ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Июл 2021 10:00

07.07.2021. Президенти Гаитӣ дар хонааш кушта шуд. Гуфта мешавад, 26 террорист, ки миёнашон 2 шаҳрванди Амрико низ буд, ба хонаи президент шабехун зада, ӯро куштанду занашро захмӣ карданд. 17 қотил боздошт шуд. Ба бадани Жовенел Моиз 12 тир заданд!

-Президент Моиз мавҷудияти коронавирусро инкор мекард ва онро бофтаи олами Ғарб мехонд ва мардумашро намегузошт ниқоб пӯшанд!!!

 

17.03.2021. Президенти Танзания, ки аз мавҷудияти COVID-19 ҳарф мезаду мардумашро намегузошт ба ин овоза бовар кунанд, аз…коронавирус фавтид. 

-Ҳатто дар рӯзи маргаш Ҷон Магуфули ин маразро инкор кард, вале табибон ба ӯ ташхиси COVID -19 монданду халқ аз тарс ба ваксинатсия шуруъ кард!

 

10.03.2021. Сарвазири Кот-д’Ивуар Аҳмад Бакайоко дар Германия аз рак фавтид. Ӯро аввал ба Фаронса бурданду диагнозашро «наёфта», Олмон фиристониданд, то маргашро истиқбол гирад. 

-Сарвари давлат то рӯзи маргаш мавҷудияти Коронавирусро зери шубҳа қарор дода, раъиятро намегузошт, ниқоб пӯшанду ваксина гиранд…

 

13.12.2020. Сарвазири шоҳигарии Эставтини Африқои Ҷанубӣ нахустин сарвари давлате гардид, ки аз COVID -19 фавтид. 

-Амброз Дламини то соати марг ба ин мараз бовар надошту онро инкор мекард ва намегузошт халқаш ниқоб пӯшаду ваксина гирад!

 

    09.06.2020. Президенти Республикаи Бурунди-Пйер Нкурунзиза дар синни 55 солагӣ аз таваққуфи қалб, ногаҳонӣ фавтид.

-Нкурунзиза 15 сол сарвари давлат буду мавҷудияти COVID -19 ва ҳарчи, ки ба он бастагӣ дошт, инкор мекард…

 

Аз СССР: Ин, ки COVID -19 марази сунъист ба ҳама дигар ошкор аст. Вале он, ки паҳнкунандагони ин вабо, ки Худо онҳоро бо аҳлу авлодашон занад, ҳатто сарварони давлатҳоеро, ки ба коронавирус бо шубҳа нигариставу ниқобпӯшиву антисептику эмгузарониро, ки манбаъи даромади садҳо фирмаи дорусоз шудаанд, манъ мефармуданд, куштаанд, бори дигар исбот месозад, ки ба олами Ғарбу илми Ғарбу усулан хориҷиён набояд бовар кард. Тоҷик бош, хонанда ва бо Тоҷикистон бош! Мо Метавонем!!! 

 

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:53

8 июли соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёл ва мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Эмраҳ Соганҷӣ мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёлро бо таъйин шудан ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, барои иҷрои вазифаҳои дипломатӣ барору комёбӣ таманно намуд.

“Ҷумҳурии Туркия яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла иқтисодиёту тиҷорат бо маром рушд карда истодааст. Дар оянда низ мо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти равобити тиҷоратӣ, аз ҷумла дар самти рушди низоми бонкӣ омода ҳастем”,-таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл дар навбати худ, аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Зимни вохӯрӣ, инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима карда шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла бахши бонкдорӣ пешбинӣ шудааст, маълумот дода, пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.

“Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар, кушодани филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкориҳои пурмаҳсули ду кишвар бошад”,-қайд кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл низ имзои Протоколи ҳамкорӣ, кушодани филиали бонкҳои Туркия дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, зикр кард, ки иқдоми мазкур метавонад барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат намояд.

Дар рафти мулоқот инчунин, масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилотҳои қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори омодагии хешро баён намуданд.

 

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 29 июни соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқоти мазкур инчунин мушовири байналмилалӣ оид ба баҳодиҳии самаранокии кӯмакҳои техникии SECO ҷаноби Субхренду Чатарджи, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Мақсад аз ташрифи ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси мустақили байналмилалӣ, ин баҳодиҳии иҷроиши лоиҳаи кӯмаки техникӣ, ки тариқи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва мушовирони аз ҷониби БАТР ҷалбшуда таҳти унвони “Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ” бо маблағгузории SECO мебошад.

Дар ибтидо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз дастгириҳои пайвастаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, бахусус низоми бонкӣ бо роҳандозӣ шудани як қатор кӯмакҳои техникӣ, аз ҷумла пешниҳоди мушовири хориҷӣ, ки аз соли 2016 инҷониб дар сатҳи сифатан нав қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди татбиқи лоиҳаи “Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ”, ки аз шаш самт (компонент) иборат буда, дар доираи он корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст, маълумоти муфассалро мавриди таваҷҷуҳи ҳайати SECO гардонид.

“Кӯмаки техникӣ ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи мазкур имкон доданд, ки ҳисоботҳо оид ба суботи молиявӣ таҳия гардида, омода кардани онҳо ба таври мунтазам роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳамзамон, фаъол шудани Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар ниҳодҳои иқтисодӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар он нақши калидӣ дорад, таҳия ва қабули заминаи ҳуқуқии фишангҳои макропруденсиалӣ, таҳлилҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ, таҳияи методологияҳо барои татбиқи ислоҳоти нав бо мусоидат ва ҳамкориҳои машваратчиёни байналмилалӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон комёб шуда истодааст”, - изҳор дошт Ҷамолиддин Камолович.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз татбиқи фаъолият оид ба ҳар як самти (компоненти) лоиҳа дар алоҳидагӣ, аз ҷумла устуворнамоии бахши молиявӣ, механизми танзими бонкӣ, фишангҳои идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, назорати низоми пардохт, принсипҳои назоратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративии низоми бонкӣ таҳлилу натиҷагирии мушаххасро манзури ҳозирин намуд.

Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб аз ҳамкориҳои мусоиди шарикӣ махсусан таъкид дошта, саъю талошҳои Бонки миллии Тоҷикистонро барои ноил шудан ва нигоҳ доштани устувории бахши молиявӣ новобаста аз таъсири фишорҳои берунии иқтисодӣ бо андешидани як қатор тадбирҳо тайи 5 соли охир назаррас ва муҳим арзёбӣ намуд. Ба андешаи хонум Саломе Штайб дар ин давра то ду маротиб коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ аз натиҷаи муҳим ва таъмини шаффофияти фаъолияти низоми бонкӣ дарак медиҳад. Хонум Саломе Штайб татбиқи лоиҳаҳо дар низоми бонкӣ, аз ҷумла лоиҳаи “Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ” тавассути дастрасии аҳолӣ ба маблағгузорӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, низоми мубодилаи маълумот дар бораи қарзҳо, баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, содда гардонидани расмиёти андозсупорӣ барои пешбурди тиҷоратро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла низоми бонкӣ муҳим дониста, хостори тақвият додани ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон афзалиятнокро дар доираи стратегияи ҷорӣ баён дошт.

Дар рафти мулоқот мушовири мустақили байналмилалӣ ҷаноби Субхренду Чатарджи, ки барои баҳогузории раванди иҷроиш ва натиҷаҳои лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ҷалб шудааст, дар доираи таҳлил ва баррасии тарафҳо суолҳои худро оид ба самтҳои (компонентҳои) алоҳидаи лоиҳа манзур намуда, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифт. Инчунин, ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Субхренду Чатарджи имкон фароҳам овард, ки оид ба татбиқи компонентҳои лоиҳа бо сохторҳои масъули Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоту машваратҳо доир намуда, маълумоти иловагии пурра ба даст орад ва арзёбии самаранокии кӯмаки техникии SECO-ро воқеъбинона баҳогузорӣ намояд.

Дар охир директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ба сатҳу сифати ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, омодагии хешро барои муносибатҳои судманд баҳри рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок иброз дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:49

 

 (идома аз шумораи гузашта) 

Гирудор

Посе аз шаб нагузашта атрофи деҳаи Шингихоро милисаҳо печонда гирифтанд. Онҳо аз куҷое маълумот ёфтанд, ки Исмат командир дар хонаи дӯсташ Хол Сафаров-раиси ҷамоати Кулли Сӯфиён пинҳон шудааст.

Хонае, ки Исмат хоб буд, девори баланд дошт, милисаҳо ҳавлиро иҳота намуданд, аммо ҷуръати ба хона даромаданро накарданд.

Милисаҳо ба кофтукоби соҳибхона даромаданд, аммо ӯро ба зудӣ пайдо накарданд. Модарам дар хона буд. Аз ӯ пурсиданд, ки шавҳарат дар куҷост, вай намедонам гуфт. Ӯро зери шатта гирифтанд. Очаи бечораам зори ба зор мегирист, вале қоил намешуд. Ин ҳоли зорро ба падарам расонданд, вай маҷбур шуд, ки ба хона баргардад.

Пас аз омадани соҳибхона милисаҳо аз ӯ бо исрор талаб карданд, ки рафта ба дӯстат маслиҳат кун, то силоҳашро супорад, вагарна ҳамаатонро несту нобуд мекунем, падарам ду маротиба пеши Исмат рафт. Вай бошад ба таслим шудан розӣ набуд. Бори сеюм Хол Сафаров бо зориву тавалло гуфт:

- Ба фарзандони ман раҳм кун, хоҳӣ-нахоҳӣ илоҷи дигар надорем…

Исмат командир ниҳоят розӣ шуда, шамшер ва камонашро супурд. Милисаҳо гуфтанд, ки тапончаашро низ диҳад. Исмат мардона талаби онҳоро қонеъ кунонда, ба берун  баромад.

Ҳаво хунук буд, аз ин рӯ, аз хонаи амакам ҷомаеро оварда, ба Исмат пӯшонда, ӯро дар аспи худаш ва падарамро дар аспи ҳамсоя савор карда бурданд…

 

Аз нақли Хол Сафаров

Пас аз 10 соли маҳбусӣ падарам ба хона баргашт. Баъдҳо ӯ қисса мекард, ки нахуст дар маҳбасхонаи Кӯлоб маро бо Исмат командир дар як ҳуҷра нигоҳ доштанд. Пас аз чанд рӯз моро аз ҳам ҷудо карданд. Истинтоқкунанда-муфаттиши рус дар бораи Исмат маро саволборон кард. Ба ҳама саволҳояш  посух гуфтам, аммо он бетамиз пас аз ҷавоби ҳар савол маро як торсакӣ мезад.

Рӯзҳои аввали маҳбасӣ Исмат маъзарат хост: - Холмаҳмад, маро бубахш, ман  ба фарзандони ту ҷабр кардам…

- Моро дар алоҳидагӣ ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) бурданд. Аз ҳамон вақт ман дигар Исматро надидам.

- Дар  ҳақиқат Исмат барои бақои давлати нав, халқ корҳои шоён кард, вале замона чунон буд. Ману ӯ нисбати халқу Ватан гуноҳе содир накарда будем. Боиси рух додани ин ҳодиса  аслан аз ҷониби давлат ҳабс шудани Куфелд буд, - хулоса карданд падарам, - гуфт Абдулло Холов…

Саид Шамсулло аз пайвандони командир ёдовар шуданд, ки сипас якҷоя ба хоҷагии «Гулистон»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ рафтем, Сафар Саидов замоне се сол дар ин хоҷагӣ роҳбар будааст. Халқ «раис омад» гуфта, хуш истиқбол гирифтанд. Ман аз қадрдонии халқ хушҳол гаштам. Ба якчанд хонаи қадрдонҳои раис рафтем. Онҳо ба худ ҷойи нишаст намеёфтанд.

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:44

11.07.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКХ) Русияи Шӯравӣ аввалин буҷаи шӯравиро барои ним сол ба тасвиб расонид.

11.07.1921. Дастаҳои артиши халқии Муғулистон бо кумаки Артиши Сурх, нерӯҳои ишғолгари Чин ва гвардиячиёни сафеди русро торумор карданд ва дар Муғулистон ҳокимияти шӯравӣ барқарор шуд.

11.07.1942. Дар деҳаи Туховежии вил.Ленинград ҷои истиқомати генерал Власов аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ба немисҳо фош карда шуд ва генералро сарбозони полки пиёданизоми 28-уми вермахт ба асорат гирифтанд. Аммо тибқи андешаи бархеи дигар, генерал худаш ба немисҳо таслим шуд ва мардуми маҳаллӣ дар таслими Власов нақш надоштанд.

11.07.1960. Ҳукумати Чехословакия эълон намуд, ки дар кишвараш сотсиализм ғалаба кард ва Чехословакия ба Ҷумҳурии Шӯравии Чехословак тағйири ном намуд.

12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон намуд, ки Қарабоғ аз ҳайъати Озарбойҷон берун меояд. Ин қарор заминасози ҷанги тӯлонии арману озарӣ шуд, ки шӯълаҳояш то ҳол хомӯш намешаванд.

12.07.1988. Дастаи яккачини футболи Фаронса бори аввал ғолибиятро дар ҷоми ҷаҳонии футбол ба даст овард. Ин ҷоми ҷаҳонӣ дар Фаронса баргузор шуд ва дар бозии ниҳоӣ соҳибони майдон бо дастаи яккачини Бразилия ба майдон баромаданд. Фаронсавиҳо бозиро 3:0 бурданд ва чемпиони ҷаҳон шуданд.

14.07.1941.Аввалин истифодаи «Катюша» дар рафти ҶБВ. «Катюша» ё мошини ҷангӣ бо тири калибри 132 мм (БМ-13) моҳи марти с.1941 сохта шуд ва 21 июн, як рӯз қабл аз ҳуҷуми немисҳо ба Артиши Сурх ворид гардид. Бори аввал ин силоҳи навбаромад аз ҷониби батареяи капитан Флёров истифода шуд. Катюшаҳо нерӯҳо ва техникаи немисро дар истгоҳи роҳи оҳани Орша мавриди оташ қарор доданд.

15.07.1923. Дар СССР ширкати давлатии ҳавоии «Аэрофлот» таъсис дода шуд. Аввалин хатсайри доимии ин ширкат хатсайри Маскав-Нижний Новгород гардид. 

15.07.1937. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ канали «Москва-Волга”-и ба номи Сталин ба истифода дода шуд. Ин канал 128 км тӯл мекашид ва имрӯз бо номи Канали ба номи Маскав маъруф аст.

16.07.1917. Оғози шӯриши июлӣ дар Петроград. Шӯриши июлӣ аввалин кӯшиши нерӯҳои чапгаро барои ғасби қудрат дар Русия шуд ва ба нокомӣ анҷомид.

16.07.1945. Аввалин озмоиши бомуваффақияти силоҳи атомӣ дар полегони Ню-Мексикаи ИМА.

СССР

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:41

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Дӯстӣ мақолаи Гулнисо Азимова сокини ноҳияи Дӯстӣ зери унвони «Чаро Дӯстӣ обод намешавад?»-ро, ки дар ҳафтаномаи «СССР» №19 (660) аз 11 майи соли 2021 ба табъ расидааст мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд гуфт, ки дар н.Дӯстӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ сохта ба истифода додани 191 адад иншоотҳои хизматрасонию маишӣ ва аз таъмири асосӣ баровардани 27 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз бо дастгирии соҳибкорон ва дигар ашхосони саховатпеша дар ноҳия 3 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 30 адад синфхонаҳои иловагӣ, 5 адад китобхона, 5 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 адад маркази табобатӣ, 1 адад маркази тиббӣ, 2 нуқтаи хатнакунӣ, 6 адад дорухона, 1 адад толори варзишӣ, 5 адад майдончаҳои варзишӣ, 8 адад сартарошхона, 2 адад кошонаи ҳусн, 8 адад маркази савдо, 33 адад марказҳои хизматрасонӣ, 3 адад корхонаи дӯзандагӣ аз нав бунёд карда ба истифода дода шудаанд. 

Ҷараёни корҳои ободонӣ мумфаршкунии роҳҳо 5 км, сангфаршкунӣ 38,9 км, таъмири пулҳои мошингард 17 адад, кашидани хатҳои барқӣ 12,6 км, чароғонкунии кӯчаҳо 21,6 км, шинонидани трансформаторҳои нав 13 дона, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ 3,9 км, таъмир ва азнавсозии иншоотҳо 5 адад ва дигар иншоотҳо 27 адад то санаи 30 апрели соли 2021 дар умум 175 иншоот сохта ба истифода дода шуда, иҷроиши нақша 91,6 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмони 2 боғчаи бачагона, 1 ҳаммом, 1 сарторошхона, 1 кошонаи ҳусн, 1 сехи дӯзандагӣ, 1 маркази савдо, 2 майдончаи варзишӣ, сохтмони Парчами давлатӣ, азнавсозии боғи фарҳангии фароғатӣ, сохтмони терминал, сангфаршкунии кӯчаҳои ҳудуди маҳаллаҳо, чароғонкунӣ ва дигар корҳои ободонӣ идома дошта, дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд.

Н. Саидзода, 

раиси ноҳия  

 

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:39

Ҷумабой Яҳёев, хонанда ҳамешагии газетаи мардумии СССР аз н. Деваштич бо идора тамос гирифта (тел: 92 888 75 06) дар мавриди боло шудани нафақа ва маоши кормандони буҷавӣ чунин назар кард: 

-  Президенти ҶТ дар паёми навбатии худ, ки моҳи декабри соли 2019 ироа шуда буд,  ба ҳукумат дастур дод, ки музди меҳнати коргарону хизматчиён нисбатан 10-15 % баланд карда шавад. Вале қисми аз ҳама осебпазири ҷомеа маъюбон ва махсусан маъюбони гурӯҳи 1, то 50 % баланд бардошта шавад. Мутаассифона, музди гурӯҳи номбурда ҳамагӣ дар моҳи сентябри соли 2020, 8-10 % зиёд карда шуду халос, ки ин ниҳоят ночиз буд. 

   Шояд инро дар ҳукумат дарк карда бошанд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти ҶТ 28.05.2021 фармони нави Президенти кишвар ба тасвиб расиду мувофиқи он нафақаи маъюбони гурӯҳи 1-ум 20 % зиёд карда шуд. Яъне, хатои қаблӣ ислоҳ гардид, аммо чаро соли гузашта зимни боло бардоштани нафақа ба чунин хато роҳ дода шуд? Кӣ посух мегӯяд?

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:37

 

Маҳбуба Яҳёзод, сокини шаҳраки Сомониёни н.Рӯдакӣ ба идора занг зада (тел: 93 555 55 56) аз набудани барқу об дар маҳалли зисташон шикоят кард.

   - 2 ҳафтаи охир вазъамон хеле бад шудааст-ҳар рӯз қувваи барқро бе огоҳӣ 5-6 соат хомӯш мекунанду об ҳам қатъ мешавад. Ҳаво гарм аст, дар чунин вазъ набудани барқ кори яхдонҳоро хароб мекунад, чӣ қадар маҳсулоту хӯрок вайрон шуда истодааст. Ба идораҳои масъул занг занӣ, дағалона суҳбат мекунанд.  Гӯиё мо муштариҳое, ки барои обу барқи истифодашуда пул месупорем, аз онҳо қарздор бошем. Агар корҳои профилактикӣ бошад, чаро қаблан огоҳ намекунанд?  Лоақал об захира кунем!?

Аз редаксия: - Хонандаи муҳтарам! Тавре Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ рӯзи 12.07.2021 зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ин мушкилот дар баъзе ноҳияҳои мамлакат ҷой дошта, сабабаш гузаронидани корҳои профилактикӣ дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими нави тирамоҳу зимистон мебошад.

 

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:35

 

Салом СССРи арҷманд! Дар "Фурудгоҳи байналмилали"-и шаҳри Кӯлоб занону кӯдакон дар саҳни фурудгоҳ дар рӯи замин хобанд. Оё фурудгоҳ қудрати онро надорад, ки чанд мусофирро дар ягон ҳуҷра ва ё ягон толор ҷой кунад? Ё меҳмонхонаҳои фурудгоҳ танҳо барои одамони махсус бошад? Ба ғайр аз ин дар ин макон ончунон "тағоҳо" зиёданд, ки ҳар касе ба ҳар восита ҷиянҳоро дохили бино мекунад,  бетағоҳо дар паси дар мехобанд.

Муҳаммади Мусавӣ, 

ш.Кӯлоб

 

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter