ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Июл 2021 08:46

 

Салом ва паёми худро ба аҳли эҷоди СССР мерасонам. 3 рӯз мешавад, ки дар ноҳияи Мастчоҳ барқро беасос хомӯш мекунанд ва ин ҳам бошад аз соати 8:00 то 5-и бегоҳ. Ҳатто хабар намеёбем, ки дар ягон ҷо таъмир ҳаст ё не? Мардум хӯроки дар яхдон вайроншударо партофта истодаанд. Аз масъулин хоҳиш дорам, ки барқро дар ин фасли гармо хомӯш накунанд.

Зикриёи Дилшод,

н.Мастчоҳ

тел: 92 766 07 45 

 

Чоршанбе, 14 Июл 2021 08:41

 

Чаро Вазорати нақлиёти ҶТ ва ҳукумати маҳаллӣ ба болоравии нархи роҳикрои нақлиёти мусофирбар (таксиҳои шахсӣ) назорат намекунад? Ва ё чаро ҳангоми поин фаромадани нархи сӯзишвории навъи гази моеъ маблағи роҳкиро кам нашуду ҳангоми баланд шудани он роҳкиро низ баланд гашт? Чаро кормандони терминалҳои мусофирбар барои сафари хизматии кормандони соҳаи маориф, ки барои бозомӯзӣ ба маркази такмили ихтисос мераванд, маблағеро, ки барои роҳкиро сарф мекунанд дар маълумотномаи пешниҳоднамудаашон наменависанд ва аз рӯи нархномаи тасдиқкардаи худ менависанд, ки қариб 50-60% кам аст? Барои беасос наҳисобидани ин гуфтаҳо, аз терминали мусофирбари ш.Ҳисор мисол меорем: 

   - нархи роҳкиро барои  ба деҳаи  Куҳони Ҷамоати деҳоти Навобод рафтан аз як тараф 15 сомонӣ аст, вале кормандони терминали шаҳрӣ, дар маълумотномаи сафари хизматӣ 6-сомонӣ менависанд. 

   - барои чӣ, баъди соати 11:00 кормандони терминали мусофирбари ш.Ҳисорро ба ибораи мардумӣ “Бо микроскоп кобӣ ҳам намеёбӣ”? 

   Давоми 1 моҳи охир, ҳамаи хатсайрҳо бе ягон асос роҳкироро аз 1 то 5 сомонӣ зиёд карданд. Роҳкиро дар хатсайрҳои маркази ш.Ҳисор-Қалъаи Ҳисор аз 2-сомонӣ ба 3-сомонӣ, Ҳисор-Ғуриёт аз 2-сомонӣ ба 5-сомонӣ,  Душанбе-Ҳисор аз 5-сомонӣ  ба 7-сомонӣ, маркази ш.Ҳисор-деҳаи Шоҳон аз 6-сомонӣ ба 10-сомонӣ, 

маркази ш.Ҳисор-деҳаи Куҳон аз 10-сомонӣ ба 15-сомонӣ баланд бардошта шуд.     

Б.Зиё,  

ш.Ҳисор 

 

Чоршанбе, 14 Июл 2021 08:30

01.07.2021. Соат ба вақти Душанбе 15:17 дақиқа. Чанде шуд хабари марги Убайдулло Раҷабови нозанин олами хабарии  Тоҷикистонро кафондаву ТВ ва Раио хомӯшанд…

СТОП! Кӣ гунаҳкор? Чаро ҳамеша дар бораи фаромӯш шудани нобиғаҳо, актёрон, санъаткорон, ҳунармандон сухан мегӯему намегӯед, ки ким гунаҳкори ин моҷарост?  Имрӯз соате расида, ки инро ман гӯям. Зеро Мо Метавонем!

Сабаби ҳама бадбахтиҳои ахирии олами ҳунар, аз ёд рафтани онҳо, фаромӯшии сунъии ишон…худи ҳунармандонанд, на ягон каси дигар. Мисол мехоҳед? Марҳамат!

Бадбахтии Телевизиони Точик ин аст, ки ҳунармандон онро солҳо боз раҳбарӣ мекарданду мекунанд, на журналистон! Ва хусумату бадбиние, ки онҳо  миёни хам дар саҳна доранд (1 бор мардона иқрор кунед, ки чунин хусумат дар ягон соҳаи дигар нест!!!), корро то ҳадде бурда, ки маргу мири ҳамдигариро хабар намекарданд. Дур намеравем. Магар дар замони раисии дигар ҳунармандон мегуфтанд, кадоме аз ишон мурдаасту кадоме мариз шуда? Ҳаргиз! 

Менолем, ки дар Россия баъди фавти ину он ҳунарманди саршинос мотам мегиранд, репортажу хабарҳо пахш мешаванд, филмҳо таҳия мегарданду дар мо не. Ва ҳама фикр дорад, ки маҳз ҳукумат ин ҷо муҷрим аст. Не, бародарон, ҳаргиз не. Гунаҳкор худи ҳунмармандон, адибон, санъаткоронанд, ки тағйири касб сохтаанд. Ва агар инҳо ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ягон нафар зидд нест, ки фарзи мисол, хабари фавти Падари Танзи Тоҷик-Убайдулло Раҷабов расонаӣ шавад. 

Воқеан ҳам агар ҳунармандон, ки даҳсолаҳо барои пулу сарват садорати телевизионро бар дӯш доштанд, вазъро печида намекарданд, имрӯз миллат ин қадар аз ТВ давлатӣ наменолид. Аз мост, ки бар мост! Худи ҳунармандоне, ки 20-25 сол шуд сари коранд ба ин гунаҳкоранд. Парадокс? Оре! Вале факт!!!

Ҳукумат, албатта, низ бе айб нест. Зеро дар тақсимоти кадр намедонам аз кадом меъёр кор мегирад. То ҷое ман медонам, дар даврони истиқлолият ҳамагӣ 2 журналист дар садри ин кумита буд: Бобоҷон Икромов ва Асадулло Раҳмонов.

Сар аз Сайф Раҳимзод ҳунармандон ба ин садорат роҳ бурданд, ки худи марҳум Убайдулло Раҷабов низ яке аз онҳо буд.

Ин навиштаи ман на ғайбат аст, на кин ва на ноҳурматӣ. Ман ҳатто дар 75-солагии Устод Убайдулло Раҷабов матлабе бо номи «Маэстро Раҷабов» навиштам ва дар он қайд кардам, ки бузургтарин хатои ҳунарманд ин шуд, ки ӯро ба ҳайси Раиси Кумитаи РТВ таъин намуданд. Худи раҳматӣ, ки воқеан ҳам шахсияти вораста буд, фардои нашри матлаб дастамро фишурду гуфт, гапи ҳақро навиштаӣ ва зимнан дар китобе, ки бояд дар 80-солагияш нашр мешуд, ин матлабро ҷо кард. 

Ва аммо баҳс сари парадокс аст. Ҳунармандону адибону академикҳое, ки дар Кумита кор кардаанд, воқеан ҳама Шахсиятанд. Ҳамаро мешиносам, эҳтиром қоилам, риштаи дӯстӣ бо ишон дорам. Вале «Арасту дӯсти ман асту ҳақиқат воло!». Онҳо бо ҳама бузургӣ журналист нестанд…

Дар тӯли 30 сол наход дар ҳукумат дарк накарда бошанд, ки ҳунар, истеъдод, шеър, адабиёт, саҳна, филм, кино, суруд, тарона дигар асту ЖУРНАЛИСТИКА дигар???

Боре ба 1 дӯсти таъсиргузорам гуфтам, «Маро 1 вазифа намедиҳед?». Гуфт, «30 сол интизор будем, ки ин гапро шунавем. Кадом вазифа?». Гуфтам, «директори театри Лоҳутӣ», ки гуфт «Акои Сайёф, мебахшеду шумо актёр нестед-намешавад!». Гуфтам, дуруст! Аҳсант!! Офарин!!! Воқеан мани журналист наметавонам 50-60 актёрро раисӣ кунам. Вале чаро кадом актёре бояд Радио ва Телевизиони давлатиро ҳукмрон бошаду ҳазорон-ҳазор журналист дар хизмати ӯ??? Ин аст, ки миллионҳо доллар барои васоити ахбори оммаи расмӣ, ба вежа электронӣ харҷ мекунему маъзарат, 1 «голубой» бо садои хиррии хурӯсчӯҷавор баромада, ҳамаро дарҳаму барҳам мезанад ва мо-1 давлат, дар баробари ҳамон 1 голубой, 2-3 барномае таҳия месозем, ки ному насаби муаллифин ифшо намегардад!!!

Аз масъуле пурсидам, ки чаро чунин аст? Гуфт, ба хотири амният ва бехатарии ҷони масъулин. О, буродарон! Кадом амният? Кадом бехатарӣ? Гӯед ба хотири тарс!!!

Ҷумъахон Ҳотамӣ, ки расо 22 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз кушта шуд, магар аз амнияташ намеандешид? Меандешид, албатта, вале мисли мо тарсу набуд. Имрӯз, ки шумо аз 1 нимаодамаки занмизоҷ ҳарос доред, ки ҳазорон км дуртарак аст, фардо нашавад, ки мисли «муҷоҳидони ғаййури афғон аз ҳайбати Толибон» фирор куне(м)д???

Аз рӯзе, ки ҳунармандон сари кор омаданд, ТВ ба майдони саҳна, спектакл, пйеса, дурӯягӣ, нақшбозӣ, ролофарӣ табдил ёфт. Ҳар журналисте, ки ҳунар дошту потенсиал ва эҳтмиолан метавонист ҷойгузини садоратбудаҳо гардад, бо баҳонаи «ҷавонсозӣ», аттестатсия, пирӣ, барҷомондагӣ ва нафақа «якнима» шуд. Имрӯз бинед, ки киҳо мондаву киҳо ронда шудаанд…

Гуфти Бобои Ғулом «100 нобути журналистон» ана ҳамон бадбинӣ, кинаварзии саҳнавӣ ба журналистика ворид шуд. Нобиғаҳо, актёрон, нависандаҳо, шуаро мурданду на митинг, на маросими хайрбод, на репорт ва ҳатто на хабари кӯтоҳакаки 1-2 дақиқаина, ки фарзи мисол Фотима Ғуломова, Ҳабибулло Абдраззоқов, Гулназар Келдӣ, Салимшо Ҳалимшо, Убайдулло Раҷабов…фавтид. Ва бовар дорам, минбаъд низ гузорише нахоҳем шунид. Зеро механизми фаромӯширо худи ҳунармандоне, ки даҳсолаҳо сари кор буданд, ба кор даровардаанд ва онгуна, ки минбаъд фикр хоҳанд кард:

-Мумкин нест!!!

Ранҷидед? Хайрийят! Акнун фикр кунед, ки ман шуморо тӯҳмат задам, таҳқир кардам ва ё ҳақиқатро гуфтам. Мо Метавонем!!!

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!!!

 

Панҷшанбе, 08 Июл 2021 17:06

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 13:30

 

Дар даврони СССР дар маркази ш.Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) корхонаи дӯзандагӣ бо номи «50-солагии СССР» фаъолият мекарду дар он беш аз 1000 нафар зану мард машғул буд.  Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ин корхона барҳам хӯрда, солҳои тӯлонӣ аз кор монд. Айни ҳол дар заминаи он сехи дӯзандагии ҶДММ «Меҳровар» кушода шуда, 35 нафар занҳои хонашинро ба ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин намудааст. 

Ҳоло мо нигарон аз онем, ки ширкатҳои хориҷӣ ва берун аз вилояти Хатлон омада бо тамоми муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои қудратии вилоят бо ҳар роҳ шартнома мебанданд. Ман ҳамчун роҳбари ин коргоҳи дӯзандагӣ ба Агентии таъминоти амволи махсус барои ҳамкорӣ муроҷиат кардам, аммо натиҷае нест. Мақсади ман он аст, ки ин 35 зан бекор намонанд… 

Комил Сафаров, ш. Бохтар (тел: 90 500 50 75) 

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 13:28

Мутаассифона, имсол боду ҳавои номусоиди баҳору аввали тобистон дар ҷануби кишвар боиси офатҳои табиӣ ва дар шимол сабаби хушксолӣ гардид. Дар талу теппаҳо алафҳои табиӣ нарӯид ва ҷаву гандуми баҳорӣ ба молҳои сарҳуй хӯронда шуд. Ин омилҳо ба нарху навои чорво дар бозорҳо таъсири худро расонд. 

Нархи гови ширдеҳу гӯсолаҳо нисбати соли гузашта 4000-5000 сомонӣ арзон шуд. Агар 1 адад (пресс)-и пахоли гандуми соли гузашта дар бозори ш. Истаравшан 10-15 сомонӣ буд, имсол 20-30 сомонӣ шудааст. Дар замони советӣ дар ин гуна мавридҳо аз ҷануби кишвар ба шимол ё худ аз ФР ба тариқи роҳи оҳан алафҳои гуногуни хушк ворид мешуд. Имрӯз ҳам мошинҳо аз ноҳияҳои  вилояти Хатлон ба Суғд алаф оварда истодаанд, азбаски ба 1 баста алаф 10 сомонӣ шуд, 1 кг кунҷора низ то 5-5,50 сомонӣ баромад….

Ҷумабой Яҳёев, н.Деваштич

Чоршанбе, 07 Июл 2021 12:25

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 09:23

 

саҳ 7 аз 9

Китобҳо

Flag Counter