ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 18 2021

 

“Ветнами Иттиҳоди Шӯравӣ”

    Даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва гурӯҳҳои муҷоҳиддини афғон, ки бо Ҷанги Афғонистон дар таърихнигорӣ маъруф аст, аз авохири соли 1978 шурӯ шуд. СССР дар ин ҷанг, Ҳизби Халқи Демократии Афғонистонро дастгирӣ карда, ба Афғонистон лашкар кашид. Ҷанги СССР дар Афғонистон 10 сол идома дошт ва барои абарқудрати шарқӣ фарҷоми нохубе ба бор овард, то ҷое, ки иддае онро “Ветнами Шӯравӣ” ҳам унвон намудаанд. 

Бозии бузург

   Мавқеи геополитикии Афғонистон, ки дар маркази қитъаи Авруосиё ҷойгир гардида, ду қорраи ин қитъа-Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро бо ҳам мепайвандад, ин кишварро ба яке аз кишварҳои калидии минтақа табдил додааст. Афғонистон дар қарни XIX ба майдони мубориза миёни Британия ва Россия табдил ёфт ва ин 2 кишвар мекӯшиданд дар он нуфуз дошта бошанд. Ин мубориза, ки бо  “Бозии бузург” маъруф аст, солҳои тӯлонӣ идома дошт. 

   Баъди Инқилоби болшевикӣ дар соли 1919 Амонуллохон Афғонистонро кишвари мустақил эълон кард ва ҷанги 3-юми афғону-англис шурӯ шуд. Дар ин шароит, Россияи Шӯравӣ аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти Афғонистонро ба расмият шинохт. Соли 1929 СССР бори аввал ба Афғонистон нерӯи низомӣ ворид кард. Қисмҳои Артиши Сурх барои тарафдорӣ аз Амонуллохони сарнагуншуда, ба Афғонистон ворид гардиданд ва як сол баъд (1930), бо баҳонаи торумори марказҳои таҷаммӯи босмачиҳо, қисмҳои савораи Артиши Сурх, бори дуввум вориди хоки Афғонистон шуда буданд.  

Инқилоби савр

   27 апрели соли 1978 дар Афғонистон инқилоби мардумӣ ба вуқӯъ пайваст ва Ҳизби халқӣ-демократӣ (НДПА) сари қудрат омад. Ин Ҳизб Афғонистонро Ҷумҳурии Демократӣ эълон карда, кӯшиш намуд, дар кишвар ислоҳотеро роҳандозӣ кунад. Мутаассифона, роҳандозии ислоҳоти ҷадид, ба мухолифати сахти нерӯҳои исломгаро рӯ ба рӯ шуд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. СССР дар ин ҷанг аз НДПА тарафдорӣ мекард. 

   8 маи соли 1978 ҳукумати Афғонистон тавассути сафири СССР дар Кобул расман ба ҳукумати шӯравӣ муроҷиат карда, аз СССР хост фавран ба Афғонистон мушовирони шӯравиро равона кунад. Нимаи дуввуми моҳи маи соли 1978 аввалин гурӯҳи мутахассисони шӯравӣ, ки бештарашон кормандони КГБ буданд ба Афғонистон фиристода шуданд. 30 июни соли 1978 бо қарори Шӯрои Вазирони СССР, Намояндагии КГБ СССР дар назди ниҳодҳои амниятии Афғонистон таъсис дода шуд. 18 марти соли 1979 барои ҳалли масъалаи Афғонистон, дар КМ КПСС комиссияи Бюрои сиёсӣ бобати Афғонистон таъсис гашт. Ба ин комиссия М. Суслов, А. Громико, Д. Устинов, Ю. Андропов, Б. Понамарёв ва И. Архипов шомил гардиданд.  

Шӯриши Ҳирот

   Моҳи марти соли 1979 дар Ҳирот шӯриши зиддиҳукуматӣ оғоз гардид ва дар рафти пахши ин шӯриш, ҳукумати Афғонистон бори аввал аз Иттиҳоди Шӯравӣ хост, ки нерӯҳои низомиашро вориди хоки Афғонистон кунад. Дар маҷмӯъ ҳукумати Тараккӣ ва Амин зиёда аз 20 бор аз СССР чунин дархост карда буданд. Аммо комиссияи афғонистонии КМ КПСС ба Бюрои сиёсӣ гузориш дод, ки дахолати мусаллаҳонаи СССР ба Афғонистон пасомадҳои манфӣ дорад ва ин хоҳиши афғонҳо рад карда шуд. 19 марти соли 1979 дар нишасти Бюрои сиёсии КМ КПСС Леонид Брежнев мегӯяд:

Чоршанбе, Фев 10 2021

 

 Ҳайдар Қосимов 7 марти соли 1922 дар деҳаи Полезаки ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Ҳайдари ҷавон дар қатори ҳамдеҳагонаш, миёнаи солҳои 30-юми қарни ХХ ба водии Вахш муҳоҷир гардид. Оилаи онҳо дар колхози Севахши ҷамоати деҳоти Туғай Саройи ноҳияи Октябр (н.Вахши кунунӣ) сокин шуд. 

 Ҳайдар мактаби ибтидоиро дар ҳамин колхоз хатм карда, соли 1938 ба ҳайси ҳисобдори (бухгалтер) бригадаи тракторӣ ба МТС-и ноҳияи Октябр ба кор даромад. Баъди чанде фаъолияти меҳнатиашро дар Артели хоҷагии қишлоқи “Сохтмони Вахш”-и ноҳияи Октябри (н.Вахши кунунӣ) вилояти Сталинобод идома дод. Маҳз аз ҳамин артел моҳи декабри соли 1941 Ҳайдарро ба сафи Артиши Сурх даъват карданд. Ҳайдар Қосимов аз оғози ҶБВ ба фронт рафт ва дар муҳорибаи Сталинград ширкат варзид. Баъди Сталинград Ҳайдар Қосимов ба сафи Ҳизби коммунист шомил гардида, рутбаи сержантӣ гирифт. Ин шермарди тоҷик дар ротаи 2-юми миномётии полки тирандозии 229-уми дивизияи тирандозии 8-уми корпуси тирандозии 15-ум хизмат кард. Корпуси 15-уми тирандозӣ бошад дар Фронти Марказӣ амал мекард. Баъди Сталинград корпуси 15-уми тирандозӣ дар амалиёти озодсозии Украина ширкат варзида, қаҳрамони мо маҳз дар ҳамин амалиёт мардонагӣ ба харҷ дода, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. 

Ҳайдар ва Рокассовский

  Қисми низомии Ҳайдар Қосимов дар самти Киев амал мекард ва дар ин самт 1  садди табиии бузург-дарёи Днепр вуҷуд дошта, кори Артиши ҳуҷумкунандаро бисёр мушкил мекард. Аз тарафи дигар, Артиши олмонӣ ба ин садди табиӣ умеди зиёд дошт ва онро чун гавҳараки чашм мудофиа мекард. Взводи миномётчиҳо, ки Қосимов ҳам шомили он буд, зери оташи сахти душман бо 2 заврақ аз дарё гузашта, дар соҳили ғарбии Десна мавқеъ гирифтанд. Немисҳо мебоист ба ҳар василае ин платсдармро бартараф мекарданд. Командири взвод кушта шуд ва Қосимов фармондеҳии ҷанговарони боқимондаро ба ӯҳда гирифт. Билохира баъди задухӯрди шадид Қосимов бо 1 ҷанговар зинда монд, вале муқовиматро қатъ накард. Он ҷанговар тири миномёт меовард ва Ҳайдар онро ба нишон мефиристод. Баъди чанде ҷанговари боқимонда ҳам ба ҳалокат расид ва Қосимов танҳо монд. Аммо баъди ин ҳам, ин диловари тоҷик майдони размро тарк накарда, ҳангоми овардани тири миномёт тири душман миномоёти ӯро аз кор баровард. Ҳайдар бо автомату норинҷакҳояш муҳорибаро идома дода, билохира захмӣ гардида, аз ҳуш рафт. 

   Қосимов баъди табобат дубора ба майдони ҷанг баргашт ва дар наздикиҳои дарёи Припят бори дигар марди майдон будани худро ба ҳама собит кард. Дар характеристикаи ҷангии ин қаҳрамони тоҷик гуфта мешавад: 

“Рафиқ Қосимов, дар задухурдҳои дарёи Припят бо миномёти худ анбори силоҳ ва теъдоди зиёди сарбозони душманро нобуд кард. Фармондеҳи полки тирандозии 229-ум, подполковник Шишков ва фармондеҳи кулли нерӯҳо, генерали армия Рокассовский сержант Ҳайдар Қосимовро барои қаҳрамонӣ ва мардонагӣ, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд”.  

Ин характеристика ба Маскав фиристода шуд ва 16 октябри соли 1943 Раёсати Шӯрои Олии СССР онро муҳокима карда, ба Ҳайдар Қосимов унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ато кард. 

Чоршанбе, Фев 03 2021

 

Фидел Кастро, ки дар тамоми дунё бо тахаллуси “Коменданте” маъруф аст, зиёда аз 50 сол зимоми қудратро дар Куба дар даст дошт. Бобати зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии ӯ зиёд навиштаанд, вале ба Кастро баҳои воқеъӣ додан бисёр душвор аст, чаро ки як қисмати ҷомеаи башарӣ ӯро қаҳрамон ва як қисмати дигар-хунхортарин диктатори башарият меҳисобанд. Аммо 1 нукта побарҷост: мисли Сталини “диктатор” ӯ бо кисаи тиҳӣ ва сурат-ҳисобҳои хориҷӣ дунёро тарк гуфт...

Адвокати халқӣ

Фидел Кастро 13 августи соли 1926 дар шаҳраки Бирани Куба дар оилаи заминдори хурд ба дунё омадааст. Волидайни Кастро, ки худ одамони дарснохонда буданд, мекӯшиданд, ки фарзандонашон омӯзиши шоиста бигиранд. Фидел ва бародаронаш омӯзиши худро дар интернати католикии шаҳри Сантяго шуруъ карданд. Баъди чанде Фидел ба коллеҷи иезуитӣ-мазҳабии Белен дар Гавана шомил шуда, дар ин ҷо бо истеъдод ва ҳуши фавқуллодааш шӯҳрати ҳамагонӣ касб кард. Кастрои ҷавон ба варзиш низ рағбат дошт ва соли 1944 ӯро беҳтарин варзишгарӣ коллеҷ эътироф карданд. Фидел Кастро баъди хатми коллеҷ ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Гавана дохил шуда, соли 1950 онро бо муваффақият хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ, Фидел ба аспирантура шомил гардид ва сипас рисолаи илмиашро дифоъ намуда, доктори ҳуқуқ шуд. Роҳбари ояндаи Куба маҳз дар даврони донишҷӯяш бо адабиёти инқилобӣ ошно гардида,  мутолиаи ин китобҳо дар ӯ рӯҳияи инқилобгароиро бедор намуд. 

Мегӯянд, ки он замон Фидели ҷавон ба коммунистон алоқае надошт, аммо тайёр буд ба сафи онҳо бипайвандад, агар ӯро “Сталини худ” кунанд. Фидел Кастро баъди хатми таҳсил бюрои адвокатии худашро таъсис дода, бештар ба мардуми фақир ва камбизот хизмати ҳуқуқӣ мерасонд. Комендантеи оянда аксар вақт ба мардуми камбизоат ройгон хизмати ҳуқуқӣ мерасонид ва миёни мардум бо лақаби “адвокати халқӣ” маъруф буд. 

Ифротӣ ва Инқилоб

Фаъолияти сиёсии Фидел Кастро баъди хатми таҳсилаш оғоз гардид. Дар аввали солҳои 50-ум Фидели ҷавон ба Ҳизби халқии Куба (Ортодоксҳо) пайваст ва фаъолияти сиёсиашро оғоз кард. Соли 1952 дар Куба интихоботи парлумонӣ баргузор шуда, Ҳизби халқии Куба ҳам дар ин интихобот ширкат варзид. Номзадии Кастро аз ҷониби ҳизби Ортодоксҳо барои вуруд ба парлумон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аммо роҳбарияти олии ҳизбӣ номзадии ӯро ба хотири ифротгароиаш тасвиб накард. 

Моҳи марти соли соли 1952 генерал Фулхесио Батиста қудрати сиёсиро ғасб кард. Табадуллоти ҳарбиён, Кастрои ҷавонро ба миёни майдони муқбориза кашид ва ӯ гурӯҳи хурдеро созмон дода, ба казармаҳои Артиши Батиста ҳамла кард. Ин воқеа, 26 июли соли 1953 рух дод. Дар ин рӯз гурӯҳи Кастро ба казармаҳои Монкадои артиш дар шаҳри Сантяго де Кубо ҳамла кард. Аммо ҳамлаи инқилобиён ба нокомӣ дучор шуд ва ҳукуматдорон гурӯҳи Кастроро торумор карданд. Худи Фидел асир гирифта шуда, ӯро дар додгоҳи трибунали ҳарбӣ ба 15 соли зиндон маҳкум намуданд. Кастро дар додгоҳ баромади оташине карда, гуфт “Таърих маро сафед хоҳад кард”. Бо вуҷуди ин, Кастро танҳо 3 сол дар зиндон монд. Ҳукумати Батиста маҷбур шуд моҳи майи соли 1956 зери фишори мардумӣ ӯро озод кунад ва Фидел ба Мексика ҳиҷрат кард.

Фидел ва Че

Дар Мексика Фидел ва бародараш Раул гурӯҳи нави инқилобиро бо номи “Ҳаракати 26 июл” таъсис доданд. Дар Мексика Раул бо инқилобчии аргентинатабор Эрнесто Че Гевара ошно шуда, баъди чанде Гевараро ба Фидел муаррифӣ кард.

Панҷшанбе, Янв 28 2021

Расо 97 сол қабл, 21 январи соли 1924 аввалин роҳбари давлати Шӯравӣ Владимир Илич Ленин аз олам чашм пӯшид. Оғози моҳи январи соли 1924 бисёр сард омаду марги доҳӣ низ дилҳои шаҳрвандони шӯравиро сард кард. 

Марги нобаҳангом

Январи соли 1924 дар СССР аз нигоҳи сиёсӣ моҳи бисёр ғанӣ буд. Дар кишвар Анҷуманҳои шӯроҳои ҷумҳуриҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо лоиҳаи Сарқонуни ин ҷумҳуриҳо баррасӣ мегардид. Дар Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР бошад, Сарқонуни нави СССР мебоист мавриди муҳокима қарор дода мешуд. Владимир Ленин, ки моҳи марти соли 1923 дучори сактаи мағзӣ (инсулт) шуда буд, дар истироҳатгоҳи Горкии назди Маскав оқибатҳои ин инсултро пушти сар мекарду табобат мегирифт. Мақоми ӯ ҳамчун доҳӣ дар ҳизби болшевикӣ ба таври умумӣ эътироф карда шуда, ҳамаи ҳизбиён ба шахсияташ аҷр мегузоштанд. Ленин барои оммаи мардум рамзи инқилоб ва тағйиротҳои иҷтимоӣ дар кишвар ба шумор мерафт. Ленин баъди тир хӯрданаш дар соли 1918 нисбатан зуд барқарор гардида, дубора моҳи марти соли 1922 бемор шуд. Бемории доҳӣ аз дарди сар оғоз гашта, дар ӯ нишонаҳои фалаҷшавии даст ва пои рост пайдо шуданд. Суханрониаш низ мушкил гардид. Бо вуҷуди ин, доҳии болшевикон то моҳи октябри соли 1923 кор мекарду мақола ва мактуб менавишт. Аммо 21 январи соли 1924, соати 18:50 дақиқа хабари марги доҳӣ ба Маскав расид. Марги ӯро дар телеграммаи ҳукуматӣ “нобаҳангом” тавсиф карданд. Воқеан ҳеҷ кас интизор надошт, ки Ленин ба ин зудӣ дунёи фониро тарк мекунад. Доҳии болшевикон ҳангоми маргаш 54 сола буд.

Сабабҳои марги доҳӣ

Сабабҳои марги доҳиро низ гуногун муаррифӣ кардаанд. Моҳи ноябри соли 1924 бемории Ленин дигар бора авҷ гирифт ва дасту пои росташ фалаҷ гардида, ӯ тамоман қобилияти сухангӯиашро аз даст дод. Дар ӯ ташаннуҷи эпилептикӣ пайдо шуда, баъди яке аз амалоти эпилептикӣ қалби доҳӣ аз тапидан боз монд. Дар хулосаи расмии иллати марги Ленин гуфта мешуд: “бемории асосии мавсуф, атеросклерози рагҳо ба шумор меравад. Бо сабаби тангшавии рагҳои мағзи сар ва халалдоргардии таъмини он бо хун, бофтаҳои мағзи сар аз байн рафтанд, ки боиси фалаҷшавӣ ва аз даст додани қобилияти сухангӯӣ гардид. Сабаби бевоситаи марг бошад, шиддати халали гардиши хун дар мағзи сар ва хунрезӣ ба дохили он мебошад”.

Эълони хабар

Аз ҳама пештар ба хабари марги Ленин ОГПУ вокуниш нишон дод. Роҳбари ин ниҳод Феликс Дзержинский дарҳол баъди шоеъ шудани хабари марги доҳӣ ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ телеграммае ирсол карда, дар он аз масъулин хост тамоми нерӯҳоро барои пешгирии ваҳшат ва дигар руйдодҳои номатлуб омода намоянд. 

Дар матбуот бошад хабари марги доҳӣ дарҳол интишор нагардид. Субҳи 22 январ рӯзномаҳо бе интишори ҳеҷ хабаре дар ин бора рӯи чоп омаданд. 23 январ низ хабаре чоп нагардид ва танҳо 24 январ тамоми рӯзномаҳои СССР дар саҳифаи аввалашон расми доҳӣ ва хабари марги ӯро дарҷ намуданд. Дар ҳисоботи ОГПУ бобати вазъи сиёсӣ ва иқтисодии СССР дар моҳи январи соли 1924 доир ба марги доҳӣ гуфта мешуд: “Аввалин хабарҳо дар ҳама ҷо мардумро ҳайратзада ва гирён намуданд. Дар маҷлисҳои коргарон, аз сарнавишти РКП (б) ва ҳукумати шӯравӣ эҳсоси тарс ба чашм мехӯрд. Дар маҷлисҳо гоҳе деҳқонон чун кӯдакон гиря мекарданд”. Бисёриҳо эълони расмиро интизор нашуда, озими пойтахт гардиданд. Ҷасади Ленин дар зали Коллонии Хонаи Иттифоқҳо (дар наздикии Кремл) гузошта шуд, то мардум бо ӯ хайрухуш кунанд.

Чоршанбе, Янв 20 2021

 

Карераи сиёсии Эрих Хонеккер ҳанӯз дар замони Ҷумҳурии Веймерӣ оғоз гардид. Хонеккер 18 соли дароз зимоми қудратро дар Олмони демократӣ дар даст дошт. Ба гуфтаи таърихнигори олмонӣ Мартин Забров Хонеккер бо ҳамроҳии дӯстонаш Гюнтер Миттаг ва Эрих Малке чунон зимоми қудратро дар таърихи навини Олмон зери тасарруф гирифт, ки ҳатто Людендорф ва Гитлер ҳам ин корро карда натавонистанд.Маҳз ба ҳамин хотир Забров Хонеккерро диктатор унвон намудааст. 

Коммунисти ҷавон

Эрих Хонеккер моҳи августи соли 1912 дар шаҳри Саари Олмон, дар оилаи ангишткан ба дунё омад. Ӯ дар синни 10 солагӣ ба гурӯҳи коммунистии кӯдакона шомил шуда, дар 14 солагӣ аъзои Иттиҳоди коммунистии Олмон гардид. Соли 1928 ӯро роҳбари ташкилоти маҳаллии комсомолӣ таъин намуданд, соли 1930 бошад, Хонеккери 17 соларо ба сафи Ҳизби коммунистии Олмон пазируфтанд. Дар ҳамон сол Хонеккер барои таҳсил ба СССР равона карда шуда, дар мактаби Байналмиллалии ленинии Маскав ба таҳсил пардохт. Баъди чанде Хонеккер дар сафи бригадаҳои коргарии интернатсионалӣ дар сохтмони Комбинати металлургии Магнитагорск ширкат варзид. Баъди бозгашт аз Маскав, Хонеккер роҳбари ташкилоти комсомолии Саар интихоб карда шуд. Аввалин устоди Хонеккер дар сиёсат Отто Нибегал гардид. Нибегал дар Рейхстаг аз ҲК Олмон намояндагӣ мекард ва аз таҷрибаи ғании сиёсӣ бархӯрдор буд. 

Зиндонии Маобит

Баъди омадани Гитлер ба сари қудрат, ҳизби коммунистии Олмон ба кори пинҳонӣ гузашт. Бо вуҷуди ин, шаҳри Саар ватани Хоннекер дар оғоз зери мандати Лигаи миллатҳо қарор дошту аз ҳайати Олмон хориҷ буд. Аммо моҳи январи соли 1935 тариқи як раъйпурсӣ (плебистсит) Саар ба ҳайати Олмон ворид гардида, вазъи коммунистон дар ин гӯшаи Олмон низ вазнин гашт. Хонеккер маҷбур шуд ба Фаронса фирор кунад. Аммо иқоматаш дар Фаронса зиёд тӯл накашид ва ӯ моҳи августи соли 1935 бо номи Мартен Тяден ғайриқонунӣ ба Берлин баргашта, ба муборизаи зиддифашистӣ ҳамроҳ гардид. Муборизаи ӯ низ дер давом накард ва моҳи декабри соли 1935 Хонеккер аз ҷониби пулиси махфии Олмон “Гестапо” боздошт карда шуда, равонаи зиндони маъруфи Маобит шуд. Хонеккер 2 сол дар Маобит зиндонӣ буд ва моҳи июни соли 1937 мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз гашта, додгоҳ Хонеккерро ба 10 соли зиндон маҳкум карда, ба зиндони Бранденбург интиқол дод. 

Хонеккер ва Карим командир

Хонеккер то охири ҷанг дар зиндон монд. Моҳи марти соли 1945 Хонеккерро барои рафтори хубаш дар зиндон ба корҳои сохтмонӣ равона карданд ва ӯ ҳангоми яке аз ҳамлаи ҳавоӣ ба Берлин тавонист аз зиндон фирор карда, дар хонаи яке аз нозирони зиндон пинҳон шавад. Ин нозири зиндон Хонеккерро розӣ кунонд, ки ба зиндон баргардад ва ӯ баъди чанд рӯз, ду бора ба зиндони Бранденбург боз гашт. Бо вуҷуди ин, фирори Хонеккер аз зиндон, ки бе маслиҳат бо рафиқони ҳамҳизбаш амалӣ гардида буд, барояш баъдан мушкил эҷод кард. 27 апрели соли 1945 нерӯҳои Артиши Сурх зиндони Бранденбургро ба тасарруф дароварда, зиндониёнро озод намуданд. Бо амри тақдир озодкунандаи Хонеккер, тоҷикписари ховалингӣ Саидаҳмад Каримов гардид, ки бо тахаллуси Карим-командир маъруф буд. Ин ҷавони ховалингӣ бо ихтиёри худ ва бо аспи ромкардааш аз Тоҷикистон ба ҷанг рафта, то Берлин расида буд. Хонеккер баъди озодшудан ба Берлин баргашт, аммо ҳодисаи фирораш миёни коммунистон шакку шубҳаи зиёде эҷод намуда буд. Иддае ӯро ба ҳамкорӣ бо Гестапо айбдор мекарданд. Эрих барои зудудани иттиҳомоти хиёнат, қиссаи озодшуданаш аз зиндонро барои ҳаммаслаконаш нақл кард.

Чоршанбе, Янв 13 2021

 

Ким Чен Ын роҳбари олии Кореяи Шимолӣ, писари Ким Чен Ир ва набераи Ким Ир Сен соли 2011 зимоми қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Баъди сари қудрат омадан, Ким Чен Ын-и ҷавон (он шабу рӯз ӯ ҳамагӣ 28 сол дошт), ки таҳсилкардаи Шветсария буд, сиёсати падару бобояшро каме тағйир дод ва ин сабаб шуд, ки бисёриҳо ӯро бо Михаил Горбачев ташбеҳ кунанд. 

Писари саввум

Ким Чен Ын писари саввуми Ким Чен Ир ва модари ӯ Ко Ён Хи зани саввуми Ким Чен Ир буд. Касе гумон намекард, ки қудрати сиёсӣ дар Кореяи Шимолӣ ба писари саввум бирасад. Бародарони Ким Чен Ын-Ким Чен Нам ва Ким Чен Чхол аз ӯ бузургтар буданду қудрат дар кишвар мебоист ба яке аз онҳо мунтақил мешуд. Худи Ким Чен Ир мехост писари калониаш Ким Чен Намро вориси худ гардонад. Ким Чен Нам баъди анҷоми таҳсил дар Маскав ва Женева ба ватан баргашт ва ӯро сардори департаменти бехатарии киберии Кореяи Шимолӣ таъин намуданд. Аммо як иттифоқ ба карераи сиёсии Ким Чен Нам нуқта гузошт. Дар аввалҳои солҳои 2000-ум, Ким Чен Намро бо шиносномаи қалбакӣ дар пойтахти Япония дастгир намуданд. Писари калонии Ким Чен Ир баҳона пеш овард, ки мехост ба тамошои Диснейленд биравад, аммо хадамоти амниятии Япония аснодеро расонаӣ кард, ки тибқи он Ким Чен Нам чандин бор пинҳонӣ барои айшу ишрат ба Япония омадааст. Миёни Пхенян ва Токио ҷанҷоли дипломатӣ бархост ва Ким Чен Ир маҷбур шуд писарашро аввал аз симмати ҷонишинӣ ва сипас аз кишвар берун кунад. 

Писари дуввуми Ким Чен Ир, Ким Чен Чхол бошад ҳамагӣ 2 сол аз бародараш бузургтар буд ва акнун маснади ҷонишинӣ мебоист байни ин ду ҳаллу фасл мегардид. Инҷо низ бахти Ким Чен Ын баландӣ кард. Дар яке аз рӯзҳо 2 бародар бо ҳам баскетболбозӣ мекарданду падарашон ин бозиро тамошо дошт. Баъди анҷоми бозӣ, Ким Чен Чхол аъзоёни дастаашро назди худ хонд ва аз ҳамаи бозингарон ташаккур кард, аммо Ким Чен Ын бошад, бозингаронашро бо ҷиддият муҳокима карда, хатогиҳои ҳар якеро гӯшзад мекард. Дар ин асно Ким Чен Ир ба сарошпази худ, ки як шаҳрванди японӣ буд муроҷиат карда мегӯяд: “нигоҳ кун, мебинӣ Ким Чен Ын ба ман шабеҳтар аст ва қудрат бояд ба ӯ мунтақил гардад”. Ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки роҳбари олии Кореяи Шимолӣ писари саввумашро ба ҳайси ҷонишини худ интихоб кунад.

Фалсафаи Сангун 

Ким Чен Ир моҳи декабри соли 2011 вафот кард ва рӯзномаи асосии Корея Шимолӣ “Нодон Синмун” Ким Чен Ын-ро Сарфармондеҳи олии Артиши халқии Корея эълон намуд. Артиш дар Кореяи Шимолӣ ҳанӯз аз замони поярези ин кишвар Ким Ир Сен нақшӣ асосӣ дорад. Ким Ир Сен ҳатто консептсияи фалсафиеро бо номи Сангун роҳандозӣ кард, ки тибқи он артиш аз ҳама чиз болотар меистод. Артиши Кореяи Шимолӣ 4-умин артиши бузург дар ҷаҳон ба шумор меравад ва генералҳои он, ҳамеша нақши вежа дар сиёсати ин кишвар доштанд. Маҳз ба ҳамин хотир Ким Чен Ын дар раисии он қарор гирифт. Аммо Кими ҷавон дар дохили худи Ҳизби коргарии ҶХДК рақибони сиёсии пурзӯре дошт. Дар раъси онҳо аммааш (хоҳари Ким Чен Ир) Ким Ёе Хи ва шавҳари қудратманди ӯ Чан Сон Тхек меистоданд.

саҳ 18 аз 60

Китобҳо

Flag Counter