ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:20

Дар давраи Советӣ дар Тоҷикистон ҳар сол ҳазорҳо гектар заминҳои нав мекушоданду обёрӣ карда, барои истифодабарӣ ба колхозу совхозҳо  месупориданд ва ягон ваҷаб замини обии холӣ намемонд. Ҳоло ҳамон заминҳои обӣ аз нарасидани об бекор хобанду ба ботлоқзору туғайзор табдил ёфтаанд,  баъзеашонро ба участкаҳои наздиҳавлигӣ тақсим карданд. 

    Он замон барои бекор мондани 1 сотих замин ё нодуруст истифода бурдани он роҳбар ҷазои  сазовор мегирифт, ҳатто аз сафи партия ва аз кор озод карда мешуд. Ҳозир чӣ? Заминҳои обӣ бекоранду иҷрои планҳо зиёда аз 100 фоиз. Ин дурӯғнависиҳо ба манфиати кист, номаълум. Магар бо маълумоти бардурӯғ мамлакатамон ба мамлакати тараққикардаю пешрафтаи саноатию аграрӣ метавонад табдил ёбад? 

    Ва 1 пешниҳоди дигар-ҳар рӯз даҳҳо тобут ба Ватан меояд ва харҷи ҳамаи онҳо аз ҳисоби давлату ҳукумат аст, яъне ройгон. Намешавад, ки аз маблағи барои ин амал сарфмешуда ба камбизоатон ёрӣ расонанд, корхонаю роҳу кӯпрук бисозанд, ки ҳам обрӯ, ҳам савоб бимонад? Мурдаҳоро бошад, аз ҳисоби фирмаву фермаҳое, ки кор мекарданд, аз Россия овардан гиранд..

Ҷумъа Муродов, 

н.Восеъ      

 

Чоршанбе, 21 Июл 2021 09:17

20.07.2021. Ин рӯзро Муфтиёт ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Иди Қурбон эълон кард. Муборакамон бод!!!

Вале дар саҳифаи интернетии 1 хабаргузории хориҷӣ аз номи сухангӯи ин кумита, 1 ноткаи миннатгузорӣ маро ба навишти ин матлаб таҳрик дод. Хабаргузорӣ гуфтааст, Иди Қурбонро дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо олимони соҳаи астрофизика муайян ва мушаххас кардаанд. Дақиқан ишора ба газетаи мардумии СССР аст, ки борҳо навиштем, Тақвими Рамазонӣ ба вақти айусарӣ, субҳонахӯрӣ ва ифтори шом рост намеояд. Зеро ислом дигар чӣ талаб дораду тақвим дигар чӣ мегӯяд. Вале он даъвои мо роҷеъ ба вақту соати Тақвими Рамазон буд, ки ҳар дақиқааш барои 1 мусалмони рӯзадор ба соат баробар аст. Иди Қурбонро бошад, дар тамоми олами исломиву насрониву буддоӣ дар 1 рӯз ҷашн мегиранд ва шарт нест, ки миннат гузориву таъкид созӣ, ки бо ҳамкорӣ бо астрофизикҳо онро муайян кардаанд. 

Ва аммо баҳси имрӯзаи мо сари миннатгузории масъулини ин Кумита ва муфтиёт намеравад. Удабои мо 1 умр миннат мекарданд. Ҳатто қурбонии Исмоилро низ миннат гузоштаанд. Шоире гумном, ки аз фазилати қурбонӣ ва  муҳаббати пайғамбарон фарсахҳо дур аст, бинед, ки чӣ миннате мегузорад:

Эй сабо, аз ман ба Исмоили қурбонӣ бигӯ,

Зинда баргаштан зи кӯи Ёр фарзи Ишқ нест!!!

Парадокси роиҷи зиндагонии рӯзмарраи мо ин аст, ки дар кишвари мо ҳар нафаре, ки кораке мекунад ва барои он коракаш маоши калон ҳам мегираду пораву ришваву ширинкома низ, ҳатман мардумро миннат мегузорад!

Боре 1 гаишник маро ист фармуду баъд сар кард ба миннатгузориеееее…. Типа, агар ҳамин нозири БДА намебуд, олам чаппагардон мешуд. Ин мардак шабзиндадорӣ мекардаасту мо-9 миллион нафар орому осуда ҳамин шаб хоб кардаем!

Нафаре дигар, ки ихтиёран мехост ба марзи Исфара рафтаву аз ворухиён пуштигирӣ кунад, хушбахтона то ба марз мерасад, ки он ҷо тинҷу ором шудаасту ин «шери нар»-ро «обратно» мефиристанд. Ана омада, дар Кӯлоб ҳай воҳима мекунаде…типа агар ман намерафтам, адо, тамом, капут!!! 

Воқеан ҳам дар мавриди марзу марзбониву марздонӣ, бояд коре кард, ки авомунноси камхирад ҳич гоҳ дигар соҳиби силоҳ нашавад. Мо кору бори бархе аз «шербачаҳо»-и Фронти Халқиро фаромӯш накардаем, ки де-факто аслан ҷанг накардаву де-юре бо ғорату куштору дуздии молу маноли шаҳрвандон банд буданд. Ва ин дар ҳолест, ки он афроде бо исломистон воқеан ҷангидаву шалу маъюбу маслуқ шудаанд, ҳаргиз даъвое надоранд; ҳатто даъвои имтиёзу лгот! Таърихро набояд такрор кард. Ба вежа таърихи нангинро! “Буз каму чигӣ-чигиш кам!»-мегуфт Бобои Ғулом. Ва рост мегуфт.

Муллое дигар миллати исломро миннат мегузошт, ки типа ман аз 300 км дуртарак омадаву намози ҷумъаи шуморо мехонам. Чун пурсидам, гуфтанд, дар худи шаҳри N. зани ҷавон гирифтаасту ҳар ҳафта пешаш меравад. Зираке хандиду гуфт, “ин мулло 300 км занакабозӣ меравад, зеро кораш дар ҳамин масҷид асту боз моро миннат мегузорад!”. Рост мегуфт он зирак!!!

Духтуреро ҳам дидам, ки 1 укол мекарду уф кашида, миннат мегузошт, ки агар типа ман набошам ин миллат фано мешавад.

Милиса миннат мегузорад, ки агар ман набошам...

Марзбон миннат мегузорад, агар ман намебудам...

Корманди гумрук, коррупсия, палатаи ҳисоб ва ҳатто омор моро миннат мегузоранд, ки агар ман намебудам, типа ин кишвар фалаҷ мешуд.

Суду прокурор-ку...э-ҳааа дар дами нафаси миннаташон мурғ дар ҳаво табака мешавад, типа агар намебуданд, олам хароб мешуд.

Муаллимон-ку ошкоро меноланду моро миннат мегузоранд.

Санъаткорон, ҳофизон, сарояндагон, раққосаҳо, шоирон, нависандагон, журналистон онгуна миннат мегузоранд, ки типа онҳо набошанд, фарҳангу миллату давлат капут...

Ман маъзарат мехоҳам, вале дар ҷамъияти мо ҳатто фоҳишаву ҷалабу судхӯру коррупсионерҳо миллату давлатро миннат мегузоранд, ки агар онҳо намебуданд...

Кор то ҷое расидааст, ки дар сӯҳбати дилхоҳ раису вазиру бонкир нишинӣ фикр мекунӣ, ҳамин мардакро андаке ҷумбонӣ сутуни осмон бартараф шуда, тири Чархи Фалак бар фарқи Кӯраи Замин фурӯ мепошад...

Парадокс ин аст, ки ҳамингуна миннатгузориро шахсан ман танҳо дар Тоҷикистон дидаам. Ягон урус, ӯзбек, қазоқ, аврупоӣ, амрикоӣ ҳич гоҳ миннат намегузорад, ки фалону бисмадон корро кардаасту мекунад. Зеро барои ин кор ӯ маош мегирад. Маош, ки гирифтӣ, ту муваззафӣ коратро бо сифати олӣ ва саривақтӣ анҷом бидиҳӣ. Тамом ва салом!

Умуман боре андеша кардаед, ки чаро мо-миллати миннатгузор шудаем? Дилхоҳ нафар, ҳатто ҳамин ту, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, “наход СМ маро дар назар дошта бошад?”, ту дониву Худо, магар барои кору боре, ки маошат медиҳанд, ҷамъият, халқ, давлат, миллат, хонавода, зану кӯдак ва ё ҳаққу ҳамсояатро миннат нагузоридаӣ? Ещё как гузоридаӣ! Ва агар фикр дорӣ, ки нависандаи ин сутури ҳақир, ин корро накардаам, хато мекунӣ. Ман низ борҳо ину онро миннат кардаам, ки фалону бисмадон корро агар ман намекардам ину он адо мешуд. Зеро ман низ бархоста аз ҳамин ҷамъиятам. 

Вале ба фарқ аз бархе ман ин хатоямро дарк ва фош кардам. Монд ислоҳ шудан. Ту ҳам бо ман бош, хонандаи ман, дарк кун, ки миннат гузоридан барои коре, ки маош мегирӣ, савоб мегирӣ, хайр мекунӣ, ҳаргиз бар нафъи кор нест, ки Худои ману ту сареҳатан дар Китобаш гуфтааст:

-Миннат душмани сахост!

Дарк, ки кардӣ, ислоҳ мешавем. Мо метавонем!

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:56

Дуруд ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ман сокини Ҷамоати деҳоти Эсанбойи н.Рӯдакӣ буда, бо тақози кору фаъолият дар деҳоти дурдасти ноҳия зиёд мегардам. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонӣ вусъат гирифта, иншоотҳои гуногун бунёд шудаанд ва инро дида шодии кас меояд. Бо иваз шудани раиси ноҳия мо низ фикр кардем, ки ҳамакнун таваҷҷӯҳ ба ҷамоатҳои дур аз маркази ноҳия меафзояд, вале ин тавр нашуд. Мисли раисони қаблӣ раиси нав низ барои обод намудани маркази ноҳия кӯшиш карда истодаасту ҷамоатҳои дур аз маркази ноҳия ба ҳоли худ мондаанд.

Дур намеравем, бубинед вазъи роҳҳои ҷамоатҳои Эсанбой, Чорряккорон, Қиблаӣ, Зайнабобод, Роҳатӣ, Султонобод, Чортеппа, Чимтеппа ва Сарикиштиро. Роҳҳо вайрону валангор, дастрасӣ ба об нест-мардум обро мехаранд, инфрасохтори дар замони шӯравӣ бунёдшуда ҳоли табоҳ доранд. Он бунгоҳҳои тиббие, ки солҳои охир сохта шудаанд, алакай таъмирталабанд. 

Ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ буда, пойтахти кишварамон-шаҳри Душанберо пурра иҳота кардааст ва айб аст, агар сокинони ноҳияи наздиктарин ба пойтахт обро харанду барои партов ҷой надошта бошанд.

Зулфия Шодиева, н.Рӯдакӣ

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:54

 

Дар замони шӯравӣ ва дур намеравем ҳатто дар солҳои аввалини истиқлолият вақте ба боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия медаромадӣ, ҳатман ҷавонони зиёдеро медидӣ, ки саргарми бозиҳои варзишӣ буданд. Агар дар 1 тарафи боғ гурӯҳе волейбол бозӣ дошт, дар гӯшаи дигар шашкаву шоҳмот мезаданд, ҳоло чӣ? Чӣ насле ба воя расида истодааст, намефаҳмам! Ин насл на салом дораду на эҳтиром на хоҳиши таҳсилу касбомӯзӣ ва на ақлу идроку андеша ва на рағбати варзиш! Бо ин ҷавонон ба куҷо равонаем?

Алии Баҳманруд, хонанда ва мухлиси газетаи мардумӣ, н.Темурмалик

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:43

Сенарияи “рушди бесаводӣ” дар кишвари мо барномаи нонавиштаест, ки имрӯз худ ба худ амалӣ шуда истодааст. Тасаввур кунед. Нафаре, ки 11 сол пушти партаи талабагӣ нишастааст, мехоҳад тез ҷониби кӯчаи орзуҳояш қадам занаду пушти мизи донишҷӯӣ шинад. Маркази миллии тестӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъди соҳиб шудан ба холи гузариш унвони пурифтихори донишҷӯйро медиҳад. Довталаб акнун бо 1001 фикру хаёл ба донишгоҳ меояд. Ӯ умед дорад, ки саводи кофӣ гирифта, мутахассис мешаваду ба халқу кишвараш хизмат мекунад. Аммо ...

Имтиёзи маршировка

Сар аз моҳи январ сенарияи ҷашнгирии иди “Наврӯз” навишта мешаваду мутасаддиён маршировкачии “ихтиёрӣ” мекобанд. Ба онҳое, ки дар хобгоҳ меистанд, “афзалият” дода мешавад. Яъне, онҳо дар рӯйхат садрнишинанд. Ана, баъд барои пур кардани план сар мешавад “мотиватсия”. Тарғиби якум гузоштани 100 бал барои марҳилаи якум ба ин тоифа донишҷӯён. 1 моҳ рақс мекунанду 100 балл мегиранд. Бо қатъият мегӯем, ки донишҷӯи ҳақиқӣ асло ҳаваси маршировкаравӣ надорад. Аммо “донишҷӯ” -и хизматгурезу шавҳарнокун майл дорад, то фаъол бошад дар чунин маъракаҳо.

Давоми чанд моҳ доду фарёд, ҷобаҷогузорӣ, машқ, омодагӣ... 1 чиз гӯям? Барномае, ки шумо аксаран дар рӯи экранҳо мебинед, давоми 3 то 10 рӯз омода мешавад. Бале! Ун чанд моҳи боқимонда бо доду войи коргардону ҷобаҷогузорӣ мегузарад. 1 рӯз аз чап меистиву рӯзи дигар ба рост мегузарӣ, рӯзи дигараш баръакс боз. Ана ҳамин гуна аст сенарияи маршировкаравӣ. Овози чанд режиссёр мегираду ҳуши чанд “раққос” меравад, чанд ҷавон номзад меёбаду чанд нафари дигар соҳиби бахт мешавад (таъбири шиноси 1 муовини вазир) ва ниҳоят барномаи мукаммале рӯи саҳна меояд.

Аз пойтахт ба музофот

Ин ҳолат дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар низ ҷой дорад. Ҳатто дар Мурғобу Муъминобод ҳам. Ин ноҳияҳо, ки коллеҷи тиббиву намедонам боз ким кадом коллеҷҳои дигар доранд, студентонро ба чунин маъракаҳо сафарбар месозанду дар баробари ҳамшира касби нави раққосагиро низ меомӯзандашон. Бадбахтона, чанд соли охир аз ҳисоби нарасидани ин гуна кадрҳо муҳассилини мактабҳои миёна ва ҳатто боғчаву кӯдакистонҳо низ ба ин барномаҳо роҳ ёфтаанд...

Ҳайрони онам, ки қариб ҳама шаҳру ноҳияҳо коллеҷи санъату қасри фарҳанг, театру чанд гуруҳи созию ансамблҳои рақсӣ ва кружокҳои ҳаваскорон доранд, аммо тир боз ҳам рафта ба донишҷӯ мерасад, ки ҳатман бояд дар қатори дигар фарҳангиён ба маршировка равад. Зеро маҳз ба ӯ МАРШ мегӯянд.

Акнун интизор мешавем, ки бо дубора сар халонидани Ковидбой ба кишвар шояд ин маъракаи “муҳим” -и сиёсиву фарҳангӣ манъ шаваду донишҷӯёни бечора, ки тӯли 9 моҳ аз азоби лексиянависӣ хаста шудаанд ақаллан ягон моҳак нафаси тоза кашида, истироҳат мекунанд, ё ба қишлоқ рафта, ба корҳои хоҷагидории оила кӯмак мекунанд. Ку, бинем хулоса чӣ мешавад?...

Мирсаид Сатториён, 

рӯзноманигор

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:38

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:24

 

Панҷшанбе, 15 Июл 2021 15:17

 

Вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати расмии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Cанаи 01.07.2021 вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Субхренду Чатарҷӣ баргузор гардид.

   Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла арзёбии лоиҳаи «Тақвияти бахшҳои молиявӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) амалӣ мегардад, ҳолати кунунӣ ва стратегияи афзалиятнокии Амонатбонк, сарчашмаҳои даромад, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, механизмҳои танзими бонкӣ ва баҳогузории идоракунии корпоративиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Ҳангоми мулоқот қайд карда шуд, ки айни замон ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад ва Амонатбонк ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.

 Иштироки занону бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо”

    Санаи 30.06.2021 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид. Дар Фестивали мазкур вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт бо намоиш додани либосҳои хуштарҳу рангоранг иштирок намуданд. 

 

 Занону бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” низ бо муаррифии либоси касбии хеш дар фестивали мазкур фаъолона ширкат намуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

     Моҳияти баргузории Фестивали "Ҷилваи рангҳо" тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон мебошад.

  Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ  “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ

     Санаи 19.06.2021 бо иштироки Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

   Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар оғози ҷаласа суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти филиалҳо ва МХБ-ҳои ВМКБ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Роҳбарияти Бонк дар ҳар як вохурии хеш бо кормандони филиалҳо ва МХБ-ҳо пайваста таъкид мекунанд, ки фарҳанги волои одобу муошират қатъиян бояд риоя карда шуда, сатҳи баланди хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби кулли кормандон ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки доир ба рушд бахшидани низоми ғайринақдии пардохт дар мамлакат, пайваст намудани корти ҳар як мизоҷи Амонатбонк ба смс паёмак ва ба барномаи мобилии “Амонат-мобайл” корҳо вусъат дода шаванд.

    Яке аз воситаи хуби назорати амалиётҳои кортӣ аз ҷониби худи дорандагони корт ин пайваст гардидани мизоҷон ба СМС паёмак мебошад. Аз ин рӯ барои бархӯрдор будани мизоҷони Бонк алалхусус нафақахӯрон аз ин хизматрасонӣ кормандони Бонкро мебояд вобаста ба ин масъала таваҷҷуҳи худро равона намоянд. Ҳамзамон оиди тарзи дурусти истифодабарии барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва анҷом додани амалиётҳои гуногун тавассути он ҳар як мизоҷи Бонк бояд бархӯрдор бошад.

    Дар ҷаласа сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек низ баромад намуда оиди натиҷаи фаъолияти 5 моҳаи филалиҳо ва МХБ-ҳи ВМКБ ҳисобот доданд. Қайд гардид, ки ба ҳолати имрӯза 9 филиал ва 40 адад марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” ба мардуми ВМКБ хизматрасонии босифат ва зарурии бонкиро пешниҳод менамоянд.

    Ҳамзамон тамоми марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо таҷҳизотҳои техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд аз ҷумла компютер ва пост терминалҳо. Дар филилҳо ва МХБ-ҳои ВМКБ ҳамарӯза ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ расонида мешавад. Аз қабили интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ, амалиётҳои хазинавӣ, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

    Дар охири ҷаласа маркази хизматрасонии бонкии №594-и филиали №67-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ш.Хоруғ, маркази хизматрасонии бонкии №596-и филиали №68-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар н.Дарвоз ва маркази хизматрасонии бонкии №621-и филиали №73-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар н.Роштқалъа барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонтабонк” бо Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Мехоҳед маблағҳоятонро дар Бонк пасандоз гузоред ва аз он фоизи хуб гирифта бошед?

Пас аз хизматрасонии “Пасандози мӯҳлатнок”-и “Амонатбонк” истифода баред!

 Маблағи ҳадди аққал барои кушодани “Пасандози муҳлатнок” аз 500 сомонӣ ба муҳлати аз 3 то 36 моҳ!

Фоизи солона: 11 % (асъори миллӣ)

 Маълумоти бештар: 1885, (44) 600 90 29

саҳ 5 аз 9

Китобҳо

Flag Counter