ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Декабр 2022 09:19

Чоршанбе, 14 Декабр 2022 09:14

Чоршанбе, 14 Декабр 2022 09:02

Чоршанбе, 14 Декабр 2022 08:49

Чоршанбе, 14 Декабр 2022 08:31

   Ҳоҷимоҳ Изатуллоева, сокини н.Синои ш.Душанбе (тел: 917169104) меҳмони редаксия шуда гуфт, ки писарашро, ки сокини ш.Душанбе аст, «облава» карда, ҳамчун сокини ш.Хуҷанд ба хизмат ҷалб кардаанд.

   - Писари калониам аз соли 2021 дар хизмат дар ш.Исфара қарор дошта, дар ҳифзи марзу буми Ватан аст. Писари дуюмамро 02.12.2022, ки сокини ш.Душанбе аст, аз кӯчаи маҳаллаи Озодии занон «облава» карда мебаранд. Ман аз ин кор танҳо ҳамон бегоҳ хабар ёфтам - аз қисми низомии №08010-и Вазорати мудофиаи ҶТ занг зада гуфтанд, ки писаратон дар ҳамин ҷост ва ҳамчун сокини ш.Хуҷанд ба хизмат ҷалб шудааст. То ҷое огаҳ шудам писарамро ба феҳристи Комиссариати ҳарбии ш.Хуҷанд дохил намуда, то ҳоло аз муоинаи тиббӣ нагузаштааст, вале аллакай дар хизмат аст!

   Ман модари танҳоям, интизор доштам, ки писари калониам аз хизмат бо сари баланд баргардад, хурдиро низ бо хоҳиши худ ба хизмат мефиристам. Вале акнун бо ин ранги кор ва муносибати Вазорати мудофиаи кишвар, ки писари душанбегии маро хуҷандӣ кардааст, чӣ гуна ба даъвати бе «облава» ва артиши боадолат бовар кунам!?

Сешанбе, 13 Декабр 2022 18:42

 

Чоршанбе, 07 Декабр 2022 11:38

 

 

Чоршанбе, 07 Декабр 2022 11:33

саҳ 6 аз 8

Китобҳо

Flag Counter