ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Июл 2021 09:02

*Германияи фашистӣ 22.6.1941 соати 4 -и субҳ, бе эълони ҷанг ба СССР ҳуҷум кард. Ҳамин тавр Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ (1941 -1945) оғоз шуд.

***

*Роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Германия ба ҷанги зидди СССР тайёрӣ дида, 18 декабри соли 1940 директиваи №21-ро, ки номи рамзиаш «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. 

***

*Нақшаи «Барбаросса» стратегияи ҷангӣ «барқосо», яъне бо зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ  дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ва то хатти Архангелск – Волга ишғол кардани хоки Советиро пешбинӣ менамуд. 

***

*Дар ҷанги зидди СССР душман 190 дивизия, 18 бригада (5,5 млн кас), 3700 танк, зиёда аз 47 ҳазор тӯпу миномёт ва қариб 5 ҳазор самолёт гирд овард. 

***

*Дар оғози ин ҷанг СССР дар ихтиёри худ 2,9 млн аскар, 1800 танк, 1540 самолёти типи нав дошт. 

***

*Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба се давра тақсим мешавад: Давраи 1-ум (22,06,1941-18,11,1942), давраи дуюм (19.11.1942 - охири соли 1943), давраи сеюм (1944 -9.5.1945).

*** 

*Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ 22 июни соли 1941 ба халқ муроҷиат карда, ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияро ба Иттифоқи Советӣ хабар доданд ва халқро даъват намуданд, ки тамоми қувваро барои торумор кардани душман равона созад.

***

*Директиваи Совети Комиссарони Халқи СССР  ва КМ ВКП (б) аз 29 июни соли 1941 (баромади И.В.Сталин аз 3 июл) барномаи амалиёти халқи советӣ гардид.

***

*30.6.1941 Комитети давлатии мудофиа (КДМ), 10 июл Ставкаи Фармондеҳи Олӣ (аз 8 август Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ -ССО) таъсис ёфтанд. Ба ҳайати ССО И.В. Сталин, В.М. Молотов, К.Е. Ворошилов , С.К. Тимошенко, Г.К. Шуков, Б.М. Шапошников, С.М. Будёний  дохил мешуданд. И.В Сталин раиси КДМ  ва Сарфармондеҳи Олӣ интихоб гардид. 

***

*Июли соли 1943 Армияи Советӣ 6,4 млн аскару афсар, 98,8 ҳазор тӯп  ва миномёт, 9580 танк ва дастгоҳи артиллерии худгард, 8293 самолёти ҷангӣ дошт. 

***

*Тобистони соли 1943 душман дар фронти СССР ва Германия 232 дивизия, қариб 5,3 млн кас, 54,3 ҳазор тӯп ва миномёт, 5850 танк  ва тӯпи штурм, 3 ҳазор самолёти ҷангӣ гирд овард. 

***

*Аз 28 ноябр то 1 декабри соли 1943 дар Теҳрон конференсияи сардорони давлатҳои СССР, ШМА ва Англия  доир шуд. 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:59

 

5.07.1918.Дар Украина Ҳизби коммунистии болшевикони Украина таъсис дода шуд.

5.07.1918.Дар ш.Екотиренодар Анҷумани вакилони шӯроҳои Русияи ҷанубӣ ба кори худ сар карда, ҷумҳурии Қафқози Шимолиро дар ҳайъати РСФСР таъсис дод.

5.07.1978.Кумитаи Бехатарии Давлатии СССР аз тобеъияти Шӯрои Вазирони СССР бароварда шуд.

6.07.1918. Дар Маскав аз ҷониби эссерони чап сафири Олмон дар Русияи шӯравӣ граф Мирбах ба қатл расид. Ин қатл заминсози шӯриши эссерони чап шуд, ки бо сиёсати болшевикон норозӣ буданд. Болшевикон бо кӯмаки тирандозони латишӣ тавонистанд шӯриши эссеронро торумор кунанд.

7.07.1932.Дар Институти илмӣ-таҳқиқотии истеҳсолоти ширии ш.Ленинград бори аввал тавонистанд аз шир хокаи онро ба даст биёранд ва истеҳсоли шири хушк дар аввалин кишвари Шӯроҳо роҳандозӣ шуд.

7.07.1989. Роҳбари вақти СССР М.Горбачев ҳангоми суханрониаш дар машварати сарони кишварҳои лагери сотсиалистии Аврупо, ки дар пойтахти Руминия-ш.Бухарест баргузор шуд, гуфт, ҳар 1 аз кишварҳои сотсиалистӣ ҳақ доранд, роҳи рушди ба худашон маъқулро интихоб намоянд.

8.07.1922. Дар СССР бори аввал дар ҷаҳон, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ аз тайёраҳо барои мубориза бо ҳашароти зарарасон истифода намуданд. 

8.07.1944. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» ҷорӣ карда шуд ва ҳамаи қаҳрамонмодарон бо ордени «Шарафи модарӣ» ва медали «Модарӣ» мукофотонида мешуданд.

8.07.1972.Президенти ИМА Ричард Никсон эълон намуд, СССР дар зарфи 3 сол аз кишвараш ба маблағи 750 млн доллар гандум харидорӣ хоҳад кард. Бо ҳамин, кишваре, ки дорои заминҳои бекарон буд, ба харидани ғалла аз ИМА шурӯъ кард.

8.07.1974.КМ ҲКИШ лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амурро, ки бо БАМ маъруф аст, тасдиқ намуд.

9.07.1941.Коллегияи ҳарбии СССР яке аз олимони маъруфи шӯравӣ, академик Николай Вавиловро бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Англия ба қатл маҳкум намуд.

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:55

Муаллими муҳтарам Қудратов А. дар мақолаи худ аз бунёди толори варзишӣ кандани 4 бех дарахти солхӯрда ва 2 синфхонаи солҳои 50-60-ум сохташуда изҳори нигаронӣ намудаанд. Албатта будани боғ хуб аст, вале агар он манфиат орад. Аммо бунёди 1 толори замонавӣ дар даврони омодагиҳо ба ҷашни Истиқлол ба манфиати кор нест? 

Зикр кардан бамаврид аст, ки набудани майдончаи варзишӣ ё толори замонавӣ садди роҳи гузаронидани дарсҳои варзишӣ дар мактаб мегардад. Дар ин майдонча агар 1 синф дарси варзиш гузаронад, синфи дигар маҷбур аст, ки бишинаду онҳоро тамошо кунад. Дар зимистон бошад бо сабаби сармо дарси варзиш дар синфхонаҳо гузаронида мешавад. Хонандагон ва ҷавонони деҳа аз набудани шароити мусоид дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои охиронро ишғол мекунанд. Чанде пештар 1 гурӯҳ ҷавонони саховатманди деҳа тасмим гирифтанд, ки 1 толори варзиширо бо шароити муосир баҳри ободии диёрамон сохта ба истифода диҳанд. Агар аз муассиса берун сохта шавад, то он ҷо бурдани хонандагон ғайриимкон аст. Бинобар набудани макони мувофиқ ба талаботи толори варзишӣ, ҳам ташаббускорон, ҳам омӯзгорон ва ҳам ҷавонони деҳа ба хулосае омаданд, ки дар дохили муассиса толор бунёд гардад. Масъалаи бунёди сохтмони толори варзишӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бо аҳли омӯзгорон, раиси ҷамоат ва масъулини ноҳияи Айнӣ мувофиқа карда шудааст. Кор дар иншоот оғоз гардида, бо маром идома дорад .

Т.Камолов, директори МТМУ №17, деҳаи Шамтуч, 

Вакили маҷлиси вакилони халқии н.Айнӣ, 

тел: 92 600 17 03 

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:53

 

 Рустамҷон Фозилов, сокини н.Кӯҳистони Мастчоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи мазкур ба идора занг зада (тел: 92 894 49 00) арзи сипоси хешро ба идораи газета ва раиси н.Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода расонид.

   - Сипоси беандоза аз кулли кормандони газетаи мардумии СССР барои баррасӣ намудани мушкилоти ман, ки чанде пеш дар газета нашр шуд. Бояд бигӯям, ки мушкили 7 солаи мо-бархе аз сокинони ҷамоати деҳоти Лангар, ки вобаста ба дастрас нашудани Сертификатҳои замин ва хоҷагиҳои деҳқонӣ буд, ҳалли худро ба пуррагӣ ёфт. Ман бошам шахсан худам 27 майи соли ҷорӣ Сертификати истифодабарии заминро пас аз сари нав ҳуҷҷатгузорӣ кардан, бо имзои раиси н.Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба даст гирифтам ва барои ин аз раиси ноҳия низ миннатдорам! 

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:51

 

Сайдалӣ Шерхонов, мухлис ва хонандаи доимии мо  аз н.Восеъ  занг зада (тел: 98 751 51 03) дар бораи мушкилоти об дар ҷойи истиқоматияшон дар д.Охҷари Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев изҳори нигаронӣ кард. 

- Мо сокинони деҳаи Охҷар дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва оби полезӣ мушкилӣ мекашем. Картошкаву пиёз ва дигар зироате, ки дар ҳотаамон коридаем, аз беобӣ хушк шуда истодаанд. Нархи 5 тоннаи оби ошомиданӣ, ки бо мошин меоранд, 300-400 сомонӣ нарх дорад, маҷбур мехарем, агар маблағ дошта бошем. Наход роҳи дигари бо об таъмин кардани мо набошад?

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:45

 

 10.05.2021 ба рухсатии меҳнатӣ баромада, бо маслиҳати дӯстон барои содироти олу ба Федератсияи Россия сафар кардам. Барои хариди олу ба н.А.Ҷомӣ рафтам. Якчанд боғи олуро дидаму ноҳияро ҳам тамошо кардам. Ноҳия бисёр ободу зебо, мардум хушмуомилаю меҳмондӯст, хуллас бо 1 ронандаи ш.Ҳисор шинос шудему ба ғунучини олу оғоз кардем. Муддати 5-6 рӯз олу ҷамъоварӣ намудем. 

   Хостам бо ронанда Русия равам. Вай  Мизробшоҳ Худойдодов ном дошт. Ӯ  розӣ шуду ман ҳуҷҷатҳои сафариро омода намудам. 25.05.2021 соати 10  ба роҳ баромадем. Дар роҳи Чорбоғи н.И. Сомонӣ моро манъ карданд. Гуфтанд, ки барои гармӣ ва рафтани мошинҳои вазнин аз соати 1000 то 700 бегоҳ иҷозат нест. Рӯзи эълон, аз ҳамин рӯзи 25.05 будааст. Чӣ илоҷ интизор шудем. Дар 1 муддати кӯтоҳ ду тарафи роҳ пур аз мошинҳои бордор шуд. Баъзе ронандаҳо хӯрок мепӯхтанд, 1 қисмашон ба дигар корҳо машғул, то ки бегоҳ шавад. 

   Мушкил он буд, ки дар наздикии он терминал ягон ҳоҷатхона дида намешуд. 1 ҳоҷатхонаи вайрона, ки  ба ин терминал дахл надошт, қариб 1 км дур буд. Бунёди 1 ҳоҷатхона дар ҳар 10-12 км ва боз ҳам дар шоҳроҳи байналмиллалӣ чӣ мушкилӣ дорад?

Н. Худоиев, 

Хабарнигори Мардумии СССР

ш.Роғун

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:42

 Дуруди худро ба кулли қаламкашони СССР мерасонам! Дар матбуот бисёр  дар бораи азҳампошии оилаҳои ҷавон менависанд, ки хеле нигаронкунанда аст. Охир ҷавондухтар ё ҷавонписар аввал ба оиладорӣ омода шаванд. Оиладор шудан ҷойи саросемагӣ нест. Аввал хонед, соҳиби ҷойи кору ҳунар шавед. Бештар маънивиёти худро ғанӣ гардонед, ки дар зиндагӣ азоб накашед. Гулдухтарон бояд, ки кадбону бошанд. Ақаллан ширинӣ пухта тавонанд, ки баъди шавҳар кардан дили шавҳарашонро ёфта тавонанд. Дар урфият мегӯянд, ки зан дили мардро бо таомҳои лазиз меёбад. Он эркагию нозу нузро, ки дар назди падару модар мекунанд, намешавад, зеро хонаи шавҳар муҳити дигар аст. Бояд дар муҳити хонаводаи нав ба тамоми пастию баландии он ҷо тоқат кунанд. Кафолат медиҳам, ки агар чунин шавад, парокандашавии оилаҳои ҷавон кам мегардад. Волидони азиз духтаронро тарбият кунед, пеш аз хонадор кардан. Ин бурди мову шумост.

Амирхон Файзов,

н. Темурмалик.

Тел: 933 02 65 55  

 

Чоршанбе, 07 Июл 2021 08:38

   

Тахминабону Саидзода, сокини ш.Душанбе (тел: 93 305 99 90) меҳмони идора шуда, гуфт, ки новобаста аз он, ки маълумоти олии тиббӣ дошта, Донишгоҳи 2-юми ҳарбии тиббии Артиши Халқии Озодихоҳии Хитойро бо муваффақият соли 2019 хатм кардааст, ҷойи кор ёфта наметавонад.

   - Ман соли 2011 барои таҳсил ба Хитой рафта, дар Донишгоҳи 2-юми ҳарбии тиббии Артиши Халқии Озодихоҳии Хитой, ки дар ш.Шанхай қарор дорад, 8 сол таҳсил намудам. Ихтисосам акушер-гинеколог буда, дар ин муддат 6 сол бакалавр ва 2 сол магистрро бо забони хитоӣ хондам. Аз беҳтарин устодони хитоӣ сабақ гирифтаму таҷриба. Ҳоло бо гузашти 2 сол ба Ватан баргаштаву дар ҷустуҷӯи ҷойи корам. Қариб, ки тамоми муассисаҳои тандурустии пойтахт ва ҳатто ш.Ҳисорро ҳам гаштам, вале дар ягон ҷо ба кор қабул намекунанд. 

   6 моҳ шуд дипломам дар Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи маориф ва илми мамлакат барои баробарарзишӣ хоб аст. Магар ба соҳаи тандурустии имрӯзи Тоҷикистон ҳамчун ман 1 мутахассиси ҷавони дараҷаи байналмилалӣ лозим нест?

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter