ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 04 Декабр 2017 12:10


Президенти ҷадиди Қирғизистон-Сооронбой Ҷеенбеков ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев унвони "Қаҳрамони миллӣ"-ро дар 1 маҷлиси тантанавӣ тақдим кард. Маъмурияти президенти нав гуфтааст, унвони "Қаҳрамони миллии Қирғизистон" ва медали "Шоҳини сафед” ба Отамбоев барои хизматҳояш дар таҳкими давлати Қирғизистон тақдим шуд. Аз рӯи Қонуни асосии Қирғизистон Отамбоев ҳақ дошт барои 1 даври дигар президент интихоб шавад, аммо нахост.

Душанбе, 04 Декабр 2017 12:08


Сардори Раёсати муҳофизати давлатии Украина-Валерий Гелетей дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки соли 2014 чандин бор ба ҷони Петро Порошенко-президенти ин кишвар суиқасд анҷом шудааст, ки то ҳол касе дар ин хусус намедонад. Ҳатто дар вақти савгандёдкунии президент ӯро бо снайпер нишон гирифта буданд, аммо хушбахтона тир хато хӯрд.

Душанбе, 04 Декабр 2017 12:00


3.12.1945 президенти ИМА Гарри Трумэн нақшаи "Троян"-ро имзо кард. Тибқи он ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги атомиро алайҳи СССР оғоз мекард. Моҳи декабри с.1945 дар Маскав машварати вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иттифоқчӣ доир шуд. Котиби давлатии ИМА Бирнс, ки дар ин нишаст ширкат карда буд, баъди бозгашт ба ИМА гуфт, вақти дидор бо Сталин итминон пайдо кардам сулҳи дарозмуддат дар Аврупо фаро хоҳад расид.

Душанбе, 04 Декабр 2017 11:44



Ҳодисаи Майнила
Ҷанги шӯравию фин, ки 30.11.1939 сар шуд ва дар таърихи мо бо "ҷанги зимистона" маъруф аст, даргирии аввал миёни ин 2 кишвар набуд. Бори аввали миёни Русияи шӯравӣ ва Финландия дар с.1918 ҷанг ба вуқӯъ пайваст. Он ҳангом ҳукуматдорони Финляндия, ки тоза ба истиқлолият даст ёфта буданд, хостанд ҳудуди Карелияи Шарқиро ба тасхир дароранд. Бори 2-ум с.1921 даргириҳо миёни 2 кишвар сар шуданд, ки то с.1922 идома дошт.

Душанбе, 04 Декабр 2017 11:31


30.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсис дода шуд. Ба ин Шӯро дар оғози фаъолияташ худи Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариати ҷаҳон, шахси аввали ҳукумати болшевикӣ сарварӣ мекард. Баъдан ин Шӯро ба Шӯрои меҳнат ва мудофиа (СТО) тағйири ном кард.

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ бо ҷанги зимистона маъруфу машҳур аст ва дар умум ҷанги бебарор барои Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбад. СССРро ҳатто барои оғози он аз Лигаи миллатҳо (СММи онвақта) ихроҷ намуданд. Артиши Сурх дар рафти ин ҷанг талафоти ҳангуфте дод ва бо машаққат тавонист Финляндияи кӯчакро шикаст диҳад. Тибқи баъзе маъхазҳо Адолф Гитлер маҳз баъди мушоҳидаи ин ҷанг тасмими қатъиро барои ҳуҷум ба СССР мегирад.

Душанбе, 04 Декабр 2017 11:26


Маъмурияти ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа» маводи газетаи СССР (№38(477), 21.09.2017)-ро оид ба молу ашёи ба саломатӣ зарардошта, дар байни соҳибкорон мавриди муҳокима қарор дод. Воқеан, камбудии бо телефон ошкоркардашудаи Шоҳимардон Исроилзода, сокини ш.Қӯрғонтеппа (тел: 917-63-49-66) дар бозори Қӯрғонтеппа ҷой доштааст. Дар вақти муҳокима соҳибкорон моро бовар  кунониданд, ки баҳри пешгирии фурӯши маҳсулотҳои пастсифат чораҳои амалӣ андешида истодаанд. Ғайр аз ин, ба иттилои шумо расонида мешавад, ки ҳамарӯза маъмурияти ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа» дар ҳамбастагии назоратӣ, аз ҷумла, прокуратура, «Тоҷикстандарт»-и вил.Хатлон, МНДСЭ санҷишҳо гузаронида, дар сурати ошкор шудани чунин қонуншиканиҳо нисбати вайронкунандагон чораҳо андешида мешаванд.

Бо эҳтиром, Ҳ.Ш.Шерхонзода, сардори ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа»

Душанбе, 04 Декабр 2017 11:19


2 декабри соли 2017, соати 19:10 дақиқа, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.
Чуноне ки КДАМ ТҶ хабар медиҳад, марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, сардори отряд  полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок гардида, 4 нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик 3 нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд.
Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи қувваҳои иловагии кумакрасон, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқчиёни  боқимонда идома доранд.
Сарҳадчиёни ҳангоми боздошти қочоқчиён маҷрӯҳшуда бистарӣ гардида, хизматрасонии зарурии тиббии онҳо таъмин карда шудааст. Вазъи саломатии онҳо миёнаи муътадил мебошад.
 


Душанбе, 04 Декабр 2017 11:04


Узви Ихвон-ал-СССР, Раҳмоналӣ Миралиев, нафақагир аз деҳаи Яккатоли ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дар бораи Вилояти Бадахшон, ки он ҳам мисли Суғду Хатлон ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон аст, кутоҳ гуфтаниям. Бадахшон тибқи гуфтаи шоири маъруфи Тоҷик-Бозор Собир мисли кӯдаки ширмакест, ки дар пистони Модар аст ва онро касе ҷудо карда гирифта наметавонад. Ва ба Бадахшон статуси автономия додан, ягон маънӣ надорад. Ман сахт муҳим медонам, ки ҳамин мухториятро барҳам диҳем, зеро ин оқибати хуб надорад. Зеро автономияро дар замони Иосиф Сталини гурҷӣ махсус таъсис доданд... Ин ҷо гап бисёр аст, вале муҳим ин аст, ки бояд Бадахшони мо вилоят бошад, на автономӣ!

саҳ 12 аз 13

Китобҳо

Flag Counter