ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 18 2021

Ин навиштаҷотест, ки пештоқи ҳамаи биное, ки он ҷо беморон табобат мешаванд, насб шудааст. Ба андешаи ман беморхона гуфтан хушоҳанг набуда, дар ҳар шахс эҳсосоти нохуберо ба вуҷуд меоварад. Воқеан беморхона  маконест, ки дар он макон касал, мариз, ранҷур муввақатан табобат мегирад. Бемористон ё беморхона хушоҳанг нест.

Агар дуруст андеша кунем, мебинем, ки касал, мариз аввалтар аст, баъдан барои илоҷи мариз ё ки касал дармон ё ки тадбир лозим меояд. Бинобар ҳамин ба ҷойи беморхона, дармонгоҳ гуфтан саҳҳеҳтар асту ҳам хушоҳангтар. Чунки дармонгоҳ ҷой ё ки маконест, ки бемор дар он ҷо табобат мегирад. Истилоҳи дармон муқобили беморӣ аст. Ба андешаи ман беморхона ҳаргиз ҷои маънои дармонгоҳро гирифта наметавонад. «Беморӣ» чизи дигар асту дармон чизи дигар.

Бинобар ҳамин пешниҳод мекунам ба ҷои «Беморхона» «Дармонгоҳ» нависем  . Ҷои дигар мехонем «Шуъбаи амрози қалб»- амроз ва қалб истилоҳ ё ки вожаи арабӣ аст.Чаро нанависем «Дармонгоҳи бемориҳои дил» ё ки  вожаҳои арабиро истифода бурдан бофарҳангии моро нишон медиҳад?

Муҳамадулло Аминов 

 

Чоршанбе, Фев 10 2021

Бояд гуфт, ки дар баробари МИҲД н.Қубодиён ва дигар вазорату кумитаҳо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар шукуфоии меҳан кам нест, вале аз чӣ бошад, ки соҳибкорони қубодиёнӣ бештар дар маркази ноҳия даст ба бунёд корӣ зада, деҳаҳои дурдастро фаромӯш сохтаанд.

Дар руйхате, ки ба дасти мо расид, номи беш аз 10 нафар соҳибкорону тоҷирони шинохтаи ин ноҳия дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, Манучеҳр Гадоев, роҳбари ҶСП «Аввалин», Холназар Достиев роҳбари ҶСШК «Носири Хусрав», Хурсандшо Раҳматов-директори КТ «Авесто-5», Зайнуддин Зарипов, роҳбари ҶДММ «Зариф-1», Карим Гулмаҳмадов, роҳбари ҶДММ «Насими Раҳим», Абдуғафор Асоев, роҳбари ҶДММ «Истеҳсолот», Юлдошбой Султонов, сарвари ҶДММ «Ясмен-мед». 

Сокинони деҳаҳои дурдасти н.Қубодиён аз ин 12 нафар умеди зиёд доранд, зеро медонанд, ки инҳо имконият доранд барои сокинон боғчаи кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ бунёд намуда, дар таъмири роҳҳову хатҳои барқ низ саҳмгузорӣ намоянд. Магар танҳо маркази ноҳия бояд обод шавад? 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Фев 03 2021

Гузаштаро ёд надоред?

Ҳамаамон медонем, ки 27 сол пеш ва ҳоло ҳам исломиҳои гузаро, ваҳҳобиҳо, наҳзатиҳо, ансориҳо, салафиҳою палафиҳою калафиҳо давлати исломӣ сохтанӣ шуда, зиёда аз 100 ҳазор Тоҷикро куштанду ҳоло ҳам дар ҳамон фикранд. Аз мақсади зишташон даст накашидаанд. Магар фаромӯш кардаед он рӯзи наҳси моҳи сентябри соли 1992-ро, ки рӯҳониён ба қафои Президенти кишвар Раҳмон Набиев чор шатта зада, аризаи аз мансаб рафтанашро гирифта буданд? Ё ёд надоред, ки чи тавр ваҳҳобиҳо бо дастони худи баъзе коммунистони манфуру лаъин фаъолияти партияи Коммунистиро манъ карда, молу мулкашонро мусодира намуданд?

Куруши Кабир ва яҳудиён

   Ман аз Каюмарсу Ҳушанг, Таҳмурасу Ҷамшед, Фаридуну Манучеҳр, Таҳмоси пешдодиён, Кайқубоду Кайковус, Кайхусрави Каёниён, Куруши Кабиру Камбуҷияю Дорои 1, Ардашери 1, 2 ва 3, Ҳахоманишинҳо-аҷдодони пешгузаштаи тоҷикон фахру ифтихор дораму меболам, ки чунин аҷдодони кишваркушою боғуруру далер доштем. Вақте китоби «Таврот»-и яҳудиёнро хонда мебинӣ, ки парвардигори онҳо ба Куруши Кабир пайравӣ кардааст, магар метавонӣ хурсанду болидахотир нашавиву ифтихор накунӣ? Мавриде, ки адабиётҳои таърихию илмӣ, адабию бадеиро хонда, фаҳмида мегирӣ, ки мусулмонҳои араб бо мақсади куштану ғорат кардан тоҷиконро нобуд карданд, оё метавонӣ ғамгин набошӣ ва ба чунин мусулмонҳо нафрат нахонӣ?!

Чаро азону намозро тоҷикӣ нахонем?

Чӣ тавре, ки аз китоби Қуръон бармеояд, Аллоҳ ба мусулмонҳои араб амру фармони ба дигар кишварҳою мамлакатҳо лашкар кашидану ҳамла овардан ва куштану ғорат кардани мардумонро надодааст, бо зӯрию маҷбурӣ ба мусалмонӣ гаравидани онҳоро нафармудааст, вале мусулмонҳои араб паҳн кардани динро баҳона карда, бо мақсади ҷамъоварии пулу молу чорво ва ғанимат гирифтани занону духтарон лашкаркашӣ карданд. Вақте, ки арабҳои мусалмон ба Хуталон ҳамла оварда, шаҳри Ҳулбукро ба хок яксон кардаанд, оё бетараф буда метавонам, ки то имрӯзҳо алфавиту хатту забону динашонро ҳифз намоям? Магар вақте нарасидааст, ки аз ин ҳама даст кашида, азону намозамонро бо забони тоҷикӣ хонем!? 

Намегӯям аз ислом бадар равем(д), мегӯям тоҷикӣ ва бо забони фаҳмо намоз хонему даъват ба намоз созем. Мисле, ки тамомии динҳои дигар ба забонҳои миллати ҳукмрони ин ё он давлат намоз мегузоранду китоби Худоро мехонанд.

Комрони Далер, ш.Бохтар

 

Панҷшанбе, Янв 28 2021

- Салом СССР-и азиз! Моҳи декабр Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов зодрӯз дошт, вале мутаассифона шабакаҳои телевизионии мо ин рӯйдодро фаромӯш карданд. Имрӯз, ки мо бар марги нобаҳангоми ҳар 1 аҳли ҳунару шеъру қалам гиря мекунем, бояд ба қадри гулҳои миллати дар қайди ҳаёт буда низ бирасем.

Ҷӯрабек Муродов фахри миллату муаррифгари мост. Соли 1995 ман дар Амрико будам ва он ҷо мардуми форсизабон аз ман фиттаҳои Ҷӯрабекро мепурсиданд. Соли 2010 сафари Маккаву Мадина ва ҳаҷ насибам гашту он ҷо ҳам турку арабу эронӣ аз ман дар бораи Ҷӯрабек Муродову сурудҳояш суол мекарданд. Дар тарабхонаҳои Самарқанду Бухоро низ пайваста суруди Ҷӯрабек садо медиҳад, вале чаро ТВ-ҳои мо ҳатто дар рӯзи таваллуд сӯҳбате, барномае ё соате аз сабтҳои наву кӯҳнаи сарояндаи тавоноро пахш накарданд?

Мардуми Эрон мегӯянд, ки Ҷӯрабек Муродов Борбади марвазии Осиёи Марказӣ аст ва ҳоло, ки бо мост бояд ба қадраш бирасем!!!

 

Чоршанбе, Янв 20 2021

Сараввал мехостем ба рӯзномаи мардумии СССР изҳори сипос намоям, чун дардошнову дардшунави мардум аст. Саволи матраҳ ин аст, ки бархе масъулин тамоми телевизионҳои давлативу хусусиро телевизион мешуморанду шабакаи наврасону кудакон «ТВБ»-ро аз мадди назар дур мекунанд? Магар ҳокимони мутлақи 1 вилояти калон фаромӯш кардаанд, ки имруз тарбияи ахлоқии насли наврас агар ба зиммаи волидон ва мактабу маориф бошад, пас нақши телевизион ҳам дар ташаккули ӯ таъсиррасон аст. 

  2 сол дар интизори посух….

Имруз ТВБ дар ҳақиқат ба яке аз шабакаҳои сирф кӯдакона табдил ёфтаасту  алоқамандонаш ҳам кам нестанд. Зеро ҳамаруза аз ҳаёти кӯдакону наврасон  хабару гузориш ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия ва пешниҳоди дӯстдорони олами рангини бачаҳо менамояд. Аз рӯзи аввали фаъолиятамон дар ин шабакаи кӯдакона 2,5 сол сипарӣ мегардаду то ҳол ҷавоби мактуби худро, ки 2 сол  қабл  ба унвони раиси вилоят оид ба ҷудо кардани утоқи корӣ ирсол карда будем гирифта наметавонем. Ба ростӣ аз шунидани суханони «Ҷавоби мактубро интизор шавед» ба ҷое расидаем. 

Кохи фарҳанг-номи калону деги вайрон?

Наход дар 1 вилояти калон барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани утоқи корӣ мушкил бошад? Айни ҳол мо дар бинои Иттифоқи касаба иҷоранишин ҳастему аз роҳбари ин ниҳод изҳори ташаккур мекунем, ки моро то ин дам дастгирӣ менамояд. Биёед меандешем, ки чаро ин ниҳоди ғайридавлатӣ моро дастгир асту мо, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро тарғибу ташвиқ менамоем аз мақомоти давлатӣ ягон дастгирӣ намебинем? 

Дар давраи фаъолияти кории муовини соҳавии раиси вилоят оид ба кор бо ҷомеа Хидирзода Махфират Умар ҳам пеши он кас бо ин масъала даромада будем. Он замон  дар ш.Бохтар бинои Кохи фарҳанг бунёд мегардид. Муаллимаи азиз ваъда доданд, ки аз бинои мазкур барои ТВБ утоқе ҷудо хоҳем кард. Мутаассифона муаллима баъди ба истифода додани Кохи фарҳанг бинобар сабаби тағйироти кадрӣ рафтанду мактуби мо боз беҷавоб монд. 

Барои идомаи иҷозаи фаъолияти корӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр ба муовини раиси ш.Бохтар муроҷиат карда, ҷавоби қаноатманд пайдо карда натавонистем. Муаллима бо муомилаи ба худашон хос моро то ба охир гӯш карданду сипас бо ваъдаи он, ки  кори мо ҳалли мо худро меёбад рӯҳбаланд намуданд. Баъдан чуноне иттилоъ пайдо кардем, ҳамон Кохи фарҳанги навтаъсис аз об ва барқ қарздор будааст. Шояд ба мо маълумоти бардурӯғ дода бошанд, вале ҳамаи ин баҳонае беш нест. Барои ҳалли 1 масъалаи ночиз ин қадар даводав ва мактуббозиҳо, пеши раису мансабдорон даромадан, ростӣ дилбазан шудааст.  

1 утоқи корӣ чӣ мушкил дорад!?

Дар назар барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани 1 утоқаки корӣ мушкил бошад, пас аҳволи  мардуми оддӣ, ки бо корафтодагӣ  пеши дари ҳар мансабдор навбат меистанд, чӣ бошад?

Чаро масъулону вазифадорон кашолакориро ин қадар дӯст медоранд? Дар соли 2021 умедвор ҳастем, ки масъалаи норавшани мактуби мо ҳалли худро меёбаду мо дигар дар фаъолияти кории худ монеагиҳоро бартараф хоҳем кард.

А.Нуриддин, Т.Олимов, 

хабарнигорони минтақавии МД «Телевизиони «Баҳористон» 

дар вилояти Хатлон  

Дар ҳамин маврид: Тасодуф аст ё тасодум, ки баъди сари кор омадани шахсияти бисёр дипломат ва сиёсатшинос, Маликшои Неъмат, сардамдорони Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон бе ҳеҷ дастуру огаҳии пешакӣ, утоқи кори хабарнигори музофотии СССР-ро бастанд ва хабарнигори моро дар сардиҳои алиму азим ба кӯча партофтанд. Намедонем, раиси Иттифоқи касабаи Хатлон кисту чӣ мавқеъи сиёсӣ дорад, вале бар боварем, ки Маликшои Неъмат ҳатман ба қазия расидагӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, Янв 13 2021

  

Чанде пеш Муродулло Собирӣ, яке аз хонандагони газета аз н.Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар бораи нақбҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдод, макони ҷойгиршавӣ, маблағи барои сохтмони онҳо сарфшуда ва масофаашон пурсида буд. Ба ин суол мухбири СССР аз мутахассисони Вазорати нақлиётӣ ҶТ посух гирифта, онро пешкаши Муродулло Собирӣ ва хонандагони дигари газета менамояд. Донистан хуб аст! 

Нақби «Шаҳристон»

Нақби «Шаҳристон» дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воқеъ буда, дарозиаш 5253 метрро ташкил менамояд. Ин нақб соли 2012 ба истифода дода шуда, тибқи лоиҳа барои бунёдаш беш аз 100 миллион доллари ИМА сарф гаштааст. Нақби мазкурро ширкати чинии China Road And Bridge Corporation сохтааст.

Нақби «Хатлон»

Нақби «Хатлон» (дар гузашта Чормағзак) дар роҳи Душанбе-Кӯлоб қарор дошта, дарозиаш аз 4430 метр иборат аст. Ин нақбро ширкати China Road And Bridge Corporation соли 2013 сохта, ба истифода додаст. Сармояи ин лоиҳа 70 миллион доллари амрикоӣ аст. 

Нақби «Дӯстӣ»

Ин нақб дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар наздикии мавзеи Майхура воқеъ буда, дарозиаш 900 метрро ташкил медиҳад. Ин нақб соли 2010 ба истифода дода шуда, бунёдгузораш ширкати China Road And Bridge Corporation мебошад. Маблағи сарфшуда наздики 12 миллион доллари ИМА аст.

Нақби «Озодӣ»

Нақби «Озодӣ» (дар гузашта «Шар-Шар») дар масири Душанбе-Кӯлоб ҷойгир буда, дарозиаш 2224 метрро ташкил менамояд. Он соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби ширкати чинии China Railway Construction Corporation бо маблағи наздики $ 38 миллион бунёд ёфтааст.

Нақби «Истиқлол»

 Нақби «Истиқлол» (дар гузашта Анзоб» дар масири Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воқеъ буда, дарозии он 5000 метррро ташкил менамояд. Он соли 2006 аз ҷониби ширкати эронии «Собир интернешнл» бунёд ёфта, то ба имрӯз сохтмонаш идома дорад. Маблағи барои бунёди нақби «Истиқлол» сарфшуда наздики 39 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пасон барои корҳои тармиму азнавсозии он боз 10 миллион доллари дигар ҷудо шуд.

Воқеан ҳам ин нақбро, ки эрониён сохтаанд, метавон ба халтуратарин гурӯҳи нақбҳои пастсифати олам шомил кард ва бо ҳамин ба ҷаҳониён мужда дардод, ки бо ширкатҳои эроние чун «Собит интернешнл» аслан ҳамкорӣ накунанд!!!

 Дар ҷамъ, бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 5 нақби автомобилӣ ва 23  долони зиддитармавӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Барои нигоҳдорӣ ва равшаннамоии нақбҳо моҳи октябри соли 2019 Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ” таъсис дода шуд. Фаолияти ин ширкат низ хеле заъиф аст. Зеро бидуни нақби “Шаҳристон” дигар ҳама тунелҳо, ба вежа нақби Истиқлол, Озодӣ (Шар-Шар) ва Хатлон (Чормағзак) шабонарӯзӣ торику ниматориканд. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

саҳ 4 аз 65

Китобҳо

Flag Counter