ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 27 Декабр 2016 11:40

Узви Ихвон-ал-СССР, Шукрулло Маҳмадалиев, хонандаи синфи 11 аз ноҳияи Восеъ бо телефони 93 191 46 61 ба СССР занг задаву гуфт, ки яке аз мушкилоти умда дар замони имрӯз ин терроризму ифротгароист, вале ин дигар барои ман аҳамият надорад. Барои ман муҳим он аст, то бидонам пушти ифротгароӣ кӣ меистад. Барои ман аҷиб ин аст, ки чаро Амрикову Русия-2 давлати абарқудрати ҷаҳон натавонистанд, вазъро ба эътидол оранд? Пушти косаи ҷиҳод аниқ нимкосае ҳаст. Маълум, ки аз рӯзи оғози ҷанг дар Ироқу Сурия нефт ройгон ба ИМА мераваду дар дасти муҷоҳидон бошад яроқу аслиҳа, техникаҳои ҷангӣ истеҳсоли Русия аст! Яъне ноором боқӣ мондани вазъ дар 2 кишвари мусалмонӣ ба манфиати онҳост. Аз ин рӯ, амдан ҷангро кашол медиҳанд. Ироқу Сурия бозори бизнеси ИМАву Русия ва ҳамкорони онҳост…

 

Сешанбе, 27 Декабр 2016 08:53

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси ш. Душанбе дастур додаст, ки то санаи 26.12.2016 арчаи асосии кишварро, ки ҳамасола дар майдонии «Дӯстӣ»-и пойтахт гузошта мешавад, оро дода барои пешвоз ва таҷлили соли нави мелодии 2017 тамоми хиёбону кӯчаҳо, назди биноҳои маъмурӣ ва боғҳои пойтахтро бо лавҳаҳои идона оро бидиҳанд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси ш. Душанбе хабар доданд, базми идонаи шаҳрдорӣ барои кӯдакону наврасони пойтахт рӯзи 29.12.2016 соати 10:00 дар бинои Сирки давлатии мамлакат сурат гирифта шоу-барномаи калони консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони эстрада шоми 31.12.2016 аз соати 19:00 то соати 21:00 идома хоҳад ёфт. Барномаҳои идонаи шаҳрдорӣ бо мушакпарронӣ – фейерверк хотима меёбанд.

 

СССР

 

Душанбе, 26 Декабр 2016 12:26

 (Памфлет)

Душанбе, 26 Декабр 2016 12:19

Корманди «Пайкар» мисле ки террористеро боздошт карда бошад, дастамро тофта, нагузошт тӯҳфаҳои солинавиашонро аккосӣ кунам ва дод зад: Охранаааааааа!!!!

Душанбе, 26 Декабр 2016 11:34

Нонсенси миллӣ-1

Душанбе, 26 Декабр 2016 10:56

Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти ҶТ мегӯяд, парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии»-ро бархе аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон манъ накардааст. Коршиносони Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар мегӯянд, ки қатъи парвозҳои ин ширкати номбурдаи русӣ тасмими охирини ҷониби Тоҷикистон пас аз ба ифоқа нарасидани тарафҳо дар баҳси ҳавоӣ хоҳад буд. Бояд қайд намуд, ки то ба ҳол кори комиссияи музокиротии Тоҷикистону Русия вобаста ба мушкилоти ҳавоӣ ва парвозҳои ширкатҳои «Сомон Эйр»-у «Ямал» ба 2 кишвар дар ҳоли баррасӣ қарор дошта, ҳалли хешро наёфтааст. Қазияи манъи парвозҳои ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Ямал» аз рӯзи 22.12.2016 пеш омада Русия аллакай парвозҳои ширкати Тоҷикиро ба 4 шаҳри кишвараш ба таври муваққат манъ кардааст. Вале ҷониби Тоҷикистон дар ҷавоб парвозҳои ягон ширкати ҳавопаймоии русиро қатъу лағв накарда парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» айни замон бидуни ягон монеа ва мушкилот аз фурудгоҳи Душанбеву Хуҷанд фурӯд ва парвоз карда истодаанд.

СССР

 

 

Ҷумъа, 23 Декабр 2016 16:24

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ягон фарзанди вазиру кабир дар Армияи Тоҷик хизмат мекунад, ё на? Агар хоҳед, ки Армия бақувват шавад, аввал бачаҳои раисонро баред, баъд Армия армия мешавад. Раис хотири бачааш шуда, ҳар рӯз хабаргирӣ меравад. Аз ҳоли ҳамаи солдатбачаҳои Тоҷик бохабар мешавад. Агар бачаи Тоҷик солим бошаду барои Ватан хизмат ва хоки Ватанро ҳурмат накунад, бояд дар ягон ҷои Тоҷикистон ба кор қабул карда нашавад. Баъд мебинед, ки бача худаш ариза медиҳаду Армия меравад. Агар ин Қонунро қабул кунанд, 100.000 солдат даркор бошад, меёбанд. Ин аст сирри давлатии «облава»! Мо нотарсем, ғурур дар хуни миллии мо ҷорист. Қонун барои ҳама қонун аст…

Абдуваҳҳоб Исмоилов,

деҳаи Яккатол, ш.Ваҳдат

 

Ҷумъа, 23 Декабр 2016 16:15

Баъди манъи ҲНИТ шиддати дингароӣ дар ҷомеа андаке коҳиш ёфта бошад ҳам, давлат набояд фишанги идоракунии динро раҳо кунад. Рӯҳониёнро на ба оппоненти идеологии Ҳукумат, балки ба ҳамкору ходими воқеӣ табдил додан зарур. Иеархияи дин-тартиби тобеияти мазҳаб бояд реформа шавад. Имрӯз 10 масҷиди ҷомеаро интихоб кунед, амри маъруфашон 10 хел! Бигзор, дар Тоҷикистон рӯҳонии №1 бошад! Мисол, ба номи қозикалон ё саримом… танҳо бо тавсияю назорати давлат! Давлатҳои пешрафта кайҳост, ки динро идора карда, ба фоидаи миллату халқи худ истифода мебаранд. Бобати таъсирнокии ном ё унвони мазҳабию динӣ таваҷҷӯҳ кунед: Дар Русия рӯҳонии №1-ПАТРИАРХ, дар Аврупои католикӣ-ПАПА (яъне падар). Бо шунидани ин ном аллакай дар зершуури инсон ва дар вуҷуди ӯ ҳиссиёти ҳурмату эътиқод пайдо мешавад. А, дар мо чӣ?

Маннон Махсумов,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

 

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter