад ташкилоти қарзии хурд ва 27 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 21,8 млрд. сомониро ташкил дода, уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мувофиқан ба 17,2 млрд. сомонӣ ва 4,6 млрд. сомонӣ баробар гардиданд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 бо фоида ба маблағи 267,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 116 млн. сомонӣ ё 76,6 фоиз зиёд мебошад.

Бақияи умумии пасандозҳо ба ҳолати 30 июни соли 2021 маблағи 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 56,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 43,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо 5,0 млрд. сомонӣ ё 51,5 фоиз ба пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 4,7 млрд. сомонӣ ё 48,5 фоиз ба пасандозҳои шахсони воқеӣ рост меоянд. 

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2021 маблағи беш аз 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 64,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин, теъдоди қарзҳои додашуда низ дар давраи ҳисоботӣ 2,7 маротиба зиёд гардида, ба 1,1 млн. адад баробар шуд. Тамоюли мазкур аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаи истеъмолот 32,1 фоиз, кишоварзӣ 17,8 фоиз, савдои хориҷӣ 16,4 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, саноат 9,4 фоиз, сохтмон 3,5 фоиз, нақлиёт 1,2 фоиз, хӯроки ҷамъиятӣ 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,9 фоиз рост меояд.

Моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби бонкҳо ба муштариён қарзҳои бо фоизи нисбатан паст (аз меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои бозорӣ ба андозаи 5,0 банди фоизӣ пасттар) ба маблағи 682,0 млн. сомонӣ (ба 301,0 ҳазор адад қарзгир) дода шудааст.

Ҳаҷми умумии қарзҳои барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок додашуда 67,8 фоиз ё ба маблағи беш аз 4,4 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млрд. сомонӣ ё 55,2 фоиз зиёд мебошад.

Ба санаи 30 июни соли 2021 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 1 229 адад ва 5 364 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 133 адад зиёд ва терминалҳои электронӣ 211 адад кам шудаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,75 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 42 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 35,5 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аз рӯи шумора 70,0 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба санаи 30 июни соли 2021 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 7923 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4733 адад (2,5 маротиба) зиёд мебошад.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шуда, дар нимсолаи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ 1 304 адад дархосту шикояти муштариён тибқи тартиби муқарраргардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 57,2 фоиз пурра ва 38,7 фоиз қисман қонеъ карда шуд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2021 шумораи умумии ташкилотҳои суғуртавӣ 19 ададро ташкил менамоянд, ки аз онҳо 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ мебошанд.

Дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи 30 июни соли 2021 513,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 28,1 фоиз зиёд гардидааст.

Уҳдадориҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ дар ин давра 207,8 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 232,6 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2020 ба андозаи 90,0 фоиз зиёд гардид. Воридоти мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) ба санаи 30 июни соли 2021 168,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 30,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким зимни шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 июли соли 2021 №1802 ба имзо расид, изҳор дошт, ки қонуни мазкур метавонад заминаи захираҳои молиявӣ, пасандозӣ ва сармоявии ташкилотҳои қарзиро зиёд гардонада, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон медиҳад, то маблағҳои мазкурро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равона намоянд.

Инчунин, қабули ин қонун барои боз ҳам қавитар гаштани низоми молиявӣ – бонкӣ, устуворсозии иқтисодиёти миллӣ, ҷалби бештари муштариён ба низоми бонкӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки маблағҳои берун аз муомилоти расмӣ қарордошта қонунӣ гардонида шаванд ва ба муомилоти расмӣ тавассути низоми бонкӣ баргарданд.

Дар бахши саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ ба истеҳсолот, ҳаҷми пул дар муомилот, бонкдории исломӣ ва ғайра посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Дар хотимаи нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкию суғурта ва пешбурди сиёсати пулию қарзӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

Чоршанбе, 18 Август 2021 08:46

 

Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи «Чаро маҷаллаи техникӣ надорем?»-и Муҳаммадҷон Обидов-донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ («СССР», аз 01.04.2021, №13 (654))-ро баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки айни ҳол дар сохтори вазорат нашрияи «Омӯзгор», нашрия барои наврасон ва кӯдакон «Пайрав», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Русский язык и литература в школах Таджикистана» амал мекунанд, ки пурра барои соҳа нигаронида шуда, минбари хонанда, омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб мераванд. Инчунин, дар аксари сохторҳои соҳавӣ-раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат низ ҳафтаномаву маҷаллаҳои гуногун ба табъ мерасанд. Дар нашрияҳои мазкур бидуни маҳдудият тамоми хонандагону омӯзгорон ва алоқамандони соҳа метавонанд маҳсули эҷоди худ, аз ҷумла маводи марбут ба соҳаи техникиро ба табъ расонанд.

    Ҳамзамон, дар кишвар теъдоди зиёди нашрияҳо барои наврасону кӯдакон ва ҷавонон, аз қабили «Навовар», «Навовари ҷавон», «Нобиға» ва монанди инҳо ба табъ мерасанд, ки дар онҳо саҳифаҳои алоҳида ба мавзӯъҳои марбут ба соҳаи техникӣ бахшида мешаванд. Мавзӯе, ки муаллифи мақола пешниҳоди хонанда гардонидааст, воқеан қобили дастгирист ва Вазорати маориф ва илм омода аст, ки дар сурати пайдо шудани имконот чунин 1 маҷалларо таъсис диҳад. 

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми ҶТ 

 

Чоршанбе, 18 Август 2021 08:43

 

Зариф Маликов, «почталиён» (хаткашон), дӯст ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР  аз ш. Панҷакент ба идораи СССР занг зада (тел: 907 47 34 99) дар бораи маоши ками почта ва хаткашон изҳори нигаронӣ кард.  

   - Ман аз соли 2016 то моҳи феврали ҳамин сол дар почта кор кардам. Маошаш бениҳоят кам. Ба ман 350 сомонӣ медоданд. Баъд аз муддате он то ба 300 сомонӣ коҳиш ёфт. Ҷойи аламаш ин аст, ки дар моҳи охири ҳамин сол моҳонаамро  255 сомонӣ доданд. Чаро чунин шуд? Шояд ба ин қазия масъулони «Почтаи тоҷик» посух гӯянд?

   Мушкили дигар ин аст, ки мухлисони газета фаразан ба 100 шумораи газета обуна шаванд, аз ин шумора ба мо 70 дона медиҳанду 30 шумораи дигарро намедиҳанд. Чаро? Аз масъулон хоҳиш дорам, ки ин проблемаро бартараф кунанд. Чунин рафтор боиси дилсард шудани хонандагон ба газетаву маҷаллаҳо мегардад. 

 

Чоршанбе, 18 Август 2021 08:34

 

Бунёд Ҷоншоев, дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР аз н. Дӯстӣ бо редаксия дар тамос шуда (тел: 934 31 74 30) дар бораи паёмакҳои нодурусти ММТ арз кард:

   - 1 мушкилии ММТ ин аст, ки дар СМС менависанд, ки шартномаи ину он коллеҷу донишгоҳ, мисол, 5 ҳазор сомонист. Аммо вақте ки фарзандатро барои ҳуҷҷатсупорӣ ба марказҳои дохилшавӣ мебарӣ, шартномаҳо тағйир меёбад? Аз масъулон пурсидем, мегӯянд, ки аз мо бастагӣ надорад. Намешавад СМС-ҳоро аниқу дақиқ карда, ба мардум фиристанд? Охир онҳо ҳисобу китоб доранд. Паёмак, ки нодуруст омад,  волидон маҷбуранд боз аз ягон каси дигар қарз гиранд. Сабаби ин дар чӣ бошад?

 

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter