ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Май 12 2016

Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши ВАО дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ” субҳи имрӯз дар Чойхонаи Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ оғоз шуд. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед нақши рӯзномаҳо ва ҳафтаномаҳои мустақил, радио ва телевизионро ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он беназир хонда, таъкид намуд, ки “ҳафтаномаҳо имрӯз ба хотири бақои ин арзиши олӣ – Ваҳдати миллӣ мубориза мебарад”. Раиси вилоят аз нашри матолиб дар самти мубориза ба муқобили терроризму экстремизм дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” махсус ёдовар шуд.

Баҳодур Уроқов

СССР, шаҳри Хоруғ

 

Сешанбе, Май 10 2016

Корвони журналистони тоҷик иборат аз 30 нафар рӯзи 9 майи соли ҷорӣ аз шаҳри Душанбе ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон роҳ пеш гирифтанд. Ин сафар бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сурат гирифта мақсади он мулоқоту воҳуриҳо бо маршудм дар арафаи 25 солагии Истиқлолияти кишвар мебошад.

Ҷумъа, Май 06 2016

Раҳим Мусулмониён: «Бузургии Ҳошими Гадоро намедонанд. Чаро ки танҳост.

Панҷшанбе, Май 05 2016

Шоми имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон» Намоиши мӯд, ки ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи маъюбон – 5 май бахшида шуда аст, бо номи «Ҷилои Нигин» баргузор хоҳад шуд. Дар ин намоиши мӯд коллексияи нави Нигина Икромова, тарроҳи хушсалиқа дар ҳамкорӣ бо духтарони имконияташон маҳдуд ба намоиш гузошта мешавад.

Чоршанбе, Май 04 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи 9 май – Рӯзи Ғалаба бар ҶБВ солҳои 1941 – 1945 дар шаҳри Душанбе ҳафтаи «Поси хотир» гузаронида мешавад.

Чоршанбе, Май 04 2016

Дирӯз, дар Рӯзи байналхалқии озодии баён хабарнигори Газетаи мардумии СССР дар води Зарафшон Хуршед Фозилов барандаи Ҷоизаи ба номи Ҷумъабой Толибов дар бахши тадқиқоти журналистӣ дар соли 2016 гашт. Диплом ва тӯҳфаи хотиравиро ба хабарнигори мо Хуршед Ниёзов, раиси Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон супорид.

саҳ 78 аз 83

Китобҳо

Flag Counter