Дар шароити кунунӣ, ки ҳамасола дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти хурду калон сохта ба истифода дода мешаваду боғҳои фарҳангию фароғатӣ барои дилхушии аҳолӣ бунёд меёбанд, набудани ҳоҷатхонаҳои умумӣ дар кӯчаҳои пойтахт ҳамоно мушкили №1 барои мардум мемонад.
Чаро меъморон ба ин мушкили воқеан муҳим диқат намедиҳанд ва рӯйхати ҳоҷатхонаҳои мавҷуда дар шаҳри Душанбе нест? Дар куҷо будани ҳоҷатхонаҳо ҳатто дар харитаҳои барои сайёҳону меҳмонони пойтахт пешниҳодшуда аломатгузорӣ карда нашудааст. Ҳол он ки бовар кунед, ин нуқтаҳо барои 1 сайёҳи хориҷӣ хеле муҳим аст.
Ҳоҷатхонаҳоро фақат дар бозорҳои шаҳр мебинем, вале мардуме, ки ба сайр ва фароғати боғҳо меояд, дар шароити эҳтиёҷ бояд куҷо равад? Ҳама ҷо мағозаҳои либосаю молҳои люкс кушода шудааст, агар дар дохили онҳо ҳоҷатхонае ҳам бошад, танҳо барои кормандони худист.
Дар боғи Рудакӣ ва Маркази савдои «Садбарг» ташнобгоҳ баъзе вақтҳо кор намекунад. Ҳоло роҳҳои берун аз шаҳрро гирем, амсоли масири Душанбе-Кӯлоб, ки қариб таҳоратхона нест, фақат ба маркази ягон ноҳия ворид шавӣ баъд ташноб ёфт мешавад. Маъмулан барои мардуми ронандаю мусофир паси дарахту пушти куҳ ҳамчун ҳоҷатхона хизмат мекунад. Дар давлатҳои дигар вақте сафари дароз мекунӣ, дар ҳар сари роҳ миёни ҷангалу биёбонҳо низ яктои ба қавле «бутка»-и ташноб гузошта шудааст. Чӣ мешуд дар пайи муосиркунонӣ ва соли рушди сайёҳӣ ҳамин гуна буткаҳо-биотуаллетро барои мардуми мусофири роҳи дур созем?
Ҳолати санитарӣ
Ташнобҳои марказ, ки баъзе вақт дар ҳолати корӣ қарор доранд, шароити санитариашон хуб аст, вале дуртар аз марказ дар бозорҳои хурокаву либоса, яъне «Саховат», «Корвон» бозори «Деҳқон» тозагӣ тамоман риоя намешавад. Ҳарчанд ин ташнобгоҳ пулакианд, вале тамоми атрофи он ифлос буда ҳади ақал дар назди дастшӯйи он собун намегузоранд, то муштарӣ ҳатман дастонашро бо собун бояд шӯяд. Садҳо навъи касалиро мо маҳз аз ҳамин ҷойҳо меқапем. Таҳоратхонаи маркази савдои Хуросон бошад, бояд ё оҷилан баста шавад ва ё таъмиру тармим. Чаро? Барои посух ба ин суол 1 бор дароед, муҳтарам масъулин!
Нарх 2 сомонӣ шуд…
Тавре маълум гашт дар пайи гаронии нархи сӯзишворию хурокаю роҳкиро масъулони ташнобгоҳҳо низ ақиб намонда, нархи ҳоҷатхона сари одам аз 1,50 то 2 сомонӣ мерасад. Суол ин ҷост, ки дар бозорҳое, ки ҳаррӯза то 1000 нафар рафтуомад мекунанд, қариб тамоми онҳо аз ин макон истифода мебаранд, пас чаро бо ин 2 сомонӣ мегирифтаашон шароити ҳоҷатхонаҳо каме беҳтар нашавад? Бояд гуфт аз гаронии нархи хоҷатхона касе наменолад, зеро медонем дар зимистону сармо одам барои эҳтиёҷи саривақтиаш беминнат пул медиҳад. Вагарна кор расво!!! Вале инсоф ҳам лозим. Наход мусалмон дар чунин шароит таҳорат кунад?
Овозаҳост, соҳибони ҳоҷатхонаҳо тоҷироне ҳастанд, ки дар ҳар гушаи шаҳр то чанд ҳоҷатхона сохта, ба иҷора доданд ва ҳар моҳ аз он маблағи ҳангуфте ба даст меоранд. Оё ин ҳоҷатхонаҳо ягон андоз месупоранд? Ё тафтишгарони ҳолати санитарию эпидемиологӣ боре тозагӣ ин ҷойҳоро аз назар мегузаронад? Ё «хизматрасонӣ»-и масъулини ин ниҳодҳо ройгон асту парвое надоранд? Мо пайгири мавзуъем.
Баҳори Шарифхон,
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар