ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 19 2021

Солҳои 20-уми асри 20 вақте, ки ҳокимияти советӣ ба тоҷикон давлат дод, (агар чанде дар ҳудуди маҳдуд), ба ғайр аз конибодомиҳои бонангу бономус ва далеру бошуҷоат дигар тоҷикони ӯзбекистонӣ садо баланд накарданду ғурури миллӣ нишон надоданд. Сабабаш нодонӣ ва бесаводии мардуми тоҷик буд.

Бояд гӯям, ки дар якчанд ноҳияҳои ҷумҳуриямон аҳолие зиндагӣ доранд, ки худро араб медонанд. Ин арабҳо он арабҳое нестанд, ки 1200-1300 сол пеш буданд, балки арабҳое ҳастанд, ки бо тоҷикон омехта гашта, дар бари мо кору зиндагӣ доранд, мо онҳоро тоҷик медонем. Барои ҳамин навиштаам малоли хотири онҳо нашавад. 

Баъзе бародарони исломӣ мақолаю хабар навишта, ба ман хашму эътироз мекунанд, ки дину паёмбарро таҳқир кардаам. Агар навиштаҳои маро бо Қуръону ҳадисҳо муқоиса мекардед, медидед, ки ман ягон ҷумла ё гаперо нисбати Паёмбар (с.) аз хаёли худ нанавиштаам. Он чизе навиштаам, аз Қуръону ҳадисҳо ҳастанд. Магар дар Ислом ҳақро навиштан гуноҳ аст? 

Баъзеҳо даъво доранд, ки Комрони Далер дигар нанависад, навиштаҳоям бояд чоп нашаванд. Бародарон, агар газета моли шахсии шумо мебуд, ҳақ доштед, чи коре, ки хоҳед бикунед. Маслиҳати ман ба шумо агар навиштаамро нахоҳед, онро нахонед, дидед, ки мақолаи ман аст, чашмонатонро пӯшед, беҳтар аст.

Комрони Далер, ш.Бохтар, 

тел: 205-22-00-00

 

Чоршанбе, Май 12 2021

 Нуқтаҳои обнӯшӣ 1 ҷузъи ҷудонашавандаи ҳар 1 шаҳранд. Хуб мешуд агар дар тамоми боғҳои кишвар сари ҳар қадам нуқтаҳои обнӯши пайваст гардида, дар фасли гармо дастраси ба оби тозаи нӯшиданиро барои мардум осон менамуд.

Дар бораи аҳамияти об нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюперӣ баъд аз фалокат дар биёбони Сахара арзиши ҳақиқии обро фаҳмида, пасон дар яке аз асарҳои худ навишта аст: «Об! Ту не маза дориву, не рангу не бӯй, туро тасвир кардан бениҳоят душвор аст, вале ту барои одамон зарур мебошӣ, баски ту худ ҳаёт ҳастӣ!”.  Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки ба қадри об расидаву дар 1 рӯз на кам аз 2,5 литр об нӯшем. Дар баробари фурӯши садҳо намуд обҳои газдору минералӣ, дар шаҳрҳои калон сар аз 1 майи ҳар сол фаввораҳои обнӯшӣ фаъол мегарданд. Ҳоло дар пойтахт боғу мавзеъҳои истироҳатӣ зиёд шудаанд, аммо мо надидем, ки фаввораҳои обнӯшии онҳо ё ба кор дарояд ё об дошта бошад. 

Фаввораҳо ё нуқтаҳои обнӯшӣ ҷузъи ҷудонашавапндаи ҳар 1 шаҳранду бояд дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои серодам насб шуда, мардум аз онҳо ба таври ройгон истифода баранд. Алалхусус, бо фаро расидани фасли тобистон зарурат ба чунин нуқтаҳо ба маротиб меафзояд. 

Дар зимн, мо тасмим гирифтем аз боғу гулгаштҳои пойтахт дидан намуда, миқдори фаввораҳои обнӯшӣ ва фаъолияти онҳоро назорат кунем. 

Обро дар ҳоҷатхона нӯшед!

27.04.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:46 дақиқа. Бо ҳамкорам Маҳина Малик нахуст ба боғи “Куруши Кабир” рафта, тамоми гирду атрофи боғро пурра аз назар гузаронида, дар ягон гӯша фаввораи обнӯширо надидем. Аз кормандони боғ пурсидем, ки оё дар ин ҳудуд нуқтаҳои обнӯшӣ ҳаст, ки мо нӯши ҷон кунем.

Боғбони боғи “Куруши Кабир” Рустам ба мо посух дод, ки об ҳаст, лекин ҳоло онро маҳкам кардаем. 

- Раиси боғ ба мо ҳамрӯза таъкид менамояд, ки обро сарфакорона истифода бареду вақте, ки алафҳоро об медиҳед, обро кушоед. Бе иҷозати раис мо ҳақ надорем, ки обро сар диҳем. Агар сахт ташна бошед, ба ҳоҷатхонаи боғ рафта об нӯшед. Агар аз ҳоҷатхона об нӯшидан нахоҳед, ҳо ана аз ҳамон дӯконча об харида нӯши ҷон кунед, гуфт боғбон.

Порки хушрӯ ҳаст! Об умуман нест!!!

Бубинед, агар мо аз деҳаи дурдасти ҷумҳурӣ ба пойтахт меҳмон омада, дар киса барои харидории об пул намедоштем, маҷбур будем ба ҳоҷатхонаи боғ даромада об нӯшем. Кӣ дидааст, ки мусалмон ва он ҳам бону, аз туалет об хӯрад???

Мутаассуф, набуди фаввораҳои обнӯшӣ ва ё маҳкам будани онҳо ин проблемаи танҳо 1 боғи “Куруши Кабир” нест. Дар боғи ба номи Алишер Навоӣ, боғи ба номи устод Рӯдакӣ ва Кӯли Ҷавонон низ нуқтаҳои обнӯшӣ нест. Чаро?

Сари мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф,

Маҳини Малик,

СССР

 

Чоршанбе, Май 05 2021

Вобаста ба арзиши хизматрасониҳо барои адои маросими ҳаҷ, Кумитаи дин борҳо мавқеи худро баён доштааст. Ба суолҳое ҳам, ки чаро нархи ҳаҷи Тоҷикистон аз нархи дигар кишварҳои минтақа фарқ дорад, борҳо изҳороти расмӣ низ нашр кардааст, ки он қисман дар “СССР” ҳам нашр шудааст. Ҳамчун хонанда, ман аз 1 пораи посухи Кумитаи дин бо имзои Афшин Муқим ном сухангӯяш ҳайрон шудам. Афшин менависад:

-Аммо мо дар тааҷҷубем, “СССР” дар кадом асос иддао кардааст, ки гӯё бо далели арзон будани арзиши ҳаҷ дар Қирғизистон “аксари сокинони вилояти Суғд талош мекунанд, тавассути Қирғиз ба ҳаҷҷ раванд”?

Бо ин суолгузорӣ, Афшин мухотабро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ мекунад! Яъне ба пиндори ишон тоҷике тавассути Қирғиз ба ҳаҷҷ на рафтаасту на меравад. Мантиқи суолгузорӣ ҳам ин аст. Инро хонда, натавонистам бе тафовут бошам.

Зеро худи ман соли 2012 дар Арабистони Саудӣ шоҳиди он будам, ки Тоҷикон тариқи Қирғизистон ва Россия ба ҳаҷ рафта буданд. Сабабаш арзон будани нархи ҳаҷ буд. Ва он шароите, ки мусулмонҳои зойири Қирғизу Россия доштанд, аз шарту шурути тамоми мусулмонони мамолики Осиёи Миёна беҳтар буд. 

Аз ҳамин лиҳоз дар нигориши газета ман ягон иштибоҳ намебинам. 

Вале ман низ акнун аз масъулини Кумитаи дин суол дорам:

-Чаро танҳо 2 ширкат барои ҳаҷи умра бурдан иҷозатнома доранд? 

-Магар намешавад, ки якчанд ширкат дар ин бозор ширкат намоянд? 

-Чаро рақобат дар ин бизнеси сермуштарӣ вуҷуд надорад?

Рақобат, ки афзуд нархҳо низ коҳиш меёбанд ва хизматрасониҳо беҳтар мешаванд. Ё ба мисли Газпром ва дигар промҳои дигар, ки бозори пухту сӯхти Тоҷикистонро монополия кардаанду барои дигарон хӯрок нест, боз 1 «ҳаҷпром» таъсис диҳем? 

Оқибати монополия ана ҳамин болоравии нархҳост, ҷанобон ҷавобдиҳандагон ва оқилакҳои Кумитаи дин. Мо Метавонем!

 

Шамсудин Гулаҳмадов

омӯзгор, номзади илм

 

Панҷшанбе, Апр 29 2021

 Ғолибони озмуни IX-уми байналмилалии МАГ «Шаҳр дар оинаи ВАО-2020», ки аз ҷониби Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои калон дар доираи Форуми байналмилалии «Мегаполиси асри XXI» баргузор гардид, бо Дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. 

 Маросими супоридани ҷоизаҳо ба муаллифони мақолаҳое, ки дар Нашрияи Ҳукумати ҶТ "Народная газета" чоп шуда буданд, рӯзи 27.04.2021 дар редаксияи ин газета баргузор гардид. Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири нашрия ба муовини директори Маҷмааи рӯзномаю маҷаллаҳои «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Умар Шерхонов, ки барои мақолаи таҳти унвони «Дили модар» дар номинатсияи «Ғалабаи бузург-75 сол. Мо дар ёд дорем ва фахр мекунем!" ҷойи дуввумро сарфароз гардид, Дипломи дараҷаи 2-юмро супорид. 

Бо ҳамин гуна Диплом муҳаррири шуъбаи нашрияи “Народная газета” Лутфия Эшонқулова барои мақолаи "Қаҳрамонони ин баҳор" дар номинатсияи "Шаҳри оқил-Шаҳри бехатар" сарфароз гардонида шуд. 

Ҳайати ҳакамон ба мақолаҳои дар газетаи "Народная газета" нашршуда доир ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ободонии пойтахт ва саҳми табибон дар мубориза бо коронавирус баҳои баланд доданд. 

Ёдовар мешавем, ки дар умум нашрия дар ин озмун соҳиби 8 ҷоиза гардид. Аз ҷумла, рӯзноманигори варзида Олег Соболев барои мақолаи худ таҳти унвони "Мо фашистонро мағлуб кардем" дар бахши "Ғалабаи бузург-75 сол. Мо дар ёд дорем ва фахр мекунем! " ҷои аввалро сазовор гашт. Ҷойи аввал бо ӯ ҳамчунин насиби нависанда-рӯзноманигор Владимир Фролов ба мақолаи "Фармондеҳи эскадрони достонӣ аз Дороб" шуд. Аз рӯи ҳамин номинатсия, ҷои дуюмро собиқадори мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркин Муҳиддинов барои мақолаи «Корнамоии ҷовидонӣ», муаллим, доктори илмҳои педагогӣ Умарҷон Юлдошев - «Корнамоии табибон дар давраи Ҷанги бузурги ватанӣ" ва Арбоби ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева - "Таърихи сарбоз " сарфароз гардиданд. Инчунин, хабарнигори нашрияи “Народная газета” Сайидо Назаров бо мақолаи "Душанбе-шаҳри ҷаҳон" дар номинатсияи "Шаҳри оқил-шаҳри бехатар" мақоми аввалро соҳиб шуд.

Муборак бошад. Ҳамкорони азиз!

 

СССР

 

Чоршанбе, Апр 28 2021

 

Оҳ, обшори дидор!

Пагоҳии 11.04.21 ба ҳунарманди арҷманди Тоҷик устод Қиёмидин Чақалзода паём фиристодам. Бо хурсандӣ гуфт:

-Меойӣ?

Гуфтам:

-Бале!

Соат аз 11 гузашта буд, ки занг зад:

-Э бача, куҷо шудӣ?!

Гуфтам:

-Кофарниҳон пушти сар шуд! Файзобода чун дар таги бинӣ мебинӣ.

Хандида гуфт:

-Пиёдаӣ?

Гуфтам:

-Пиёда мебудам, кайҳо мерасидам!...

Ронанда Бобишо ном хушгуфторе будаст, пас аз ин сухан гашти мошинро дигар карду маро рост ба даҳани дарвозаи он дӯсти пуровоза расонд. Бузургвор дами дар интизор буд, хурсанд шуд. Бобишо аз пайи кори худ рафту мо хона даромадем. Нонишаста аз Нурулло Исобоев пурсид:

-Сармаст куҷост? Агар меовардиш, кори хуб мекардӣ! Ёдаш кардем.

Гуфтам:

-Имрӯз дар бозори Маҳмадалии Дарвозӣ дидамаш. Куҳнаколое оварда буд, ниме барои дӯхтану ниме барои фурӯхтан!  Саге ҳам сӯяш наҷакид!

Гуфт:

-О, бача-а! О, наовардиш, сарупойи наваш мекардем!

Гуфтам:

-2 ҳафта пас!

Ҳайрон шуд:

-Чӣ хел?

Гуфтам:

-Охир, моҳи худат даромадаст: 28-ум зодрӯз дорӣ-ку?!

Маҳин хандиду гуфт:

-Ё насиб!

Интизорӣ

Устод ба тиреза нигиристу гуфт:

-Аз ҳамин тиреза чашмам ҳамеша сӯйи дар аст, ку дӯсте биёяд, ки банди дилам бикшояд?

Маро ин сухан ба ёди падари раҳнигарам бурд, ки обашро ҳам баошӣ намехӯрд. Оҳ, падари арҷманд! Рӯзи дароз чашм аз тиреза намеканд...

Ободии хона

Ҳамсари меҳрубонаш бо пазироии хуш дастархон биёросту чун аз дар берун шуд, устод ба ман рӯ овард:

-Сайёд, ободии хонаи ман ҳамин занак аст! Мо марди кӯча будем: ҳамеша дар кору дар гашту гузор. Ин бечора на шаб хоб дошт, на рӯз. Дар ними шаб ҳам, дар дами барфу борону шамолу шӯриш деҳ ба деҳ мегашт, аз беморон хабар мегирифт. Духтури хуб аст! Кору бори хона, парвариши фарзандон, нигоҳубини гову мол... ин ҳамаро саришта мекард. Дар бораи ҳамин ягон чӣ менависӣ?

Даст рӯйи дил бигзоштам:

-Бале!

Ҳамсарашро фарёд карду бо хушнудӣ гуфт:

-Сайёд ягон чияк дар бораи худат менависад, коре, ки ту дар ин зиндагӣ кардӣ, осон нест, қаҳрамонист! Бачаҳову набераҳора гап зан, якҷоя сурат бигиранд... 

Дилбастаи Душанбе

Худаш дар Файзободу ҳушу ёдаш дар Душанбе буд. Бо ҳам дар кӯчаву бозору гулзори Душанбе ҳамеша сайр мекардем. Шеъри устод Бозор Собир “Гулзори Душанбе”-ро ширин замзама мекард:

Чидам гули садбарг зи гулзори Душанбе,

Бурдам ба дари хонаи дилдори Душанбе.

Маҳтоб авезон ба сари шохи чанораш,

Фонуси шаби шоири бедори Душанбе.

Ёди Гурез Сафар

Устод бо меҳр аз хонадони ошноёни суханпарвараш ёдовар гашт:

-Мо бо Ашӯр Сафар хуб ошноӣ доштем. Бо Гурез ҳам куҳна ошноем. Бисёр шоири нағз аст. Файзи додараш ҳам шоири хуб аст. Насиби зиндагӣ бошад, рӯзе Душанбе рафтем, якумин коре, ки мекунем, аз Гурез хабар мегирем. Вай бемор аст. Бузургони мо чӣ нек фармудаанд:

Шикастаустухон донад баҳои мӯмиёиро!

Ёди Сайёфи Мизроб

Устод чун ҳамеша номи Сайёфи Мизробро бо сарафрозию сипоси бисёр ба забон овард:

-Сайёф хуб ҷавонмард аст! Падарша раҳмат! Барои ман додар аст! Чизҳои хуб менависад, мехонам! Гоҳе бисёр сахт менависад, медонам, дилаш месӯзад! Насиб кунад, 1 рӯз редаксияи СССР меравем!

Орзуяш сафаре буд ба Ғарм...

Устод кайҳо орзу дошт, ки бо дӯстони азизи худ - Шодӣ Солеҳу Бозори Раҳим Ғарм равему дар боғи Мирзошои Акобир сайр намоем. Дар ин дидор ҳам аз Камоли Бекзодаву аз Мирзошои боғпарвар ёдовар гашт:

-Камол соз аст? Газетаи Ғарма дар ҳамон солҳои вазнин ҳам чоп кард, офаринаш! Бачаи зӯр аст! 3 сол шуд, ки Ғарм рафтанием, намешавад. Хостем, ки аз боғи Мирзошо ниҳол биёрем, нашуд...

Гуфтам:

-Ғам нахӯр, меваҳоша меорем!

Бо дӯст нишастан аст хубе...

Устод ҷӯраи бачагии худ - Ҷӯрабеки Муминро фарёд кард, ки Сайёд омадаст, биё! Он ошнои қаламӣ фарёдрас будаст, омад. Бисёр хуш нишастему ночор бархестем. Сахт хоҳиш кард, ки шом шудаст, имшаб нишинем. Гуфтам:

-Ягон рӯзи дигар шабнишинӣ меоем! 1 дуо бидеҳ!

Моро аз роҳи дигар суйи берун оварду гуфт:

-Дунё ҳам 2 дар дорад!

Дар бари хонааш чанд беду оби равон буд бо пайроҳаеву бо сабзазори хушнамуд, ки ҳушатро мерабуд.  Устод моро хуш ба оғӯш гирифту ғамгин гусел кард...

Эй дареғ!

Ин дидори вопасин будаст: ҳамагӣ пас аз 3 рӯз - бомдоди 14.04.21 ин дӯсти ширинсухан дида фурӯ баст. Ашки ҷонсӯзи азизонаш дар ҷигари санг нишаст. Осмон ҳам беист мегирист...

Ҷоят биҳишти нозанин бод, эй азизи ҳамешадарёд!

 

Сайёд ҒАФФОР

16.04.21

Чоршанбе, Апр 21 2021

Салом ба СССР-и азиз! Ман аз соли 2008 дар мавзеи Оби қишлоқ тариқи шартномаи иҷораи замин кор карда, ризқу рӯзии фарзандонамро ёфта зиндагиро ба пеш мебурдам. Соли 2009 дар масоҳати 1,2 га боғ бунёд намуда, таъминоту коркарди онро ба дасти худам гирифтам. Ин мавзеь харобазореро ташкил менамуду касе парвои он надошт. Баъди обод кардан соли 2018 роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ба замини мо эътироз намуда, эълон кард, ки он ба ҳудуди ҷамоат дахл дорад. 10 сол замини бекорхобида ба ҷамоат лозим набуд, пас аз обод шудану ба ҳосил даромадани дарахтони мевадиҳанда он қитъаи замин даркор гашт? 

Билохира, соли 2020 нафаре бо номи Аҳрор Исрофилов ба боғи мо худсарона даромада, бо трактор дарахтонро решакан намуда, замини ободро чаппагардон кард. Касе аз ниҳодҳои давлатӣ ва қудратии ш.Панҷакент барои ин амалаш ба мавсуф чизе нагуфт. Президенти ҶТ дар тамоми мулоқоту вохӯриҳояшон мегӯянд, ки ҳар 1 порчаи заминро обод кунед, вале ин нафар боғи ободу 300 бех дарахти мевадиҳандаро чаппагардон карду рафт... 

Ман аз раиси нави ш.Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода пурсиданиам, ки дар ин ҳолат кӣ гунаҳкор аст: ман, ки замини бекорхобидаро обод карда, боғ бунёд намудам ё Аҳрор Исрофилов, ки онро бар хилофи таъкидҳои Сарвари давлат чаппагардон кард? Пас аз чунин амалҳо дили кӣ гарм шуда, ба ободӣ даст мезанад?

С.Ҳамзаев, ш.Панҷакент, тел: 93 446 17 19

 

саҳ 20 аз 83

Китобҳо

Flag Counter