ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Август 2021 08:51

 

Сангалӣ Раҳимов Rорманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақахӯри шоиста, хонанда, дӯст ва муаллифи доимии газетаи СССР аз н.Кушониён занг зада (тел: 937 78 75 39 )  дар бораи беасос канда партофтани дарахтонаш арз кард. 

- 25.04.2021 ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ариза навишта ба полковник Ҷӯраев додам. Қаблан муфаттиш Каримов ин делоро пеш мебурд. Пеш аз ин ба раиси ҷамоат ва мақомоти дахлдор муроҷиат намудам, ба ман муносибати дағалона карданд. Аз ҳамон рӯз ҷавоби делои ман ба таври хаттӣ нест. Ман ба телефони боварии 221 21 21 Вазири корҳои дохилӣ дар байни 20 рӯз 12 бор занг задам. Онҳо ваъда карданд, ки аризаи маро баррасӣ мекунанд, аммо акси садо ҳеҷ нест, ки нест. Телефони боварии вазир кай посух медода бошад?

Чоршанбе, 04 Август 2021 08:46

 Салом СССР-и азиз! Ба довталабон санаи 20-ум СМС меояд, ки шумо ба тақсимот роҳ ёфтед. Аммо рузи 24 боз СМС ба маънои «шумо  аз тақсимот нагузаштед!» меояд. Ман ҳайрон ин чӣ гуна тақсимот бошад, ки довталабро 3 рӯз хурсанд карда, рӯзи 4-ум мегирёнанд?

Меҳрдоди Мурод,

ш. Душанбе.

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 08:35

 

1 шаб пеш аз гузашти падар ба рақами «103» ёрии таъҷилӣ занг задам, ки нашуд, ба телефони шаҳрии ёрии таъҷилӣ ҳам занг задам, нашуд. Дар ҳама ҷо таблиғ насб кардаанд, ки тавассути телефонҳои мобилӣ ба хадамоти сӯхтор, милиса, духтур ба воситаи рақамҳои 101,102,103 ва ғайра занг задан имконпазир аст. Вале ин 1 сӯ, ба телефонҳои шаҳрии 7 рақама ҳатто, аз Тсел, занг зада намешавад.

 

Ба оператор занг зада, сабабро пурсидам, мегӯянд, ки барои пайваст намудани ин гуна хизматрасонӣ бояд алоҳида шартнома кунам. Ҳоло он ки бе хоҳиши ман нархи тарофаро зиëд карданд. Гӯйё нархи гушту сабзӣ қимат шуду мо ҳам нархи тарофаро бардоштем. Вой бар ҳоли муштариëни Тселл…

Шаҳзод Раҷабов, коргардон, 

писари шодравон Убайдулло Раҷабов

Аз СССР: То ҷое, дар сӯҳбатбо муаллиф, мо иттилоъ ёфтем, 1 сабаби шиддат гирифтани дарди устод Убайдулло Раҷабов саривақт пайваст накардани занги писари Устод бо Ёрии Таъҷилӣ аз ҷониби Тселл будааст. Зимнан, Шаҳзод Раҷабов метавонанд ин ширкатро ба суд диҳанд! О, бас будагист, таҳқиру истеҳзову масхараи миллати Тоҷик!!! Дар ин кишвар хадамоте ҳаст, ки ба доди муштариён расад? Шояд ин ширкат саҳлангорӣ намекард, Устод зинда мебуд? Шаҳзод ба суд равед, мо бо шумоем ва Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 08:26

24.07.2021. Соат ба вақти СССР 09:55 дақиқа. Мехостам матлабе дар ин гӯшаи парадокс нависам (мавзуъ ҳам тайёр, ки Худо хоҳад, дар шумораи баъдӣ ҳатман хоҳӣ хонд, хонандаи ин сутур). Аммо ғофилан бо ин мақолаи расо 7 сол муқаддам навиштаам сардака хӯрдам. Хондам. Ростӣ писандам омаду бознашраш кардам. Зеро фикр дорам, дар ана ҳамин самт мо-куллияи тоҷикони Тоҷикистони азиз ҳатто 1 мисқол ва 0,5 грамм тағйир нахӯрдаем. Ин дар ҳолест, ки мо бояд дар тӯли ин 7 сол 700 гр барзиёд иваз шуда 180 градус тагйир мекардем ва бархӯрдамон ба мушкили парадоксалӣ дигар мешуд. Мо накардем. Мо нашудем. Мо Метавонем!

24.07.2014. Соат ба вақти СССР 10:02 дақиқа. Мо ҳамеша ва дар ҳама кор ба ифрот даст мезанем. Агар намозхон шавем, ҷумла «бенамоз»-ро кофар мехонем. Озод бошем, ҳама зиндониён бароямон ҷинояткоранд. Милиса бошем ба дилхоҳ нафар бо шубҳа менигарем. Афсар бошем, солдатро чашми дид надорем ва баракс: «Бенамозҳо» аз рангу раҳмони намозхон безоранд. Барои зиндониён ҳама озодҳо манфуранд. Милиса дар чашми мо пасттарин кас аст. Солдат бошем ба афсар бо ҳақорат менигарем ва баракс. Ва ин парадокс то беинтиҳо давом дорад!!!

1 мисол меорам: Бобои Ғуломи таърихӣ, иштирокчии ҶБВ, ҳудудан дар 90-солагӣ намозхон шуд. Писараш-Алии Беҳудуд, ки дӯсти ман аст, қисса мекунад, ки баъди 2 ё 3 бор ба масҷиди маҳаллӣ рафтан, сари 1 ҳамсояи дигари «бенамозаш» чунон хашм гирифт, ки ба ӯ ҷиҳод эълон кард. Ин ҳамту; информатсия барои андеша буд...

…Дар миллатдӯстиву миллатхоҳӣ низ мо аз ҳамин зовия бархурд дорем. Масалан, дар симои дилхоҳ ӯзбеку лақай ва русу амрикоиву аврупоӣ душман мебинем. Намебинем? Ещё как мебинем! Ифроти ватанхоҳиямон ба ҳаддест, ки дилхоҳ дӯстро душман мегардонем. Ба гунаи мисол, даҳаи дуввуми Рамазон, дар 1 шаҳри музофотӣ, дар сӯҳбати аҳли дили он мавзеъ ширкат кардам. Сухани баҳс сари чиновнике аз руасои нав дар ҳайъати ҳукумати марказӣ рафту нафаре ҳам гуфт, ки «Ман тафтиш кардам, бобои ин зан ӯзбек будааст!!!». Дигар оҳу афсӯсу доду вовайло сар шуд. Аз ишон пурсидам, ки «Хуб, аммо ин зан худро намояндаи кадом миллат мегӯяд?», ки гуфтанд, Тоҷик! Боз пурсидам, ки «Падари ин зан худашро кӣ мегӯяд?». Боз ҳам гуфтанд: Тоҷик ва афзуданд: «Дидӣ, меҳмон, чӣ қадар зиракона инҳо худро сиррӣ кардаву ба таркиби миллати мо даромадаанд?!». Вале манро ин «бурҳони қавӣ» асар накарду гуфтам: «Бародарон! Дар Ӯзбекистони ҳамсоя 16 миллион Тоҷикро бо зӯр ӯзбек кардаанду чаро шумо намехоҳед, ки 1 ӯзбек ихтиёран Тоҷик шавад?». Дар он миён баҳс бархост ва маро мегуфтанд, ки «Сайёф, оё медонӣ, ки мабодо бо ҳамсоякишвар ҷанг шуд, инҳо он тараф мегузаранд?!». Ба онҳо гуфтам ва ба ту ҳам, хонандаи ин сутур, мегӯям, ки хуб мекунанд, ки он тараф мегузаранд! Зеро хурофоти миллатпарастии мост, ки дар тӯли 23 сол ҳамватанҳоямонро ҳич қабул накардем ва ҳамеша, ки онҳо майл ба консолидатсия кунанд, мо диспергироват менамоем, яъне наздик шуданд-тела медиҳем, ҷудо мекунем, майдаҷӯӣ месозем. Пас, чигуна онҳо худро Тоҷик хонанд, вақте ки мо бобову бобокалонҳои ҳамватанонро аз гӯр баровардаву паспорташонро варақ ва бо ангушт ба пешонаашон мезанем, ки неъ, ту Тоҷик нестӣ, ӯзбекӣ, лақаӣ, қунғуротӣ, русӣ, таторӣ???

 Ҳоло ин чист? 1 ҳамсабақам, ки маро тӯли 30 сол мешиносаду медонад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун ман камтар Тоҷикро метавон дарёфт, ҳамин 2-3 ҳафта пеш якбора сӯям хурӯшид, ки «Ту арабӣ ва ба Арабистонат рав!». Сабаби ин хашми азимаш он шуд, ки чун микромаҳалгароӣ мекард, эродаш гирифтам, ки аз чунин бархурд канора гирад, ки зебандааш нест. Манзури дӯсти аҳди ҷавониям ин буд, ки ман эшонзода ва аз табори пайғамбарам. Ман ҳич гоҳ худро аз ин Шараф, ки аз табори беҳтарин авлоди Одамам (с.), маҳрум намесозам, ҳарчанд бар тибқи фармудаи Худо дар Сураи Бақара ҳаргиз бо нисбият ва аъмоли ҷаддам фахр накардаам. Зеро Худо моро барои аъмоли худамон мешиносаду баҳо медиҳад, на бо аъмоли таборамон. Аз сӯи дигар кастаи эшонҳо 1 умр дар Тоҷикистони азиз соҳиби обрӯи вежа буданд, вале дар тӯли 1400 сол чунон дар ин миллат фанофилфано шудаву ассимилятсия гардидаанд, ки ба элитаи Тоҷик табдил ёфтаанд. Мисле, ки русҳо граф доранду англисҳо лорд ва фаронсавиҳо виконтҳо ва ғ. 

 Ҳамингуна «иттиҳомот»-ро дар баробари мансубиятам боре аз забони 1 доктори илм аз н.Данғара ҳам шунидам. Данғараро махсус қайд мекунам. Зеро ҳаргиз намояндагони элитаи ин ноҳия ҳуқуқи маънавии хурофоти миллӣ надоранд! Вале агар фикр кунед, ки ин далелҳои абсурди миллатпарастӣ, охири коранд, сахт хато мекунед. Парадокси ҷамъияти мост, ки сипас Тоҷик ба шимоливу ҷанубӣ, кӯлобиву ленинободиву зарафшонӣ, помириву ванҷиву дарвозӣ ва ғ. ва ҳ. ҳатман тақсим мешавад…

 Миллатдӯстӣ, миллатпарастӣ ва ҳатто фашизми миллӣ ҳамеша бар нафъи ҳамагуна қавму халқият будааст. Илло дар мо, ки хурофоти миллии мо душмани №1 барои ин Ватан, Давлат, Сарзамин ва Миллат шудааст. Ин хурофот ахиран ҷомаи абсурд ба бар мекунад. Ба ҳамон ҳаммаҳфилҳо, ки зикри хайрашон дар оғози матлаб рафту сабаби ин навиштор шуд, гуфтам ва ба ту ҳам мегӯям, хонанда, ки 16 млн Тоҷик кайҳо дар Ӯзбекистон ӯзбек шудаанд, ки офарини дастгоҳи идеологии ҳамсоякишвар бод. Вале мо кӯшишу талош дорем, ки ҳатто 1 ӯзбек, рус, қирғиз, татор, афғон, немис… дар кишвари мо Тоҷик нашавад ва дар ин росто, ҳамакнун элитаи миллиро ҳам аз худ рам медиҳем. Ҷамъияти мо дар тӯли 23 (30!!!) сол, ҷои назари муосир кардан ба миллатофарӣ, ба ботлоқи абсурди пуританизми миллӣ ғӯтидааст. Сари ин моҷаро ягон кас андеша дорад, дар БОЛО? Суоли риторикист, албатта…

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 9 аз 9

Китобҳо

Flag Counter