3.11.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз бойтарин ва қудратмандтарин ташкилот-Институти марксизм-ленинизм дар назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.
25.10.1922. Соати 4-и рӯз нерӯҳои артиши Ҷумҳурии Шарқи Дур бо фармондеҳии И.Убаревич ба шаҳри Владивосток ворид шуданд.
18.10.1905. Дар Маскав яке аз инқилобчиёни касбӣ ва фаъоли ҳизби болшевикӣ Николай Эрнестович Бауман ба қатл расид. Ӯро дар РСДРП ба хотири убури устокоронаи сарҳад "шӯрнӯл" (грач) лақаб ниҳода буданд.
13.10.1921. Имзои созишномаи Карсск. Ин созишномаи оташбасе буд, ки миёни РСС Гурҷистон, Озарбойҷон ва Арманистон аз 1 тараф ва Туркияи камодӣ аз сӯи дигар ба имзо расид. Албатта намояндагони РСФСР низ ба ҳайси тарафдорони ин 3 ҷумҳурии шӯравӣ дар имзои созишномаи Карсск ширкат варзиданд.
5.10.1938. Дар СССР бо ҷурми заҳролуд кардани Максим Максимович Горкий (Пешков) яке аз беҳтарин табибони рус Дмитрий Плетнев ба ҳабс гирифта шуд.
29.09.1938. Сарвазири Бритониё-Артур Невилл Чемберлен (собиқ вазири тандурустии Англия) бо ҳамтои фаронсавиаш Эдуард Даладье дар шаҳри Мюнхени Олмон бо Адолф Гитлер ва Бенито Амилкаре Андреа Муссолини созишномаи сулҳро ба имзо расониданд.