ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 23 Декабр 2016 16:01

Нафақагир Абдурауф Саидмуродов, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Зафаробод ба СССР занг задаву гуфт, ки дар тамоми ҷаҳон ҳатто ғайримусулмонон аз Қуръон истифода бурда, кашфиётҳои калон мекунанд, олим мешаванд, мақсаду таркиби Қуръонро фаҳмида, ба мусулмонӣ рӯ меоранд, аммо мо бошем, Қуръонро дар мактабҳо намеомӯзем! Барои чӣ? Агар хоҳем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар амал татбиқ гардад, бояд аз Қуръон дар мактабҳо дарс ташкил карда шавад. Аз ин ҳам ҷавонон бурд мекунанд, ба корҳои ношоиста даст намезананд ва ҳам толибилмоне, ки донишкадаҳои исломиро хатм мекунанд, ба кор фаро гирифта мешаванд.

 

Ҷумъа, 23 Декабр 2016 15:53

 

Узви Ихвон-ал-СССР, Файзалӣ Ниёзов, сокини деҳаи «1 Май»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки мехостам дар бораи соҳибкорӣ андешаамро гӯям. Имрӯз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон озод шудааст. Соҳибкорон чӣ коре хоҳанд, мекунанд, ягон монеа надоранд. Соҳибкороне, ки молҳояшонро аз хориҷа фармоиш медиҳанд, минҷумла, сару либосҳои мактабиро, тамоман бесифатанд. Бесифат ба он маъно, ки дар пушти либосҳо номи Тоҷикистони моро хато менависанд: Tojikston. Шакли дурусташ Tojikiston аст. Нозири амволи воридотӣ кист? Муҳимаш ин ки барои чӣ либосҳои тобистонаву зимистонаро дар дохили Тоҷикистон фармоиш намедиҳанд. Текстил дорем-ку?

 

Ҷумъа, 23 Декабр 2016 12:03

Ҷониби Тоҷикистон дар ҷавоб ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки аз соати 00:00-и 23.12.2016 аз тарафи Русия ба 1 қатор минтақаҳои ин кишвар манъ гардид, парвозҳои ширкати русии «Уральские авиалинии»-иро аз соати 12:00-и рӯзи 23.12.2016 манъ кард.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ иттиллоъ доданд, ҳайати кории коршиносон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи кишвар тайи 2 рӯзи охир дар Маскав қарор дошта вобаста ба қазияи пешомада бо ҳамтоёнашон гуфтугӯ доранд, аммо ҳанӯз ба ифоқа нарасиданд. Қатъу манъи парвозҳо характери муваққатӣ дошта пас аз ҳалли қазияи мазкур тақдири ин парвозҳо маълум хоҳад шуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки ба ҷуз парвозҳои самти Маскаву Санкт-Петербург, парвозҳои Оренбургу Қазон ва Новосибирскаш аз имрӯз қатъ гашт, дар ин бора баёнияи расмӣ омода дорад ва қарор аст онро соатҳои наздик паҳн намояд.

 

СССР

 

Ҷумъа, 23 Декабр 2016 09:42

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат, соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Ин нуқта дирӯз дар Паёми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар 3 соли охир мунтазам афзоиш ёфта, 2 баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

 

СССР

 

Панҷшанбе, 22 Декабр 2016 13:47

Панҷшанбе, 22 Декабр 2016 13:42

Баъди он, ки Шералӣ Ганҷалзода-вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон танҳо барои як парвози ҳавопаймои ширкати ҳавоии русии Ямал аз фурӯдгоҳи Жуковскский-и Маскав ба Душанбе иҷоза додааст, самолёти ширкати «Ямал» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ёдрас мешавем, ки парвозҳои самолети ин ширкат дар чанд рӯзи ахир баҳси сахтеро байни Душанбе ва Маскав барпо карда буд…

 

Панҷшанбе, 22 Декабр 2016 11:19

22.12.1943. Шӯрои Коммисарони Халқ (ШКХ)-и СССР матни Гимни нави давлатии аввалин кишвари Шӯроҳоро тасдиқ кард. Ногуфта намонад, ки аз соли 1922 то с.1943 дар СССР ба ҳайси гимни давлати суруди фаронсавии "Интернатсионал", ки ба коммунаи Париж бахшида шуда буд, истифода мешуд.

Панҷшанбе, 22 Декабр 2016 10:55

7.12.2016. Соат бо вақти Душанбе 17:00 дақиқа. Ба фурудгоҳи пойтахт меоям, ба расмиятдарории чиптаву бағоч ба хатсайри Душанбе-Хуҷанд оғоз шудааст ва ман низ, ки бо супориши редаксия озими ин шаҳри бостонӣ шудаам, аз паси мусофирон навбат мегирам. Бақайдгирии чиптаву бағоч ба парвозҳои дохилӣ, аз ҷумла, Хуҷанду Хоруғ ҳоло аз терминали қаблӣ сурат мегирад. Бе ҳаёҳӯй чиптаро қайд намуда бағочро месупорам ва пас аз тафтиши кормандони назоратии фурудгоҳ ба толори интизории пеш аз парвоз мегузарам. То вақти парвоз-18:00 ҳоло 40 дақиқа вақт дорам, гӯшаеро интихоб намуда, шумораи нави газетаамонро, ки то ҳол фурсати хонданашро надоштам, мекушоям.

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter