ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Авг 12 2016



Рӯзи 10 август дар шаҳри Сочи вохӯрии муъовинони Вазорати корҳои хориҷаи давлатҳои аъзои ОДКБ баргузор гардид, ки дар он Котиби генералии ин ташкилот Николай Бордюжа иштирок дошт. Дар вохӯрӣ рафти чорабиниҳои то охири соли 2016 ба нақша гирифтаи ОДКБ ва тайёрӣ ба сессияи 71-ми ТММ (ООН)-ро дида баромаданд. Ҳамчунин вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ОДКБ дар назар аст, ки моҳи сентябр дар шаҳри Ню-Йорк гузаронида хоҳад шуд. Иштирокдорони вохурӣ назари хешро дар мавриди мушкиливу низоҳои замон иброз доштанд.

Ҷумъа, Авг 12 2016


Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Хатлон беш аз 100 хабарнигори расонаҳои дохилӣ, мустақилу хориҷӣ ва фаъолони аҳзоби сиёсии минтақаро дар 1 конфронси илмӣ-амалии худ гирди ҳам оварда, бо сипоснома сарфароз намуд. Хабарнигори газетаи мардумии СССР дар вил.Хатлон-Баҳодур Уроқов аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар вил.Хатлон-Аҳмадҷон Адизода ба сипоснома сарфароз гардид.







Ҷумъа, Авг 12 2016


Салом, СССР! Дар мавсими гузаштаи ҳаҷ бо даҳҳо нафар дар маконҳои муқаддас ҳамгап шуда, пурсидам, ки оё пора додаанд? Қариб ҳамаи ҳамсӯҳбатон гуфтанд:
-Бе додани пора имкони ба ҳаҷ омаданро надоштанд!

Панҷшанбе, Авг 11 2016

 

Аз рӯи пешниҳоди президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Озарбойҷон соли 2016 «Соли мултикултурализм» эълон шудааст. Таҳаммулпазирӣ ва мултикутурализм дар Озарбойҷон решаи таърихӣ дошта, дар ҷамъияти Озарбойҷони муосир рушд ва дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ карда шудааст. Дар давраи мустақили Озарбойҷон аз тарафи Пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар сатҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ афзалиятҳои сиёсии таҳаммулпазирӣ ва мултикултурализм муайян гардидааст. 

Чоршанбе, Авг 10 2016

Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вил.Хатлон 1 ҳолати хариду фурӯши ашёҳои таърихӣ, аз ҷумла, 3 адад "икона" ва 19 адад ордеру нишонҳои сарисинагии иштирокчиёни ҶБВ аз сокини ш.Қурғонтеппа мусодира шудааст.

Душанбе, Авг 08 2016

Рӯзи 12.08.2016, соати 18:00, дар толори Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан» шоми эҷодии Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон-Хосияти Зарафшонӣ ва Ортиқи Қодир зери унвони «Ҷавҳари ҳастӣ» ба гиромидошти Зан-Модар ва истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

саҳ 74 аз 83

Китобҳо

Flag Counter