ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Август 2021 09:57

 

Салом ба СССР-и гиромӣ! Мехоҳам дар бораи 1 мушкили ҷиддӣ дар н.Темурмалик бигӯям, то масъулон ба он расидагӣ кунанд. Агар имрӯз ин проблема ҳалли худро наёбад, пагоҳ дер хоҳад шуд. 

   Мушкил он аст, ки чарогоҳҳои ноҳия, алалхусус Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишевро одамони пулдор гирифта, ба манфиати шахсии хеш истифода бурда истодаанд. Моли мардуми оддӣ оҳиста-оҳиста бе ҷой монда истодааст. Ба ягон кас гап зада намешавад. Молатро чаронданӣ ба чарогоҳ бурдӣ, зуд «соҳибаш» меояду аз он ҷо меронад. Охир дар ҷое, ки бояд гову мол бичарад, шахсе ҳуқуқ дорад, онро харида гандум ё ҷав бикорад? Дар ин сурат молҳои мардум дар куҷо чаранд? 1 буз ё 2 гов даромад тамом, ё зада маъюб мекунанд ё «зиндонӣ». Ин хел рафтан гирад, пагоҳ дар сари чарогоҳ барои 1 буз ё гов задухӯрд пеш меояд.

   МИҲД н.Темурмалик бояд ба ин қазия назар карда, чарогоҳҳои мардумро баргардонад, ки дигар бо «заминдорон» дастбагиребон нашаванд. 

Меҳрдоди Меҳроб,

Темурмалик

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 09:45

   20 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба н.Файзобод сафари кориро анҷом дода, бо  корҳои созандагию бунёдкорӣ ва натиҷаҳои назарраси ноҳия аз наздик ошно гашт. Роҳбари давлат ба соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар пешравию ободонии ноҳия саҳми худро гузоштаанд, арзи сипос намуда, барои бунёди шаҳраки 25-солагӣ дар деҳаи «Хоҷамард»-и Ҷамоати деҳоти «Ҷавонон» санги асос гузоштанд.

   Бунёди шаҳраки 25-солагии Истиқлолиятро соҳибкор Манучеҳр Каримов ба зимма гирифта, ба роҳбари давлат ваъда дода буд, ки шаҳраки 25-солагиро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бунёд мекунад. Аммо бо гузашти 2 сол на аз бунёди шаҳраки нав хабар ҳасту на аз санги асоси он-санги асос нест.  Ба ҷойи бунёди шаҳраки нав бинои фермаи комплексии деҳаи Хоҷамардро тахту ҳамвор карда, ба фурӯш гузоштанд. 

   Яъне ҳам ҳукуматро фиреб доданд ва ҳам мардуми ноҳияро, ки умед доштанд дар шаҳраки нав соҳиби хонаву дар мешаванд…

Ҳокими Сафар, 

н.Файзобод

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 09:19

Баъди ба кор қабул шудан маошамро ба корти «Dushanbe City » гузарониданду саргардониям сар шудеее.

16.07.2021.  Соат ба вақти Душанбе 17:23 дақиқа. СМС омад, ки ба кортат гузашт. Хеле шод шудам, ки ин шом бо аввалин маоши журналистӣ дар «квартира» тӯй медиҳам!. Аммо орзуҳоям барбод рафт. Дар корт дар ҳисоби ман 0.00 TJS асту халос. Ба худ гуфтам, ки Собирӣ «кидать разбор наъдорад!». Зеро ин нахустин бор набуд, ки маро ин ширкат нороҳат мекард. 

Кидати №1

Рӯзе аз деҳаамон барои маҷлиси редаксияро дарёб кардан, соати 5-и субҳ аз хона баромадам. Дар корти DC 200 сомонӣ доштам. Хостам онро роҳкиро кунам. Аз банкомати н.Темурмалик пул гирифта нашуд. Мисли оне, ки 1 рӯз қабл аз иди қурбон мардуми шаҳраки Совет дар назди банкомати холӣ «уф-уф» гӯён интизорӣ мекашиданд, ки кай дар банкомат пул пайдо мешавад. Ҳамин тавр таваккал то н.Восеъ чанд банкомати DC буд, кортро санҷидаму аз ягон банкомат маблағ гирифта нашуд. Соати 07:45 дақиқа аз банкомати н.Восеъ маблағро ба даст овардаму ба маҷлис дер карда, аз устод танбеҳ гирифтам. 

 

Кидати №2

19.07.2021. н. Темурмалик. Шахсе назди масъули DC дар ноҳия равон кард. Номаш дар хотирам нест. Лек марди хушмуомилаву чақ-чақӣ будааст. Гуфтам: 

- Ака ба ман CМC омад, ки маблағ гузаштааст, аммо дар корт сӯм нест. Баъди чанде интизорӣ корам… буд нашуду аз он ҷо бадар рафтам.

Ман ҳайрони онам, ки аз Россия чӣ қадар маблағ ба картаи 04.08.2021 DC равон кунанд, ҳамон замон, бе ягон мушкилӣ мегузараду барои чӣ аз дохили ҷумҳурӣ 10 рӯз шуд, ки маошамро намегирам?

 

Разбор№…

26.07.2021. Бинои Душанбе Ситӣ, ки дар макони Соҳилӣ-5 ҷойгир аст, рафта, ба масъуле муроҷиат кардам. Гуфт, ки маблағ дар барномаат гузаштааст, ман онро ба кортат мегузаронам. Ҳамин тавр ҳам кард. Маблағро гирифтам. Офарин! 

Лекин агар ҳамин мушкилии маро дар н.Шамсиддин Шоҳин  ягон нафари мисли ман сарфаҳм намерафтагӣ медошт ва дар корташ фарзи мисол 200 сомонӣ бигзараду мутаассуф СМС ояд, вале маблағ дар корти DC 0.00TJ бошад, чӣ кор кунад? 200 сомонӣ сарф карда пойтахт ояд? Хуб нест, ки маблағро ба барнома нею ба корт гузаронанд?

Файзализода Исматулло, 

СССР

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 09:16

Шаҳнозаи Абдуҷаббор ошпази яке аз осоишгоҳи н.Темурмалик (тел: 987 11 26 12) меҳмони редаксия шуда, дар бораи таҳсили ҳатмии духтарон ибрози андеша намуд. 

- Имрӯз бархе волидон ба он хотир садди роҳи таҳсили гулдухтарон мешаванд, ки камбизоатанд. Вале хондан шарт аст. Ман, ки  дар ҷавонӣ таҳсил накардам аз ин сахт пушаймонам. Агар ноумед шудаву нахонем, фардо сахт афсӯс мехӯрем, ки суд надорад. Хушбахтона, имрӯз сафи занҳои роҳбарикунанда кам нест. Зиндагӣ маро маҷбур кард, ки курси 3-моҳаи омодагии ошпазиро хонаму ризқу рӯзиямро ёфта тавонам. Рӯз то рӯз зиндагӣ мушкил шуда истодааст. Лутфан духтаронро хононед, ки пушаймонӣ надорад оқибат суд. Бубинед ҳаёти духтарони таҳсилкарда чӣ гуна асту аз нохонда чӣ гуна… 

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 09:08

Шингиле аз дорандаи «туморчаи доминиён»

Борон Гадо. Ин номро бори аввал аз забони дӯсти дерин Қиёмиддин Саидхоҷа даҳ сола қабл шунида будам. Мусоҳиб бо фахр изҳор дошт, амаки Борун (ба лаҳни мардуми Тавилдара) зодаи деҳаи сарбаафлоки Пағула (пайғӯла, байғӯла) - и Тавилдараи саргаҳи Ёхсуи Ховалинг, чолишгари мубориз, ҳамсафи Карим қаҳрамон (Сайдаҳмад Каримов), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 мебошад.

Пас аз он нишаст ин ном гоҳу ногоҳ, ҳини дидору суҳбатҳо бо мардони кӯҳистони баланд оид ба диловарию матонати ҷавонмардони арсаи набард, ёд мешуд. Аз он боб, ки Борон Гадо иштирокчии ҷанг буду дар қисми разведка (иктишофгар) хидмат ба ҷо оварда, медонистам. Ва дил доштам, ки аз рӯзгори ҷангии айёри пурмаҳорат матолибе рӯи коғаз биорам.

Моҳи майи соли 2014 аз боби диловари арсаи набард матлаби фарҳангшиноси ошноеро мутолиа намудам. Аз байн чанде нагузашта мусавадаи маҷмӯаи Қиёмиддин Саидхоҷа «Аз Пағула то Сталин» дар ихтиёрам шуд. Ҳини таҳрири китоб бо номи ошно – Борун Гадо (айнан) вар хӯрдам.

Инак, аз хусуси шермард. Зӯрманди тоҷик соли 1899 чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар деҳаи Пағула ба воя расидааст. Соли 1939 ӯро ба сафи Армияи Сурхи коргару деҳқон даъват мекунанд. Савганди садоқатро ёд карда буд, ки байни СССР ва Финляндия ихтилоф сар зад ва тоҷикписар бар зидди финҳои сафед дар набард шуд. Он ҷанг ҳамагӣ чор моҳ идома ёфт.

То анҷоми хидмати аскарии пурдил моҳҳои башумор монда буд, ки 22 июни соли 1941 Германияи гитлерӣ ба сарзамини давлати Шӯравӣ – СССР ҳуҷум овард. Борон андешаи роҳатро пушти сар монда, самти хидматашро тағйир дод ва бо душмани манҳус дар набард шуд. Панҷ сол алайҳи фашистони малъун, дар набардгоҳҳои Украина, Белоруссия, ҷамоҳири назди Балтик, Полша ва Германия ҷангида, дар озод намудани садҳо шаҳру деҳоти мамолики Аврупо иштирок намуд.

Диловари тоҷик, старшина Борон Гадо рӯзи Ғалабаро дар лонаи гитлерчиён, шаҳри Берлин истиқбол гирифт ва сипас зафарёр бо сари баланд ба Ватан баргашт. Чанде дар зодбум заҳмат кашид, аммо боди рӯзгор ӯро ба самти дигар андохт. Ва ӯ аз соли 1953 то соли 1983 дар шаҳраки Ховалинг зиндагӣ ихтиёр карда, дар ин макони биҳиштосо хонаву дар, оила бунёд намуд.

Солҳои охири ҳаёт таҳамтан биноҳои назди Чилчанори Ховалингро посбонӣ мекард ва басо рамзист, ки ӯ дар рӯзи иди Ғалаба – 9 майи соли 1983 ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд…

Борон Гадо яке аз фарзандони ҷасуру номвари диёр, сарбози матинирода байни иштирокчиёни ҷанг дар ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёфт. Хизматҳои ӯ дар размгоҳҳои он ҷанги пурдаҳшат ва ғалаба бар фашистон беназир аст. Вай дар корзор – замони мудҳиши арсаи набард ҷон бар каф бар зидди гитлерчиён ҷангидааст.

Аҷобатест, ки ӯ аз оғози набардҳои нахустин дар корзор имзои шахсии худро «воен» (ҷанговар) интихоб карда буд. Аз он ба баъд, то охири умр, дар ҳуҷҷатҳо худро «воен» менавишт. Ҳини гузоштани имзо Борон Гадои матинирода ҳамоно «воен» менавишт, - ба ёд меовард зиндаёд Сайдаҳмад Каримов…

Сар аз соли 1943 дар сангарҳои сангину даҳшатнок Армияи Сурх ба  пирӯзӣ ноил гашта, ҳоли гитлерчиёнро табоҳ кард. Душман акнун пуштгардон, рӯ ба гурез ва сарбозони шӯравӣ дар таъқибу нобудсозии аду бо ғайрати даҳчанд меразмиданд.

Чоршанбе, 04 Август 2021 09:03

25.07.1918. ШКХ бо имзои В.Ленин қарореро ба тасвиб расонд, ки дар он яҳудиситези (антисемитизм)-ро «марг барои инқилоби коргару-деҳқон» унвон кард. Дар ҳақиқат бештари роҳбарони ҳизби болшевикӣ яҳудитабор буданд ва бадбинии онҳо инқилобро ногузир ба шикаст мунҷар мекард.

26.07.1917.Дар Петроград Анҷумани VI-и РСДРП (б) ба кори худ сар кард. Ин Анҷуман дар шароити нимапинҳонӣ мегузашт, чун хавфи бастани он аз ҷониби Ҳукумати муваққат хеле зиёд буд. Дар Анҷуман 267 вакил ширкат варзиданд, ки 162 ташкилоти ҳизбиро муаррифӣ мекарданд. Он шабу рӯз ҳизби сотсиал-демократи коргарии болшевикон 240.000 аъзо дошт. Аз роҳбарони олирутбаи ҳизб Ленин ва Зиновев дар хуфия ва Тротский бо Каменев бошанд дар ҳабс қарор доштанд, лиҳозо дар кори Анҷуман ширкат наварзиданд. Анҷуманро Сталин ва Свердлов роҳбарӣ карданд.

26.07.1917.Раиси ҳукумати муваққати Русия Александр Керенский бо тантана савганд ёд кард, ки тамоми кӯшишҳои барқарорсозии дубораи ҳукумати подшоҳиро дар Русия бераҳмона пахш хоҳад кард.

26.07.1975. Раиси КГБ СССР Юрий Андропов ба КМ ҲКИШ тавсия дод, ки хонаи муҳандис Ипатевро дар ш.Свердловск хароб кунанд. Дар ин хона с.1918 охирин подшоҳи Русия Николайи 2 бо аъзои хонаводааш аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуд. 

27.07.1925. КМИ ва ШКХ СССР бо қарори худ Академияи илмии Русияро муассисаи олии илмии СССР эълон намуд.

27.07.1985. Дар Маскав Фестивали XII умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён барпо шуд, ки то 3 август идома дошт ва онро сарвари СССР Михаил Горбачев ифтитоҳ бахшид.

27.07.1990. Шӯрои Олии РСС Белорусия Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Белорусияро ба имзо расонид.

28.07.1944.Артиши шӯравӣ дар рафти ҶБВ ш.Брестро аз ишғоли немисҳо озод кард. Брест дар оғози ҷанг 1 моҳи дароз зидди немисҳо муқовимат кард ва унвони қаҳрамоншаҳрро соҳиб шуд.

Чоршанбе, 04 Август 2021 08:57

Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи «Рисолати муаллим аз даст рафт?» - и Исматулло Собирӣ («СССР», аз 10.06.2021, №23 (664)) -ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба хариду фурӯши либоси мактабӣ борҳо тавассути расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ эълон дошта буд, ки шуъбаҳои маориф танҳо масъуланд, ки омори хонандагони эҳтиёҷманд ба либоси мактабиро ҷамъоварӣ карда ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод намояд. Ҳамзамон, тибқи санадҳои дахлдор, аз ҷумла дастурҳои Сарвазири мамлакат аз 01.07.2020, 23.12.2020, ва 31.12.2020, протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2021 Вазорати саноат ва технологияҳои нав уҳдадор шудааст, ки фаъолияти корхонаҳои дӯзандагиро назорат намуда, ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ чораҳои дахлдор андешад. Инчунин, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар бозорҳо, марказҳои шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо нуқтаҳои ройгони алоҳидаро барои баргузор намудани ярмаркаи фурӯи либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ ташкил намоянд, то волидону хонандагон тавонанд ба таври озод либос ва дигар маводи лозимаи хонишро ба хости худ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ намоянд.

Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф вобаста ба хариди либоси ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ мусоидат хоҳанд кард, аммо ба хариду фурӯши либоси ягонаи мактабӣ муваззаф нагардидаанд. Ин нуқта ҳам ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо борҳо таъкид шудааст, ки ба хариду фурӯши либоси мактабӣ дар мактабҳо хотима бахшанд. Ҳамчунин, омӯзгорон вазифадор нестанд, ки барои театру таъмир ва дигар корҳо пул ҷамъ намоянд, чунки рисолати азалии омӯзгор додани таълим ба насли наврас аст.

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми ҶТ  

 

Чоршанбе, 04 Август 2021 08:55

 

 Камолиддин Достиев, мухлис ва хонандаи ҳамешагии газетаи мардумӣ аз ш.Кӯлоб занг зада (тел: 98 531 51 67) дар бораи ноадолатӣ зимни баргузории озмуни шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ибрози назар кард.

   - Духтари ман Мохлиқо Достиева, хонандаи синфи 5-и мактаби №27 ш.Кӯлоб дар ин озмуни шаҳрӣ иштирок намуд ва шояд дар байни беш аз 20 нафар иштирокчӣ ягона хонандае буд, ки бо салому алейк ба ҳакамон ба саҳна баромада, ба тамоми суолҳо посухи мушаххас дод. Яъне ҳам шеър хонду ҳам ғазал, ҳам пораеро аз китоби охирони хондааш нақл карду ҳам одоби баландашро нишон дод. Вале ҳакамон ба баромадани духтари ман на таваҷҷӯҳ карданд ва на гузоштанд, то ғазалашро ба пуррагӣ бихонад. На танҳо ман, балки дигар меҳмононе, ки дар толор менишастанд, ба баромаду суханпардозиҳои Моҳлиқо баҳои баланд доданд, зеро воқеан назар ба дигарон волотар буд. Баромад олӣ, аммо ҳакамон онро ба назар нагирифта, ғолибонро бо воситабозӣ муайян сохтанд…

    Ба назари ман чунин шеваи баргузории озмуни хеле ҳам ҷиддӣ дар кишвар дуруст нест ва агар ғолибонро пеш аз озмун муайян карда бошанд, пас чаро хонандагони дигарро номудеу рӯҳафтода гардонида, ба обрӯву имиҷи озмун халал ворид месозанд? 

 

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter