ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:21

 

Исмат Командир падараш ӯзбек, модараш Ҳикоят – духтари Сӯфиабдураҳими Чавроғӣ, аз собиқ ноҳияи Кангурт аст. Исмат соли 1896 (?) дар деҳаи Чавроғи Поёни Кангурт ба дунё омадааст.

Маълумотнок буд, бо алифбои ниёгон ва лотинӣ мехонду хуб менавишт. Дар барқарорсозии сохти нав бар зидди босмачиҳо  мубориза бурдааст. Нахуст сардори отряд, баъд роҳбари милисаҳои Кангурт шуд. Ӯ бар зидди душманони халқ муборизаи беамон мебурд.

Ба тахмин соли 1929 вақте ки босмачиҳо аҳолии деҳоти Чавроғ, Қизилбулоқ, Кӯчаи Поиро талаю тороҷ мекунанд, домуллоҳо: Муҳиддин, Ҳалим, Қорӣ  Саъдулло, Қорӣ Кароматулло ва чанде дигар ба онҳо мефаҳмонанд,  ки ин рафтори шумо аз рӯи адолат, инсоф ва талаботи дини мубини ислом нест.

Онҳо мегӯянд, ки домуллоҳо ба деҳаи Пуштаи Мазор бароед, бо шумо дар он ҷо маслиҳат мекунем. Домуллоҳо аз найранги босмачиҳо бехабар ба ҷойи таъйиншуда мераванд. Онҳо Мулло Муҳиддин, Саъдулло, Қурбон, Баҳриддин ва чанде дигарро сар мезананд. 

Сардори отряд Ғуломи Мерган зидди Исмат командир кор мебурд…

Солҳои 30-юми асри ХХ Куфелд (миллаташ тотор) сардори НКВД –и ноҳияи Кангурт  буд. Ӯро баъдтар сардори раёсати НКВД-и РСС Тоҷикистон таъйин карданд.

Соли 1937 ба ҷои ӯ Исмат командирро сардори НКВД-и ноҳияи Кангурт таъйин мекунанд. Пас аз гирифтани вазифа Куфелд ба Исмат мактуб навишта, хоҳиш менамояд, ки ба Сталинобод, ба назди ман биё, аммо вай  хоҳиши ӯро рад кард.

Ин дархост ва меҳрубонии Куфелд  нисбати Исмат сабаб дошт. Чанд сол қабл Куфелд дар яке аз муҳорибаҳо бо босмачиён, дар ҳудуди ноҳияи Данғара  дар муҳосира мемонад. Ана дар ҳамин лаҳзаи ҳассос Исмат командир ӯро аз марг наҷот медиҳад.

Исмат оиладор, соҳиби як писар буд (таваллудаш 1938). Худаш (Исмат командир) ҷавонмарди қоматбаланд, паҳлавонҷусса, доимо чеҳраи кушода дошт. Нисбати халқ ва давлат ғамхор буд. Шахсан  аз касе нашнидаам, ки нисбати ин марди ғаюр дар вақти ҳаёт ва баъди маргаш ягон сухани носазо гуфта бошад.

Аҳли байти Исмат дар собиқ колхози ба номи Маленкови ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард. Алҳол дар бораи онҳо  маълумоти дигаре надорам…

Дар он солҳо Ғуломи Мизроб раиси ҷамоати Давлатшоён буд. Ба Исмат мегӯяд, ки ба Сталинобод наравед. Агар равед, нест мешавед. Нарафтанаш сабаби гумроҳии Исмат буд.

Ҳамон давра Шамсулло Ҳошимов раиси колхоз буд. Исмат командир бо вай маслиҳат накарда, аспи (ҳайғури) бо пули гарон харидашударо аз хонаи Сафаралӣ Сӯфиев (додари Муллосӯфӣ) гирифта мебарад. Аз ин сабаб, раиси колхозро бо шоҳидии дигарон 14 ноябри соли 1937  ба маҳкама кашиданд.

Исмат командир, Бозор командир ва Қӯйбоғар командир дар Хами Граҳатоз, наздикии деҳаи Чилча як моҳ мегарданд. Сипас Исмат аз онҳо ҷудо шуда, ба деҳаи Қизилгузар, баъд ба Шингихо меравад.

Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:18

18.07.1921. Ҳукумати Русия аз тамоми кишварҳои хориҷӣ даъват кард, ки ба мардуми гуруснаи Поволже кумак кунанд. Ин аввалин дархости болшевикон барои ёрӣ аз кишварҳои капиталистӣ буд. Сабаби асосии гуруснагӣ дар навоҳии соҳили Волга ҷанги шаҳрвандии Русия буд. Дар натиҷаи ҷанг аз ҳама бештар навоҳии назди Волга зарар дид ва гуруснагӣ 35 губернияи Русияро печид. Теъдоди умумии мардуме, ки аз гуруснагӣ азият мекашиданд 40 млн нафар буд. Дар натиҷаи гуруснагӣ зиёда аз 5 млн одам ба ҳалокат расиданд.

18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин мусобиқаи Ҷоми СССР оид ба футбол баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 94 дастаи футбол ширкат варзид ва пирӯзиро дастаи Локомотиви Маскав ба даст овард. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони Локомотив бо дастаи Динамои Тбилисӣ вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 бар футболбозони гурҷӣ пирӯз шуданд.

18.07.1955. КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР бо қарори вежаи худ ба Ветнами Шимолӣ ба маблағи 400 млн рубл ёрии ройгон фиристоданд.

19.07.1941.Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи “Варзиши сурх” (Красный спорт) чоп шуд. Он баъдан ба “Варзиши шӯравӣ” тағйири ном карда, яке аз асоситарин рӯзномаҳои варзишии аввалин кишвари Шӯроҳо буд.

19.07.1941. Иосиф Сталин Комиссари халқии мудофиаи СССР таъин шуд. Сталин то оғози ҷанг расман танҳо котиби генералии ҲК буд, аммо вазъияти фавқуллода дар ғарби кишвар ва пешравии сахти немисҳо аъзои Бюрои сиёсиро водор кард, ҳамаи қудрати сиёсиро дар дасти 1 нафар мутамарказ гардонанд ва Сталин беҳтарин гузина барои кор ба шумор мерафт.

20.07.1944.Дар Пруссия Шарқӣ-қароргоҳи фюрер яке аз маъруфтарин суиқасдҳо ба ҷони Гитлер иттифоқ уфтод. Аммо бо амри тақдир ӯ қариб ҳеҷ осеб надид.

21.07.1918. Тоторҳои Қрим ба ҳукумати Олмон, ки нерӯҳояш Қримро ба тасарруф дароварда буданд, муроҷиат карда, аз немисҳо хостанд, Қримро хонигарии тоторҳо эълон кунанд.

21.07.1937.Ҳукумати Шӯравӣ родиюи давлатии РСС Украинаро ба миллатгароӣ айбдор карда, бештари журналистони украинии ин родиё ба ҳабс гирифта шуданд.

Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:16

 Парвина Исроилова, маъюби гурӯҳи 1, сокини ҷамоати Худоёр Раҷабови н. Восеъ (тел: 985 68 70 48) меҳмони СССР шудаву дар бораи қазияи гум шудани говаш нақл кард:

- 2 гови ман санаи 7.04.2021 гум шуданд. Ман ба мақомоти дахлдори ноҳия дар ин бора муроҷиат кардам, аммо то ҳол натиҷааш маълум нест. Мегӯянд, ки ёфтем хабардор мекунем. Бо гузашти 4 моҳ хабаре нест. Оилаи мо камбизоату рӯзгорамон аз шири ҳамин 2 гов буд. Мо дигар имкони харидани гов надорем ва аз мақомоти милитсияи ноҳия дархост дорам, ки говҳоро ёбанду ба мо баргардонанд. Охир гов гум шудааст, на гурба, ки ёфтанашон осон набошад…

 

Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:10

 

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии н.Шоҳмансури ш.Душанбе мақолаи Кубриё Муҳиддиноваро, ки дар шумораи № 22 (663) аз 3.06. 2021 дар ҳафтаномаи «СССР» нашр гардидааст, мавриди баррасӣ карор дод. Бояд кайд намуд, ки дар мақола қаблан сухан дар бораи тартиби қабули шаҳрвандон оид ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вафот меравад. Дар умум барои бақайдгирии давлатии вафоти Муҳиддинов Воҳид Қузратович ҳамагӣ 5 нафар муроҷиат кардаанд.

Мувофиқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ариза дар бораи вафоти шахсе бояд на дертар аз 3 рӯз аз рӯзи фаро расидани марг дода шавад. Гарчанде гузаронидани муҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии вафот асос шуда наметавонад, дар ҳолати мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии вафотро дар рӯзи муроҷиат амалӣ менамояд. Аммо бинобар сабаби набудани ҳамаи ҳуҷҷатҳо бақайдгирӣ 5 рӯзи корӣ тӯл кашидааст.

Зарина Ҳасанова, и.в.мудири бахши САҲШ-и н.Шоҳмансур                                   

 

Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:09

 

Алиҷон Файзиев, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Исфара ба идора занг зада (тел: 98 704 05 54) гуфт, ки пас аз нашри матлаби интиқодӣ дар мавриди роҳҳои хароби шаҳр, кор ранги дигар гирифтааст.

   - Баъди чопи мақолаам бо номи «Оҳ аз роҳ», ки дар газетаи СССР нашр шуда буд, раиси ш.Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода якбора ба таъмиру асфалтпӯш кардани роҳҳои носози деҳаҳо шуруъ намуд. Мешудааст-ку! Миннатдории халқи деҳаи дурдасту наздисарҳадии Лакконро ба газетаи СССР ва раиси ш.Исфара мерасонам. Саломат бошеду ободӣ кунед!

Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:02

   

Бахтиёр Мингибоев, хонандаи доими газетаи мардумии СССР, сокини деҳаи Ботурободи Ҷамоати деҳоти «Киров»-и н.Вахши вилояти Хатлон ба идораи редаксия занг зада (тел: 988 48 53 69) нисбати ҷарима шудани пиёдагардон андешаи худро гуфт. 

    - Дар ҳақиқат баъзе пиёдагардон умуман ба чароғак аҳамият намедиҳанд, ки сурх аст ё сабз, яъне риоя намекунанд. Худо накунад, ки бо айби худи пиёдагард агар садама рух диҳад, кормандони БДА бе ягон таҳқиқ ронандаро гунаҳкор мекунанд. Бигзор нисбати пиёдагардон, чун дар даврони советҳо, ҷазои маъмурӣ сахттар шавад. Қоидаҳои ҳаракати роҳро пиёдагардон низ мисли ронандагон ҳис кунанд. 

 

Чоршанбе, 28 Июл 2021 09:00

 

Салом СССР-и арҷманд! Дар болои деҳаи Муродбахши ҷ/д Лақай Қармишеви н.Темурмалик базаи ширкати мобилии «Тселл» ҳаст. Аммо интернеташ 2G, ниҳоят суст кор мекунад. Дар ин макон аксарияти мардум аз хизматрасонии ширкати «Тселл» истифода мебаранд. Мушкилии одамон ин аст, ки мегабайтҳои харидаашонро дуруст истифода бурда наметавонанд. Вақте ба рақами телефон моҳона гузаронӣ, 100 мг туҳфа медиҳад, вале аз сабаби сустии интернет мегабайт дар охири моҳ месӯзад. Ҳамчунин донишҷӯёне, ки дар деҳа тариқи фосилавӣ дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, аз хуб кор накардани интернет азоб мекашанд. Онҳо наметавонанд, имтиҳонҳоро дуруст ва бе азият супоранд. Чунин мушкилиҳои интернетӣ дар деҳа хеле зиёд аст. 

Меҳроби Бобоҷон, 

ш. Душанбе

 

Чоршанбе, 28 Июл 2021 08:57

 

 Уф-уфу пуф-пуфи мардум аз гармии ҳавои чанд рӯзи охир дар кӯчаю хона ва бозору масҷид аз ҳарвақта дида бештар ба назар мерасад. Феълан ҳама ҷо гила аз ҳарорати ниҳоят сӯзони ҳавост. Иддае аз мардуми кондисионердор дар ин вақт ҷон дар роҳатанду мардуми нодор боз бо пуф-пуф зери нури офтоб кор мекунанд. Чун бе ин намешавад.

Одатан дар намози ҷумъа масҷидҳои ҷомеъ пур аз одам мешавад. Садҳо нафар намозгузорон дар ҳавлии масҷид ва атрофи он зери офтоб ҷой мегиранд. Чун илоҷе надоранд. Фасли зимистон низ ин ҳол аст. Барфу борон болои намозгузорон ё баракс. Бояд барои ҳалли ин масъала Кумитаи дин дахолат кунад. Ман фикр мекунам, ки ҳар масоҷиди ҷомеъ қудрати молиявӣ дорад, ки барои намозгузорон ғайр аз толори асосӣ дар фаслҳои тобистону зимистон шароити мусоид фароҳам оварад. Чун бо уфу пуф ва саросемаю ҷон дар азоб ҳеҷ нафере аз таҳти дил ибодати Аллоҳро карда наметавонад. Чӣ гуфтед?

Амонҷон Маҳкамов, 

ш.Бохтар

 

саҳ 2 аз 9

Китобҳо

Flag Counter