27.03.1918. Дар Русияи Шӯравӣ хадамоти ҳифзи сарҳадӣ созмон дода шуд. Ин рӯз дар собиқ СССР чун Рӯзи сарҳадчиён васеъ ҷашн гирифта мешуд.
27.03.1968. Дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ, ки ҳангоми парвози машқӣ-омӯзишӣ ба вуқӯъ пайваст, аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба ҳалокат расид.
28.03.1940. Олимони амрикоӣ изотопи нави ураниюм - плутоний 239-ро кашф карданд. Маҳз ин изотопи ҷадид дар оянда асоси бомбаи атомӣ гардид.
28.03.1956.Дар рӯзномаи «Правда» мақолаи «Чаро шахспарастӣ ба рӯҳияи марксистӣ-ленинӣ бегона аст?» ба чоп расид. Ин мақола аввалин танқиди Иосиф Сталин дар нашрияҳои шӯравӣ баъди марги ӯ ба шумор меравад.
28.03.1971. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли мошини нави сабукрави ВАЗ-2101 «Жигули» ба роҳ монда шуд.
30.03.1935. Дар СССР барои ғайриқонунӣ гирифта гаштани корд ҷазои ҷиноӣ ба мӯҳлати 5 сол зиндон пешбинӣ гардид.
30.03.1971. Роҳбари СССР Леонид Илич Брежнев барои аввалин бор истилоҳи «Шаҳри намунавии коммунистӣ»-ро ба кор бурд ва эълон намуд, ки дар кишвар ҷомеъаи нави одамон - халқи советӣ ба вуҷуд омадааст.
30.03.1981. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои аввалин бор вақти тобистонӣ ҷорӣ карда шуд.
31.03.1940. Дар СССР истеҳсоли оммавии тонки нави Т-34 ба роҳ монда шуд. Ин тонк яке аз беҳтарин тонкҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум гардид.
31.03.1954. Иттиҳоди Шӯравӣ ба НАТО муроҷиат намуд ва аз ин ташкилот хост, ки СССРро ба узвияти худ бипазирад. Мутаассифона, аъзои НАТО-ташкилоти шимолии атлантик баъди баррасии пешниҳод иқдоми СССРро рад карданд.
31.03.1955.Ҳукумати шӯравӣ қарор дод, боигариҳои осорхонаи рассомии Дрезденро ба Олмони демократик баргардонад. Дар ин осорхона расмҳои рассомони бузурги дунё нигаҳдорӣ мешуданд, ки қимати бисёр гарон доштанд ва СССР онҳоро чун товони ҷанг аз Олмон гирифта буд.
1.04.1946. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ маркази атомии «Арзамас-16» таъсис дода шуд. Ин марказ ба омӯзиши ураниюм ва хосиятҳои он машғул буд ва яке аз махфитарин шаҳрҳои собиқ СССР ба шумор мерафт. Маркази мазкур дар вилояти Нижегородски Русия воқеъ гардидааст ва имрӯз низ ба ҳайси институти физикаи таҷрибавӣ фаъолият мекунад.
1.04.1967. Дар синамоҳои шӯравӣ аввалин намоиши филми «Асираи қафқоз ё Саргузаштҳои нави Шурик» ба вуқӯъ пайваст. Он яке аз дӯстдоштатарин филмҳо дар собиқ СССР маҳсуб меёфт.
1.04.1969. Дар Чин Анҷумани IX-уми ҳизби коммунист доир гардид. Ин Анҷуман эълон кард, ки дар кишвар «инқилоби маданӣ» ба охир расид.
3.04.1922.Дар СССР Иосиф Сталин ба ҳайси котиби генералии КМ РКП(б) интихоб шуд.
CCCР
Аз қатли яке аз симоҳои барҷастаи советӣ Лаврентий Павлович Берия (17.3.1899 -23.12.1953), арбоби давлатӣ ва ҳизбии советӣ, комиссари бехатарии давлатӣ (1941), Маршали Иттифоқи Советӣ (1945), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943), маҳрумшудаи ин унвонҳо дар соли 1953 инак 79 сол сипарӣ гашт.
«Мири ғазаб»
Бо ба сари қудрат омадани Ҳокимияти Советӣ дар Россия (Иттиҳоди Шуравӣ) солҳои 30-юми асри XX ашхоси гуногун, шаҳрвандони СССР ба ҷазо гирифтор шуданд. Баъди ғалабаи Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо пешниҳод – ташаббуси бевоситаи «мири ғазаб» Лаврентий Берия ба КМ КПСС аз 27 марти соли 1953 фармон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид, ки дар асоси он 1 млн 203 ҳазор нафар одамон аз маҳбас озод мешуданд. То 10 августи соли 1953 аз маҳбасҳо 1 миллиону 32 ҳазор маҳбусони то 5 сол маҳкумгардида… озод шуданд. Ва боз ғайраву ҳоказо.
Аммо, шахсияти сатҳи олии давлати советӣ (албатта баъди Сталин) Лаврентий Берияи муқтадирро 26 июни соли 1953 бо гуноҳи хиёнат ба Ватан ҳабс шуда, 23.12.1953 бо ҳукми Суди Олии СССР ҷазои қатл гирифт ва ҳамон рӯз соати 19:50 дақиқа паронда шуд.
Деҳқонбача
Ин маротиб фаъолияти давлатӣ, иштирок дар репрессияи оммавӣ ва ишқбозиҳои Берияро сарфи назар намуда, танҳо дар бораи кори ӯ ҳамчун роҳбари хадамоти разведкаи СССР сухан хоҳем ронд. Танҳо аз фаъолияти пурмаҳсул, ташкилотчигии бесобиқааш…
Лаврентий Павлович Берия, деҳқонбача, 17 (29) марти соли 1899 дар деҳаи Марсули губернияи Кутаиси, империяи Россия, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.
Волидон қобилияти хубашро ба назар гирифта, ӯро ба омӯзишгоҳи ибтидоии Сухуми супурданд. Соли 1915 Лаврентий баъди хатми ин ҳунаристон ба омӯзишгоҳи техникию сохтмонии Боку дохил шуда, онро соли 1919 бо ихтисоси техник-архитектор тамом кард. Вай аз 17-солагӣ модар ва хоҳари гунги худро, ки ба наздаш омада буданд, саробон шуд. Лаврентий аз 16-солагӣ дар идораи асосии ширкати нафтии Нобелей ҳамчун шогирд (коромӯз) заҳмат мекашид.
Аз соли 1916 аъзои кружоки пинҳонкории марксистӣ дар омӯзишгоҳи сохтмонӣ буд. Моҳи марти соли 1917 аъзои РСДРП (б) шуд. Моҳҳои июн-декабри соли 1917 ҳамчун техники отряди гидротехникӣ ба фронти Руминия рафта, аввал дар Одесса, баъд дар Пашкан (Руминия) хизмат кард.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар