4000 масҷиду 488 киоск: кӣ зӯр?
Дар ҳар шаҳру навоҳӣ теъдоди масоҷид кам нест. Намозгузорон саф-саф, аз ҷумла анбӯҳи ҷавононро мебинӣ, ки 4 дона ришро таки фук монда, ба вежа баъди воқеоти Афғонистон, ришҳоро намоишкорона ситеза карда, қатори мӯйсафедон ба ибодатхона рафта, намоз мегузоранд, ки ҷавонро аз мӯйсафед фарқ намекунӣ. Ман зидди ибодати ягон мусалмон нестам, аммо аксарияти гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ аз ба масҷид рафтану эътиқод ба суханҳои подарҳавои эмомхатибони бесаводе бастан аст.
Ҷавонон зудбовар буда, аксарашон аз аркоми динӣ фарсахҳо дуранду ҷиҳоду «Аллоҳу Акбар»-ро бо дигар мафҳум мефаҳманд. Мисол, муллоэмом дар бораи ҷиҳоди даврони шӯриши миёни арабҳо (куффору мусалмон) нақл кунад, ҷавонон замони ҳозираро ба назар мегиранд. Ё эмом-хатиб гӯяд, ки ҷиҳод дар роҳи дин инсонро ба ҷаннат мебарад, шахсони камхирад ба хотири «ҷаннат» ҳатто бо падару модар даст ба гиребон мешаванд. Ҳол он ки беҳтарин ҷиҳод дар роҳи Худо ин эҳтироми волидон аст, ки моро ҳаёт бахшидаанд.
Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳукумат пайваста ҷавононро ба хондан талқин мекунаду дар бархе шаҳру навоҳӣ ҳатто 1 киоски газитфурӯшӣ нест! Дар Данғара бошад, ягона дӯкони рӯзномафурӯширо бастаанд. Пас, агар ҷавоне китобу газета хондан хоҳад, куҷо равад?
12 масҷид дар замони шӯравӣ
Дар замони шӯравӣ дар 1 ҷумҳурие, ки қариб ҳама мусалмонанд, фақат 12 масҷид буд. Он замон на нигарон мешуданд, ки ҷавонон ба “ҷиҳод” мераванд ва на ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд. Ҳоло бошад дарвозаи қариб 4 ҳазор масҷид барои намозгузорон кушода асту боз меноланд, ки кам!
Имрӯзҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет шоҳиди он мешавем, ки баъзе нафарон бе факту далел Тоҷикистонро бо он айбдор месозанд, ки гӯиё барои фаъолияти иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ пайваста монеа эҷод месозад. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумот аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар зиёда аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти хешро пеш мебаранд. Аз ин шумора ҳатто 67 иттиҳодия ғайриисломӣ мебошад. Яъне христиану яҳудӣ, тарсову ҷуҳуд низ озод амал мекунанд, ин ҷо.
Хатлон: ҳамагӣ 5-6 киоск?
Дар кишвар барои бой гардонидани мафкураи ҷавонон бояд сафи китобхонаву киоскҳоро зиёд намуд. Вақте ки мо дӯкони газетфурӯшӣ надорем, албатта, идеологияи динӣ мафкураи ҷавононро ба дасти худ мегирад. Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурӣ 4000 масҷид амал мекунад, тибқи маълумоти ба дасти мо расида, дар вилояти Хатлон 5-6 киоск (диққат кун хонанда, дар 1 вилояти калон ҳамагӣ 5-6 киоск), 23 шуъбаи алоқа дар пойтахт, 128 шуъбаи алоқа дар ноҳияҳои тобеи марказ, 162 шуъбаи алоқа дар вилояти Суғд, 135 шуъбаи алоқа дар вилояти Хатлон ва 40 шуъбаи алоқа дар ВМБК, ҳамагӣ 488 адад дӯкону киоски рӯзномафурӯшӣ фаолият дорад. Дар қиболи 4 ҳазор иттиҳодияи диниву масоҷид 488 шуъбаи алоқа ва 5-6 киоск метавонад мафкураи ҷавононро дигар кунад?
Ба пиндори мо, дар рӯзҳои баъдии 30-солагии Истиқлолият, дар пасманзари даъватҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дар ҳар шаҳру ноҳия то 30-ададӣ дӯкони китобу киоски рӯзномафурӯшӣ созанд. Ҷо ҳаст! Агар майлу рағбат бошад. Мо метавонем!
Исматулло Собирӣ,
СССР
Бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ, реформатори ҷавон, дар пойтахти кишвари азизамон таҳавуллоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, шаҳр симои худро кулан иваз намуда, ба 1 шаҳри наву афсонавӣ ва орзуҳо мубаддал гашт. Бесабаб нест, ки Душанберо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ «шаҳри орзуҳо» ном ниҳодаанд. Воқеан ҳам, азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату талоши шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Рустами Эмомалӣ далолат мекунад.
Ин аст, ки шаҳри Душанберо дар соли 2021 пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб карданд. Шаҳри Душанбе низ дар баробари 67 шаҳру навоҳии дигари кишвар ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегирад. Мо Метавонем!
4201 иншоот тайёр!
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Душанбе бунёд ва азнавсозии 4201 иншоот ба назар гирифта шуда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2021 дар ш.Душанбе тамоми нақша 100% иҷро гардид! Воқеан ҳам раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бо тими соҳибкасбаш тавонист аз ӯҳдаи тамоми нияту нақшаҳо сарбаландона барояд, ки ҳалолаш бод!
152 баландошёна дар ним сол
Дар 6 моҳи аввали соли 2021 бунёди 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7284 ҷой, 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1480 ҷой, 6 маркази ташхисию табобатӣ, 39 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 152 бинои баландошёна бо ҷойгиронии 117 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 13 бинои мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ карда шуд.
526 корхонаи саноатӣ
Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби 526 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,6 фоизро ташкил дод.
5821 нақлиёти ҷамъиятӣ
Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар пойтахт дар маҷмӯъ 5821 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 672 нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
11 лоиҳаи сармоягузорӣ
Дар ҳудуди пойтахт 43 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 15 корхона ба маблағи умумии 10,3 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 18 корхона ба маблағи умумии 51,4 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 100 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 24,7 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Миллион-миллион гул
Соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳои пойтахт ба миқдори 226,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 14,2 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 254,4 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
182 мактаб
Дар ш.Душанбе 182 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 163 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типи нав ва махсус), 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона ва 61 муассисаи табобатӣ фаъолият менамоянд.
Дар ш.Душанбе айни замон фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн, 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, 900 иншооти варзишӣ ҷойгиранд.
- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Мо 1 гурӯҳ сокинони деҳоти Чимқалъа ва Қамари Ҷамоати деҳоти Саразми ш.Панҷакент солҳои зиёд аст, ки аз набудани об ва дастрасӣ ба оби полезӣ танқисӣ мекашем.
Аз фасли баҳор-айёми киштукор сар карда, то тирамоҳ-вақти ҳосилғундорӣ аҳвол ҳамин аст-1 рӯз об ҳаст, 1 рӯз нест. Ин боис мешавад, ки аз заминҳоямон ҳосили хуб гирифта наметавонем. Раиси қаблии шаҳр дар ҳар мавсими киштукор ва ҳосилғундорӣ омада, аз ҳоли мо хабар мегирифт, проблемаҳои рӯзмарраро баррасӣ мекард, раиси нави ш.Панҷакент Абдухолиқ Холиқзодаро ҳанӯз надидаем ва намешиносем. Хуб мешуд агар раис 1 маротиба ба деҳаҳои мо омада, вазъи ба амал омадаро бо чашми худ медиду пасон қазоват мекард. Идораи обу коррез ва беҳдошти замину обёрӣ аз мушкили мо хабар доранд, лек барои ҳалли он коре намекунанд. Чӣ бояд кард?
Расул Юсуфов, ш.Панҷакент
Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Аз соли 2015 инҷониб банда раиси маҳаллаи деҳаи Шахмади Ҷамоати деҳоти Озодагони н.Панҷ буда, тӯли 6 соли ахир барои таъсиси 1 майдончаи варзишӣ дар назди мактаби миёнаи № 11-и деҳа аризанависиву даводав дорам, вале бенатиҷа.
Дар мактаб 1050 хонанда таҳсил мекунад. Масоҳати мактаб дар ҷамъ 26 сотихро ташкил намуда, барои фарогирии беш аз 1000 хонанда ҷавобгӯ нест. Қаблан, тибқи ҳуҷҷатҳое, ки ман дар даст дорам, қарор буд дар шафати ин мактаб 1 бинои нав барои синфҳои ибтидоӣ бо фарогирии 400 нафар бунёд шавад, вале ин қарор дар рӯи қоғаз монд. Бинои мактабу ҳудудаш танг буда, дар назди мактаб на майдончаи варзишӣ ҳасту на бунгоҳи тиббӣ.
Зимни сафари ахири кори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба н.Панҷ ва мулоқоти ошкоро бо мардум ман дар бораи ин проблема ба раиси вилоят арз кардам. Эшон маро хуб гӯш карда, ба масъулони ноҳия, аз ҷумла сардори Идораи замини н.Панҷ Сайнуриддин Шарипов супориш доданд, ки аз ҳисоби заминҳои резерв барои сохтмони майдончаи варзишӣ барои мактаби №11 қитъаи замин ҷудо карда шавад. Аммо барои бунёди манзили алоҳида аз ҳисоби заминҳои резерв қитъаи замин ҷудо карданду барои сохтмони майдончаи варзишӣ не!
6 сол боз ман барои ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси 1 майдончаи варзишӣ талош дорам, ба тамоми аризаҳоям дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва раиси вилояти Хатлон ҷавоб гирифтааму ин масъала боз ҳам гашта омада дар МИҲД н.Панҷ бе баррасӣ мемонад. Вақте барои ҷавоби аризаам меравам, Сайнуриддин Шарипов, сардори Идораи замини ноҳия бо таъкид мегӯяд: «Рав, ба ту раиси вилоят замин диҳад! Дар ин ҷо замин нест!». Ин аст бархӯрди 1 хизматчии давлатӣ нисбат ба раҳбарияти вилоят, ноҳия ва муҳимтар аз он нисбат ба мардум!
Қудратшо Ҳасанов,
н.Панҷ
тел: 93 549 00 21
Минтақаи Рашт, махсусан Ҳоит таърихи зиёда аз 2200 сола дорад. Пештар ҳар мулк дорои 1 қалъа буд, аммо Ҳоит 3 қалъа дошт. Яке аз ин қалъа қалъаи асосӣ, дар ғарбу ҷануби Ҳоит буда, қалъаи Қурғано ном дошт. Қалъаи дуюм дар маркази шаҳр Қалъаи марказӣ ном дошт, ки соли 1949 ба пуррагӣ зери сел монд. Қалъаи сеюм дар деҳаи Ярхич ҷойгир буда, дорои тӯпхона будааст. Ҳоит яке аз шаҳрҳои калони дар шоҳроҳи Абрешим ҷойгирифта буд.
Зодагони Ҳоит
Ҳоит аз қадим ватани донишмандони бузурги динӣ, дунявӣ ва чеҳраҳои шинохта буд. Олими бузурги дин Муҳаммадхаёли Валӣ (дорои каромот), Эшони зарафшонӣ, ки 1 рӯз пеш аз заминларзаи мудҳиши Ҳоит мардумро хабар мекунад, ки аз Ҳоит бароед, ки Ҳоит зери хок мемонад, аммо касе гапашро аҳамият намедиҳад. Худаш бошад Ҳоитро тарк мекунад. Баъд аз ҳодисаи заминларза бо 2 халта нон дар дасташ пайдо мешавад.
Дигаре халифа Ҳасан яке аз архитекторони замони худ, ки чандин ҷойҳоро дар водии Зарафшон обёрӣ намудааст. 2 нафари дигар эшони Ҳасанхуҷа ва домулло Нозим. Ҳатто гирди гӯристоне, ки онҳо хобидаанд сел ба баландии 10-ҳо метр баромада, ба дохили гӯристон ворид нагардидааст. Устодони санъат Саймумиё Бурҳон ва Зафар Нозим зодаи Ҳоити бостонӣ мебошанд.
Дар байни 3 дарё
Дар бораи қалъаи Қурғано ривояте аст, ки яке аз шоҳзодаҳо ба бемории сахт гирифтор мешавад. Табибон ҳарчанд табобат мекунанд, лек шоҳзода табобат намеёбад. Мунаҷҷиме мегӯяд, ки шоҳзодаро ба мавзее бурдан лозим аст, ки дар байни 3 дарё ҷойгир бошад. Аз ин дарёҳо якеаш аз тарафи қибла омада, боз ба тарафи қибла равад. Дигаре аз муқобили қибла омада ба тарафи қибла равад ва сеюмин аз байни ҳардуи инҳо омада, бо ҳамроҳии ин 2 дарё якҷо шуда, ба тарафи қибла равона шавад. Вақте навкарон ҷустуҷӯ мекунанд чунин ҷой-Ҳоитро пайдо мекунанд. Пасон шоҳзодаро ба ин ҷо меоранд ва шоҳзода дар ин ҷо шифо меёбад. Шоҳзода ин ҷоро хуб мепазирад ва барои худ қалъа бунёд мекунад.
Олиҳа ва қабрҳои хумӣ
Дар солҳои 70-уми асри гузашта ин маконҳои таърихиро ба фермаи молпарварӣ табдил медиҳанд. Дар вақти бунёди ферма хумҳои зиёди калон, дар дарунашон устухонҳои инсон пайдо мегарданд. Хумҳо шабоҳат аз он медиҳанд, ки дар ин ҷо гӯристони шахсони пеш аз пайдоиши Ислом будааст. Яъне давлатмандонро пеш аз пайдоиши Ислом дар даруни хум ба хок месупоридаанд.
Ҳамингуна солҳои 40-ум барои аввалин раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шуравӣ Мунаҳвар Шогадоев дар деҳаи Ҳисорак хона бунёд мекунанд. Устоҳо аз лойхонаи он ҳайкалчаи тиллоини қадаш 60 см бо номи «Аша» (Олиҳаи биҳишт)-ро пайдо мекунанд. Дар дасти олиҳа миҷмар ва дар нӯгаш ёқути сурх буд, ки шабоҳат ба оташро медод. Онро ба М.Шогадоев медиҳанд. Айни ҳол ин Олиҳа дар осорхонаи Эрмитажи Санкт Петербург маҳфуз аст.
Ҳоит-маркази Рашт
То Инқилоби Октябр Ҳоит дорои бозор ва корвонсарой буд. Дар он тоҷирон аз Ҳинду Чин ва кишварҳои дурдастро дидан мумкин буд. Ин далолат ба шаҳри ободу пешрафтаро медод. Дар ибтидои асри 20 профессори рус, таърихнавис Семёнов бо номи «Таърихи Қаротегин ва Дарвоз» китобчае навишт, ки дар он аз Шумон (Ҳисор) то Рашт масофабандӣ намуда, дар он маркази Рашт Ҳоитро нишон додааст.
Зилзилаи 10.06.1949 ин минтақаи таърихӣ ва зеборо дар байни чанд сония аз байн бурд, ки 18 ҳазор ҷони худро аз даст дод. Онҳое, ки зинда монда буданд ба ҳар тараф пароканда шуданд. Аз соли 1951 ҳоитиҳои бо нангу номус барои дубора обод намудани зодбум ба Ҳоит баргаштанд. Соли аввал дар зери замин (землянка) хона бунёд намуданду азобҳои зиёди зимистонро паси сар карда, таҳти шиори «Дубора эҳё шудани Ҳоит» барои эҳёи ин сарзамини аҷдодӣ камари ҳиммат бастанд.
Муҳаммадиброҳим Сайғуфронов,
омӯзгори собиқадори МТМУ №22, Ҷамоати деҳоти Ҳоит, н.Рашт
(Аксҳо аз бойгонии бошандагони Ҳоит ҷамъоварӣ карда шуданд.
- Дуруд ба СССР-и гиромӣ! Дар шумораи гузаштаи газета 1 матлаберо дар бораи иштироки омӯзгорони мактабҳои миёнаи н.Б.Ғафуров, ки тариқи баргузории шанбегиҳо дар ободонии ноҳия, тозаву покиза нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо саҳм мегузоранд, хондам. Воқеан, дар арафаи ҷашни тақдирсози миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар месазад, ки ба кулли омӯзгорону духтурон, ки пешқадами тамоми чорабиниҳои сиёсии мамлакатанд, арзи сипос намуд.
Дар пайи ин матлаб ман 1 чизро намефаҳмам: чаро дар ҳашару шанбегиҳое, ки дар маркази ш.Хоруғ баргузор мешаванд, ба ҷуз кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораву сохторҳои давлатӣ дигар касе иштирок намекунад? Чаро сокинони ш.Хоруғ дар баробари раиси ВМБК ба шанбегӣ намебароянд ва дар тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист саҳм намегузоранд? Чаро раиси вилоят бояд ҷӯйбори назди хонаи сокинонро тоза кунаду худи мардум не? Магар ин шанбегиҳо танҳо барои Ёдгор Файзов ташкил карда мешаванд? Куҷо шуд меҳмоннавозиву ватансозии мардуми Бадахшон? Чаро хоруғиён шаҳри худро поккорӣ намекунанду ҳатман бояд раиси вилоят кӯчаҳои онҳоро тоза кунад? Магар шарму айб нест, эй ҳамшаҳриҳо???
Шоҳзода Каримова,
ш.Хоруғ
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар