Бародарам Раҷаби Мирзо 1 навиштаамро дар гурӯҳи "Ахбор барои афкор" корида аст. Онҷо дӯсту нодӯст, хубу нохуб ҳар касе ҳарчи хостаст, зернавишт карда аст. Мефаҳмам. Барои дар фейсбук чизе навиштан на мағз даркору на донистани навишт. Фейсбук ҳар чиро мебардорад.
Панэронистон ноамъқул кардаанд!
Медонам, ин ҳама гузариш ба навиштори арабиро эронпарастон, ё "манэрониҳо" роҳандозӣ мекунанд. Ман на эронӣ ҳастам, на эронӣ шудан мехоҳам, на навиштори арабиро мехоҳам. Ҳарчанд навиштору забони арабиро аз хурдсолӣ медонам. Китобҳои физику шимию ҳандасаи Эронро шумо хондаю фаҳмидан наметавонед, ман мефаҳмам. Мехоҳам тоҷикро ба чуноне, ки ҳаст, гузорем. Ба афсурдагии (депрессия) дигар рӯ ба рӯ накунем. Ба нестӣ накашем. Худхоҳии худро аз тавону хостаи мардумӣ боло нагузорем. Гумонам нафаҳмидед? ("Эгоизми худро аз қудрат ва зарфияти миллат боло нагузорем", фаҳмотар шуд?)
Акнун мехоҳам як чиро аз ҳамаи мағздорон пурсам, ки оё худатон, падаратон, наздиконатон, гирду гӯшаатон эронӣ ҳастанд? Мардумӣ (миллат) ду чизи вежа дорад: дин ва дунё. Медонам 0000,1% аз ҳамаи онҳое, ки хостори пайвастан ба Эрону навиштори арабӣ ҳастанд, 0000,1% дунёи эрониро намефаҳманд ва фаҳмидан ҳам наметавонанд. Кадомат физика, химия, биология, канализатсия, сантехника, бонкдорӣ... ро ба шеваи эронӣ мефаҳмӣ? Ҳич кадомат! Агар ба навишти арабӣ гузаштӣ, чиро мехоҳӣ хонӣ? Ҳич чиро! Чунки забони форсии имрӯзро ягонат намефаҳмӣ! Ҳо, шеърашро мефаҳмӣ, лекин китоби мактабашро намефаҳмӣ ва фаҳмидан ҳам наметавонӣ. Бовар накунӣ, бигир як китоби математикаи синфи 4 и Эронрою хон, фаҳмидӣ, ман паҳлут меистам, то ба хатти арабӣ гузарем. Дунёи Эрон аз дунёи ману ту дигар аст. Ин аз дунё буд.
Тоҷику эронӣ ҳаммазҳаб нестанд
Дар дин ҳам магар тоҷикон эрониёнро ҳамдин мешиносанд? Тоҷику эронӣ бо яҳуд наздиктар аст магар бо ҳамдигар. Якет шиа, дигарат суннӣ. Бо ин чӣ мекунӣ? Эронӣ суннӣ мешавад? Ту шиа мешавӣ? Шукр кун, ки арабидон нестӣ, вагарна тоҷику эронӣ ба пӯсти ҳамдигар коҳ ҷо мекунанд. Ҳамин чизҳое, ки тоҷикон имрӯз ба навишти русӣ менависанд, ба форсӣ гардонӣ, чӣ мешавад? Мардумӣ (миллат) танҳо чанд кас нест. Инро бояд донист.
Хатти арабӣ душмани мо мешавад!
Гузаштан ба навиштори арабӣ тоҷику эрониро баякбор аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Ҳамун "гузаштаҳои пурифтихор" ро ҳам дар гӯр хуфтан намемонад. Душмани ҳамдигар мекунад. Чунки ҳам ҷомеаи Эрон, ҳам Тоҷикистон имрӯз сахт мазҳабиянд. Нависандаю шоири эронию тоҷик 100 хонанда надорад. Лекин ҳар сагбачаи худро мазҳабӣ гумошта, то миллион ҳаводор дорад. Бо инҳо чӣ мекунӣ? Дуртар аз пеши бинӣ ҳам бояд нигарист.
Сафват Бурҳонов
Одесса
Солҳои 1978-1980 дар омӯзишгоҳи омӯзгории н.Рашт донишҷӯ будам. Дар он солҳо ҳам байни донишҷӯён аҳён-аҳён ҷангу ҷанҷолҳо пеш меомад. Аммо бештари ҷанҷолҳоро худи устодон ҳаллу фасл мекарданд, на кормандони ҳифзи тартибот. Дар навбати худ устодон роҳу воситаеро истифода мекарданд, ки аз кардаи худ пушаймон мешудӣ. Банда низ ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда будам. Аммо устодон, рӯҳашон шод бод, Давлат Асалов, Неъмат Элбегиев ва устоди бисёр азизу меҳрубон Раҳимбек Қувватов барои инсони комил шудани ман саҳми воқеъӣ гузоштанду имрӯз бо некӣ аз онҳо ёд мекунам.
Моҳи январи соли 2020 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н.Рашт байни донишҷӯён ҷанҷол сар зада, дар он зиёда аз 20 нафар иштирок мекунанд. Дар навбати худ кормандони ҳифзи тартибот парванда оғоз карда, гунаҳкорон бояд мувофиқи гуноҳи содиршуда муҷозот мешуданд. Аммо бо ҳамкории Прокурори н.Рашт Шоҳин Талбакзода ва сардори Раёсати ВКД генерал-майор Азизуллозода Сафиаллоҳ Азиз парвандаро қатъ мекунанд, зеро ояндаи ин донишҷӯён ва шароити иқтисодии волидайни эшонро ба инобат мегиранд. Қанд зананд чунин масъулин, зеро парвандаи ҷиноӣ метавонад 1 умр номи мардро бад созад!
Муҳаммадӣ Авазов,
н.Сангвор
Онҳое, ки бо баҳонаи "канда нашудан аз осори гаронмояи гузаштагон" моро метарсонанд, ба хубӣ медонанд, ки мардум аз он "осор" ҳич баҳраи неке набурда аст. Ва агар ба хатти арабӣ гузарем ҳам, баҳра нахоҳанд гирифт. Инро ба хубӣ медонанд. Ман каму беш бузургонро мехонам. Ба ростӣ чӣ бояд бигирӣ, аз ончи ба дардат намехурад? Ҳамаи "осори" гузаштагони пурифтихори моро мешавад бо 2 вожа гирду ғун кард:
-ё тафсири Қуръонро бо шеър навистаанд;
- ё афсонаи 2 бадгашти биёбонӣ, монанди Лайлию Маҷнунро.
Ончи аз донишварию дардхурди зиндагии мардум бошад, ҳамагӣ ба забони арабӣ навистаанд, ки ҳаргиз бо донистани хатт, навиштор, намешавад онҳоро омӯхт.
Қуръон ва Маснавӣ
Қуръони Пок ва тафсирашро бе ёрии "Маснавии маънавӣ" ҳам мешавад омӯхт. Аз ҳамаи навиштаҳои Иқбол "Чоркитоб" ва "Маслак"- и Сӯфии турк болотаранд, ки Шариъатро фаҳмотар бозгӯ кардаанд. Чӣ метавонам аз ҳамаи осори бузургони барҷастаамон бигирам, ки беҳтар аз худи Қуръон бошад ё Тафсир ё Ақида?
Афсонаи 2 бадгашти биёбониро, бузургони мо, чунон нигоштаанд, ки дар 1000 сол адабиёти рус ин шумора осори навишторӣ надорад. Гирд оваред "Лайлию Маҷнун"-ҳои навиштаи тоҷиконрою бо ҳамаи адабиёти рус баробар монед, мӯйи саратон рост мешавад.
Кӣ Шоҳномаро хондааст?
"Шоҳнома" мегӯед? Савганд ба Худо, ки дар ҳамаи Тоҷикистон 1000 кас нест, ки "Шоҳнома"- ро хонда бошад! Ва ба кадом навишторе набошад, намехонад! Гумонатон то ба навиштори русӣ гузаштан 1001 кас хонда буд?
Пури Синою Абӯбакри Розӣ, ки ба порсӣ нанавистаанд, ончи аз эшон бояд биомӯзем. Забони навиштори арзишманди онҳо арабӣ буд-ку?
Бигирем ба навиштори порсӣ (ки чунин навиштор ҳаргиз нест, хатти арабӣ ном дорад ин навиштор) бигзарем, чӣ бурд хоҳем кард? Омӯзгорони мо то "кутанҷенс" гӯйии котангенсро меомӯзанд, ки ками кам 100 сол мебозем.
Донишварию парвариши мо (ҳо, ҳо, дорем чунин чизҳо ҳам!) ба ҳамин навиштору забоне, ки имрӯз ҳаст, омӯхта шудааст ва нумӯ мекунад. Аз оне, ки шумо бештар аз ҷамоли ҷаҳоноройи Лайло чизеро дидан намехоҳед, Тоҷик физикаи ҳастайӣ (ядройӣ), физикаи фаросардӣ, генетика, астрофизика, химияю биохимияю биофизикаю информатикаю ... гуфтагӣ донишҳою донишварону донишҷӯён дорад, ки бо дигар кардани навиштор ҳамагӣ лайлипараст мешаванд, дигар ҳич.
Руки проч!!!
Барои омӯхтани зиндагиномаи Маҷнун бояд аз ин донишҳое, ки дорем, даст кашем?
Зиндагии тоҷик, бо забону навишторе, ки имрӯз дорад, пеш рафта истодааст. Дастрасӣ ба ҳар технологияи нав дорад, тоҷик. Забони куриёйӣ (Кореяи ҷанубӣ) аз забони 30 сол пешаш дигар аст, ҳич боке не. Ба тундӣ дигар кардани навиштору забону дину фарҳанг, мардумонро ба нестӣ мекашад. 1000 сол пеш навиштори арабӣ барои мо бегона буд, имрӯз аз худ медонем. Навиштори русӣ 100 сол пеш бегона буд, инаш ҳам худӣ мешавад. Ҳич боке не.
Мо Метавонем!
Сафват Бурҳонов
Одесса, барои СССР
Андар баёни сатр
Ҳар кӣ бовар дорад, ки бо зани ҳиҷобдор касе ҷуръати нигоҳ кардан надорад, номаъқул кардааст. Агар сатр ин мушкилро ҳал карда метавонист, арабҳо рӯи занони худро пурра маҳкам намекарданд. Ҳарчанд онҳо намедонанд, ки чодирпӯш кардани зан 1 мушкили дигар дорад. Ин ҳол ба зан имкон медиҳад, ки ба рӯи марди дилхоҳаш бехиҷолат нигоҳ кунад!!!
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки сатр бояд чӣ гуна бошад? Сатре, ки имрӯз духтарону занони Тоҷик ба сар мекунанд, дар асри 7 набуд. Дар биёбонҳои нимҷазираи Арабистон имрӯз ҳам бо вуҷуди пешрафти техника пахта намерӯяд, ки санъати матоъсозӣ рушд кунад. Ин ҳама ҳиҷобу сатр дар 50 соли гузашта не, балки 5-10 сол пеш дар Туркия ихтироъ шуданд. Чун рӯҳониён дар афкори ҷомеа нисбат ба занони сатрдор нигоҳи гармро шакл дода тавонистанд, таваҷҷуҳ ба ин навъи пӯшиш зиёд шуд. Имрӯз ҳатто духтарон бо бастани сатр аз мардум бонус (хол) гирифта, зуд шавҳар меёбанд. Ба ҷуз ин фанатҳои динӣ то ҳол духтарону занони беҳиҷобро ошкору ниҳон бешарм ва мардони хонаводаи онҳоро беномус ва дур аз роҳи шариати исломӣ меҳисобанд. Гӯё зани бесатр ахлоқи хуб надорад. Иддаое, ки бебунёд аст. Масалан 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ зани тоҷик сатр надошт, чӣ магар ӯ ҷалаб, сабукпо ва фоҳиша буд? На, баръакс шарме, ки як духтари 16 солаи он замон дошт, баъзе аз занҳои шавҳардори сатр ба сари имрӯза надоранд.
Мардонро бояд тарбият кард
Воқаен ҳам гоҳо дар кӯчаву бозор нигоҳи шаҳватолуд андохтани мард ба рӯи зан ҷой дорад вале ҷомеаҳои мусулонӣ мушкилоти ахлоқи мардонро ба ивази озодии занҳо ҷуброн мекунанд. Яъне, ба ҷои он, ки душманро бикушанд, баръакс сояи онро тирборон мекунанд. Ҳатто фанат-мардон бешармона иддао доранд, ки набояд зан ҳузури ҷамъиятӣ дошта бошад, ки мо худро идора карда наметавонем. Ҳуй, касе нафсашро лаҷом зада наметавонад, рафта дар ҷангал зиндагӣ кунад. Модоме, ки бо ҷамъияти инсонӣ ҳамроҳ зиндагӣ дорӣ, нафсу нигоҳатро ҷамъугир кун. Зеро рафтан ба бозор, зери офтоб будан ва аз ҳавои тоза нафас гирифтан, талаботи биологию маънавӣ, орзу ва ниёзи ҳар зан ҳам ҳаст. Оё месазад ӯ аз ин ҳама ба он хотир даст бикашад ва кунҷи хона бимонад, ки дар берун мардони ҳарис рафтуо доранд?
Сатри сиёсӣ ва ҷангӣ
Ҳарчанд сатр мақсади ҳаводорашро амалӣ намекунад, аммо дар ҷомеаи мо руҳониён ба он муваффақ шуданд, ки аз он муқаддасот сохта, 1 баҳона барои ҷанг ва бадбинӣ омода кунанд. Имрӯз қанд бизану гӯ, ки сатр моли бегона аст, 5 дақиқа баъд доду фиғони юбкапӯшон (аҷоиб-а?) аз Аврупо баланд мешавад ва мегӯянд, давлат ба либоси зани 1 мард чӣ кор дорад? Агар вазъ ҳамин гуна давом ёбад, фардо ҳар мард занашро фаранҷипӯш карда, даъво мекунад, ки ба рӯи зани ман кордор нашав ва пасфардо дигар хоҳад гуфт, ин зан ба ман тааллуқ дорад, ба ту ва давлат чӣ фарқ аст, ки ӯро дар бозор мефурӯшам ё дар кӯча? Фарзи мисол садҳо марди Тоҷик (садқаи ин ном шаванд) ҳамсарони нозанини худро ба Ироқу Сурия бурда, зери пои арабҳои сиёҳ партофтанд ва ин манқуртон занони худро беномусона ба ҷиҳоди нафсӣ (хизматрасонии шаҳвонӣ ба саркардаҳои терорристон) ташвиқ намуданд. Ҳамаи ин занҳои бечора сатр доштанд. Умуман сатрпӯшҳо ва ҳаводоронашон як камбудии ҷиддӣ доранд, ки дар поёни достони риш ба он ишора хоҳем кард.
Дар хусуси риш
Риш-қилҳои рӯй ва зери манаҳ баҳонаи дигар барои ҷанг аст. Дар ҳоле, ки араб ва ҳатто афғонҳои фархундакӯш тадриҷан аз риш даст мекашанд, тоҷикон барои он навҳаву фиғон ва митинг мекунанд, ки ришҳои моро ба тартиб надароред. Решаи моҷаро дар мавъизаи рӯҳониён аст, ки аз риш муқаддасот сохта, беришонро ба боди масхара кашиданд. Агар риш инсонро дар он дунё шафоат кунад, пас В.И.Ленин ва ҳар попи калисо, ки ришҳои то миён доранд, ба биҳишт роҳ меёбанд. Диҷейҳои дискоклуб ҳам…
Вақте моҳиятан ва мантиқан ба ин масъала нигоҳ кунем, риш 1 нишонаи фарқкунандаи руҳониён аз оммаи мардум аст. Дар гузашта ва имрӯз ҳам руҳониёни ҳама динҳо аз муллои ҳиндуҳои говпараст сар карда то чиниҳои бутпараст риш доранд. Онҳо магар суннати паёмбари моро иҷро карданд? Дар куҷои Қуръон гуфта шудааст, ки мусалмон бояд риш монад? Ислом ҳама навъи зоҳиркориро маҳкум мекунад. Мусалмон бояд ба амал ва рафтор аз паёмбар пайравӣ кунад, на ба симо ё ном.
Риш ва шаҳват
Боре як ҷавони муллочопи ришдор бо андак хиҷолат гуфт: «Риш-шаҳватро зиёд мекунад». Шояд ӯ ҳақ буд. Аз нигоҳи руҳониён суруду рақс сарчашмаи бадахлоқӣ аст. Чун нек нигарӣ, дар клипҳои туркӣ, арабӣ ва эронӣ қариб 100 фоиз мардони ришдор ҳастанд, ки ҳамроҳ бо занони нимаурён мерақсанд. Ин ҷо чӣ сире ҳаст. Дар баҳсҳои фейсбукӣ ҳам баъзе занон таъкид кардаанд, ки мардони ришдор ҳавасангезанд. Ба ин далелҳо агар риш дар муносибатҳои маҳрамона хусусияти таҳрикдиҳанда дошта бошад, пас манаҳи бериши ман хуб аст, чун занеро дар кӯча «безобита» намекунад.
Ва ниҳоят тарси давлат ва ҷомеа аз ришсиёҳон бесабаб нест. Чун риш дар кишвари мо ангезаи сиёсӣ дорад. 1 гурӯҳ ба он хотир риш мегузорад, то ба асаби давлат расанд ва бисёриҳои дигар ба ин васила ҳамфикронашонро ҷустӯҷӯ ва пайдо намуда, ба онҳо паёми сиёсӣ мерасонанд, яъне ки «сафи мо зиёд шуда истодааст ва шердил бошед». Аён аст, ки дар зеҳни онҳо ҳисси ғасби озодии дигарон меҷӯшад. Аз ин нигоҳ акнун бояд гуфт, ки камбудии ягонаи ҳар ришсиёҳ ва сатрдор он аст, онҳо худро аз бақияи мардум боло меҳисобанд. Вақте, ки як кас худро аз дигар нафар бартар ҳис кард, ин аллакай оғози ҷанг аст. Давлат дар ҳамин марҳила пеши чашмаро бояд бо бел гирад, вагарна фардо бо фил гирифта наметавонад.
Соли 1992 дар майдон кӣ буд? Сатрдор ва ришдор! Онҳо даъво надоштанд, ки иҷозат диҳед мо бо ҳиҷобу риш бошем. Онон гуфтанд, ҳама бояд чунин рангу рӯ дошта бошад. Имрӯз низ аз рӯи ҳамон сенария бо истифода аз номи демократия давлат ва ҷомеаро фиреб кардан мехоҳанд. Яъне аввал гузор ман риш монам, баъд қабри касеро меканам, ки риш ва сатр надошта бошад. Аз нигоҳи онҳо демократия ин аст, ки 1 кас ҳақ дорад, либоси шаръӣ пӯшад ва баъд ҳар дунявипӯшро таҳқиру таҳвин кунад, мунофиқу бадбахт, беимон, роҳгумзада ва душмани Худо гӯяд. Агар имрӯз вазъи динӣ назорат нашавад, фардо сатр ба кафан табдил меёбаду риш ба манаҳбанд.
Масҷиди мо ва идеологияи онҳо
Бо назардошти ин ҳама назорат аз болои масҷид, сатрпушӣ ва ришмонӣ ба хотири таъмини сулҳ ва пешгирӣ аз ҷанг аст. Беназоратии вазъи мазкур 3 даҳсола пеш 150 ҳазор қурбонӣ ба бор овард. Хулас агар мо хоҳем дигарбора дарёҳоямон аз хуни инсонҳо рангин нашавад, бояд давлат вазъи диниро назорат кунад, чун дар Амрико, чун дар Аврупо ва ҳатто чун дар давлатҳои исломӣ ва ин сиёсат ба нафъи мардум аст.
Сорбон Ҳакимов, сокини вилояти Хатлон
Устоди сухан, афсонаи зинда, Хоҷа Насриддини асри ХХ ва ХХI, Темур Зулфиқоров, марзи 84-ро убур карда, сӯи 85 гом ниҳод. Ба ифтихори ин ҷашнвора номаи саркушоди Хоҷаи муосир ба пулдортарин ва ҳаристарин Қорани муосир ба дасти чоп рафт. Мо Метавонем!
Дӯстони азиз!
Аз Ҳиндустон нома гирифтам, ки дар он навишта шуда:
«Дар кишвари Тибет мегӯянд, ки 7 Хирадманди Махфӣ оламро идора мекунад. Онҳо ба бадӣ имкон намедиҳанд, ки Некиро мағлуб созад. Шумо яке аз Онҳоед».
Ман ташаккур гуфтаму илова намудам: «На ман, балки устоди бузургворам Хоҷа Насриддин, бегумон, ба ин Ҳафтгона ворид мешавад. Ана, мактуби ӯро ба Билл Гейтс бихонед.
Мактуби кушодаи Хоҷа Насриддини ҷовид ба Билл Гейтс
Бародари азизам Билл!
Ман бо шоҳ Салмон аз боби Хирадмандӣ суҳбат доштам…
Бо худи Ҳомер – аз боби Назм…
Бо Конфутсий – аз боби Давлатдорӣ…
Бо Чингизхон – аз боби Ҷанг…
Бо Сталин – аз боби Империя…
Акнун фурсате расид, ки бо Ту суҳбат ороям…
Ғояи ҳокими саросари олам будан аз рӯзи Офариниши Дунё вуҷуд дорад…
Чингизхон ба ман гуфта буд:
Дар осмон – Худо…Дар Замин – Ман…Аз ман болотар – фақат телпаки ман…Аммо ку телпаки ӯ? Ҳамон фавҷ – фавҷ лашкари савораи фотеҳи қийғосиаш ку? Устухонҳояш куҷост? Касе намедонад…Оре!..
Аммо ғояи пучу ботили Ҳукмрони Дунё шудан боз рӯи Замин мехазад – мисли каждуми заҳрноке, ки моҳи май аз зери санги гарм берун меояд…
Ва худи ҳамин каждуми саросарӣ ИМА аст…
Ин Иёлоти Муттаҳидаи Ҷаҳаннам аст, ки аз сӯи тӯдаяки бонкдорони ҷунундор идора мешавад… онҳо дар даст триллионҳо коғазакҳои сабзи тавоно доранд…Онҳоанд, ки дар таҳхонаҳои бонкҳояшон гашта, хиштҳои тиллоиро сила мекунанду навозиш…Магар онҳо беақл нестанд?..Магар онҳо Саворагони нави Апокалипсис – Қиёмат ҳастанд?..Оре…
Пештарҳо ҳокимони кӯтоҳбин бо ёрии шамшер мехостанд Ҳокими Дунё шаванд…ё бо ёрии тир…бомбаи атомӣ… доллар…Акнун бо ёрии компютер, васоити ахбори дурӯғгӯ ва вируси корона, ки яке аз офарандаҳояш туӣ, бародари раҳгумзадаам Билл…Оре…
Хирадманде мегӯяд, ки интернет ин Бурҷи уфуқии Бобил аст…Боз ҳамон пири хирадманд мегӯяд, ки байни бинокорони ин бурҷ худи шайтон ҳам буд…Ҳангоми сохтани интернет ва вируси корона низ ӯ истода буд…
Бародарам Билл!..
Оё ту ӯро надидаӣ?...Ҳаври сӯзони даҳонашро ҳис накардаӣ?...Маълум аст, ки шайтон маймуни Худост…Шайтон мепиндорад, ки Худо ӯст… Ӯст соҳиби ин замин, Шоҳи олам…
Бародарам Билл!..
Фикри ту чист? Ё андешаҳои қадимаатро пинҳон медорӣ? Ғояи фартути гаҳворагиат - Ҳокими Дунё шуданро низ? Оре…
Аммо ҳар касе, ки фикр мекунад, Худо ӯст, оқибат ба чангу хоки талхи роҳҳои заминиву осмонӣ табдил меёбад… Оре!..
Иёлоти Муттаҳида чӣ?..
Оре, ҳамон ИМА… Ҷое, ки рекламаи дурӯғин ин қадар пурқудрату марговар аст, ки одамон дар ҷаҳаннам зиста мегӯянд, дар Биҳиштем… Оре, чунин аст! ИМА ин каждуми сабзи доллармонанди чашмонаш дар тахтапушт аст…Ин чашмон ба ақиб менигаранд – ба Бобили мурда… нохалаф…Оре…
Мардумони хапу хамӯши олам чӣ? Хамӯшанд… хамӯш…Хамӯшие, ки хиёнат ба Худост… Халқҳо чӣ?...Галаи гӯсфандони мутеъ?..Ҳамту?...Аммо ғизои дӯстдоштаи гӯсфандон каждуми наврасидаи сабззаррин аст…Ана ҳамин тавр халқҳо Каждумро – ИМА-ро мехӯранд…Инчунин ҳокимони махфии… нобинои онро дар таҳхонаҳо бо хиштҳои тиллоиашон...Оре!..
Ва ба онҳо паноҳгоҳҳояшон аз ҳамлаи атомӣ низ ёрӣ нахоҳанд дод… ки он ҷо онҳо тани афсурдаи худро аз ҷанги атомӣ мехоҳанд пинҳон кунанд…ҷанге, ки ба шуданаш бовар доранд… чун машрукони нав…
Эҳ, бародарам Билл!...Ту ҳам чунин паноҳгоҳ дорӣ - ҳа?..
Воқеан, ман дарҳои ин паноҳгоҳҳои махфиро сахт махкам мекардам, зеро онҳо эҳтимоли оғози Ҷанги Охирини Шайтониро тахмин мекунанд…
Бародарам Билл! Ту гӯё барои хариди доруворӣ пул ҷудо мекунӣ…
Гӯё барои Ҳаёт…Дар асл – барои тарсу ваҳм… Воҳима…
Барои ҳарос…Барои марг…Пулҳои ту пулҳои марганд, на Ҳаёт…Оре…
Пулҳои сарватмандон – пулҳои марг…Худи сарватмандӣ бошад, гуноҳ аст!..
Ин дуздӣ аст...Ин марг аст…Ин ҷунун аст…Ин дӯзах дар зиндагист…Оре, чунин аст!..
Сарватмандӣ роҳи тӯлониву махуфест то Худо! Ва маълум нест, ки то Ӯ мерасӣ ё на? Оре…
Ҳамсуҳбати хирадманди ман Конфутсий мегуфт: «Вазифаи ҳоким иборат аз тақсими боигарист…».
Имрӯз боигарӣ чӣ гуна тақсим мешавад? Миллиардер миллиарди шайтонии худро мегирад…Муаллим, духтур, деҳқон – маоши ночизи худро…Чӣ, магар миллиардер миллиард даҳону меъда дорад? Ҳамин тавр ҷарӣ байни дорову камбағал торафт амиқтару бетаг мешавад…Ва ба ин ҷар тамоми одамизоди гӯсфандтабиат бо роҳбаладони ҳариси ҳашаматхоҳи худ фурӯ меравад…Оре…
Ҳол он ки аз даврони Спартаи қадим маълум аст, ки ҷалолу ҳашамат империяҳову халқҳоро фурӯ мебарад…Мисли кирме, ки дарахтро аз дарун хӯрда меояд… Беҳуда дар Спарта зидди шукӯҳу ҳашамат қонунҳои сахти Ликург қабул нашуда буданд… Ва то замоне, ки онҳо амал доштанд, зиндагии мардум равнақ меёфт, Спарта мағлубнопазир буд. Куҷоянд Ликургҳои ин замон? Дар кадом кремлҳо? Дар кадом қасрҳои сафед? Дар кадом қасрҳои Елисей ё Букенгем? Куҷоянд онҳое, ки дар бораи Ватан фикр кунанд, на дар бораи ҷайби хеш? Ҳол он ки роҳбари ҳақиқӣ худро аз карру фару ҳашамат дур мегирад… зеро тақдири 1 кампираке дар деҳоти фаромӯшгардида барои ӯ аз лимузину яхтаву виллаҳо муҳимтар аст…
Воқеан, Ҳокимияти Одилона ҷалолу ҳашамати Худовандист. Ҷалоли некӣ кардан ба Халқ! Бузургтарин… ширинтарин ҳашамуту ҷалоле, ки Худованди замину осмонҳо ба инсони заминӣ бахшидааст… Оре, чунин аст!..
Рӯзе, ки Сталинро мегӯронданд, маълум гашт, ки вай ҳамагӣ 1 ҷуфт мӯза доштааст ва он ҳам сурохшуда будааст…Ҳокимони имрӯза – дурӯяҳову дузданд ва ҳокимиятро танҳо барои пур кардани шиками серинопазири худ истифода мебаранд… Ҳайфо… ҳайфо…
Бародари оқилам, Билл!..
Баргардон! Пулҳои дуздидаатро ба соҳибонашон баргардон! Он гоҳ роҳи ту то Худованд ҳамвору кӯтоҳ мешавад! Розӣ шав! Орзуи ҳокими дунё буданро аз сар дур кун! Ё ту кӯр-кӯрона бовар дорӣ, ки бо компютеру вируси корона, васоити ахбори фурӯхташудаву нохалаф халқҳо – гӯсфандонро ғулом месозӣ?
Бародарам Билл! Ту каждум машав! Ман намехоҳам, ки туро гӯсфандон бихӯранд…Инак, Ту ҳамаро ба мардум додӣ…Ва дар соҳили уқёнус озодона чун боди озод мегардӣ…Дар дастат пораи нон ва шишае бо оби чашма… Ва ин Роҳ сӯи Биҳишт аст...
Бо муҳаббат ва умеди ноумедона, Хоҷа Насриддини ту…
(Аз русӣ тарҷумаи Нур Табаров)
Ӯ рафт! Ҳаргиз намеояд дигар!!! Мутаассуф, рафт, ҳарфҳои ногуфтае дар дил дошт, ки бо худ бурд. Меҳмони гиромӣ, узви Ихвон ал СССР, дӯст ва хонандаву мухлиси ҳамешагии газетаи мардумӣ буд. Ҳар шумора занг мезаду мегуфт:
-Фарзанди падар! Мақолаатро хондам, кайф кардам, зӯр гуфтӣ, вале ба кӣ мегӯй…
Боби 1. Фарзанди падар…
Ин ибораи дӯстдоштатарини Ҷамшед Исмоилов буд. Иборае, ки аз сидқ садо медод ва дигар бар касе талаффузаш зебанда нест. Зеро ба ҳақиқат ӯ фарзанди падари ҳар тоҷикистонӣ буду ҳар тоҷик фарзанди падари ӯ: Тоҷики асил ва асилзодаи Тоҷик буд!
Боби 2. Мактаби Ҷӯрабек
Ҷӯрабек Назриев то ин ки тани танҳо дар биҳишт насарояд, беҳтарин, бузургтарин, зеботарин шогирдашро бо худ ба Боғи Ҷаннат бурд:
Он нозгулӯро надарад боз гулӯ,
Гулчини аҷал бичидат осон он сӯ…
Боби 3. Аз Кӯрбазм то Шаҳбазм
Қадами нахустинашро дар соҳаи санъат аз тӯйҳои мардумӣ дар кӯчаи Первомайи ш. Кӯлоб гузошт. Кӯчае, ки ҳатто дар Кӯлоб, шаҳре, ки ҳофизу хунёгар будан, амали маъмулист, чун кӯчаи ҳунармандони асил номовар аст. Кӯрбазм мекард, бо 1 аккордеон ва бо ҳамин аккордеон РСС Тоҷикистон ва СССР-ро тасхир карда, то базмҳои Шоҳона роҳ ёфт ва онгуна, ки консертҳои давлатӣ бе ӯ бемаънӣ метофтанд. Мисле, ки дар консерти бузурги Кӯлобшаҳраш «дӯстони фарҳангдураш» роҳаш надоданду кӯлобиҳо то охир ба умеди шунидани суруди маъруфи «Ӯ ҷони миллат аст!» беҳуда нишастанд…
Боби 4. Асосгузори сабки пойтахт
Ҳар шогирде то ҳадди устодӣ нарасад, мард нест. Ҷамшеди мо аз ин марз ҳатто убур кард, зеро ҷавонмардонатар буд! Ӯ натанҳо то дараҷаи устодӣ расид, ки сабки вежаи худро асос гузошт. На беҳуда, Сафват Бурҳонови борикбин Исмоиловро «Асосгузори Сабки Пойтахт» ном мебурд. Ба таҳқиқ дар солҳои 80-уми асри ХХ Ҷамшед Исмоилов ба сабки вежаи душанбегӣ поя гузошт ва сарояндагони пиру барно, хоҳу нохоҳ шогирдони ин Мактаби Бузурги Сабки Пойтахтии Ҷамшед Исмоилованд.
Боби 4. Патриоти советӣ
Суруди «Помир! Помир!! Помир!!!» гимни нонавиштаи на танҳо дастаи футболи маъруфи миллӣ дар Лигаи 1 ва олии СССР гардид, ки суруди миллии алтернативии миллати Тоҷик дар баробари «Чу дасти рус мадад намуд» шуд.
Боби 5. Артисти халқӣ
Медонам унвон дигар ном дорад, вале ӯ воқеан ҳам Артист буд ва ҳам аз они Халқ. Зеро ингуна, ки халқ ӯрову ӯ халқро дӯст медошт, шояд кам муяссари дигарон гардадо…
Боби 6. Патриот ва якрӯй
1 рӯ, 1 мавқеъ, 1 ҷиҳата ва гуфти кӯлобиҳои худаш «1-фоқа» буд. Президентро дӯст медошт. Бисёр мансабдорон, бо рафтанашон аз сари кор «пӯсташонро дигар» мекунанд, вале Ҷамшед Исмоилов, ки қурбонии фитнаи дарборӣ шудаву аз вазифаи муовини вазири фарҳанг рафта буд, ҳаргиз ба муҳаббаташ нисбат ба Президенти ҶТ хиёнат накард ва рӯирост мегуфт, солдати Пешвои Миллат аст.
Боби 7. Зебо ва хушрӯ
Хеле марди зебо ва покизакор буд. Замоне нисфи бонувони олам ошиқаш буданд. Ҳатто Президенти ҶТ дар 1 дидор гуфта буд, «вақте дар меҳмонхонаи Душанбе меҳмон будам, чандин духтарони зебо омада, ба ман мактуб медоданд, ки бурда ба Ҷамшед расон!». Ин суханро дар ҳузури мардум ва худи Ҷамшед мегуфт…Воқеан ҳам Ҷамшед Исмоилов на танҳо мунодии фарҳангу санъат, балки символи чеҳраи зебои Тоҷик дар ақсои олам буд ва ингуна Чеҳраи Хуб ҳатман символи Биҳишти Худо хоҳад шуд. Бовар дорем. Мо Метавонем!
Рӯҳат шод ва хотири нозукат абадӣ бод, дӯст, ҳамшаҳрӣ, ҳамдиёр, ҳаммилат, ҳамфикр ва ҳамзабони асилам.
С. Мизроб
Барои аъзои Ихвон ал СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар