ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 09 2020

(«Чойхонаҳоро баргардонед!»-ро бонги бисёр баланду саривақтии рӯзномаи мардумии СССР мепиндорем)

   Оре, вақти он расидааст, ки чойхонаҳо эҳё гарданд. Хусусан имрӯз, ки дари клубҳо баставу гӯшаҳои ба истилоҳ сурх, ҷойи нигоҳдории латаву сатилу чӯби (швабраи) фаршшӯии фаррошон гаштааст. Аз китобхонаҳои оммавии деҳот ном барои ҳисобот мондаасту халос. 

Баробари аз дӯкони Зоирбек харидани рӯзнома (ҳалолаш бод ин марди шарифро, ки ҳар рӯзи ҷумъа-тобистону зимистон, аз шаҳри Хуҷанд рӯзномаҳоро аз ҷумла, ҷаридаи мардумии СССР-ро дастраси мардум мегардонад), раҳораҳ онро варақ зада, маводро зери рубрикаҳои ошно меҷӯям ва дар саҳифаи 8 таҳти унвони «СССР: мо ва камбудии мо» чашмам ба сарлавҳаи «Чойхонаҳоро баргардонед!» афтид. 

Офаринатон, СССР-чиён, ки дарди дили мардумро медонед! Дар 1 дам маводро хондам, мазмунро «фуру» бурдам ва ба М.Аминзода рашкам омад, ки чаро ман нею ӯ навиштааст. Аҳсант, бародар, М.Аминзодаи СССР, қоил кардед бо ин мавзуи аз хотирҳо фаромӯшшуда! Пештар меҳмонони Душанбешаҳри гулистон, баъди дар меҳмонхона ё хонаи хешу табор, ҳамдеҳагон ҷо гирифтан, баробари сайру гашт, ҳатман бо чойхонаи «Роҳат» меомаданд, ки куфти роҳ бароранд, одаму олам бинанд, аз навигариҳо хабардор гарданд. Ҳозир чӣ? Ин рисолатро қурутобхонаи «Олимҷон» гирифтааст, аммо барои он ҷо рафтан таксӣ меҳмони нобаладро хеле «чарх» мезанонад дар кӯчаҳои пойтахт. СССР-ро хонда 1 воқеаи роҳатшиниам бо ҳамсабақон дар хотирам равшан шуд. 

Дуғоби «Роҳат»

 Мо-се нафар хатмкардагони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон (соли 1970), баъди вохӯрии умумӣ, хостем ҷойҳои «буҷулбозӣ»-амонро дар солҳои студентӣ, давр занем, гузаштаро ёд кунем. Омадем ба чойхонаи «Роҳат», баромадем ба қабати дуюм, ҷои мувофиқро интихоб карда нишастем. Пешхидмат омад, лутф кард, қоғазу  қалам дар даст. Зиёбой Ҷалилов (аз шаҳри бостонии Панҷакент) моро аз ҳаловати хизмат ба дӯстон маҳрум накунед гуфт, тем более, серем, баъди зиёфати умумӣ. Чи ҳам мегуфтем, ману Бекмуроди нафақахӯр. Ва фармоиш дод Зиёбой: 

-Хоҳарам, бисёр пазмон шудаем ба дуғобҳои «Роҳат», 3 гелос (Зиёбой чанд сол дар Афғонистон буд) аз ҳамон роҳати ҷон дар ин ҳавои тафсон меовардед. 

Пешхидмат, ки аз ин 3 нафари олуфта дигар чизро интизор буд, гапи Зиёбойро то охир гӯш накарда, ғайб зад. Ана, инро хизматрасонӣ мегӯянд, луқма партофт Бекмурод, дар 1 дам аз паи иҷрои «заказ» шуд.

Мо банди баҳсу мунозира, гузаштани вақтро нафаҳмида, суҳбат доштем, бекор-дия. Ниҳоят «заказ» омад, баъди чанд бори дигар таъкид намудани Зиёбой. Духтарак 3 зарфи пурдӯғро башаст болои миз партофту рафт (бале, нагузошт, партофт). Кашидем, тасф фаровардем, роҳат кардем. Зиёбой боз таъкид кард, ки кисаковӣ нашавад. Омад духтар ва тунд карда гуфт: 28 сомонӣ! Зиёбойи барои ҷебакковӣ нимхез шуда, ба ҷояш нишаста монд: чанд пул гуфтед, хоҳарам? 

