Устод Шарифи Исрофилниё-донишманди маъруф ва аз ҳофизшиносони барҷастаи Адабиёти қарни 20-21 меҳмони газетаи мардумии СССР шуд. Устод аз нашри асари «Шарҳи мунтахаби ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» (бо ҳаммуаллифии М.А.Султонмамадова) 1 нусха барои СССР ҳадя кард. Китоб бо теъдоди 5000 нусха, дар матбааи ҶДММ «Бебок» чоп шудааст. Шореҳ дар маҷмуа ашъори мунтахаби одамушшуаро Рӯдакиро бо ҳарфи кириллию форсӣ ва ҳар байти онро бо вожаҳои душворфаҳмаш шарҳ додааст. Фарзи мисол:
Журналисти шинохтаи Тоҷик, Абдуқодири Абдуқаҳҳор-раҳбари китобхонаи шаҳрӣ ба номи А.Лоҳутӣ "Донишномаи ҷаҳонии кӯдак"-ро аз русӣ баргардон ва нашр намуд. Донишнома ва ё энсиклопедияро имкон дорад ҳамчун дастур ё адабиёти беруназсинфӣ барои мактабиён (синфҳои ибтидоӣ)-и кишвар истифода бурд. Дар 10 боби донишнома бештар аз 1000 саволу ҷавоб бо тасовири ранга ҷой гирифтаанд, ки барои такомул ва васеъшавии ҷаҳонбинии атфоли Тоҷик мусоидат мекунад ва сахт муҳиманд. Хотиррасон мекунем, ки донишнома аз ҷониби Сарредаксияи энсиклопедияи миллии кишвар ба нашр расидааст. Ин китоби хеле азиз, ТӮҲФАИ идонаи Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар Иди рамазон ба атфоли Тоҷик буд ва ӯ 1 дирам гонорар талаб накардааст! Брависсимо, Абдуқодир! Ибтикори ту воқеан ҳам идеалӣ-мусалмонист! Аз миллиону миллиард ришдораке, ки исломро дар ҷиҳоду тасбеҳу фиребу тазвиру худнамоӣ мебинанд, Абдуқодир рафтори мусалмонитар кардааст, ки ин Рамазону ин Ид ҳалолаш бод!
Хурсандам аз он ки газетаи СССР дар водии Зарафшон беш аз пеш мардумӣ мешавад ва шояд ягона нашрияест, ки чун оина ҳаёт Тоҷикистонро беғаразона ба риштаи таҳрир мекашад. Хаёл мекардам одамон рӯзнома намехонанд, аммо шукри худо, ғалат кардаам. Мехондаанд!
2 июли соли 2016 дар майдони 70-солагии Водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Гулбазми Хатлон» баргузор мегардад, ки ҳадафи он тарғиби ободонӣ ва шукуфоии кишвар тарбияи зебоипарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва маҳали зист, ташвиқи гулпарварӣ дар маҳал, оила, ҷойи кор ва дарёфти намудҳои гуногуни гулҳо ва нафарони гулпарвар.
Боби 1. Шариф, яъне Асил ва Баландрутба...
Ҳич наметавонам ин сутурро нависам...Дареғу дод, ки маҷбурам...Хеле гарон аст, дар бораи марги фурсатғанимати Дӯсте чун шарифи Мисайзод навиштан. Ин ба он монад, ки дубора Дӯстатро зинда кунониву боз ба хок супорӣ. Он нафаре дарди дили маро дарк мекунад, ки соҳибдили соҳибқалам аст.
Шариф ба ҳадде дӯстонро дӯст медошт, ки боре дар ҳузури ҳамкурсон гуфта буд:
-Мехоҳам пеш аз ҳамаи шумо мирам, то дарду доғи ҷудоии ягон нафаратонро накашам...
Ин муҳаббат ба ҳамкурсоне буд, ки ЯГОН нафараш аз Душанбе то Кӯлоб аз паси тобуташ нарафт. Аҳсант ба бачаҳои ҳамсабақи дигар, ки аз Вахшу Хатлону Фархору Кӯлоб бо дидаҳои боронӣ сари тобуташ, дар деҳаи Пушёни Поин, рост меистоданд...
Менависам!!!!!!!
Боби 2. Староста
Шиносии мо аввали декабри соли 1996, 30 сол муқаддам шуруъ шуд, ки ба дӯстии қавӣ табдил ёфт. Ман аз Армияи Советӣ омадам ва дар хонаи №17 бо дӯстони ҷонӣ-Бахтиёр Нурматов, Рустами Хомарахш, Равзатулло Раҳмонов ва Абдуссалом Паҳлавонов ҷо гирифтам. Ҳанӯз пурсупоси нахустини мо, ки ҳамагӣ баъди адои фарзи ҷавонмардӣ-хизмати сарбозӣ, боз бо ҳам шуда будем, поин нашуда, ки дар кушода шуду ҷавони навчаи хеле ва хеле зебо даромадаву бе ҳеч тардид худро ба оғӯши ман партофт. Аз ҷо бархестам, ки пойҳояш аз замин канда шуданду дастонаш дар гарданам ҳамоил. Оҳиста маро раҳо карда, оҳе кашид. Гуфтам, ин кисту чаро маро чунин танг оғӯш гирифтаву ҳоло оҳ мекашад?
Худаш посух дод ҷои дӯстонам, ки механдиданд. Гуфт:
-Маро гӯл заданд! Ба ман Бибиҳавво Шарофова, зеботарин духтари факултет, гуфта буд, ки Шариф парвои қадди пастат накун, 1 тани дигар ҳам ҳаст, ки мисли ту қадду баст дорад. Аз Армия баргаштаву дар курси ту хоҳад хонд. 2 сол интизорат будам. Инак, мебинам, ки ту ҳам «дарозӣ»...
Садои ханда буланд шуд. Гуфтамаш, туро фиреб надодаанд, воқеан ҳам ман пастқомат будам, вале Армия обутобам дод.
Ҳамагӣ чанд рӯз баъд дар аудиторияи, агар хато накунам, №520 нишаста китоб мехондам. Шариф омаду гуфт, «ту арзандаи старостаи гурӯҳӣ. Ҷои ман ҳалолат бод!». Чун сабаб пурсидам, фаҳмидам, ки ҳамкурсон ба хулосае омада будаанд, ки «аз ҳисоби бачаҳои аз аскарӣ баргашта, старостаро иваз кунанд». Филфавр бархостаму гуфтам:
-То ман ҳастам Шарифи Мисайзод старостаи ман аст!
Бо ҳамин ҷаласа доир нашуд ва Шариф то рӯзи 16.06.2016 старостаи гурӯҳи мо боқӣ монд...
Боби 3. Шоир
Хеле дили пурэҳсос ва нозук, ки дошт, шеър ҳам мегуфту тарона ҳам менавишт. Ошиқонаш қатор-қатор буданд. Сайфиддин Насруллоев-шарикдарсамон мегуфт:
-Аҷиб аст, ки ин қадар духтарҳои хушрӯй ва ҳамқадди хешро аз куҷо ӯ меёбад?
Воқеан ҳам рӯзе набуд, ки паҳлӯяш 2-3 духтарчаи зебо набудӣ. Боре бо якеш дидамаш, ки маро диду гуфт:
-Сайёф! Шинос шав, ин ҷони ман аст! (Усулан духтарҳоро ҳамингуна муаррифӣ мекард)
Гуфтам:
-Духтарҷон, ба доми ин наафт, ки Кошей бессмертный барин 100 ҷон дорад...
Шӯхӣ кардам, вале он духтар ба ҷидд гирифту домани Шарифро раҳо карда рафт. Шариф хафа шуд...Тақрибан ягон ним соат, яъне то он даме, ки Ҷони Навбатиашро наёфт. Лабхандаш задаву гуфтам:
-О, гуфтам-ку 100 ҷон дорӣ...
«Ӯ ба 1 дил ошиқи 100 оташинрухсора буд!» ва шеър менавишт бо тахаллуси ба худаш зебанда:
-Шарифи Шайдо...
Вале ишқи Шариф ҳаргиз полуда набуд. Ӯ ҳар духтарро мисли Гул мепарастид ва ҳаргиз доғи озор бар ӯ раво намедид. Ин аст, ки то ҳанӯз саф-саф муҳибонаш ӯро меҷӯянд ва имрӯз садҳо тан ҳатман гиря доранд...
Гарчӣ сӯзондӣ маро ту,
Номаҳоямро масӯзон!
Ҳамин мисраъ ёдам меомад, ки ба Нисо-яке аз он гулдухтарони овони ҷавонии Шариф бахшида шуда буданд. Тифоқо ҳамин лаҳза ӯ занг задаву бо гиряву фиғон гуфт:
-Акои Сайёф, бигӯ, ки ин овоза дурӯғ асту Шарифи ман дар паҳлӯят нишастаасту шумо ҳар дуятон боз моро гӯл мезанед...
Оҳ, чӣ қадар мехостам, ки ин дурӯғи ширини навбатии ману Шариф будӣ...афсӯс...
***
Агар Маҷнуну Лайлое гузашта,
Юсуфеву Зулайхое гузашта.
Бигӯянд кош, ки баъди сари мо,
Ки Дунёеву Шайдое гузашта.
***
На дил дорӣ, на дилдорӣ ту, эй гул,
На ғам дорӣ, на ғамдорӣ ту, эй гул.
Ту дил дорӣ, вале меҳру муҳаббат,
На кам дорӣ, на бисёре ту, эй гул.
***
На сӯзу не шароре дорӣ, эй дил,
На авҷу не бароре дорӣ, эй дил.
Магар девонаӣ охир дил, эй дил?
На сабру не қароре дорӣ эй дил.
***
Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Гули бишкуфта дар кунҷи дили ман.
Чу гул пажмурда гардад, во дареғо,
Набишкуфад дубора дар дили ман.
***
Гаҳе бо дилбарон бошӣ дили ман,
Гаҳе бо духтарон бошӣ гули ман.
Хаёлам Моҳи тобони шаби тор,
Миёни ахтарон бошӣ гули ман.
***
Ба чашмони сиёҳат ошиқам ман,
Қади сарву нигоҳат ошиқам ман.
Намудӣ мӯи худро майдабофӣ,
Ба ҳар як тори мӯят ошиқам ман.
Боби 4. Патриот
Бо ҷуссаи хеле хурд, хеле Дили Бузург ва Ҷасорати Пиндор дошт! Вақте ки ҳукумати конститутсионӣ барқарор гашт, аз нахустинҳо шуда, ба Душанбе ба кор омад. Январи соли 1993 аз осмон тир меборид, дар пойтахту дар ҷӯйҳо хун мешорид! На ҳар кас ҷасорати ба Радиову Телевизион омадану тавони даъват ба Сулҳу Салоҳ ва Ваҳдатро дошт. Дар қатори 6-7 тани дигар, Шарифи мо аз нахустинҳо шуда омад. Зеро медонист, ки дастгоҳи бузургтарини таблиғу ташвиқи сулҳ холӣ мондааст.
Ба Радио омад ва мурвати зангзадаи онро тоб доду нидо кард:
-Ҳукумат барқарор ва қонун ҷорӣ шуд, мардум! Ба зиндагонии рӯзмарра баргардед!!!
Он замон журналист ба маънои камикадзе-маргфидо буд. Журналистонро, ки даъват ба сулҳ мекарданду зидди ҷанг ҳарф мезаданд, аз ҳар 2 ҷониби даргир, мисли кабк шикор мекарданд. Юрчик ҳам мекушту вовчик ҳам. Зеро зиндагонияшон ба автомат вобаставу ҷанг касбу корашон гашта буд...
Вале Шариф мунодии Сулҳ, Халъи Силоҳ ва Ваҳдати Миллат шуд. Ӯ аз роҳаш ҳаргиз барнагашт ва то охирин лаҳзаи умр корманди Радио боқӣ монд. Ин дар ҳолест, ки гузориши видеоиву радиоиву интернетиро дар борааш на ин даргоҳи муқаддас, ки...Радиои Озодӣ кард ва ҳине ки тамомии Радиоҳои ғайриҳукуматӣ аз маргаш хок бар сар задаву мардумро хабар мерасониданд, Радиову Телевизиони дӯстдоштааш...хомӯш буд...
Боби 5. Миёнарав
Муҳимтарин миёнчӣ ва мунодии Сулҳи Тоҷикон Шарифи Мисайзод бо ҷамиъи дӯстонаш аз барномаи «Хоки Ватан» буданд. Маҳз ин барномаи радиоӣ сабаб шуд, ки садҳо ҳазор Тоҷики бе Ватан, бе Орзу, бе пуштибон ва ноумед дубора ба Ватан баргарданд. Ин бузургтарин дастоварди Тоҷикон дар тӯли 5 соли ҷанги гражданӣ буд. Зеро агар ин мардум барнамегашт, оппозитсияи ҷангандаи исломӣ дар он сӯи марз лагерҳои омодасозии террористони наврасу хурдсолро роҳандозӣ мекарду ҷанги мо асрҳо тӯл мекашид. Шарифи Мисайзод&Со тавонистанд таккурсии ин ҷангро барандозанд ва мардуми гурезаро бозгардонанд!
Ҳукумат бояд кормандони ин барномаро якояк бо ордену медалу ҷоизаҳои давлатӣ мушарраф созад. Шариф нест, вале командаи ӯ ҳаст. Ақаллан ба қадри онҳо расед, то арвоҳи шарифаш аз мо розӣ бошад...
Боби 6. Қонеъ
Бо ҳама манзалате, ки дар Радио дошт, аслан аз Давлат, Ҳукумат, Ватан, Миллат тамаъ надошт. Зиндагинома ё худ CV-и ӯ холист: на унвоне дошт, на ҷоизае, ҳатто на медалчае, ки ҳамарӯза ва пайваста ба сару китфи беҳунарон насб мешавад. Ва парвои ин ҳамаро низ надошт. Танҳо гоҳ-гаҳ, ки ҷавонони ғайюри ҳамкораш барои эфир баромаданаш монеъа эҷод кардаву маъталаш мекарданд, бо лабханд мегуфт:
-Мо акнун аз шогирдон вобастаем...
Чандин нафар дар садорати Радиои Садои Душанбе иваз шуд. Вале боре ҳам пуршунавандатарин корманди ин ниҳод-Шарифи Мисайзодро ақаллан «ради галочки» барои директории он пешбарӣ накарданд.
Боби 7. Микрофон
Бо ин ҳама аз кораш меболид. Кайфийят мебардошт. Зеро ӯ микрофон дошту шунаванда. Гарав мебандам, ки дар Радиои Тоҷикистон маъруфтар аз ӯ ровӣ набуд, ки баробари садояшро шунидан, мардум сӯяш майл кардаву шинохта бошандаш. Солҳо дардманд буду бо азобе садо мебаровард. Вале баробари гирифтани микрофон-ин хоҳ микрофони Радио бошад ва ё хоҳ баландгӯяки тӯй, пар мебаровард, эҳё мешуд, Рустами дастон мегардиду майдондорӣ мекард. Овозаш чун раъд садо медод, чун дарё мехурӯшид, чун тундар дар наво меомад. Аз ӯ дида, ровии вораста намеёфтӣ! Соатҳо сухан мекарду механдонду мешӯронду метафсонд маъракаҳоро ва ҳич намегуфтӣ, ки ҳамин Шарифест, ки маризу дардманд аст. Ва чун микрофонро мегузошт, дубора заъфу дарду маразаш руҷуъ менамуд. Чунин Одами уникум ва Марди Суханро шахсан ман дигар надидаам...
Боби 8. Латифгуфтор
Вале ин ҳама ҳунараш пеши истеъдоди фитрияш-латифгуфторӣ ҳеҷ буд!!! Шариф лутфе намакину ширин дошт, ки дигаронро Худо насиб накарда: Ӯ соатҳо маъракаро механдонд, вале ҳатто 1 нафарро намеранҷонид! Мухотаби аксарияти кулли лутфҳояш худи Шариф буд. Ӯ худро ҳаҷв мекард, то мардум хандаду хандаду хандад...
Ин ҷо чанд шаккаргуфтаҳояшро меорем, ки айни савоб аст:
«Осори мурда»
Шариф дар маҳфиле дар бораи шоирони муосири бадахшӣ бо ифтихор сухан гуфта, аз 1 тан донишҷӯи бадахшӣ мепурсад:
-Шоир Муҳиддин Шоҳинбоди Бадахширо медонӣ?
Донишҷӯ ба ҷои посух аз Шариф мепурсад:
-Ӯ дар кадом аср зиндагӣ кардааст?
-Охири асри ХХ ва авали асри ХХ1-мегӯяд ӯ.
Донишҷӯ:
-Осораш мондагӣ аст?
Шариф бо афсӯс, вале бо лутф мегӯяд:
-Осораш «мурдагӣ» худаш мондагӣ…
***
«Кайфалун»
Дар маҳфили фарҳангии шеъру таронаи гурӯҳе аз дӯстону ҳамсабақон Шарифу Сайёф маҳфилороӣ доштанду аҳли маҳфил ҳама «кайф» мекарданд. Ҳамин замон 1 нафар «меҳмони нохондаи ширакайф» ба маҳфил ҳамроҳ шуду «кайф»-и маҳфилу маҳфилиёну маҳфилороёнро паронд. Сайёф дар 1 лаҳза он «меҳмон»-ро аз маҳфил берун кард. Шариф ҳадаҳа дуторашро «ҷӯр» карда, бадоҳатан ҳамин «шоҳбайт»-ро зам-зама мекунад:
Ҳар кӣ андар маҳфили мо мепаронад «кайф»-и мо,
«Кайфалунаш» мекунад дар ҷои шишташ, Сайфи мо.
***
Мисайзод «гузашт»!
Дар рафти санҷиши эҷоди (аттестатсия )-и Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ муовини раиси Кумита, Садриддин Шамсиддинзода, ки аз таҳияи гузориш ва хабарҳои оҷилии хабарнигори радиои Садои Душанбе-Шарифи Мисайзод огаҳ аст, хоҳиш мекунад, ки 1 хабари фаврии фоҷиавии пурҳангома нависад. Мисайзод чунин хабарро навишта пешниҳод месозад:
«Хабари сиёҳ»
Имрӯз муҳаррири варзидаи шабакаи радиои Садои Душанбе-Шарифи Мисайзод аз зери теғи табибони ҷарроҳи қалби Беморхонаи клиникии шаҳрӣ «раҳо» ёфта, аз зери теғи нигоҳи зеботарин муовинзани Кумитаи ТВ ва радио, Назира Амирбекзода уфтода, баъди фаъолияти 25-солаи эҷодӣ, дар синни 1 кам 50-солагӣ аз … санҷиши эҷодӣ «гузашт».
***
Бӯи Ватан
Дар наздикии Хонаи Радио Шарифи Мисайзод бо узви фаъоли Маҳфили Хайрандеш, шоир Ҳикматуллои Шералӣ, ки «ширакайф» буд, вохӯрда, оғӯшсалом мекунаду мепурсад:
-А бача, камнамоӣ, дар куҷоҳо мегардӣ?
-Дар ватан будам… Бӯи Ватана ҳис накардӣ?- мегӯяд Ҳикматулло бо ҳайрат ба ӯ нигариста.
-Бӯйро ҳис кардам,- мегӯяд Шариф ва баъди каме таваққуф илова мекунад:
-Лекин нав фаҳмидам, ки Восеъ бӯи «Столичний» мекунад…
***
Хирагӣ
Айёми донишҷӯӣ устоди журналистика, профессор Воҳид Асрорӣ гоҳо таъкид мекард, ки «Журналистика «хира»-гӣ ҳам ҳаст»! Боре ҳангоми имтиҳон Шарифи Мисайзод барои гирифтани баҳои «аъло» назди устод «хирагӣ» мекунад. Ниҳоят устод ба ӯ саволи иловагӣ дода, мепурсад:
-Журналистика чист?
-Ба таъбири устоди бузурги мо, парчамбардори журналистикаи советии Тоҷик, Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ, «журналистика... гоҳе хирагӣ ҳам ҳаст», -мегӯяд бо лутф Шариф. Устод аз ин ҷавоб хушҳол шуда, ба шогирди хирааш «отл» мемонад.
Боби 9. Д(м)ар(г)д
Ӯ дардманд буд. 1 табиби хасакӣ бо исми Миршоҳӣ аз Фаронса омадаву 13 нафарро дар Душанбе ба ҳайси таҷруба-эксперимент, ҳуҷайраи зинда ё афзоянда бар қулубашон андохт. Медгородок хабаргирияш рафтам. Хурсанд буд, ки акнун аз дард мераҳад. Вале ҳайҳот, боқии умраш дар ҷадал бо маргу зиндагонӣ паси сар шуд. Аз ин 13 дардманди таҷрубавӣ, мегӯянд, аксарият, беш аз 6 ё 7 тан, фавтидаанд. Боқӣ ҳоли зоре доранд! Воқеан ҳам агар чунин аст, пас бояд ба ин табиб парвандаи ҷиноӣ кушоянд ва аъмолашро профессорҳои кардиолог санҷанд...
Вале Шариф дардашро пинҳон медошт. Намехост хори дидаи дӯстон гардад. Зеро Мард буд! Мард, ки буд, на аз дард метарсиду на аз марг. Бо марг шӯхӣ мекард. Кӣ нашнидааст, аз забони ӯ, ки «ман мемираму ғам нахӯред?»... Ва ин суханро бо табассум ва ханда бар лаб меронд. Мисле, ки мегуфт: «Дардам хуруҷ карду ба беморхона оварданд. Занам нохост занг задаву гуфт: Шариф, светамон мурд! Гуфтамаш: Ин дарди ба хайр. Ман мирам чӣ кор мекунӣ?»...
Боби 10. Валӣ
Ӯ медонист, ки 50 сол умр хоҳад дид. Дӯстон ёд доранд, ки 6.01.2016 ба юбилеяш мардумро ингуна хабар мекард:
-Ин охирин зодрӯзи ман аст! Био!!!
Медонист ва ана ҳамин санаро низ танз мезад. Рӯзи 6 январи соли 2006, дар 40-солагияш ба кисаи Шариф 50 доллар гузоштаву гуфтам:
-Худо 100-сола шавӣ!
Бо лутфи танҳо ба худаш хос гуфт:
-Номаъқул кардӣ! Инро 100 куну умрро 50...Кифоя аст...
10 сол барои ин лутфаш механдидем. Имрӯз дарк кардем, ки ӯ шӯхӣ накарда будааст...
Эпилог
Соли 1986, 30 сол муқаддам, бо Шарифи Мисайзод, ҳар дуямон дар ошхонаи студентии «Лағмон»-рӯбарӯи корпуси 6-уми Университет чошт мехӯрдем, ки ҷӯгие омаду гуфт, «фол мебинум-фоли ҳалол мебинум». Шариф, ки нисбат ба мо «бойбача» буд, филфавр 1 рубл ба дасташ қаппонда гуфт:
-Маро фол бин, ки чанд сол умр мебинам?
Ҷӯгӣ дасти ӯро ба каф гирифта, дуру дароз нигоҳ кардаву гуфт:
-Умри пурбаракат хоҳӣ дид. Одами шинохта мешавӣ. Одамон бо ту фахр хоҳанд кард...
Шариф пофишорона гуфт:
-Чанд сол умр мебинам? Инро бигӯ, эй ҷӯгӣ.
Ҷӯгӣ гуфт:
-Умри дароз... 50 сол умр мебинӣ...
Қиёфаи Шариф тағйир хӯрд. Гуфтамаш, Шарифо! Аввал ин ки ин ҷӯгӣ хока намедонад, дуввум ин ки 30 соли дигар магар кам аст???
То маргаш ҳар боре дучор меомадем, Шариф мегуфт:
-Сайёф, ҳамон ҷӯгиро ёд дорӣ???
Чун ба 50 наздик мешуд, мегуфтамаш:
-Оре, ёд дорам, ки гуфта буд, Умри дароз хоҳӣ дид...
Дар бораи 50 ҳарф намезадам. Маънидорона табассум мекард...
...Воқеан умри Шариф хеле дароз аз ин 50 сол аст. Зеро ӯ номашро дар қалби миллат барои ҳазорсолаҳо тилокӯб кард...
Инно лиллоҳи ва ина илайҳи роҷиъун...
Мард намирад ба марг; Марг аз ӯ ном ҷуст!
Ном чу ҷовид шуд: Мурданаш осон куҷо?!
PS: Инқилоби охирини Шариф
16.06.2016. Соат ба вақти Душанбе 12:05 дақиқа.
Вақте ки тобути Шарифи Мисайзод омодаи реҳлат ба зодгоҳаш буд (тибқи васияти охиринаш ӯро бояд паҳлӯи модараш ба хок медодем), нафаре омаду гуфт:
-Акои Сайёф, Шариф васият карда буд, ки рӯи ҷанозааш маросими хайрбод баргузор кунанд...
Мо низ ин митинги хайрбодро оҷилан баргузор намудем. Садҳо, ҳазорон нафаре, ки ба ҷанозаи дӯсти ширинсуханашон омада буданд, ҳатто ба чашмони худ бовар намекарданд, ки мешудааст, дар ин пойтахти кишвари дунявии табдили тафаккур ба вомондагии асримиёнагӣ намуда, маҷлиси хайрбод баргузор кард...
Бе шакку тардид. Шарифи Мисайзод пас аз марг низ ИНҚИЛОБ дар майнаҳои мо кард. Зеро дар ин пойтахт, ки дигар наметавон онро дунявӣ ҳисобид, ҳафтае пеш бе ягон узру пузиш, бузургтарин сиёсатмадорони 2 асри ахир-Султон Мирзошоев ва Қаҳҳор Маҳкамовро бе маросими видоъ бурдаву ба дасти муллоҳо супурда буданд. Шариф чунин нахост! Рӯҳи саркашаш хост бо аҳли сухан хайрбод кунад. Ва чӣ хуб гуфт, Бобохон Сатторзода-масъули кумитаи РТВ, ки
«Мурданро ҳам аз Шарифи Мисайзод бояд омӯхт!»...
Дар Пушёни Поён
16.06.2016. Соат ба вақти н.Восеъ 17:06 дақиқа.
Дар деҳаи Пушёни Поёни н.Восеъ бо ибтикори ҳукумат ва фаолони ҷамъиятӣ маросими бузургтари хайрбод бо фарзанди фарзонаи ин диёр-Шарифи Мисайзод баргузор шуд. Ин ҷо баландгӯяку микрофонҳо-асбоби дӯстдоштаи марҳумро Субҳон васл намуд ва ҳудуди 50 дақиқа, дӯстону ҳамкорон, ҳамсабақону мухлисин аз ҳунару истеъдоди фитриву патриотизму ватанпарастии Шарифи мо сӯҳбат карданд. Дар ин муддат ба масал пашшае пар намезад ва хурду калон гӯшу ҳуш шудаву корномаи зиндагонии марҳумро гӯш меандохтанд.
Зиннатуллои Исмоил-раиси ИЖТ чӣ хуш гуфт, ки «баргузории чунин маросими видоъ бо гулҳои сари сабади ин давлат чӣ қадар ҷавонону наврасонро аз роҳи бад баргардонидаву ба Давлату Ҳукумат қарин месозад. Зеро инҳо қадршиносии патриотҳоро дида, ҳатман патриот хоҳанд шуд!».
Чунин маросими хайрбодро бо фарҳангиён ҳатман бояд шаҳрдори Душанбе низ ба пойтахти азизи мо баргардонад.
Мо медонем чӣ мегӯем. Мо Метавонем!
С. Мизроб
19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои таърихи ба ҳисоб меравад, дар як шароите ҷашн гирифта мешавад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Давлатӣ қарор доранд. Воқеан, Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар