ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Январ 2023 08:55

Чоршанбе, 25 Январ 2023 08:53

Чоршанбе, 25 Январ 2023 08:49

Панҷшанбе, 19 Январ 2023 12:25

Чоршанбе, 18 Январ 2023 15:19

Чоршанбе, 18 Январ 2023 15:09

Чоршанбе, 18 Январ 2023 15:05

Чоршанбе, 18 Январ 2023 14:53

Генерали ошӯбгар

Ӯ дар миқёси СССР ягона генерали чечен буд. Дар бораи ин сарбоз – афсари шӯравӣ генералҳои воломақом суханҳои нек гуфтаанд. То саршавии бетартибиҳо – нобасомониҳои Чеченистон ин ҳавонаварди советӣ байни сокинони шӯравӣ машҳур набуд ва аз низомиёни давраи худ фарқе намекард.

 

Фарзанди 13-ум

Ҷавҳар дар хонаводаи чечени серфарзанд таваллуд шудааст. 6 кӯдак аз як падару модар буданд (калони хона байтор Мӯсо Дудаев 2 дафъа хонадор шудааст).

Фарзанди хурдтарин Ҷавҳар зодбуми хешро дафаи якум баъди 13 соли таваллуд шуданаш дидааст, зеро моҳи феврали соли 1944 бо фармони Сталин депортатсияи оммавӣ (ихроҷи иҷбории оммавӣ)-и чеченҳо ва ингушҳо оғоз шуда буд. Ба гуфте, ҳини ихроҷи оммавӣ волидони модари Дудаев – Рабиатро, ки дар деҳаи дигари Чеченистон мезистанд, зинда ба зинда сӯхтанд.


Павлодар

Баъди депортатсия хонаводаи Дудаевҳо дар вилояти Павлодари Қазоқистон мустақар шуданд. Вақте ки «раисҷумҳури ояндаи Ичкерия» 6-сола буд, падараш вафот кард. Аз нақли муосиронаш Ҷавҳар дар мактаб ҳамаи фанҳоро бар хилофи фарзандони падар аз ҳама хуб мехонд.

Соли 1957, баъди 13-сол аҳли хонаводаи Дудаевҳо ба Чеченистон баргашта, дар шаҳри Грозний қарор гирифтаанд. Ҷавҳар ҳамон замон дар синфи 6 таҳсил мекард.

 

Тамбов

Пас аз хатми мактаб Ҷавҳар чанд муддат дар яке аз муассисаҳои сохтмонӣ ҳамчун устои барқ кор кард. Баъдан ба факултети физика ва математикаи Институти педагогии Осетияи Шимолӣ дохил шуд.

Ӯ дар ин донишкада ҳамагӣ 1 сол таҳсил кард ва баъд бар хилофи иродаи модар рӯ ба гурез оварда, дар шаҳри Тамбов орамид.

саҳ 3 аз 9

Китобҳо

Flag Counter