ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:09

 

Ин навишта барои оянда аст. Хоҳиш мекунам 1 каме болояш андеша кунед, агар бихонед. Ёдатон бошад, пеш аз интихоботи президентӣ ман исрор мекардам, ки ба гузариши кишвардорӣ ба касе дигар роҳ надиҳем. Чунки имрӯз Сарзамин роҳбари пухта, давлатмарди пухта ва мардуми пухта мехоҳад!!! Монанди 100 соли пеш. Ман медонистам, ки рӯзе НАТО Баҳри Сиёҳ меояд, “куруно” каппаи экономикаи “баъзе кишварҳои ба мо маълум”-ро дуд мемонад ва ин нерӯ ҳаргиз ҳич куҷое ободӣ наоварда аст. Чӣ бигирам аз кишваре, ки мошинаш Москвич бошаду чангкашаш Ракета? Ва танҳо туфанги ҳастайӣ сохта бошаду калашников? Ин фарҳанги зиндагӣ не, фарҳанги марг аст. “Бародари калонӣ” чандин пажӯҳишгоҳ дорад, ки мову дигаронро меомӯзад. Сиёсаташ барои чандин сол пеш роҳандозӣ мешавад. 13 сентябри 2019, 21 январи 2021 ва чандин бори дигар роҳбарони толибонро ба Маскав хонда, бо онҳо ҳамкориҳои густардаро роҳандозӣ карданд. Бозиҳои қирғизию толибонии гирди Тоҷикистон ҳам сода гап нест ва на аз онҳо бар мехезад. Душворӣ сохтани қирғиз дар марз ва наздики марзи Тоҷикистон омадани толибон, пайиҳамии рӯйдодҳои марзӣ, дар дипломатияи ҷаҳонию расонаҳои ҷаҳонӣ ёдовар шудани пайваста аз душвориҳои марзии Тоҷикистон ба кӣ даркор аст? Инҷо паси парда танҳо 1 (!!!) гап аст: бояд ба ҷаҳон бигӯянд, ки “Тоҷикистон марзҳои худро нигаҳдорӣ карда наметавонад”. Ва чун пешина бигиранд марзҳои морову озод савдои наркотик кунанд бо бародарони толибашон. Силоҳ фурӯшанд... Фаҳмидед? Шояд кадом сагдаҳане гӯяд, ки беҳтар аст марзро онҳо бигиранд. Чунки ёди ҳама рафт, ки ҳангоме марз дасти инҳо буд, кӯдакони мо дар дабистонҳо банг мезаданд, занҳомон бангӣ шуданд ва харидани банг аз сигарет осон буд. Ёдатон рафт? Онҳо, ки дар марз буданд, мо бадтар аз Афғонистон будем!

 Ман намехоҳам дигарбора мардумамро гирифтор бинам. Ва имрӯз ҳам монанди худи ҳамун оғози садаи ХХ аст, ки Тоҷикро мехоҳанд ҳич намойиш диҳанд. Гумон накунед, ки қирғиз аз пеши худаш Тоҷикро омада, безамину бесарзамин мегӯяд. Устод дорад қирғиз. Ва имрӯз ҳар кадоми мо роҳи интихоб дорем; ё монанди Домулло Садриддинхоҷа Айнӣ ояндабин мешавем, барои пойдории Сарзамини худ кор мекунем, ё монанди бадномҳое, ки “тоҷик ё мусулмон” гуфта, турк шуданд, сагона мемирем. Донеду огоҳ бошед, ки Тоҷикистон Республикаи ба пои худ устувор аст! Ҳама душвориҳое, ки сохта буданд, Тоҷик бо сари баланд паси сар кард! Конститутсияи коршоям дорад. Суд дорад. Парламент дорад. Кишвардорӣ дорад. Адвокатура дорад. Рӯзноманигорӣ дорад...  Ҳама чизе, ки барои 1 кишвари устувор даркор аст, дорад. Сарбозонаш марзҳои худро тавони нигаҳдорӣ аз ҳар фишор доранд!!! Дуруст аст, ки камбуд низ дорем, кадом кишвар камбуд надорад? Гаҳвораи демократияи ҷаҳон, пуштибони ҳуқуқи инсони ҷаҳон Гуантанамо дошту... Тоҷикистон Республикаи устувор аст. Ҳич гарде ба доманаш тавони расидан надорад. Гап сари он аст, ки имрӯз мо фарзанди Тоҷикистонем ё душманаш? Дигар корҳои мо аз дӯстӣ намебошанд. 

Сафват Бурҳонов

Одесса, махсус барои рубрикаи “Ҳафтаи президентҳо”

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 14:58

Чоршанбе, 14 Июл 2021 09:16

 

Шурӯъ аз солҳои 80-уми асри пор ин номро борҳо аз забони акаву тағоҳои кангуртиям шунида будам. Аммо дар расонаҳо аз ин боб маълумоте ба назар намехӯрд. Зеро он айём нафароне, ки солҳои 30-юми асри ХХ бо ягон ҷурм маҳбасӣ ва ё паронда шудаанд, маълумот намедоданд. Ба ҷуз қиссаҳои даҳанакии калонсолони булукоти Кангурти вилояти Кӯлоб.

Дар оғози солҳои 20-уми асри гузашта дар навоҳии Кангурт ва Данғара чанд тан аз фарзандони бумӣ дар барқарорсозии ҳукумати нав саҳми шоиста гирифтаанд. Ин ҷониб, зодаву парвардаи диёр номи чанд тан аз муборизони ҳаёти нав, фармондеҳони сарбозони сурхро шунидаам…

 

Пролог

Абдулло командир (Абдулло Убайдуллоев) 1904, Саври Бозор, Кангурт-1939, Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Коми, Россия), Исмат командир (Исмат Халифаев) (1904, Чавроғи поён, Кангурт-16.2.1938, Сталинобод), Ёқубтӯра (Ёқуб Аминов) (1887, Мулоконӣ, Сари Хосор-1997, Шулупту, Кангурт, Мулоконӣ), Раҳмоналӣ Салим (1898, Қарақамиш (Найистон), Кангурт-1990, Кангурт), вакили Қурултойи (анҷумани) 4-уми Республикаи Халқии Советии Бухоро (1923), Ҳомид командир (Ҳомид Алиев, 1898-1948), Оимҳол Абдуллоева (1896, Кангурт-1978, Данғара, инқилобчӣ, момаи генерал Суҳроб Қосимов), Холдор Ризоев, командири сурх, баъди сардори маҳбаси (вилоятӣ) Кангурт, Назар Маҳмадалиев, Шаҳобуддин командир (Шаҳобуддин Тоиров (роҳбари отряди ихтиёриёни Балҷувон), Саидҷон Назаров (1902, Офтоблуқ, ноҳияи Кӯлоб-11.7.1944, шаҳри Кӯлоб), сардори отряд аз Қизилмазор то Кӯлоб ва чанде дигар аз инқилобчиён ва командирони маъруфи минтақа маҳсуб меёфтанд.

Бо амри тасодуф ҳини ҷамъоварӣ ва иншои маҷмӯае дар бораи корманди давлатӣ Саид Шамсулло (16.03.1939, деҳаи Чавроғи Боло, ноҳияи Кангурт-19.2.2016, шаҳри Данғара), ходими ҷамъиятӣ, вакили съезди XIX ҲК Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000) дар бораи ақрабояш Исмат командир рӯшанӣ андохтан пеш омад.

Огаҳӣ доштам, ки аз Исмат командир 1 фарзанд-писараш дар ҳудуди ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) умр ба сар мебарад. Дар ин хусус соле қабл дар хонаи раиси номвар тағоии Сафар Саидов (равонашон шод бод) огаҳӣ пайдо карда будам.

Аз ин рӯ, нимаи дувуми соли 2009 аз бузургбародараш Саид Шамсулло дархост намудам, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Моҳи октябри  ҳамон  сол мавсуф бо писарашон Қобилҷон ба роҳ баромаданд. Онҳо аз назди бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба деҳаи Шӯртеппа, ки аз шаҳр тахмин 10-12 км дур буд, ба хонаи Раҳимов, собиқ сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мераванд. Ба соҳибхона мақсади сафари хешро изҳор медоранд. Раҳимов нишонии ҳамватанон-зодагони музофоти Кангурт муаллими собиқадор Абдулло Холов ва раиси Сафар Саидов (собиқ раиси ноҳияи Колхозобод, 15-сол)-ро мефаҳмонад.

Чоршанбе, 14 Июл 2021 09:09

 

12.07.1943. Дар рафти муҳорибаи Курск, наздики деҳаи Прохоровка бузургтарин набарди тонкии Ҷанги ҷаҳонии 2-ум ба вуқӯъ пайваст.

12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон намуд, ки Вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳайъати Озарбойҷон берун меояд.

13.07.1955. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи «Адабиёти хориҷӣ» ба чоп расид. Ин маҷалла дар давраи пешазҷангӣ бо номи «Адабиёти интернатсионалӣ» рӯи чоп меомад ва бештари асарҳои адибони хориҷӣ дар он ба чоп мерасиданд.

13.07.1962. Дар заводи тракторсозии ба номи Кирови шаҳри Ленинград аввалин трактори К-700 «Кироветс» сохта ба истифода дода шуд. Ин трактор яке аз беҳтарин тракторҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва дар хоҷагии қишлоқи кишвар васеъ истифода мешуд.

14.07.1941.Артиши Сурх дар рафти ҶБВ барои аввалин бор тӯпхонаи реактивии БМ-13 ё ҳамон «Катюша»-ро мавриди истифода қарор дод. Катюшаҳо истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Оршаро тирборон намуда, ба душман зиёни калони ҷониву молӣ расониданд.

15.07.1917.Намояндагони ҳизби кадетҳо ба нишони эътироз аз иқдоми вазирони чап барои эътирофи мухторияти Украина аз ҳайати Ҳукумати муваққат берун омаданд.

15.07.1923. Дар СССР аввалин ширкати давлатии ҳавоӣ «Аэрофлот» таъсис дода шуд ва худи ҳамин рӯз аввалин хатсайри ҳавоии СССР бо масири Маскав-Нижний Новгород ба кори худ шурӯ кард.

15.07.1975.Аввалин парвози кайҳонии муштараки СССР ва ИМА. Киштии кайҳонии шӯравӣ «Союз-19» ва киштии кайҳонии амрикоӣ «Апполон» дар фазо бо ҳам васл гардиданд.

16.07.1920.Кишварҳои Антанта муҳосираи иқтисодии СССРро қатъ карданд ва миёни СССР ва кишварҳои Ғарбӣ хариду фурӯши коло роҳандозӣ гардид. 

17.07.1917. Дар рӯзномаи “Единство” («Ваҳдат»), ки ба инқилобиёни плехановӣ тааллуқ дошт, мақолаи журналисти рус Г.Алексинский ба чоп расид. Дар ин мақола рӯзноманигор иддао мекард, ки Ленин ва ҳизби болшевикӣ аз ҷониби Олмон маблағгузорӣ мегарданд.

17.07.1918. Дар шаҳри Иркутск аз ҷониби болшевикон охирин императури Русия Николаи 2 ҳамроҳи аҳли оилааш ваҳшиёна ба қатл расид.

Чоршанбе, 14 Июл 2021 09:03

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар мақолаи «Бохтар: 24 сол дар интизори молик»-ро ки дар ҳафтаномаи «СССР», 15.04.2021 №15 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бинои истиқоматие, ки аз 2 бино иборат мебошад, дар хиёбони Ваҳдат шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ҷойгир ва сохтмони он солҳои 90-уми асри гузашта оғоз шуда буд. Тибқи барномаи хусусигардонӣ ин сохтмони нотамом низ хусусӣ гардонида шуда, солҳои тӯлонӣ аз бемасъулиятии соҳибмулк бинои нотамом хеле фарсуда гардид. Соҳибмулки охирини ин бино марҳум Тоҷиддин Баҳриддинов мебошад.

Бо мақсади санҷидани ҳолати кор бо бародарони марҳум оиди оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ба мувофиқа расида, қарор шуд мутахассисони соҳаи сохтмон барои ташхиси бино даъват карда шаванд. Баъди дастрас шудани хулосаи мутахассисони соҳа, оиди оғози корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳаи нав иҷозати сохтмон дода мешавад.

Д.Муҳаммадҷонзода, 

муовини раиси ш.Бохтар

 

Чоршанбе, 14 Июл 2021 08:58

 

Сафаралӣ Бекмонов, мухлис ва муаллифи доимии газета аз н.Ёвон меҳмони идора шуда (тел: 93 411 91 74) пешниҳод намуд, ки вазирону раисон рӯзҳои қабули шаҳрвандонро дар ҷамоатҳои деҳот гузаронанд.

   - Хуб мешуд агар вазирону раисон ва роҳбарони ниҳодҳои калидии кишвар ва ҳукумат рӯзҳои қабули шаҳрвандонро дар идораву утоқи худ не, дар ҷамоатҳои деҳот гузаронанд, то сокинон бештар ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд. Рӯзи қабул асосан рӯзи шанбест ва на ҳама имкони дар ин рӯз ба пойтахт барои муроҷиат рафтанро доранд. Баъзан бо 3-4 маротиба рафта омадан мушкил ҳалли худро намеёбад. Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоям, ки моҳе 1-2 маротиба мансабдорон аз утоқу ниҳоди худ баромада, ба назди мардум ба дурдасттарин деҳаҳо бираванд. Мардум гуфтаниҳои зиёд доранд ба шумо, вазирон!

 

Чоршанбе, 14 Июл 2021 08:53

 

Шоҳрухи Баҳодур, сокини ш.Бохтар (тел:111 16 66 67) ба редаксияи газета дар вилояти Хатлон занг зада, нисбати баъзе садамаҳое, ки бо сабаби пиёдагардон рух медиҳанд, ибрози назар кард. 

 - Сол аз сол теъдоди садамаҳо бо сабаби пиёдагардон зиёд мешавад, вале бештар ронандаҳоро гунаҳкор медонанду ҷаримабандӣ мекунанд. Дар маркази ш.Бохтар, дар назди бозори марказии «Фаровон» бо заҳмати зиёд гузаргоҳи зеризаминӣ сохтанд, то мардум аз он истифода кунанд. Муттаассифона, пиёдагардон аз он кам истифода карда, роҳи мошингардро беист мегузаранд. Бо назардошти ин ман 2 пешниҳод ба роҳбарияти БДА-и мамлакат дорам: бигузор пиёдагардоне, ки роҳро дар ҷойи мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дигар ин, ки микроавтобусҳое, ки дар ҳудуди шаҳр ба мусофиркашонӣ машғуланд, танҳо дар истгоҳҳои махсус таваққуф карда, мусофир фароранд. Ҳангоми риоя нашудани ин тартибот ронандаҳо ва роҳбарияти ширкатҳои нақлиётиро ҷарима кунанд. 

 

Чоршанбе, 14 Июл 2021 08:50

 

NN (номашонро амдан зикр накарданд!), сокини Ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфара ба идора занг зада (тел: 98 575 95 26) аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки то релефи ҷуғрофии Исфараро наомӯзанд, дар бораи проблемаҳои сарҳадӣ нанависанд.

   - Бубинед, имрӯз навиштану гуфтани муноқишаҳои марзӣ мӯд шудааст, вале ҳеҷ нафар дар бораи релефи ҷуғрофии ин минтақа намегӯяду наменависад ва ҳатто маълумот надорад. То соли 1950 на Бодканд буду, на Оқсой, қирғизҳо молчаронӣ карда, оҳиста-оҳиста юртаро хона, хонаро кӯча, кӯчаро маҳалла ва маҳалларо ноҳия карданд ва ин муттассифона дар харитаи нави ш.Исфара баръало нишон дода шудааст. Харитаи нав хатост ва он бояд аз сари нав бо назардошти релефи ҷуғрофии маҳал чен ва кашида шавад. Барои ҳамин журналистҳо, аз он ҷумла журналистҳои газетаи СССР, то маҳалро наомӯзед, дар бораи муноқишаҳои марзӣ нанависед!

   Аз идора: Хонандаи гиромӣ! Барои омӯхтани релефи ҷуғрофии минтақа албатта кӯмаки шумо, кӯҳансолони ин деҳа низ ба мо лозим аст, вале чӣ бояд карду чӣ гуна матлаб навишт, вақте шумо зимни занги телефонӣ ҳатто номи воқеии худро намегӯед!? Тарсидед? СССР тарсу нест ва то мо ҳастем мо бо Ворух ва Исфараем ва бо қирғизу пирғизу миссионерҳои қирғиз, ки дар «ҷомаи Ворухиён» даҳони моро бастаниянд, Ме-на-Ви-Сем. Мо метавонем!

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter