ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 12 2020

Бо ибтикороти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони Қасри фарҳанг оғоз ёфт, ки аз рӯи нақшу нигор ва шароити фароҳамёфта дар кишвар ҳамто надорад. 

Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири Газетаи мардумии СССР Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ иброз дошт, Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар шаҳраки Бӯстон аз ҷониби Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» тасдиқ шуда, бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ бешбинӣ гардида, алҳол 27 млн сомонии он аз худ карда шудааст. Фармоишгари он дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон-3»-и н.Мастчоҳ мебошад. Роҳбарии сохтмони Қасри фарҳангро, ки армуғон ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ аст, Фахруддин Зокиров бар ӯҳда дорад.

Сохтмончиён мегӯянд, ки тарзи ороиши толор ва наққошиҳои дохили он бо сабки ҳунарҳои миллӣ идеяи худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буда, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳар ҳафта омада, шахсан худаш аз рафти корҳои сохтмонӣ ошно гашта, дар баробари мардум дар ҳашари ободонии гирду атрофи қаср фаъолона ширкат менамояд, ки боиси таҳсин аст.

Дар баробари ин бояд гуфт, сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия, ки барои 10.000 нафар муқаррар шудааст, аз тарафи Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» тасдиқ ва сохтмони он соли 2016 сар шуда буд. Варзишгоҳ бо харҷи 19 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, то ба имрӯз 92% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ин 2 иншооти муҳим дар маркази н.Мастчоҳ алакай омода шуда, дар рузҳои таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ ботантана мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 

Чоршанбе, Авг 05 2020

Ба пешвози 700 –солагии Шайх Камоли хуҷандӣ

 Хонаи дида зи дидори ту равшан бошад,

Байти эҳзони ман аз рӯи ту гулшан бошад!

Cуғд маконест, ки таърихи зиндаи ниёгони мост! Саразми қадима, яъне сари замин (таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад), ин ҷост,  Суғд зодгоҳ ва парвардаи Одам - уш – Шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар нобиғагоне чун Шайх Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо дигарон мебошад. Суғд диёри қаҳрамонону ватандороне, чун Спитамену Деваштич ва Темурмалики шарафманд аст!  

Сарвари хирадманди давлати тоҷикон  фарҳанги  худшиносии миллиро  омили  асосии  ҳастии миллат муаррифӣ намудаанд. Шоистаи  таъкид  аст,  ки  бо  тадбирҳои  хирадмандонаи Пешвои  миллат  дар  даврони  Истиқлолият  ҷашнҳои  бузурги илмиву фарҳангӣ, ба монанди  1100 - солагии  Сомониён, 1000 - солагии «Шоҳнома», 1150 -солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 - солагии Мавлоно  Ҷалолиддини  Балхӣ, 700 -солагии Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд.

Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт пайваста кӯшиш намуда, фазои мувофиқеро барои аҳли илму адаб фароҳам овардааст. Ҳар сол дар қаламрави вилоят даҳҳо маҳфилу конфронсҳои илмиву фарҳангӣ барпо гардида, садҳо китобу рисолаҳо ба нашр мерасанд. Ба чоп расидани “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ,  “Девон”-и  Фарзона,  “Девон”-и  Шайдои  Хуҷандӣ, “Тазкират-уш--шуаро”-и  Давлатшоҳи  Самарқандӣ,  “Тазкираи  шуарои  Хуҷанд”-и  Абдулманнони  Насриддин,  “Мунтахаби  девон”-и  Шӯхии  Хуҷандӣ,  “Девон”-и  Хаёлии  Бухороӣ, “Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари арзишманди дигар, ки аксар бори аввал ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардидаанд ва бо сифати оливу дараҷаи баланди илмӣ ба  дастархони  маънавии  ҷомеа  гузошта  шуданд,  баёнгари  ин ҳақиқат мебошад. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Мо Метавонем!

Ҳофизи Шерозӣ: Машрабаш бузург ва суханаш софист!!!

 Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест!

Вақте ки Хоҷа  Ҳофизи  Шерозӣ  шеъри  ӯро  шунид,  гуфт: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ». Орифону  шоирони  номвари  он  рӯзгор, ба  мисли Муҳаммадширини Мағрибӣ,  Наҷмуддини  Торумӣ,  Исмоили Сисӣ, Абдураҳими Хилватӣ, Мавлоно Тоҷиддин Алии Миншорӣ, Шайх Зайниддини Хофӣ, Шайх Ҳусайни Сарипулӣ ҳама эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва сӯҳбаташро ғанимат мешумориданд. Султон Ҳусайни Ҷалоир, Тӯхтамишхон, Мирзо Мироншоҳ ва дигар шоҳу амирони давр ба ӯ иродат доштанд. 

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурӯҳе аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз 200 нусхаи дастнависи девони ӯ, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурӯҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рӯзгору ашъори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ки инҳо низ ҳама аз мақоми ҷаҳонии ӯ дарак медиҳанд.

700-солагии Камол дар Хуҷанд

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!!!

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қадршиносии бузургони миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангсози эшон қарор дорад, дастур гардид, то дар соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифт ва онҳо марҳила ба марҳила анҷом ёфта истодаанд. Равшан  аст,  ки  бо  амри  тақдир  Камоли  Хуҷандӣ  дар Табрез  аз  олам  гузашт  ва  он  ҷо  ба  хок  супорида  шуд.  Зиёрати оромгоҳи ӯ барои тамоми ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб, муште хок аз қабри Камол ба зодгоҳаш оварда шуд ва ин иқдоми муборак намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба ватани хеш мебошад. Барои ин хок, оромгоҳи намодин ба сурати хеле мӯҳташам бино ёфт ва он хок дар Наврӯзи байналмилали соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гузошта шуд. 

Дар паҳлӯи он муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохт. Имрӯз ин маҷмаа зиёратгоҳи иродатмандони Шайх Камол гардидааст ва он дар қаламрави кишвар ба ҷоизаи «Беҳтарин Боғи фарҳангӣ» сазовор гардид.

Эҳёи хонаи падарии Камол

Пеши нодоён чӣ ҳоҷат зикри пурдонӣ, Камол,

Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро.

 Ба  ҳама  маълум  аст,  ки  солҳо  инҷониб  ҷои хонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш холӣ буд. Аммо имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби хонасозии қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардид ва тадрисгоҳи Хоҷа Камол ҷой дода шуд, ки имрӯз бо дастхатҳои бисёр нодири худ дар байни махзанҳои нусхаҳои хаттии ҷаҳон аз эътибори баланд бархурдор аст. 

«Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», афзун бар таҳияи бештар аз 30 китоби нодир ва тасҳеҳу нашри 20 китоби арзишманди илмиву адабӣ, ки имрӯз дар донишгоҳҳо, мактабҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварамон истиқболи гарм ёфтааст, дар ин самт китобҳои «Муқаддимаи Камолшиносӣ», «Иксири саодат»   «Армуғони аҳли дил»  ва «Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ»-ро ба нашр расонид.

700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки онро дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти кишварамон ҷашн мегирем, муборакамон бод!!!

 

Мухбори Абдулло

журналист

 

Дарди ту беҳ аз давост, эй дӯст!

Андӯҳи ту ҷонфизост, эй дуст!

Дарюза, ки кард ошиқ аз ту,

Ҷуз дарду бало нахост, эй дӯст!

Ман он ки зи муфлисӣ надорам —

Чизе ки туро сазост, эй дӯст!

Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,

Гӯям назари сафост, эй дӯст!

Гуфтӣ:— Кушамат, вале раво нест; —

Гар дӯст кушад равост, эй дӯст!

Дил ҳар чӣ ба васфи қоматат гуфт,

Овард худош рост, эй дӯст!

Кардам ба қади ту ин ғазал рост,

Бинвис, Камол, рост, эй дӯст!

 

 Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам,

Беҳ ки дар савмиа биншинаму обид бошам.

Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам,

То ба кай мӯътакифи гӯшаи масҷид бошам?

Домани пири муғон гар фитад ин бор ба даст,

Мани саргашта чаро толиби муршид бошам?

Солҳо бар дари майхона нишинам беҳ аз он,

Ки аз ин гӯшанишинони муқаллид бошам.

Зӯҳд дар савмиа меварзаму ин риндӣ нест,

Риндӣ он аст, ки дар майкада зоҳид бошам.

Ёр агар з-оҳи мани хаста накӯ андешад,

Фориғ аз қасди бадандешии ҳосид бошам,

Зиндагӣ дар сари тақво шуду ҳайф аст, Камол,

Ки ҳама умр дар ин фикрати фосид бошам.

***

Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар». Гуфтам: «Ба чашм».

«В-он гаҳе дуздида дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,

Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,

Ташнагонро муждае аз мо бибар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони мо,

Боз месозаш чу шамъ аз дида тар». Гуфтам ба чашм»,

Гуфт: «Агар бар остона об хоҳӣ зад зи ашк,

Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳаш ҷудо,

То саҳаргоҳон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».

Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо Камол,

Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар». Гуфтам: «Ба чашм».

 

 

 

Чоршанбе, Июл 29 2020

1.Акашариф Ҷӯраев

 Моҳи августи соли 1966 ману Алиназари рушонӣ, ҳамхизматам ва Ишрати роғӣ аз назди чойхонаи “Роҳат” мегузаштем. Ногоҳ Ишрат бо ишора нишон дод ва гуфт: -Зиёрат ана ҳамон марде, ки бо риши калтаву тоқиву костюми тобистона бо ду шахси дигар суҳбат дорад, Ака-Шариф Ҷӯраев аст. Ман аз шунидани ин сухан чанд лаҳзае карахт монда, тарафашон дуздона менигаристам. Он вақт телевизор набуд, ки шахсони маъруфро одамон бинанд. Овози ғулғуладори Ака-Шарифро фақат аз қартаи патефони Иматбеки Акрам мешунидем. 

 Ин марди ҳунар ҳайронии моро ҳис карда...-Оҳ! Чӣ тур аскарҳои бардаму зебо! Ишора карданд, ки наздашон равем. Мо худро на чандон роҳат ҳис мекардем. Баъди дудаста салом кардан аз мо пурсон шуданд, ки аз куҷоему дар куҷо хизмат кардаем. Ишрат ба ҷойи мо ҷавоб дод, ки дар Украина хизматро тамом карда, сафари Ванҷу Рушон дорем. Ниятҳои моро пурсиданд, ки акнун ба чи кор машғул мешавем. Ман гуфтам, ки Алиназар дар Омӯзишгоҳи рассомӣ таҳсилашро давом медиҳаду банда бошад дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ. 

-Пас ману ту ҳаммаслак будаем. Шумо маро мешиносед?-гуфт Ака-Шариф. Ишрат шиносоиро давом дода, Шумо Ака-Шарифи машҳурро кӣ намешиносад-гуфт. 

-Балаҳом, ман имконияти таҳсилро надоштам. Замона ноором буд. Аз Дарвоз рост ба Ғарм омада, дар хонаи маданияти ноҳия машқи мусиқӣ карда, дар байни мардум ҳамроҳи даста консертҳо медодем. Бори аввал ба Сталинобод пойи пиёда омада, дар олимпиадаи республика иштирок карда, ба мардуму калонҳо маъқул омадам. Аз ҳамон вақт дар филармония то ба имрӯз кор карда истодаам. Саломатиам хуб нест. 

Суҳбати моро ду шахси дигари навомада халалдор карданд. “Балаҳом ба шумо маваффақият орзу мекунам. Ба Ватан, ки хизмат кардед, акнун хизмати падару модарро ба ҷо биёред”. 

Моҳи октябри соли 1966 аз радиёву газетаҳо хабардор шудам, ки Ака-Шариф аз олам гузаштааст..

 2 Боқӣ ва Турсунзода

 Соли 1982 дар давраи дар Хонаи эҷодиёти халқӣ кор карданам, ният кардам, ки дар бораи ин устоди ҳунари мусиқӣ китобе чоп кунам. Ҳамон сол аз қафои мавод шудам. Ба Қалъаи хумб ба зодгоҳи Ака-Шариф рафтам. Баъди ҷустуҷӯи кутоҳ ба ман муяссар шуд, ки бо хоҳараш, ки он замон зиёда аз 70 сол дошт ҳамсуҳбат шавам. Аз Душанбе як харбуза дастовез бурда будам. Он давраҳо чопи китоб бисёр мушкил буд...

  Мо кормандони шуъбаи фарҳанги ш. Душанбе аз руи масъулиятамон дар байни мардум корҳои тарғиботиву фарҳангӣ мебурдем. Ман, ки мутахассиси шуъба будам, вазифаам сохтани нақшаи чорабиниҳо буд. Ҳайати дастаи мо аз лектору шоиру нависандагон ва дастаи бадеӣ-худфаъолиятӣ иборат буд. Шуъбаи фарҳанг бо Иттифоқи нависандагон ҳамкорӣ дошт. Мудири шуъбаамон Абдураҳмон Қурбон ба ман гуфт, ки рафта аз хонаи нависандагон як ё ду шоирро ҳамроҳи дастаатон бигиред. Мактуб тайёр карда бо Хонаи нависандагон рафтам. Ба котиба мақсадамро гуфтам. Ҳоло раис банд аст. Каме интизор шавам. Азбаски дар нимроғ буд аз дарун овоз  баромад: Кист? Бигзор дарояд (Хонаи нависандагон он вақт дар пушти Шӯрои Вазирон хонаи якқабатаи чор-панҷҳуҷрадор ҷойгир буд). Даромада бинам раис-Мирзо Турсунзода бо Боқӣ Раҳимзода дар сари миз бо чой ва ба фикрам конфети ирис кадом назм ё насрро таҳлил мекарданд. Боадабона даст ба сари сина бурда нимқад шуда, салом додам. –Биёед писар. Он вақт 24-25 сола будам. Мактубро суяшон дароз кардам. Баъди аз назар гузаронидан ба Боқӣ назар карда мазмуни мактубро гуфтанд. Дар заводи “Тоҷиктекстилмаш” аксарияти коргаронашон русзабонанд. Фикратон чист, Боқиҷон? Агар Бозор ва Гулчеҳраро фиристем. Боқӣ Раҳимзода гуфтанд:-Гулчеҳра Сулаймонова шоираи маҳбуби кудакон аст. Он ҷо бошад коллективи коргарон. Ба фикрам агар Гулрухсору Бозорро фиристед, хуб мешавад. Инҳо бо забони русӣ гуфтугӯ ва қироати шеър кунанд. Маслиҳатамон пухт. Акнун як пиёла чой ва ана ин конфетро нуш карда, бо даҳони ширин равед...

2. Ӯлҷабоев

Соли 1975 ҳам дар курси 5-ум мехондаму ҳам дар шуъбаи фарҳанги шаҳр кор мекардам. Кормандони моро ҳамроҳи шоирону нависандагон ба пахтачинии даҳрӯза ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло н. Абдураҳмони Ҷомӣ) бурданд. Духтари зебое низ аз Вазорати хоҷагии об бо мо пахта мечид. Ман бо мусиқӣ ва Қутбӣ Киром бо шеър ба дилаш роҳ мекофтем. Қутбӣ китоби шеърҳояшро тақдим карда, қироати шеър мекард. Хулоса вай ғолиб баромад. Чи хеле ки қайд кардам барои ба пахтачинӣ рафтанам метавонистанд маро аз донишкада хориҷ кунанд. Бо саркори гурӯҳамон маслиҳат кардем, ки нормаи пахтамро пеш аз муҳлат иҷро кунаму равам. Розӣ шуданд.  Ҷойи хобам дар пушт ба суи роҳи марказӣ ҳаракат мекардам. Ногоҳ аз байни чанг мошинаи ГАЗ-69 истода ронандааш маро таклифи саворшавӣ кард. Пурсиданд, ки аз куҷо ба куҷо равонаам. Мақсадамро фаҳмондам. Гуфт, ки то истгоҳ маро мебаранд, зеро худашон ноҳия мерафтанд. Дар истгоҳ фаромада, чандин интизорони автобус бо тааҷҷуб ба ман менигаристанд. Дар вақти ҳамсуҳбат шудан гуфтанд, ки ин шахс Турсун Улҷабоев-котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд. Ҳоло директори совхоз мебошанд. Симои ин марди сабзинаи миёнақади пурра бо либоси коргарӣ, мӯзаҳои латтагӣ, шляпаи коҳи сафед ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Худ ба худ гуфтам: ба ин хел марди хоксор ва инсондӯст он туҳматҳое, ки аз Маскав карда буданд арзанда нестанд. Ин корро ташкил карда буданд...

 

Зиёратуллои Назрулло, Аълочии фарҳанг ва маорифи ҶТ 

  

 

Ҷумъа, Июл 24 2020

Ғам махӯр ҳеҷ гаҳ аз нодорӣ,

К-осмон аз ману туст.

Субҳи нуронию хуршеду рӯз,

Рӯшаниҳои ҷаҳон аз ману туст.

 

Гармию обу дарахту соя,

Боғ бо хилъати тобистонӣ,

Саҳни намхӯрдаи хокаш хушбӯ,

Шому маҳтобу шабу бедорӣ,

Хирмани моҳу тамошои баланд,

Каҳкашон аз ману туст.

 

Тирамоҳе, ки тилоист раҳу рафтораш,

Ғайраташ сурхии рӯи себ аст.

Дар кафаш хандаи ширини анор

Ҳадяе ҳаст ғаму ғуссабарор.

Шодию хуррамии бебаркаш,

Хотири ҷамъ зи серии замон аз ману туст.

 

Фасли пойизи худододаи мо

Токро пойфишон гар бинад,

Бе ягон фахру виқор

Даст гирад, кунадаш пуштора

То сари шохи сафедору чинор.

Меҳрубонии шаробии хазон аз ману туст.

 

Барфу покии вуҷудаш яксар,

Яху армони чу ойина шудан,

Кӯшиши сабзтарини алафистон дар дашт

Дарси ибрат бошад,

Маҳаки бахту саодат бошад.

Дар таҳи барф ҳавасҳои гули решадавон аз ману туст.

 

Гар кунӣ сарфи назар сардиро,

Чи қадар фасли зимистон зебост!

Лашкари бодғараш* гар бивазад,

Аз ҳуҷумаш наҳаросем, ки чун истеъдод

Ҳисси гармӣ ҷустан

Дар дилу дар ду лаби бӯсаситон аз ману туст,

Дар рагу пайкару бо зӯру тавон аз ману туст.

 

Рангҳо-ҷавҳари парвози хиёл,

Шохаҳо-нусхаи дастони кушоди хоҳиш,

Баргҳо-каффи пур аз файзи дуои нусрат,

Чашмаҳо-мактаби фанни қудрат,

Соҳили рӯди ҳама умр ҷавон аз ману туст.

Дар баҳоре, ки набошад ҳаргиз

Дӯшбори бодаш

Ба ҷуз аз халтаи хушбӯиҳо,

Лаҳзаи ҳамнафасӣ бо чамани мушкфишон аз ману туст.

 

Абру борони гуҳар дар кокул,

Барқ чун ҳамдами чашми ду ҳавас,

Раъд чун ёри тапишҳои дили шайдоён,

Пушти он теппа, ки бо пушти ману туст шинос,

Азми поҳои равон аз ману туст.

 

Ҳамчунон сақфи баланди қасре,

Ки пур аз кафтари ошиқ бошад,

Рӯи кошонаи васли ману ту

Ҳафт маъмур зи ташрифи малоик рангин-

Гунбази тирукамон аз ману туст.

 

Ҳеҷ донӣ, ки чи сон мегузарад

Тӯйи ду гунҷишкак?

Кай, сари сабзи кадомин шоха

Ошиқи ҳам шудаанд,

Беҳтаринҳои ду олам шудаанд?!

 

Маззаи тарс чашидааст магар

Духтар аз хашми падар?

Тахташон аз гулу барг аст ва ё бӯйи гиёҳ,

Ё ки аз меваи тар?

Вақти базме, ки надорад ғалате,

Майнаву сор ғазалҳои киро мехонанд,

К-ин қадар байт фузун медонанд?

 

Дар куҷо? Кай? Кӣ дуо хоҳад дод

Ба ду навроҳи ҷавон, бепарво?

Ман ҳам аз ин тарафи масъалаи беолим

Чун ту, эй ёр, набошам огоҳ.

Фақат инро донам,

Ки ду гунҷишкаки навболаки навхона шуда

Чашм накшода ҳанӯз,

Аз қафас метарсанд.

Пас, бикӯш, он ки қафас дораду мурғе дар он

Аз сари раҳм раҳояш созад,

Ки тамошои дилошӯби ҳама болзанон аз ману туст.

 

Кӯҳҳо-мӯйсафедони хирадманду баҳӯшу камгап,

Ҷои дастор хати сайри уқобон бар сар.

Теппаҳо-шонаи гурдони далер,

Даштҳо-домани пурганҷи замин-

Модари аҳли башар.

Баҳрҳо-фалсафаи қатраву дарё дар лаб,

Шаҳрҳо-мадрасаи пурғавғо,

Оқибат ин гузари серодам

Бо ҳама одамҳо-ш

Ройгон аз ману туст.

Ки ману ту ду худотарси заминӣ бошем,

Ҳама дам ҷӯёи 

Нозанинӣ бошем!

------------------ 

*Бодғар-шамоли дутарафа (русӣ:-сквозняк)

Ҷумъа, Июл 24 2020

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон - Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ, ки 23.07.2020 баргузор гардид, аз овозаҳо дар мавриди он ки гӯё филмҳои аз корнамоиҳои Президенти кишвар ба интихоботи дар пешистода рабт дошта бошад, интиқод кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин филм ба интихоботи президентии имсола ҳеҷ рабте надорад. Дар ин бобат масъулини ин ниҳод илова намуданд, ки филмномаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пахш мегардад. Ёдрас мешавем, ки ҷаноби Нуриддин Саид дар ин нишаст аз кушодашавии 2 шабакаи нави телевизионӣ дар ояндаи наздик хабар дод.

Исмоилҷон Маликов СССР

 

Чоршанбе, Июл 15 2020

 

 Тӯли се рӯзе, ки дар ш.Хуҷанд будем навигароҳи зиёдеро дидему кашф кардем. Аз ҷумла бо  Wi Fi таъмин гардиднаи боғи Камоли Хуҷандӣ. Ногуфта намонад, ки таҷҳизотҳои паҳнкунандаи интернетӣ аз яке ширкатҳои бузурги мобилии кишвар “Тcell” дар инҷо насб гардида буд. Hоҳбарияти боғ мегӯяyд, ки  ҳамкориро бо ин ширкат оғоз намудаанду таъмин намудани интернет барои шаҳрвандон ва муштариён хело кори муфид аст. Мо низ дидем, ки шаҳрвандони зиёд ба боғи мазкур омада, дар ҳар кунҷи он нишаста бо телефони худ дар олами интернетӣ чарх мезананд.  

Аз Хуҷанд то Душанбе

   Баъди анҷоми сафар аз Хуҷанд ба Душанбе омадему дар 1 бегоҳ интернети телефони мобилиам тамом шуд. Сипас ба хотирам расид, ки дар боғи Куруши Кабири пойтахт низ ба монанди боғи Камолӣ Хуҷандӣ  Wi Fi аз ширкати Тселл насб шудааст. Баъди шомгоҳ бо дучарха барои интернет рост тарафи боғ роҳсипор гаштам. Дохили боғро бо дучарха 2 маротиба тоб хурда сипас бо умеди калон рӯйи як мизи зебое, ки рекламаи ширкати Тселл ба назар мерасид нишастам. Ҳангоми чарх задан дидам, ки мардум бо сари хам машғули телефонбозӣ ҳастанд. Аммо мутаасифона дар натиҷаи пайваст кардани телефон бо Wi Fi он кор накард. Аз чанд нафар писарони ҳамсоли худам, ки дар наздикиам нишаста буданд, аз ҳолати кори Wi Fi пурсон шудам. Онҳо чунин посух гардониданд: “дустам мазоқ мекунӣ? Аз интернети мобилии худамон истифода намуда истодааем ва хатҳои дар назар доштаи шумо чанд рӯз мешавад, ки кор намекунанд”. 

Ноумед шуда аз боғ рафтаму шоми дигар омадам, аммо то ҳол аз интернет хабаре набуд. Гуфтам, ки ин мушкилро аз худи ширкати Тселл пурсон мешавам, зеро ки ин қадар рекламаи калонро дар боғ насб кардааст, пас чаро фаъол нест? 

Гӯшҳо таги тоқӣ мегардед?

   02.07.2020. Соат ба вақти Душанбе 18:33 дақиқа. Тариқи “онлайн чат” дар сомонаи ширкати Тселл вобаста ба ин мушкил арз намудам ва дар ҷавоб чунин омад. “Асалому алейкум. Ман Самир сардори гурӯҳи дастгирии мизоҷон мебошам. Айни замон ягон дархост аз ҷониби муштариён ба ин масъала ворид нагардидааст. Лекин шумо интизор бошед мо ва кормандонамон ҳатман дида мебароем ва натиҷаашро мерасонем”. 

   Сипас баъди якчанд соат Самир бо рақамҳои 934 44 00 84 бо ман дар тамос шуда чунин гуфт:

   -Воқеан ҳам мушкилии гуфтаи шумо вуҷуд доштааст. Лекин мо аз ин бехабар мондем ва айни замон бошад алакай таъмир ба анҷом расида, мардум метавонанд аз интернети бе маҳдуд истифода кунанд. Сабаби кор надкарди Wi Fi бошад аз пайваст набудани хати барқ ба вуҷуд омадааст. Дар боғи мазкур, ки ҳамин шабу рӯз 1 қаҳвахонаи нав кушодаанд маҳз сохтмони ҳамон монеа шуд, ки шаҳрвандон ва муштариёни ширкат якчанд рӯз бе Wi Fi мондаанд, - гуфт ӯ. 

   Баъди анҷоми сӯҳбат хурсанд шуда , бегоҳи ҳамон рӯз бо дучарха дохили боғ гашта, дарҳол пай бурдам, ки инҷо навигарие шудааст-хати интернет алакай ба кор даромадааст. Сипас болои як курсӣ дар ҳавои тозаи боғ нишаста то соати 00:33 дақиқаи шаб “мурданӣ” бо интернет кор кардам.

   Мехоҳам, ки дар фарҷом нуқтаи охиринро ишора кунам. Чаро чунин ҳолатҳоро мутасаддиён дар ҳол ба назар намегиранду интизори дархосту шикояти мардум мегарданд. Ин ҳолатҳо ба он ишора мекунад, ки то мардум ҳаққи худро талаб накунад ҳама хомӯш меистад. Мисоли оддӣ ана ҳамин аст. Шояд даҳҳо шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба нияти кор кардан ва ё заррат ба инҷо меоянду  мутаассифона, бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ мегарданд. Гӯшҳо таги тоқӣ нагашта, кор кунед, бачаҳо!

 

Шералӣ Давлатов, СССР

                                                                                       

 

саҳ 27 аз 83

Китобҳо

Flag Counter