ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Август 2021 10:48

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 10:42

 

    Ҳукумати Федератсияи Росия тасмим гирифтааст аз 01.09.2021 барномаи мобилии «Сафар бидуни Covid-19» ("Путешествую без COVID-19»)-ро барои мусофирони хориҷӣ роҳандозӣ намояд. Яъне, ҳамакнун мусофироне, ки ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия парвоз мекунанд, бояд ин барномаро ба телефонҳои мобилии худ насб карда, натиҷаи озмоиши QR-коди хешро, ки озмоишгоҳҳо пас аз ташхис медиҳанд, ба он искан кунад. 

    Ба ин барнома ҳама озмоишгоҳҳои давлатҳои дар феҳрист ҷойдодашуда ворид буда, мусофирон метавонанд аз рӯи он як озмоишгоҳро интихоб карда, рафта тест супоранд. Дар ҳолати мусбат баромадани натиҷаи ташхис онро бо QR-код дар телефон акс гирифта ба барнома ворид менамоянд. 

Боргирӣ ва насб

    Ба ин барнома ба давлатҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Тоҷикистон шомил буда, шаҳрвандон метавонанд барномаи "Путешествую без COVID-19» - ро аз мағозаҳои интернетӣ AppStore, GooglePlay ва AppGallery боргирӣ намуда, ба телефонҳои худ насб намоянд.

    Ба ин тариқ мусофирон метавонанд аз тафтишу назоратҳо бе мамоният гузашта, танҳо ҳамон QR- коди мавҷударо аз барномаи дар телефон буда искан менамоянд. Бояд қайд намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ин қоидаи нав аз 21 сентябри соли 2021 ба амал бароварда шуда, доштани он ба ҳама шаҳрвадони сафаркунанда ба Россия ҳатмӣ мебошад.

Баҳори Мубориз, 

СССР

 

 

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 10:36

Санаи 21–уми июли соли ҷорӣ тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021, бо иштироки доираи васеъи рӯзноманигорони ВАО-и дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сайфзода Ш. Ҷ. ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ширкат доштанд.

    Дар оғоз Раиси Раёсат Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар нимсолаи аввали соли 2021 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд.

    Гуфта шуд, ки имрӯзҳо «Амонатбонк» ба зиёда ба 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 766 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2900 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ менамояд.  

   Ба санаи 30 июни соли 2021 дороиҳои Бонк маблағи 4 695 млн. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4 204 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 10,5%-ӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи Бонк ба андозаи 10,5% афзоиш ёфта, ба 491,2 млн. сомонӣ баробар шудааст. Даромади софи Бонк дар ин давра 33,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   39,2% зиёд мебошад.

    Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ мавриди истифода қарор дорад.

    Ҳамзамон, бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ «Амонатбонк» шумораи 15 адад ташкилотҳои қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намуд. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилиии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд.

   Ҳамкориҳои Амонатбонк бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 74,7 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 90 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, «Амонатбонк» аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА кушодашуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 10,6 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.

Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, меъёри фоизи қарзҳои аз ҳисоби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҷалбшаванда 4,5-5,5 фоизи солона муқаррар гардида, нисбат ба фоизҳои қаблан амалкунанда 3,5 банди фоизӣ пасттар гардиданд.   

Инчунин, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи олии кишвар-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокинони кишвар, диққати махсус зоҳир намуда истодааст.

Дар ин раванд, Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 июни соли 2021 вобаста ба оғоз гардидани давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани иқдомҳои мазкур, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ дар 6 моҳи соли 2021 ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ 661,9 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андозаи 36,7% ва 23% афзудааст.

Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 22,4%, кишоварзӣ 19,9%, истеъмолӣ 18,2%, сохтмон 7,2%, тиҷорат 22,7%, нақлиёт 7,3% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 2,3% рост меояд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастрасии қуллай ва фаврии интиқоли маблағҳо, Амонатбонк ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст гардид. Ин имкон медиҳад, ки истифодабарандагони ин барнома тавассути корти миллии Амонатбонк маблағ интиқол диҳанд.

Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат оиди фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ, рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳо пешниҳод намуда ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотии навбатӣ 25 нафар рӯзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Вобаста ба нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳамаи рӯзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) таъмин карда шуданд.

Дар хотимаи нишаст, Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. аз ҳамаи рӯзноманигорон сипосгузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамкориҳо миёни васоити ахбори омма ва Бонк омили пешравӣ дар соҳа хоҳад буд, ва мо омодаем бо ВАО ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.

Вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

    Санаи 28 июли соли 2021 тариқи видеоконфронс вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо экспертҳои байналмилалӣ дар бахши ҳисоботҳои қарзӣ гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ҷаноби Фабрисио Фрабони ва Фабио Тарантини баргузор гардид.

   Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва эътимоднокии системаи ҳисоботи қарзӣ, рушди хизматрасонии молиявии электронӣ ва рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад, ва Амонатбонк ҷиҳати рушди системаи ҳисобтҳои қарзӣ ва хизматрасонии молиявии рақамӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст ва ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав омодагии хешро иброз намуданд.

   Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 10:33

 Вайсиддин Шамсов собиқадор дар соҳаи тандурустӣ аз к. Испечак-2 –и пойтахт (тел: 931 96 45 30) ба редаксия омада дар бораи ваксинагирӣ ва ҳисси он чунин гуфт:

    - Рӯзи 12.06.2021 табиби оилавӣ ба хона омада гуфт, ки рафта дар маркази саломатии №14-и н.Сино ваксина гираму эм гузаронам. Синам ба 79 расидаасту баъзеҳо гуфтанд, эмгузаронӣ накунам ҳам мешавад. Вале ман дар байни дӯстонам намуна ва пешқадам шуда, рафта эмгузаронӣ кардам. 

    Баъди эмгузаронӣ ман аз саломатиям ҳеҷ шикоят надорам ва ягон ҳисси баде  вуҷудамро фаро нагирифт. Одамон набояд аз ваксина тарсанд. Ин ба фоидаи саломатии мову шумост, алалхусус барои мисли ман солхӯрдаҳо. Шумо ҳам ваксина гиред, то ин ки эмин бошеду наҳаросед. Ман баъди ваксина ба табъ, сулфа, беҳузурӣ ва бемадорӣ муқобилият бурда, онро аз сироят кардан дур кардам. Ман тавонистам!

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 09:02

 

Пролог

23 июли соли 2021. Доктори илми фалсафа Давлатхӯҷа Назаров занг зад: - Дарак дорӣ, рӯзи 21.6.2021 дар шаҳри Краснодар Юрий Баранов, дар синни 79 – солагӣ аз дунё гузашт?

Гуфтам: - На.

Гуфт: - Ақаллан фаҳмидӣ, киро дар назар дорам? 

Гуфтам: - Оре, рекордсмени 49 – каратаи ҷаҳон оид ба ҷаҳиш аз парашют. Варзишгари оламшумули тоҷикистонӣ, зодаи шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе).

- Хоҳиш, дар бораи даргузашти Юрий Иванович дар ягон газета аз номи дӯстон ёдвора нависед.  Рӯзномаро ба фарзандонаш бифристем, то бидонанд, ки ӯро дар Тоҷикистон фаромӯш накардаанд.

«Энсиклопедияи советии тоҷик» - 0 сатр

Аз паи дарёфти шарҳи ҳоли Юрий Иванович Баранов ҷадал кардам. Нахуст аз ҷилди 1 – уми «Энсиклопедияи советии тоҷик» (Душанбе, 1978, саҳ. 373), ҳарфи «Б» - ро ҷустам. Мурод ҳосил нагашт. 

Мумкин дар ҷилди охирини қомус, дар бахши «Иловаҳо» бошад гӯён, ҷилди 8 – уми қомуси мазкурро варақ задам. Ҳайҳот…

«Энсиклопедияи миллии тоҷик» - 10 сатр

Ба худ гуфтам, боке не. Қомуси даврони истиқлолро мебинем, мушкил осон мешавад. Аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ҳарфи «Б» - ро ёфтам. Хушбахтиамро ҳадду канор набуд. Расо 10 сатр (бе акси варзишгар) аз зиндагиномаи легендаи варзиши ҷаҳон мақом ёфта, ки он ба чунин зайл аст:

«Баранов Юрий Иванович (тав. 1942), варзишгари тоҷикистонӣ (ҷаҳидан бо парашют). Хатмкардаи УДТ (1964). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Устоди хизматнишондодаи варзиши ҶТ (2002), рекордсмени 49 – каратаи ҷаҳон, чемпиони чандинкаратаи ИҶШС. Дар дунё ҳеҷ кас бо парашют аз Б. бисёртар наҷаҳидааст. Ӯ беш аз 16 ҳазор (?) маротиба бо парашют ҷаҳидааст. Б. варзишгари барҷастаи Тоҷикистон оид ба намудҳои ҳарбию техникии варзиш дар а. 20 дониста шудааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст» (ЭМТ, ҷилди 2, Душанбе, 2013, саҳ. 346).

Юраи душанбегӣ

Бо пайдои даҳ сатр ҳуваам нашикаст. Ба дигар маъхаз рӯ овардам. Маълум шуд, ки Юрий Баранов 19.5.1942 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба дунё омадааст. Миллаташ рус. Соли 1963 (?) факултети геологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.  

То соли 1997 дар шаҳри Душанбе мезист. Баъд бо аҳли хонавода ба шаҳри Краснодари Россия мекӯчад.

Дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ аз тими ДОСААФ – и РСС Тоҷикистон дар ҷаҳидан бо парашют иштирок мекард.

Устоди варзиши СССР. Тренери хизматнишондодаи Тоҷикистон. Зиёда аз 17 ҳазор маротиба бо парашют ҷаҳидааст. Юрий Баранов садҳо нафар варзишгарон – парашютчиёнро дар шаҳри Душанбе тарбият кардааст.

Чоршанбе, 11 Август 2021 08:58

2.08.1930. Дар наздикии шаҳри Воронеж аввалин бор дар ҷаҳон десанти ҳавоӣ фароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи нерӯҳои десантӣ-ҳавоӣ бо тантана ҷашн мегирифтанд.

2.08.1933.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ канали Беломоро-Балтийск ифтитоҳ ёфт. Ин канал баҳри Сафедро бо кӯли Онега мепайваст ва 227 км масоҳат дошт. Канал ба номи Сталин гузошта шуд, ки яке аз сохтмонҳои бузурги 5-солаи аввал ба шумор мерафт. Иншооти мазкур пурра бо дасти маҳбусон сохта шуда буд.

2.08.1934. Баъди марги президенти Олмон Гинденнбург, Адолф Гитлер фюрери миллати немис эълон карда шуд.

2.08.1946. Дар СССР генерал-лейтенант А.А.Власов-фармондеҳи Артиши озодибахши Русия ба қатл расонида шуд. Ӯ с.1942 худро ба немисҳо таслим кард ва яке аз афсарони олирутбаи шӯравӣ буд, ки бо немисҳо ҳамкории зич дошт.

3.08.1929. Дар СССР аввалин стансияи автоматикунонидаи телефонӣ (АТС) ба кор шурӯъ кард. Он дар шаҳри Ростови лаби Дон бо кумаки ширкати шведии «Эриксон» ифтитоҳ ёфт ва ба 6000 рақами телефонӣ хизмат мерасонд.

4.08.1962.Роҳбари Кунгураи Миллии Африқо Нелсон Мандела дар Африқои Ҷанубӣ зиндонӣ шуд. Ӯ 28 сол дар зиндон монд ва ба сумбули муборизаи аҳолии сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ барои озодӣ аз низоми нажодпарастонаи апартеид  табдил ёфт.

5.08.1939. Ҳангоми муҳорибаи Халхин-Гол ҳавонаварди шӯравӣ Михаил Юкин аввалин шуда дар ҷаҳон тайёраи сӯзони худро ба болои қатораи мошинҳои душман равона кард.

5.08.1943. Дар шаҳри Маскав аввалин салюти пирӯзӣ дар рафти ҶБВ доир шуд. Ин салют ба озод кардани шаҳрҳои Белгород ва Орёл дар рафти муҳорибаи Курск бахшида шуда буд.

5.08.1956. Дар варзишгоҳи ба номи Ленини ш.Маскав аввалин спартакиадаи халқҳои СССР доир шуд.

5.08.1975. Дар СССР роҳи оҳани Тюмен-Сургут ифтитоҳ ёфт, ки яке аз муҳимтарин роҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва навоҳии нафту газдори Сибири Ғарбиро ба ҳам мепайваст.

Чоршанбе, 11 Август 2021 08:49

МИҲД ш.Панҷакент мақолаи “Панҷакент: чаро раис вокуниш намекунад?”-и сокини ш.Панҷакент, деҳаи Ғусари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ Зариф Маликовро, ки дар шумораи №26 (667) газетаи СССР аз 1.07.2021 нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод. Вобаста ба муҳтавои навиштаҳо бо муаллифи мақола аз тарафи кормандони масъули шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва кормандони Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ суҳбат гузаронида шуд. Ҳамчунин аз тарафи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар ш.Панҷакент доир ба талаботи гирифтани нафақа маълумоти дақиқ пешниҳод гардид. 

Дар масъалаи бе реҷаи муайян хомӯш намудани қувваи барқ ба муаллиф маълумотномаи Шабакаҳои барқии ш.Панҷакент дода шуд. Бо мақсади аз таъмири кулли баровардани зеристгоҳи барқии Суғд-500 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муваққатан зарурияти дар вақти сарборӣ барои камбор намудани шабакаҳои барқӣ маҳдудиятҳои барқӣ ҷорӣ карда шудааст.

Масъалаи дигаре, ки муаллиф арз намудааст, набудани ҳоҷатхона дар бинои хобгоҳ мебошад. Хобгоҳи номбурда амволи собиқ совхози “Марғедар” буда, аз ҷониби шаҳрвандон хусусӣ гардонида шудааст. Бино ба модари муаллиф Гулрӯ Ғаффорова ба масоҳати 158,0 метри мураббаъ тааллуқ дошта, инчунин ба номи падари ӯ Маликов Абдуваҳҳоб ба масоҳати 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ қайд гардида, дорои Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти № 0752475 мебошад. Хобгоҳе, ки аз ҷониби шаҳрвандон хусусӣ гардонида шудааст, дорои ҳоҷатхонаи истифодаи умум аст, яъне сокинон бояд худашон тасмим гирифта, ҳоҷатхонаи нав бисозанд.

М.Сафарзода, 

муовини якуми раиси ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, 11 Август 2021 08:47

 

Бахтёр Аҳмадов, хонанда ва мухлиси ашадии СССР аз ш.Ҳисор занг зада (тел: 987 57 82 35) дар бораи норасоии об дар маҳаллашон арз кард:

- Ман дар шаҳраки Шаршара, бинои № 9, ҳуҷраи №14-и ш.Ҳисор зиндагӣ мекунам. Дар шаҳраки мо мушкилии асосӣ-ин норасоии об аст. Мо мардуми ин маҳал аз набудани об танқисӣ мекашему ягон масъули шаҳрро парвое нест. Дар бораи ин проблема ба раиси ҷамоату раиси шаҳр чанд маротиба муроҷиат кардем, ки моро лоақал бо оби кашонида таъмин кунед, аммо ҳеҷ натиҷа нест. 

    Ба ғайр аз бинои мо боз дар 9 бинои шаҳраки Шаршара оби ошомиданӣ нест. Аз минбари баланди газетаи мардумии СССР аз масъулин хоҳиш дорем, ки ба доди мо-мардум бирасанд. 

 

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter