ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 20 2021

Сараввал мехостем ба рӯзномаи мардумии СССР изҳори сипос намоям, чун дардошнову дардшунави мардум аст. Саволи матраҳ ин аст, ки бархе масъулин тамоми телевизионҳои давлативу хусусиро телевизион мешуморанду шабакаи наврасону кудакон «ТВБ»-ро аз мадди назар дур мекунанд? Магар ҳокимони мутлақи 1 вилояти калон фаромӯш кардаанд, ки имруз тарбияи ахлоқии насли наврас агар ба зиммаи волидон ва мактабу маориф бошад, пас нақши телевизион ҳам дар ташаккули ӯ таъсиррасон аст. 

  2 сол дар интизори посух….

Имруз ТВБ дар ҳақиқат ба яке аз шабакаҳои сирф кӯдакона табдил ёфтаасту  алоқамандонаш ҳам кам нестанд. Зеро ҳамаруза аз ҳаёти кӯдакону наврасон  хабару гузориш ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия ва пешниҳоди дӯстдорони олами рангини бачаҳо менамояд. Аз рӯзи аввали фаъолиятамон дар ин шабакаи кӯдакона 2,5 сол сипарӣ мегардаду то ҳол ҷавоби мактуби худро, ки 2 сол  қабл  ба унвони раиси вилоят оид ба ҷудо кардани утоқи корӣ ирсол карда будем гирифта наметавонем. Ба ростӣ аз шунидани суханони «Ҷавоби мактубро интизор шавед» ба ҷое расидаем. 

Кохи фарҳанг-номи калону деги вайрон?

Наход дар 1 вилояти калон барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани утоқи корӣ мушкил бошад? Айни ҳол мо дар бинои Иттифоқи касаба иҷоранишин ҳастему аз роҳбари ин ниҳод изҳори ташаккур мекунем, ки моро то ин дам дастгирӣ менамояд. Биёед меандешем, ки чаро ин ниҳоди ғайридавлатӣ моро дастгир асту мо, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро тарғибу ташвиқ менамоем аз мақомоти давлатӣ ягон дастгирӣ намебинем? 

Дар давраи фаъолияти кории муовини соҳавии раиси вилоят оид ба кор бо ҷомеа Хидирзода Махфират Умар ҳам пеши он кас бо ин масъала даромада будем. Он замон  дар ш.Бохтар бинои Кохи фарҳанг бунёд мегардид. Муаллимаи азиз ваъда доданд, ки аз бинои мазкур барои ТВБ утоқе ҷудо хоҳем кард. Мутаассифона муаллима баъди ба истифода додани Кохи фарҳанг бинобар сабаби тағйироти кадрӣ рафтанду мактуби мо боз беҷавоб монд. 

Барои идомаи иҷозаи фаъолияти корӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр ба муовини раиси ш.Бохтар муроҷиат карда, ҷавоби қаноатманд пайдо карда натавонистем. Муаллима бо муомилаи ба худашон хос моро то ба охир гӯш карданду сипас бо ваъдаи он, ки  кори мо ҳалли мо худро меёбад рӯҳбаланд намуданд. Баъдан чуноне иттилоъ пайдо кардем, ҳамон Кохи фарҳанги навтаъсис аз об ва барқ қарздор будааст. Шояд ба мо маълумоти бардурӯғ дода бошанд, вале ҳамаи ин баҳонае беш нест. Барои ҳалли 1 масъалаи ночиз ин қадар даводав ва мактуббозиҳо, пеши раису мансабдорон даромадан, ростӣ дилбазан шудааст.  

1 утоқи корӣ чӣ мушкил дорад!?

Дар назар барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани 1 утоқаки корӣ мушкил бошад, пас аҳволи  мардуми оддӣ, ки бо корафтодагӣ  пеши дари ҳар мансабдор навбат меистанд, чӣ бошад?

Чаро масъулону вазифадорон кашолакориро ин қадар дӯст медоранд? Дар соли 2021 умедвор ҳастем, ки масъалаи норавшани мактуби мо ҳалли худро меёбаду мо дигар дар фаъолияти кории худ монеагиҳоро бартараф хоҳем кард.

А.Нуриддин, Т.Олимов, 

хабарнигорони минтақавии МД «Телевизиони «Баҳористон» 

дар вилояти Хатлон  

Дар ҳамин маврид: Тасодуф аст ё тасодум, ки баъди сари кор омадани шахсияти бисёр дипломат ва сиёсатшинос, Маликшои Неъмат, сардамдорони Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон бе ҳеҷ дастуру огаҳии пешакӣ, утоқи кори хабарнигори музофотии СССР-ро бастанд ва хабарнигори моро дар сардиҳои алиму азим ба кӯча партофтанд. Намедонем, раиси Иттифоқи касабаи Хатлон кисту чӣ мавқеъи сиёсӣ дорад, вале бар боварем, ки Маликшои Неъмат ҳатман ба қазия расидагӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, Янв 13 2021

  

Чанде пеш Муродулло Собирӣ, яке аз хонандагони газета аз н.Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар бораи нақбҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдод, макони ҷойгиршавӣ, маблағи барои сохтмони онҳо сарфшуда ва масофаашон пурсида буд. Ба ин суол мухбири СССР аз мутахассисони Вазорати нақлиётӣ ҶТ посух гирифта, онро пешкаши Муродулло Собирӣ ва хонандагони дигари газета менамояд. Донистан хуб аст! 

Нақби «Шаҳристон»

Нақби «Шаҳристон» дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воқеъ буда, дарозиаш 5253 метрро ташкил менамояд. Ин нақб соли 2012 ба истифода дода шуда, тибқи лоиҳа барои бунёдаш беш аз 100 миллион доллари ИМА сарф гаштааст. Нақби мазкурро ширкати чинии China Road And Bridge Corporation сохтааст.

Нақби «Хатлон»

Нақби «Хатлон» (дар гузашта Чормағзак) дар роҳи Душанбе-Кӯлоб қарор дошта, дарозиаш аз 4430 метр иборат аст. Ин нақбро ширкати China Road And Bridge Corporation соли 2013 сохта, ба истифода додаст. Сармояи ин лоиҳа 70 миллион доллари амрикоӣ аст. 

Нақби «Дӯстӣ»

Ин нақб дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар наздикии мавзеи Майхура воқеъ буда, дарозиаш 900 метрро ташкил медиҳад. Ин нақб соли 2010 ба истифода дода шуда, бунёдгузораш ширкати China Road And Bridge Corporation мебошад. Маблағи сарфшуда наздики 12 миллион доллари ИМА аст.

Нақби «Озодӣ»

Нақби «Озодӣ» (дар гузашта «Шар-Шар») дар масири Душанбе-Кӯлоб ҷойгир буда, дарозиаш 2224 метрро ташкил менамояд. Он соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби ширкати чинии China Railway Construction Corporation бо маблағи наздики $ 38 миллион бунёд ёфтааст.

Нақби «Истиқлол»

 Нақби «Истиқлол» (дар гузашта Анзоб» дар масири Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ воқеъ буда, дарозии он 5000 метррро ташкил менамояд. Он соли 2006 аз ҷониби ширкати эронии «Собир интернешнл» бунёд ёфта, то ба имрӯз сохтмонаш идома дорад. Маблағи барои бунёди нақби «Истиқлол» сарфшуда наздики 39 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пасон барои корҳои тармиму азнавсозии он боз 10 миллион доллари дигар ҷудо шуд.

Воқеан ҳам ин нақбро, ки эрониён сохтаанд, метавон ба халтуратарин гурӯҳи нақбҳои пастсифати олам шомил кард ва бо ҳамин ба ҷаҳониён мужда дардод, ки бо ширкатҳои эроние чун «Собит интернешнл» аслан ҳамкорӣ накунанд!!!

 Дар ҷамъ, бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 5 нақби автомобилӣ ва 23  долони зиддитармавӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Барои нигоҳдорӣ ва равшаннамоии нақбҳо моҳи октябри соли 2019 Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ” таъсис дода шуд. Фаолияти ин ширкат низ хеле заъиф аст. Зеро бидуни нақби “Шаҳристон” дигар ҳама тунелҳо, ба вежа нақби Истиқлол, Озодӣ (Шар-Шар) ва Хатлон (Чормағзак) шабонарӯзӣ торику ниматориканд. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Чоршанбе, Янв 06 2021

- Салом СССР-и азиз! Дар маркази вилояти номдори Хатлон аз чӣ сабаб бошад, ки мағозаи фурӯши китобҳои бадеӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва дигар ҷабҳаҳои илми муосири имрӯза, фаъолият надоранд.  Дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо китобҳои бадеӣ, илмию техникӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳони муосири пазируфташударо мутолиа кардан, ҳамчун боду ҳаво лозим аст. Вагарна тамаддунофаринии мо ба садое дар биёбон шабоҳат дорад. 

 Ҳоло нархи китоб ба осмон дакка хӯрдааст, хонандаи китоб асосан зиёиён мебошанд, онҳо ба табақаи миёнаҳол шомил нестанд ва даромади моҳонаашон сабади истеъмолиро гоҳо таъмин мекунад гоҳо не. Оё вақти он нарасидааст, ки лоақал 50 % нархи китобҳоро аз буҷҷа ҷуброн намоянд. Ин иқдоме мешавад, ки мардум ба мутолиа рӯ оваранд.

 Меҳмонҳои хориҷию ватанӣ вақте, ки ба ш.Бохтар меоянд, аз суроғаи мағозаи фурӯши китобҳои дар сатҳи ватанию хориҷӣ пазируфташуда, пурсон мешаванд. Оё масъулони бахши китобу фарҳанги вилоят ва МИҲД ш.Бохтар аз ҷаҳонишавии тамаддунҳои ҷаҳони муосир бехабаранд? 

Сангалӣ Раҳимзода, 

корманди шоистаи Тоҷикистон

 

Чоршанбе, Дек 30 2020

 

 Муҳаммад Шарифзода, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Ҳамадонӣ занг зада,  аз ҷашни пуршукуҳи 70-солагии ноҳия хабар дод.

   - Санаи 19.12.2020 дар МТМУ №14 шаҳрак ҷашни 70 солагии н.Ҳамадонӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур собиқ раиси ноҳия Вализода Абдуқодир Юсуф низ иштирок намуд. Ногуфта намонад, ки н.Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои дорои таърихи ғанӣ ва фарҳангӣ воло дар кишвар ба ҳисоб рафта, сол аз сол рушду пешрафт мекунад.

 

Чоршанбе, Дек 23 2020

Салом ба СССР-и азиз! Чанде қабл огоҳии таблиғотии осоишгоҳи «Нигора»-ро, ки дар шаҳраки Совети н.Темурмалик воқеъ аст, хонда будам. Бо мурури замон ҳафтаи гузашта корам ба ин ноҳия афтоду маҷбур шудам 1 шабро дар осоишгоҳи «Нигора», утоқи №11 гузаронам. Утоқи сард, новобаста аз он, ки фарши гарм насб шудааст, он гармие надорад-масъулон барқро сарфа мекунанд, аммо пулашро аз мизоҷ мегиранд. На печка ҳасту на кондитсионер, вале нархи 1 шаб аз 150 то 200 сомонӣ!

   Ман ҷое сафар кунам, ҳатман лавозимоти лозимиро бо худ мегирам, вале дар душхонаи «Нигора» на собун хасту на мисвок, душхона он қадар ифлос аст, ки акси худатро дар оинаи насбшуда намебинӣ! Рахти хобро каҷукилеб чидаву мизу курсӣ ва рафҳо пур аз хоку чанг. Бо ҳамин ҳол масъулони осоишгоҳ мехоҳанд, ки мизоҷ ояд? 

   Субҳ бедор шуда фаррошро даъват карда, тамоми камбудиҳоро нишон додам ва хостам як бор худам утоқро тамиз кунам, то ёд бигиранд, лек пинакашон вайрон нашуд. Чунин вазъу чунин рафтор аз он дарак медиҳад, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия аз ин осоишгоҳи ба ном машҳур кам дидан мекунанд. Пул мегиранд, вале хизматрасонии лозима нест!

М.Аминова, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, Дек 16 2020

 

  07.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:17 дақиқа. Бо ҳамкорон барои хариду тамошо ба фурушгоҳи бузурги АШАН рафта, ба қавле майда-чуйдаи идориро харида, ба яке аз тарабхонаҳои нави туркӣ дар ошёнаи 2-юми ин марказ қарордошта даромадем. Ҳамааш хуб буд то он замоне, ки ман нусхаи манораи Эйфели Парижро дар паҳлӯи АШАН ва рӯбарӯи тарабхонаи «Сеит Эфенди» надидам. Мутахассисон саргами кор дар ин манора буданду маълум аст, ки онро дар арафи фарорасии соли нави милодӣ ҳатман ботантанаи хос ифтитоҳ хоҳанд кард. Дидори Париж ва рамзи он манораи Эйфел, ки яке аз аҷоиботҳои ҷаҳон ба шумор меравад, орзуи деринаи ман аст, вале дидани ин қадар нусхаи Эйфел дар Тоҷикистон ба қавле завқи маро нисбат ба Парижу рамзи он чунон коҳондааст, ки мондан гиред…

Тоҷикистон ватани Эйфел?

   09.09.2019. Нахустин нусхаи Эйфелу дигар рамзҳои Фаронса амсоли осорхонаи Лувр лоиҳаи махсусе буд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар яке аз боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ш.Кӯлоб бунёд ёфта, бо тантанаи хос ифтитоҳ гашт. Хуб масъулони лоиҳа ҳатман сари ину он хеле фикр кардаву бо коршиносон низ сӯҳбат анҷом дода, пасон манораи Эйфелро ба қавле дар ҷигари Кӯлоб гузоштанд. Он замон боғи нав бо Эйфелу Лувр, ки дар кишвар ҳамто надошт, аз ҷониби сокинону сайёҳон хуб пазируфта шуд, зеро на ҳама имкони сайру саёҳатро доранду манораи оламшумулро рафта, дар ҷояш дида метавонанд. 

 Эйфел дар Левакант

Ин ҳамааш хуб буд то замоне, ки раҳбарияти ш.Леваканд (собиқ Сарбанд) бо гузашти 4-5 моҳ дар даромадгоҳи ин шаҳр низ нусхаи манораи Эйфелро гузоштанд. Ва ана баъд «формулаи саллаву калла» сар шуд. Шояд ҷое порки Кӯлобро дар сатҳи баланд таъриф карданду мардуми каллабиор хостанд худнамоӣ кунанд…

 Эйфели боғи Кӯлоб маълум аст, ки барои тафреҳ буд, аммо ш.Леваканди Тоҷикистонро бо пойтахти Фаронса чӣ мепайвандад, ки Зарина Давлатзода, раиси ин шаҳр ба ҷойи Парчаму Нишон маҳз Эйфелро рамзи ин шаҳри саноатии вилояти Хатлон кардааст? Ва чаро ин амали ғайривоқеиро, ки ба расму таомул ва анъанаҳои милии тоҷикон хос нест, масъулини болотар қабул кардаву иҷозат додаанд? Ку этикаи идеологӣ ва сиёсӣ?

 Эйфел дар Дарвоз

Дигар ба гуфтаи мардум «Бигир дега!». Пас аз ин нусхаи манораи Эйфел дар маркази н.Дарвоз қомат афрохт, ки он ҳам дар боғи нави тафреҳӣ қарор дорад ва ҳамакнун дар дили Душанбе, боз 1 Эйфелбаччаяки дигар ва маълум нест чаро…

 Эйфел дар ҳама ҷо!!!

Ин қадар Эйфел гузоштаем, ки шояд мардуми Фаронса низ дар ҳайрат монда бошанд?! Ва аз ҳама муҳим бо ин ҳама эйфелдӯстии мо оё дар Фаронса дар кунҷи 1 боғаке лоақал нимпайкараи Исмоили Сомониро мегузошта бошанд!? Метарсам, ки рафта-рафта нусхаи манораи Эйфелро дар Файзободу Мурғобу Ҷ.Расулову Зафарободу Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хоҳем диду ба ҷойи Наврӯз Тоҷикистон ватани Эйфел хоҳад шуд…

 

Ромини Амин, СССР

Аниқ-дот ба мавзӯъ

Аз Сӯҳроб ном ҷавонмарди шӯхи кӯлобӣ пурсидаанд, ки «Чаро манораи Эйфелро гузоштед?», ки гуфтааст:

-750 сол Ҳазрати Амирҷонпарастӣ кардем, нашуд, акнун 2-3 сол Эйфелпараст шавем, чӣ мешуда бошад???

 

саҳ 23 аз 83

Китобҳо

Flag Counter