ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 18 Март 2022 09:30

Сайидо Назаров, журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ меҳмони редаксия шуда, афзуд, ки вақте мо 38 нафар мактаби миёнаро хатм кардем, аз байнамон ҳамагӣ 4 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданду халос.

   - Донишгоҳу донишкадаҳо дар солҳои шуравӣ камчин буданду дохил шудан ба мактабҳои олӣ осон набуд. Дар гузашта омӯзгорони донишгоҳҳо ба донишҷуён пеш аз хатм кардан тамому роҳу равишҳои касби интихоб кардаашонро меомӯзонданд, ҳоло бошад не. Вақте донишҷуён донишгоҳро хатм мекарданд аз  Маскав барои донишҷуёни мо дархост меомад, ки лутфан кадрҳои омода кардаатонро ба Россия равон кунед, мо ба онҳо ниёз дорем. Ҳоло, ки навбат ба черезу “тағо” давондан расидааст, агар русҳоро хоҳиш кунӣ ҳам, ҷавононро ба кор қабул намекунанд...

Ҷумъа, 18 Март 2022 09:21

 

  «Дар ташаккули давлати тоҷикон ва пойтахти он Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншо Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Яҳё Афзалӣ ва садҳо роҳбарони хурду калони давлативу сиёсӣ саҳми арзанда гирифтаанд…».

Эмомалӣ РАҲМОН

 

ХИРАДИ САРВАР

Шонздаҳ сол қабл, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Ваҳдати миллӣ, хурсандӣ болои хурсандӣ омад. Интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 - уми июни соли 2006 дар бораи ба унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ намудани хидматҳои арзандаи фарзандони номвари тоҷик Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур ба сокинони мамлакат шодмонӣ фузуд. Аз ин муждаи дилнишин - амали наку ва саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо низ хушнуд гаштем.

Маҳз дар ҳамовозии ин падидаи фараҳфизо, моҳи июли ҳамон сол, дар рӯзномаи «Минбари халқ» назарпурсие таҳти унвони «Қаҳрамони оянда кист?» ба табъ расид, ки дар он матлаб фикри Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Муъмин Қаноатро мутолиа намудем:

«… Абдуқодир Муҳиддинов барои мардуми як маҳал ё як шаҳр не, балки барои ваҳдат ва эҳёи тамоми мардуми форсизабон талош мекард. Месазад, ки номи ӯ дар радифи Қаҳрамонони миллати тоҷик ҷойгир шавад».

 

МУБОРИЗ

Аксар огаҳӣ доранд, ки солҳои 20 - уми асри ХХ, ҳангоми тақсимбандии марзу бум, миёни халқҳои Осиёи Марказӣ пантуркизм барои миллати тоҷик хатари сангинеро ба бор овард. Дар чунин шароити хавфноку нобасомон мубориза бурдан бар зидди ғояҳои шовинистии пантуркизм таҳдиди хатари маргро мемонд…

Аммо, алорағми он ҳама иддае аз фарзандони ғаюру матиниродаи тоҷик бо душманон дар набард шуданд.

Ҷумъа, 18 Март 2022 09:13

 

 

13.03.1917. Дар Петроград аввалин шумораи «Ахбороти Шӯрои Петроград” (“Известия Петроградского совета”) аз чоп баромад. Баъдан нашрия ба рӯзномаи «Известия» тағйири ном кард ва яке аз пурнуфузтарин рӯзномаҳо дар собиқ СССР шуд, ки ҳоло низ дар Русия бо ҳамин ном интишор меёбад.

13.03.1938. Дар макотиби Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ҳатмии забони русӣ ба ҳайси як фанни алоҳида ҷорӣ карда шуд.

13.03.1964. Дар СССР бо Қарори Шӯрои Олӣ Вазорати Бехатарии Давлатӣ ба Кумитаи Бехатарии Давлатӣ тағйири ном кард. Ин Кумита зери тобеъияти Шӯрои Вазирон қарор гирифта буд.

14.03.1917.Шӯрои вакилони Петроград (Петросовет) бо фармони №1-и худ тартиботи демократиро дар Артиши рус ҷорӣ намуд.

14.05.1990. Аввалин интихоботи президентӣ дар СССР. Дар интихобот М.Горбачёв котиби аввали ҲК пирӯз шуда, барои 5 сол президенти СССР интихоб карда шуд.

14.05.1991. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ расман ба қайд гирифта шуданд.

15.03.1933. Адолф Гитлер Олмонро Рейхи 3-ум эълон карда, дар империяи нав тамоми матбуоти чапгаро ва хӯроки кошерӣ (хӯроке, ки аз маҳсулоти хӯрокии яҳудиҳо ва тибқи аҳкоми Таврот омода мешуд) манъ карда шуданд.

15.03.1946. Дар СССР Шӯрои Комиссарони Халқӣ ба Шӯрои Вазирон тағйири ном карда, тамоми комиссариатҳои халқӣ ба вазорат табдил дода шуданд.

16.03.1917. Князи бузург Михаил Александрович (бародари Николайи 2) аз тахту тоҷи Русия ба фоидаи Маҷлиси Муассисон даст кашид. Бо ин кор даврони 300-солаи ҳукуматдории сулолаи Романовҳо дар ин кишвар хотима ёфт.

16.03.1937.Дар НКВД СССР шӯъбаи мубориза ба зидди дуздии моликияти сотсиалистӣ (ОБХСС-Отдел по борьбе с хищениями социалистической собственности) ифтитоҳ ёфт. Ин Шӯъба алайҳи ҷиноёти ҷанбаи иқтисодӣ дошта мубориза мебурд.

17.03.1991. Дар СССР раъйпурсии мардумӣ (референдум) доир шуд. Дар раъйпурсӣ аксарияти мардум барои бақои СССР овоз доданд. Дар баробари ин, дар раъйпурсии РСФСР бошад, 70% овоздиҳандагон барои роҳандозии мансаби президенти РСФСР овоз доданд.

Ҷумъа, 18 Март 2022 09:04

 

Ҷумъа, 18 Март 2022 08:37

Ҷумъа, 18 Март 2022 08:09

Ҷумъа, 18 Март 2022 07:58

Ҷумъа, 18 Март 2022 07:55

саҳ 5 аз 10

Китобҳо

Flag Counter