ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Апр 01 2016

Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва фарҳанги шаҳри Истаравшан муҷассамаи Рустамбекро, ки дар қалъаи Муғи шаҳр қомат афрохтааст, билохира бозсозӣ намуда 1 қисмати думи аспи қаҳрамонро, ки канда шуда буд, дубора часпониданд.

Ҷумъа, Апр 01 2016

Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи таваллуди Арбоби давлатӣ, Пешвои миллии халқи озар Гейдар Алиев, ки 10 май аст, барои беҳтарин мақола дар мавзӯи «Гейдар Алиев – бунёдгар ва меъмори Озарбойҷони муосир» дар байни журналистони тоҷик озмун эълон кардааст.

Чоршанбе, Март 30 2016

Имрӯз, 30 март дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон намоишгоҳи лӯхтакҳои Азза Қаноатова, зани ҳунарманд ва лӯхтаксоз ифтитоҳ ёфт. Дар ин намошгоҳ тамоми ҳунари дастии хонум Азза Қаноатова – лӯхтакҳои тайи солҳои охир сохтааш ба маърази ҳаводорони санъату фарҳанг гузошта шуда буд.

Сешанбе, Март 29 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба фаъолияти Низом Ҳакимов, муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар пойтахт ва ШБДА дар шаҳри Душанбе баҳои ғайриқаноатбахш дода ба масъулини номбурда ва роҳбарияти ин муассисаву сохторҳо барои ислоҳи камбудӣ нисбати хатсайрҳои ғайриқонунӣ амалмекарда, истгоҳҳои стихиявӣ ва гузаргоҳҳои зеризаминии серанбӯҳ 1 моҳ мӯҳлат додааст.

Душанбе, Март 28 2016

(гузориши аксӣ)

Бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода соли равон дар арафаи Иди байналмиллаии Наврӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр беш аз 1 миллион гули лола шинонида шуд.

Душанбе, Март 28 2016

Рӯзи 26 марти соли равон дар маркази шаҳри Хуҷанд бо ширкати президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол «Корвони Наврӯзӣ» баргузор гашт.

саҳ 81 аз 83

Китобҳо

Flag Counter