ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Декабр 2016 10:55

Дар шумораи гузаштаи газета дар бораи гаронии нархи чиптаҳои парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик гуфтанд, ки сабаби асосии қиммат будани нархи чиптаи парвоз гаронии керосин аст. Илҳомҷон Соҳибов-директори генералии ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» пас аз нашри матлаб бо СССР дар бораи нархи аслии керосин, имтиёзҳои ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба ширкатҳои ватанӣ, қарзҳои ҳангуфти «Тоҷик Эйр», нархи воқеии маводи сӯзишворӣ ва таъсири он ба нархи чипта, шароиту имконоти ширкат сӯҳбат кард.

Панҷшанбе, 29 Декабр 2016 09:44

Масъулини Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар таъкид медоранд, ки шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия қарор доранд, набояд фирефтаи чиптаҳои арзони ширкатҳои ҳавопаймоии рус барои парвоз ба Тоҷикистон гарданд. 

Ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода мешавад, ки барои парвоз ба Ватан ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр»-ро интихоб намуда аз хизматрасонии ин ширкатҳо истифода бубаранд. Ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодӣ парвозҳои худро пайваста амалӣ намуда барои овардани шаҳрвандони кишвар ба Ватан дар ҳама ҳолат муваззафанд. Ба ғайр аз ин, сатҳи сифати хизматрасонии ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» назар ба ширкатҳои хориҷӣ беҳтар буда ба мусофирон зимни парвоз хӯроки гарм пешниҳод карда мешавад.

- Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, алалхусус русӣ, ки дар оғози парвозҳо ба мусофирон нархи арзони чиптаҳоро пешниҳод мекунанд ва мардум аз ширкатҳои ватанӣ рӯй гардонида аз парвозҳои онҳо истифода мебаранд. Вале пас аз чанд моҳи парвоз ширкатҳои русӣ нархҳои хешро мебардоранд, ки ин қобили қабул нест ва фиреби маҳзи мусофир аст, - гуфтанд ба мухбири СССР дар Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти мамлакат.

 

СССР

 

 

Чоршанбе, 28 Декабр 2016 13:16

Порлумони Куба номгузории кӯча, ё муассиса, иншоот, ҷоизаву шахсеро соҳиби (титул) лақаби махсуси командант Фидел Кастрои ба наздикӣ аз оълам гузаштаро расман манъ кард. 

Президенти Куба Раул Кастро ишора ба он намуда, ки бародари ӯ зидди ҳама гуна шахсиятпарастӣ буд ва қонуни қабулшуда низ бо васияти Кастро мувофиқ аст.

Команданти озодихоҳ Фидел Кастро рӯзи 26 ноябри соли равон дар 91 солагӣ баъди бемории дуру дароз ин ҷаҳонро тарк кард.      

Ибтидои январи соли 1959 артиши ошӯбгарон бо роҳбарии командант Кастро ба шаҳри Гавана дохил шуда, баъди чанде ҳокимиятро сарнагун сохта, аввалин нахуст вазири кишвар гардид. 

Кастро қариби ним аср Кубаро сарварӣ намуда, соли 2008 ихтиёри роҳбарӣ (полномочия)-ро ба бародари худ Раул супорида буд.

 

Шамсиддини Муқим,

хабарнигори махсуси  

«СССР» дар России, 

сарчашма аз news.mail.ru

 

  PS: Хоҳиши Фидел Кастро дар бораи ташкил накардани парастиши шахсият (культ личности) ӯро шарафманду бо ифтихортар месозад. Хуб мебуд, ки васияти командантро сарони дигар кишварҳо низ пайгирӣ мекарданд.

 

Чоршанбе, 28 Декабр 2016 11:06

Суди вил.Хатлон Нуралиев Қаҳрамон, сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматов, аз деҳаи Ё.Каримови н.Шаҳритусро, ки барои 1 қитъаи замин падараандарашро куштааст, 22 сол суд кард. Мирзоева Бозоргул, модари Қаҳрамон баъди фавти шавҳараш-Нуралиев Қарахон, соли 1997 ба Каримов Турназар оиладор шуда, дар ҳавлии меросии падараш зиндагӣ мекарданд. Дар давраи ҳамзистии якҷоя аз ин шавҳараш соҳиби 4 фарзанд шуд. Қаҳрамон баъди вафоти падараш 0,51 га замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия буданаш аз модараш хоҳиш кардааст, ки аз 0,51 га замин, 0,21 га-ро ба номи  ӯ ва 0,30 га-и боқимондаро ба номи худаш ба қайд гирад. Давоми 3 соли охир баҳси замин тундтар шуда ҳалли худро наёфт… Бо ҳамин сабабҳо байни ӯву падарандараш борҳо ҷанҷол шудааст. Турназар-падарандари Қаҳрамон барои аз худ кардани 51 сотих замини наздиҳавлигӣ ӯро дашномҳои қабеҳ мекардааст, ки бо оила ва фарзандонаш аз хона баромада равад. 9.10.2016, соатҳои 20:30 дақиқа боз дар рафти муноқишаи навбатӣ падарандарро бо корд 4 маротиба дар узвҳои баданаш зада, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасонад. Суди вил.Хатлон нисбати Қаҳрамон Нуралиев бо моддаи 104, қисми 2, банди «е» КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 22 сол дар низомаш сахтро таъйин кард.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, 27 Декабр 2016 16:54

Тайи чанд рӯз мешавад, ки интернети ширкати "Телеком технолоҷӣ" дар Панҷакент ғайб задааст. Дар ин бора чанде аз истифодабарандагони интернет аз ин ширкат шикоят намуданд. Онҳо мегӯянд, ноқили интеренти ширкати "Телеком технолоҷӣ" аз ноҳияи Айнӣ канда шудааст ва ин мушкилот чанд рӯз аст бартараф карда намешавад. Набудани интернет аз ширкати мазкур дар ҳолест, ки чандин корхонаҳо аз он истифода мебаранду, корашон аз ин хотир бе интернет мушкил шудааст. Коршиносони маҳаллӣ бар он андешаанд, ки Ҳукумати кишвар барои таъсиси ҳукумати электронӣ  кӯшиш дорад,  вале бо эҷод шудани ин гуна проблемаи ночиз, ки боиси қатъи алоқа мегардад ва заиф будани интернет дар минтақа аст, садди роҳи ин стратегия намешавад? Некрӯз, як тан аз истифодабарандаи интернет аз ширкати "Телеком технолоҷӣ" мегӯяд наход барқарор кардани алоқа барои як ширкати бузурги интернетрасон кори душвор бошад. Мо истифодабарндаем ва барои интернет пул медиҳем. Клиент всегда прав мегӯянд, аммо ба кӣ мегӯӣ?!

 

Сешанбе, 27 Декабр 2016 15:14

Оё дар мулоқоти ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон, кушодашвии гузаргоҳи сарҳадии Саразм-Ҷартеппа воқеъ дар шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор мегирад? Ин мулоқот дар назар пагоҳ, санаи 28-уми декабр баргузор гардад. Ҳайати расмии ҷумҳурии Ӯзбакистон бо сарварии муовини сарвазири ин кишвар Рустам Азимов айни замон дар Тоҷикистон қарор доранд.

1 нафар намояндаи сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки аз нақша ва барномаи ҳайати ҳукумат хабар надорад. Аз ин рӯ, наметавонад дар робита ба кушодашавии сарҳади Ӯзбакистону Тоҷикистон чизе баён дорад. Ин дар ҳолест, ки гармшавии робита миёни ду кишвар пас аз вафоти Ислом Каримов ба назар мерасад. Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа-Саразм, ҳанӯз 6 сол қабл якҷониба аз тарафи давлати Ӯзбакистон баста шуда буд. Кушодашавии ин гузаргоҳ орзуи сокинони водии Зарафшон аст ва овозаҳо дар ин хусус вақтҳои ахир зиёд ба гӯш мерасанд.

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, 27 Декабр 2016 11:55

Баъди ҷашн гирифтани соли нави мелодии 2016 дар н.Мастчоҳ овозаю ҳангомаҳо чунон баланд шуд, ки гӯё дар ноҳия ба муносибати 60-солагии аз худ кардани дашти Дилварзин ҷашни бодабдабае бо ширкати раисони боло барпо мешавад. Корро аз кандани манораи ёдгорие, ки ба хотири дӯстӣ гузошта шуда буд, оғоз намуданд. Ба ростӣ ҳама дар ҳайрат монда, ки чаро онро мекананд? Баъзе гумон доштанд ва тасалло медоданд худ ба худ, ки аҷабе, дар ҷояш боз манораи боҳашамате мегузоранд, аммо андешаҳои мо хом баромад. Манора, ки қариб аз масофаҳои дуродур намоён буд, ба ҳусни шаҳрак ҳусни дигаре мебахшид, хело зебо буд. Дар тори сари он тоҷи нуқрагин, аз боло ба поён катибаи «Дӯстӣ» намоён, дар қисми поёнӣ бошад давраи калон бо кабутарони сафед гачкорӣ шуда рамзи меҳрубонии моро таҷассум менамуд. Акнун дар ҷои он даврае сохта бо чимҳои бесифат пушонда шудааст, ки ҷои истироҳати сагҳои дайду гаштааст. Дар яке аз кӯчаҳои марказии ноҳия, ки ҳоло номи С.Шарифовро дорад, аз хонаи маданият то охири он, дар 2 тарафи роҳи пиёдагард дарахтҳои ороишӣ, арчаҳои 25-30 сола қомат афрохта, ҳусни хиёбонро дучанд зебо менамуд. Дар гармӣ зери онҳо мардум дам гирифта, роҳат мекарданд. Намедонам онҳо аз рӯи кадом лоиҳа пурра решакан шуда, дар ҷояшон боз арча шинонданд. Ба пиндорам, ин роҳи пулшӯӣ буд?

Зикриёи Дилшод,

н.Мастчоҳ, деҳаи Палдорак, тел: 92 766 07 45

 

Сешанбе, 27 Декабр 2016 11:43

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдулҳаким Носиров, сокини деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки аз рӯи мушоҳидаи ман, бисёре аз дарахтони бузурги сояафкан ҳам дар ноҳияи мо ва ҳам дар пойтахт бо мақсади таҷдиди роҳ ва бо гумони зиён ба саломатӣ аз бех буррида шудаанд. Дарахтони аз дандони арраву дами табар эминмонда дар бисёр кӯчаҳои пойтахт ҳоли беҳтаре аз дарахтони чӯлу биёбон надоранд. Ним метр дуртар аз бехи дарахтон оби фаровоне дар новаҳои бетонӣ ҷорист, аммо бетони ғафси обногузар дарахтро мехушконад. Дар замони СССР новаҳои бетониро аз сӯи буттаву дарахтон 4-5 ҷой ковок мекарданд, то дарахт об гирад… 

 

саҳ 2 аз 14

Китобҳо

Flag Counter