- 28 сомонӣ, бобоҷон!...

-О, пештар, -пешхизматро ба инсоф даъват карданӣ буд Зиёбой, -дуғоб чанд тинак буд. 

-Пештар дар тоқи боло монд, бобоҷон, пула бароред, маро нороҳат накунед. 

Чойхонаи усто Шодӣ 

Чунин ном дошт аввалин чойхонае, ки барои фотеҳони Дилварзин хизмат мекард ва болои канали «Тоҷикистони советӣ» дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон соли 1956 сохта шуда буд. Чойхоначӣ шахси бисёр озодаю омода Усто Шодии пастиғавӣ буд. Ин чойхона, ба ғайр аз вазифаи асосиаш, боз ба сифати маҷлисгоҳ, клуб, макони консертҳо барои муҳоҷирон, кинохонаи сайёр истифода мешуд. Ҳамин ҷо қотилони Мулло Бобоҷонов-аввалин ронандаи Дилварзин дар колхози ба номи Жданов (имрӯза АХД Фирдавсӣ) тоторҳои Қрим суд карда шуданд, ҳамин ҷо моҷарои посбонони маҳбасхонаи ноҳия ва мардуми маҳаллӣ ҳалли қонунии худро ёфт (маҳбас ба дигар ҷо кӯчонида шуд). Хуллас, чойхона хонаи ҳама буд. Имрӯз ин чойхона болотар аз ҷои аввалинаш болои канали номбурда ҷойгир аст, вазифаи пулро ҳам аз болои канал иҷро мекунад, аммо чойхӯронашро касе намебинад. Шояд масъулони Ҷамоати деҳоти  Оббурдон, ки ҳамагӣ чансад метр дуртар аз чойхона ҷойгиранд, ба фаъолияти минбаъдаи он таваҷҷӯҳ кунанд? 

Дармонгоҳи муҳоҷирон-чойхонаи Хушекат

Соли оянда аз фатҳи Дилварзин 65 сол пур мешавад. Ва дар ҳамин муддат хизмати аҳли чойхонаи деҳаи Сурхгили Хушекати ноҳияи Айнӣ нисбати муҳоҷирони хонабарпушти Мастчоҳ аз хотирҳо зудуда нашудааст. Аз ҷумла, мани 9-сола ҳамроҳи хонаводаи 9-нафараамон, пеш аз убури ағбаи осмонбӯси Шаҳристон, 1 шаб меҳмони ин бандагони Худо будем. Ҳазорон меҳмони ин даргоҳи муқаддас дар ободии чӯли лабташнаи Дилварзин фотеҳаи аҳли ин маконро гирифта буданд, аз ин рӯ онҳоро ҳам фотеҳони Дилварзин гуфтан меарзад. 

«Пирожкиҳо»-и Қурбон Миров

Паҳлӯи чойхонаи марказии ноҳия дӯстам Қурбон Мировро хеле парешон дидам. Баробари вохӯрӣ пурсу посро «фаромӯш» карда, шумо мухбир, нависед, ҳақиқатро нависед, росташро гӯед, натарсед гуфта, нақл кард: 

   - Аз паҳлӯи чойхона 4 пирожкии гармакак гирифтаму даруни чойхона тохтам, бинед ҳаво ях, хостам он ҷо сари миз баҳазур танаввул кунам. Хӯрокро болои миз гузошта, аз чойхоначӣ чой пурсидам, аммо ӯ гуфт, ки аз мо хариди хӯрок накунед, чой нест! Ва аз паи кораш рафт. Ман ҳам сари ҷаҳл он хӯрокро ба сатили партовҳо рехтам. Менависед ё не? То навистем, то мошинка кардем, то флешка харидем (барои 1 хабар, редаксияҳо шакли электронӣ мепурсанд-ку?), то ба редаксия омадем, ки бинои  чойхона канда шуд!!! Ман пеши дӯстам хандахариш мондам…

Роҳати ҷон буд, «Мурғоб» 

Чанд сол пеш бо рӯзноманигор, сайёҳ, варзишгар, иқтисоддон, соҳибкор, ислоҳотчӣ, боғбон Тоҷиддин Саидолимови Хуросонӣ, ки дар Мастчоҳ бо номи Дэнсиопини тоҷик маъруф аст, бо фотеҳаи сардабири СССС устод Сайёфи Мизроб азми пиёда фатҳ намудани Бадахшон-Боми Ҷаҳонро кардем ва баъди бозгашт, ҳисоботи кӯтоҳе ҳам дар ин ҷаридаи ҳамахон ба нашр расида буд. 

Ана, дар ҳамин сафар, баробари Чашмаи Носири Поршнев, Чашмаи Авҷи Ишкошим, Гармчашма, Чашмаи Фотима-Заҳро, Қалъаи Қаҳ-Қаҳа, чойхонаи «Мурғоб» ҳам дар хотирҳо монд. Чойхона дар паҳлӯи бозори Хоруғ, болои дарёи Ғунд ҷойгир буда, аз маконҳои серодами ин шаҳр ба шумор меравад, роҳати ҷон буд «Мурғоб». 

Чойхона буду чойхӯр не…

Соли 2018 дар деҳаи зебоманзари Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон меҳмон будам. Маркази ноҳия хеле ободу зебо буда, бо кӯчаҳои васею иморатҳои хуштарҳаш шаҳри замонавиро мемонд. Мо баробари макотиби олию бозорҳо, аз чойхонаи маркази ноҳия низ дидан кардем. Бовар кун, хонандаи гиромӣ, дилхоҳ шаҳр чунин иморатро дар ҳудуди худ диданро орзу мекунад. Ин маҷмааи кандакорию меъмории боҳашамат бо боғу саҳни оростаю пероста дар ҳақиқат ҳам намунаи олии санъати дилфиреби бинокорӣ ба шумор меравад. Аммо … Аммо чӣ? Аммо ин ки чойхона ҳасту чойхӯр не! 

Гирдсанги Палдорак 

Дар кӯҳистон аз қадимулайём ҷойҳои махсус буданд, ки чун чойхона, мардум пас аз кор, он ҷо аз суҳбати ҳамдигар баҳра мебардоштанд. Масалан, дар деҳаи мирнишини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ-Палдорак, ин макон «Гирдсанги Палдорак» ном дорад. Барои мавқеи ин деҳаро таъкид кардан, байни мардум чунин иборае корбаст будааст: «Палдорак тинҷай? Оҳ, пас, почо тинҷай». «Гирдсанги Палдорак» тамоми фасли сол «серодам» буд. Ривояте ҳаст, ки 2 нафар аз ҳамсоядеҳа шарт мекунанд, ки оё дар ин нимишаби тирашаби зимистони қаҳратун дар «Гирдсанги Палдорак» нафаре  бошад ё на? Дар он хунукии туфкуняхкун чанд километрро тай карда, мебинанд, ки 2 нафар ҷома  ба сару чойнак пеши рӯ… сӯҳбат доранд. 

Лофгаҳи Сурхкат

Дар деҳаҳо чойхонаҳо бо номи лофгаҳ маълум буданд. Мардуми Сурхкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чунин маконро лофгаҳ меномиданд, ки дар саҳни масҷиди деҳа рӯ ба рӯи Тагоб ҷойгир буд. Падарам мегуфтанд, ки ин ҷо мӯйсафедон аз рӯи синну сол, мартаба, паҳлӯи ҳам болои чӯб, қайроқсанг, деволча нишаста, масъалаҳои диёрдориро матраҳ менамуданд, сухани солхӯрдатарин бартарият дошт. Дар замони шӯравӣ ҳам Лофгаҳ мақому манзалати худро нигоҳ дошта тавонист дар ҳалли муаммоҳо. Аз  наздиктарин хона чою нон  пешкаш мешуд. Ягон  муаммои деҳотиён аз «назар» -и Лофгаҳ берун намемонд. Агар нафаре тӯйи сада (тӯй бо иштироки аҳли дигар деҳаҳо) карданӣ бошад, ҳатман тавсия ва маслиҳати аҳли Лофгаҳро мегирифт. Дар Лофгаҳ ҳал мешуд шумораи меҳмонон, агар бузкашӣ бошад, шумораи аспон, макони бузкашӣ, ҷобаҷокунии меҳмонон. Гузаронидани мусобиқаҳои давидан, гӯштингирӣ, ташкили байтбарак ҳам ба вазифаҳои Лофгаҳ дохил мешуд. Яъне, Лофгаҳ рисолати чойхонаро ба зимма дошт. 

Рисолати чойхона аз нигоҳи Латифӣ 

Нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта ҷомеаи эҷодии рӯзномаи ноҳиявии «Машъал», ғайр аз устодон Усмон Олим ва шодравон Муллохун Сафаров (Охун Сафар), пурра аз ҳисоби ҷавонони навкор таркиб ёфта буд-ҳама ба омӯзишу маслиҳат ниёз доштанд. Рӯзе котиба Света (Светлана Ахмадгалиева) хабар дод, ки ҳама ба ҳуҷраи муҳаррир, маҷлис будааст. Он ҷо паҳлуи муҳаррир ҷавонмарди қоқинаи мӯйлабдоре менишаст, ки бо каланҷунбонӣ ҳамаро гӯё, ки «марҳамат» мегуфт. Муҳаррир Усмон Олим, ки чун ҳарвақта хеле ҷиддӣ буд, аз ҷо баланд шуда, бо овози марғуладор эълон намуд, ки дар меҳмонии мо рӯзноманигори шинохтаи советӣ, мухбири махсуси «Правда» дар Тоҷикистон, Отахон Латифӣ иштирок доранд. Мо, ки номи ӯро шунида, худашро акнун медидем, дам ба дарун мунтазири суханаш будем. Баъд саволу ҷавоб шуд. Кадоме аз ҳамкорон пурсид, ки муаммои муассисаҳои хизмати маиширо чи тавр рӯи саҳифа овардан даркор, ки ҳалли худро ёбанд, мо чанд сол боз менависем, аммо вазъият бе тағийр, хусусан кори чойхонаҳо нигаронкунанда аст. Устод тавсияҳои хуб дода, гуфт, ки мардуми кӯҳистон, аз ҷумла, болооби Зарафшон, аз қадим ба чойхона, ҳамчун муассисаи маишӣ таваҷҷӯҳ надоранд, марди кӯҳистонӣ дар паҳлуи хонааш чойхарию чойхӯриро қабул надорад, бинобар он паҳлуҳои дигари ин мушкилиро ҷустуҷӯ кунед.

Мувофиқи гуфти устод назари дигари чойхонаю чойхонашиниро мо ба нишон гирифтем ва бояд гӯям, ки дар тағийри муносибати мардум ба чойхонаҳо, чойхонашинӣ, таъсири чойхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳам кам нест. Имрӯз дар маркази ноҳия чанд чойхонаи замонавӣ амал мекунад, ки албатта, баъди баромади рӯзномаи СССР фаъолияташонро бояд беҳтар кунанд. 

 

Мирзоҳамдам Шарифзода, 

рӯзноманигор, н.Мастчоҳ, телефон: 92-757-97-72,

24.11.2020

 

Чоршанбе, Дек 02 2020

 

Ҷамшед Сатторов, муаллими собиқадори Мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Фозил Солеҳови шаҳри Ваҳдат аз тахриби бинои асосии мактаб ва кӯчонидани он ба бинои дигару гӯшаи дигари шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулони Вазорати фарҳанги ҶТ тақозо менамояд, ки садди роҳи тахриби кӯхансолтарин мактаби мусиқии кишвар гарданд. Дар пайи арзи эшон ба идораи редаксияи газетаи “СССР” мухбири мо ҳафтаи гузашта ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, аз вазъи воқеии ин қазия-тахриби мактаби мусиқӣ воқиф гашт.

Ба ҷойи мактаб хона?

18.11.2020. Соат ба вақти Ваҳдат 14:27 дақиқа. Расидан замон дар назди ин муассиса моро 1 гурӯҳ собиқадорони ҷанги Афғонистон, ки сокини ин шаҳранд,  пешвоз гирифтанд. Ҳатто дар миёнашон нафаре дар аробачаи маъюбию дигаре дар дасташ дурбин истода буд. Тавре баъдан маълум гардид, шумораи ҷанговарони башардӯсти ш.Ваҳдат аз 400 нафар бештар буда, онҳо аз ҳисоби худ 1 утоқи ин муасиссаро таъмир кардаву дар 1 сол чанд маротиба ҷамъ шуда ҳамсӯҳбат мешудаанд.                        Бинои муассисаро 1 соҳибкор мехостааст тахриб кардаву ба ҷояш бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ дар ошёнаҳои поёнӣ бунёд намояд. Ногуфта намонад, ки дар кӯчаи пушти ин муассиса алакай 1 бинои дуошёнаро омода карда истодаанду мехоҳанд, ки Мактаби мусиқии бачагонаро ба инҷо кӯчонанд. Лек муаллимону собиқадорони мактаби мазкур ба ин кор розигӣ надода, мегӯянд, ин биноро ба наздикӣ таъмир кардаанду маконаш низ барои онҳо ва кӯдакон хело қулай аст. 

Таърихи шаҳр

   Садои мусиқӣ на ба ҳама хушоянд аст ва ба ин хотир чунин мактабҳоро аз маҳалҳои биноҳои аҳолинишин дуртар бунёд мекунанд. Баъдан ба гуфтаи Ҷамшед Сатторов, ин макон яке аз маконҳои таърихии шаҳр ба ҳисоб рафта,  ҳоҷат ба вайрон карданаш нест. Кӯдакон низ аллакай ба инҷо одат кардаанд ва собиқадорони ҷанги Афғонистон ҳам мехоҳанд, ки ин бино хароб нагардад. Онҳо ба ҳам омада, ба тамоми мақомотҳои кишвар арзу шикоят намуданд ва хушбахтона, баъди кӯшишҳои зиёд, тахриби бинои мазкур муваққатан манъ шудааст, аммо ояндаи он норӯшан боқӣ мемонад.

Нафаре аз масъулони бахши фарҳанги шаҳр ва ҷониби ширкати сохтмонӣ пайдо нашуд, ки қазияи мазкурро ба мо шарҳ бидиҳад. Омӯзгорону кӯдакон ва ҷанговарони башардӯст умед ба раиси ш.Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода доранд, ки аз вазъ огаҳӣ ёфтаву барои пойдор нигоҳ доштани ин муассисаи кӯҳанбунёд саҳми худро хоҳад гузошт.

Шералӣ Давлатов, 

Душанбе-Ваҳдат-Душанбе, 

СССР

 

Панҷшанбе, Нояб 26 2020

Имрӯз аз таъсисёбии яке аз рӯзномаҳои кӯҳанбунёди мамлакат-«Народная газета» 95 сол пур шуд. 

  Ҳайати эҷодии Газетаи мардумии СССР тамоми ҳамкорон-журналистони пуркору заҳматкаши ин рӯзнома ва сармуҳаррири «Народная газета» Маҳбуба Камоловаро бо рӯзи таъсисёбии рӯзнома табрик гуфта, ба эшон дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ муваффақият ва комгорӣ орзуманд аст. Бигузор қаламатон ҳамеша тез ва нишонрас бошад!

Муборак бошад!

 

    «Народная газета» — печатный орган Правительства Республики Таджикистан, издание на русском языке. Выходит с 25 ноября 1925 года.

   9 сентября 1991 года Верховный Совет Таджикской ССР принял Постановление «О провозглашении государственной независимости Республики Таджикистан». Свершилось выдающееся событие в истории таджикского народа. В тот же день 9 сентября 1991 года Госкомпечати республики выдал редакции «Народной газеты» свидетельство № 129 о новом статусе издания. С этого дня газета «Коммунист Таджикистана», основанная в октябре-ноябре 1925 года, сменив название, обрела независимость от своих былых учредителей. Два несопоставимых по значимости и масштабам события просто удивительным образом совпали. Так начался этап новой истории независимого таджикского государства и одной из первых газет страны. Сегодня трудно в это поверить, но когда-то наша газета действительно играла заметную роль в формировании общества и человека, одновременно выступая в роли летописца становления молодой Таджикской республики образца 20-х годов.

   Первый ее номер вышел к восьмой годовщине Великой Октябрьской социалистической революции. Учреждена газета была 18.10.25 г. постановлением оргбюро КП(б)У в Таджикской АССР и называться она стала «Советский Таджикистан». Осмыслив необходимость выпуска республиканского издания на русском языке, в 1925 году секретариат оргбюро КП (б) Узбекистана в Таджикской АССР принимает решение об издании газеты «Советский Таджикистан». В первые годы своего существования газета активно освещала борьбу с басмачеством, внося свой вклад в ликвидацию неграмотности, продвижение реформы таджикского образования, коллективизации и индустриализации в стране. Газета выходила до 1927 года. Затем в силу материально-технических причин ее выпуск был приостановлен на два года и возобновлен в 1929 году. Для этого вновь было принято Постановление секретариата обкома КП(б)У в Таджикской ССР, датированное 09.10.29 г. Его подписали председатель Ш. Шотемур и секретарь Христов. («Из истории культурного строительства в Таджикистане», в двух томах, Д., изд. «Ирфон», т.1 -1966 г., т.2 — 1972). Газета вышла к 12-й годовщине революции, т.е. 7 ноября 1929 года с прежним названием «Советский Таджикистан» и начала развиваться как русскоязычное партийное издание: стала ежедневной, расширился ее охват, тем самым стал расти тираж: если в 1929 году он составлял около 700 экземпляров, то в 1932 году он вырос до 10 тыс. В 1930 году издание было переименовано в «Коммунист Таджикистана». Второй раздел этой главы «Коммунист Таджикистана» в годы Великой Отечественной Войны» посвящен вкладу газеты в пропаганду и организацию тыловой работы во время Великой Отечественной Войны. После войны издание сыграло важную роль в освещении периода восстановления народного хозяйства.

   Кстати, довольно продолжительное время, вплоть до 70-х годов ХХ века, днем рождения газеты было принято считать 7 ноября 1929 года. Руководствовались при этом вторым Постановлением, не подозревая о существовании первого. Получилось так, что в 1969 году газета отметила свое 40-летие, а спустя шесть лет, уже в 1975-м праздновала 50-летний юбилей. В промежутке между этими датами обнаружили в пыльных архивах другое Постановление о дне рождения газеты. После этого открытия историю газеты пришлось скорректировать. Отсчет пошел с 7 ноября 1925 года.

   В середине 1930 года газета сменила название на «Коммунист Таджикистана».

И надо заметить, название это по тем временам оказалось весьма эффектным. Когда в январе 1955 года газеты «Тоджикистони сурх» («Красный Таджикистан» на тадж. яз.) и «Кизил Тожикистон» («Красный Таджикистан» на узб. яз.) были переименованы с учетом исторических свершений в стране соответственно в «Тоджикистони Совети» («Советский Таджикистан» на тадж. яз.) и «Совет Тожикистон» («Советский Таджикистан» на узб. яз.), тогда русскоязычная газета «Коммунист Таджикистана» сохранила свое название, которое продолжало устраивать всех даже с учетом происшедших радикальных перемен.

   Свое нынешнее название «Народная газета» обрела, как отмечалось выше, 9 сентября 1991 года. Это имя ей дал Н.Н. Кузьмин-тогдашний главный редактор газеты. Правительственное издание Таджикистана «Народная газета» 5 июля 2015 года выпустила свой 20-тысячный номер за свою 90-летнюю историю.

 

 

 

Чоршанбе, Нояб 25 2020

 Бону Сурайё Қосимова:  ман ишқро танҳо дар суханҳои ширин не, балки аз нигоҳи пур аз меҳру муҳҳабат ва  кирдорҳои шахс мебинам....  

Дирӯз бо сарояндаи маъруф, бонуи хушдилу хушгил, хушовоз Сурайёбону Қосимова-примадонаи тоҷик вохурдем. Аз нигоҳи ман пас аз оила барпо кардан бону Сурайё зеботар, ҷавонтар ва пурҷилотар гаштааст. Ишқ ба бону неруи тоза бахшидааст.  

Сурайё интернетро ба ларза даровард

 Пас аз оиладор шудани бону Сурайё  мардуми бе кор ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин оилаи маъруф гап мезананд. Баъзе нафароне ҳастанд, ки бо суханони нек бонуро табрик менамоянд ва ҳастанд нафарони ҳасуде, ки баръакс бадбинона табрик  менамоянд ва сухани пасту баланд менависанд. Аз бону Сурайё пурсидам, ки Шумо дар ин бора чи фикр доред? Ва оё пас аз гапҳои таҳқиронаи мардум асабатон хароб намегардад? 

Дар ҷавоб бону бо лабханд иброз намуд, ки  “чашмони ошиқ кӯр аст, гӯшҳояш кар, ба гапҳои сахт аҳамият намедиҳам ва мехоҳам 1 чизро қайд намоям, ки пас аз хоҳ суханони бад хоҳ нек, ҳеҷ вақт дӯстдории ман нисбати мухлисонам кам намегардад. 

Бинед, вақте аз ишқи Юсуф Зулайхо маъюс гардид, мавриди имтиҳон қарор гирифт ва чун Худо дид, ки ишқи Зулайхо нисбат ба Юсуф пок ва безарар аст онҳоро якҷо намуд. Дар дунёе, ки мо ҳаёт ба сар мебарем вақтамон хело кутаҳ аст аз ин рӯ ман дар шоҳраҳаи зиндагии худ тасмим гирифтам, ки ошиқ шавам.  Чандин солҳо ман аз сабаби дилафгорӣ бемори бистарӣ будам, акнун, ки ошиқ гаштам саломатиам низ хубтар гашт. Ҳой, мардум, ишқ инсонро ҷавон мекардааст! Ишқ дарду ғамро аз даруни инсон пок мекардааст ва ба ҷойи дард додан шифо мебахшидааст...

Гули бехор заҳмати боғбон аст

 Дар 1 маърака духтари азизи Сурайёбону Қосимова, Фарзонаи Хуршед гуфта буд, ки гули бе хор аз заҳмати боғбони меҳнаткаш аст.  Агар  гул хор дошта бошад аз дасти боғбон зебо мегардад, аммо гули бе хор аз беаҳамиятии боғбон хору хазон мегардад.  Имрӯз ман нав суханҳои Фарзонаро дарк кардам, чун худ бо чашми хештан дидам, ки дар ҳақиқат акои азизи мо Пулод бонуи гулдасти тоҷик- Сурайё бону Қосимоваро ҷавон кардааст.

 Мехоҳед ҷавон бошед шавҳари ҷавон гиред

 Бону Сурайё аз пештара дида ёштар ва зеботар гаштааст. Ӯ гуфт “Чигунае, ки аз ишқи Юсуф Зулайхо ҷавон гашт, ишқи Пулодам қалби Сурайё ва худи маро низ ҷавон кард. Аз ин ру ҳамеша ошиқ бошед!”.

Омиронаи Сайёф

СССР

 

Чоршанбе, Нояб 18 2020

Ростӣ, намедонам, бо кадом ҷурму гуноҳ Баҳром Иноятзода собиқ раиси Истаравшан ва Кӯлоб ҳабс шудааст?! Мегӯянд аз рӯи 6 банди ҷиноӣ. Хуб, ин кори суд аст, ки муайян намояд ва ҳақро ба ҳақдор расонад. Вале то ҷое ман медонам, ӯ на дар Истаравшан ва на дар Кӯлоб, ки раис буд, ҳатто хона надошт! Дар меҳмонхонаи ҳукуматӣ мезист. Дар Истаравшан коре кард, ки ҳазорсолаҳо хоҳад монд: Ӯ Кохи Муғро, ки худи Зардушт дар он ҷо Оташи Муқаддаси нахустини дини Яктопарастиро афрӯхта буд, новобаста ба бархӯрди бади фанатикҳои маҳаллӣ, сохта ба истифода дод.

Вале аҷиби кор ин аст, ки СССР ин қадар мардумро танқид мекунаду ягон масъул парвое надорад. Фарзи мисол гирем, раиси н. Рӯдакиро, ки атрофи пойтахтро шаб ба гӯристони торик мубаддал месозаду дар хусуси «корномаҳояш» торномаҳои сайтҳои иҷтимоӣ пур шудаанд. Аммо раисро ба ҳадде буруташро табар намебуррад, ки ақаллан чароғеро равшан накард, ки накард...

 

Чоршанбе, Нояб 11 2020

Аз тарафи Ҳукумати кишвар, бевосита зери назари фарҳангҷӯёнаи Пешвои миллат ташкил ва гузаронидани Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." бисёр ҳам иқдоми наҷиб ва саривақтӣ буд. Зеро ин чорабинӣ бори дигар мардумро ба ҷодаи илмомӯзӣ ҳидоят намуда, барои боз ҳам дақиқтару ҷиддитар мутолиа намудани осори бою рангини ниёгонамон мусоидат намуд. Аз тарафи дигар чеҳраҳои нави сухандону сухансанҷ, ровиёну гӯяндагони назму насри чи классик ва чи муосир ошкор гардиданд, ки ин натиҷаҳо назаррас аст. Бахусус, Озмуни имсола, ки дар он номинатсияи шоирӣ илова гардидааст, барои аҳли эҷод имконияти хубест, то намунаи эҷодиёти худро пешкаш намоянд ва ба ин васила ба қавле муаррифӣ шаванд ва ҳунару истеъдоди худро дар ҷодаи шеъру шоирӣ санҷанд.                                                                                                                                                            

Ва аммо баъд…

Камина омӯзгор ҳамзамон даъвои рӯзноманигорӣ мекунам ва дар яке аз деҳоти дурдасти ноҳияи Қубодиён, ки аҳолияш ҳамагӣ ӯзбекзабонанд, кору фаъолият дорам. 2 сол шуд шогирдонро барои Озмун тайёр мекунам. Соли гузашта шогирдонам то сатҳи ноҳия ва имсол бошад то сатҳи вилоят рафта, дар Озмун иштирок намуданд. Ҳарчанд ки дар сатҳи вилоят ҷойи намоёнро ишғол накарданд, аммо барои 1 духтараки деҳотӣ, ки қисми зиёди мардуми ин деҳа ҳатто ба забони тоҷикӣ ҳарфе зада наметавонанд, иштирок дар Озмуни сатҳи вилоятӣ ин худ ғалаба аст.  Вале мутаассифона, заҳмату меҳнатҳои мову шогирдон на аз тарафи маъмурияти муассиса ва на аз тарафи шӯъбаи маорифи ноҳия ҳатто ба як ифтихорнома ё сипоснома ҳам қадр карда нашуд. 

 Чигуна маро мунтазир карданд

Худам низ каму беш ба касби эҷод машғул буда, бо таклифи дӯстону ҳамкорон дар Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." аз номинатсияи шоирӣ иштирок намудам. Мувофиқи шартҳои Озмун ҳар он чи ки талаб шуда буд аз он ҳам зиёдтар ба ҳайати ҳакамон пешкаш намуда, дар Озмуни сатҳи ноҳиявӣ сазовори ҷойи аввал гаштам ва маро барои иштирок намудан дар сатҳи вилоятии Озмун пешбарӣ намуданд. Рӯзи 2 октябр мо ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар омадем. Баъди интизориҳои зиёд, пас аз нисфирӯзӣ ба мо навбат расид. Мо 4 нафар аз ноҳияи Қубодиён будем ва ҳамроҳи мо аз дигар навоҳӣ низ довталабон иштирок доштанд. Аз сабаби он ки ба ман аз ҳама охирон навбат расид, дар давоми 3 - 4 соат мушоҳида намудам ва дидам, ки ягон нафар довталабе, ки шартҳои Озмунро пурра иҷро кардаву мавриди таваҷҷуҳи ҳакамон гардида бошад, ёфт нашуд. 

Чигуна маро ноумед карданд…

 Баъд аз таҳлилу баррасии маводи пешниҳодшуда ҳакамон ба ман гуфтанд, ки маълум аст, Шумо мутолиа доред, мо Шуморо пешниҳод мекунем. Ман бо табъи болида ба ҳайати ҳакамон барои маслиҳату роҳнамоиҳояшон дар ҷодаи эҷод изҳори сипос намуда, бо онҳо хайрухуш карда, ба ноҳия баргаштам. Мутаассифона, ин хурсандӣ ба нокомиву ноумедӣ анҷомид, зеро рӯзи 26 октябр аз ноҳия хабар доданд, ки 6 нафарро ба ҳузури раиси Вилоят барои қадрдонӣ даъват кардаанд ва дар рӯйхат номи Шумо нест. Сабабашро аз шоир Озаррахш ва Сардори Раёсати Фарҳанги вилоят Аловиддин Абдуллоев, ки аъзои ҳакамон буданд пурсидам, ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷавоби аниқ ва қаноатбахш надоданд. Албатта, даъвои калониву шоирӣ надорам, балки дар пайравии бузургони адабиёти классикӣ гоҳе эҳсосоти қалбиву равонии худро рӯи коғаз меорам ва хуб медонам, ки шеъри ман аз камбудиҳо орӣ нест ва ислоҳпазир будани онҳоро ҳайати ҳакамон низ қайд намуданд, лекин гап дар сари он аст, ки агар дар вақташ мегуфтанд, ки маводи Шумо қобили қабул  нест, асло хафа намешудам, баракс бештар масъулият ҳис карда, бар болои худ кор мекардам. Аммо вақте ки шахсро баумед мекуниву охир ба ноумедӣ меанҷомад, хеле дарднок ва аламовар аст.

 

Маҳмудҷони  Абдулаҳад  

 омӯзгор ва рӯзноманигор, 

узви ИЖ Тоҷикистон

 

 

саҳ 24 аз 83

Китобҳо

Flag Counter