ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Март 2022 08:47

 

 Гулямон Алиёрова,  рӯзноманигори собиқадор, сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меҳмони газетаи СССР шуда, гуфт, ки ғояи СССР маънояш файзу баракат, рамзи дӯстию рафоқат аст.

   - Номи ин газета барои мардум рӯҳбаландӣ бахшида, одамонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад. Сармақолаҳои сармуҳарриратонро зиёд мехонам, ҳамчун хонандаи доимии газета ба  журналисти қаламбадаст Сайёфи Мизроб гуфтанӣ ҳастам, ки  Шумо Метавонед! Аввалин маротиба вақте, ки рӯзномаи СССР баромад,  аз зинда шудани номи СССР зиёд хурсанд шудам. Зеро давраҳои СССР бо дустию сулҳу рафоқати худ давлатҳоро бо ҳам иттифоқ карда мардум осудаву ором ҳаёт ба сар мебурданд. Халқ бо 1 шиору бо 1 мақсад зиндагӣ мекарданд. Танқиду ҳақиқатнигорӣ 1 доруе ҳаст, ки ҷомеаро таҳрир мекунад, роҳи нек нишон медиҳад.

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:43

 


Надежда
Крупская (Улянова) Надежда Констатиновна 26.2.1869 дар Петербург ба дунё омадааст. Иштирокчии ҳаракати револютсионӣ, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, яке ташкилотчиёни системаи маорифи халқи советӣ, доктори илми педагогӣ (1936), аъзои фахрии Академияи Илмҳои СССР (аз 1931). Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1898.
Аз оилаи офитсер. Ҳангоми хонданаш дар Курсҳои олии занонаи Петербург соли 1890 ба кружоки марксистии донишҷӯён шомил гардид. Солҳои 1891 – 1896 ба ҳайси муаллимаи мактаб фаъолият намудааст.
 
Надежда + Владимир
Соли 1894 Надежда бо Владимир Илйич Ленин бори нахустин дидор диданд. Соли 1895 дар ташкил ва кори «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар» - и Петербург иштирок намуд. Соли 1896 ҳабс шуда, соли 1898 ӯро ба муддати 3 сол ба Уфа бадарға карданӣ шуданд, вале ӯ хоҳиш кард, ки вайро на ба Уфа, балки ба деҳаи Шушенское, губернияи Енисей бадарға кунанд, зеро В. И. Ленин ҳам дар ҳамон ҷо дар бадарға буд. Дар ҳамон ҷо Надежда Константиновна ҳамсари доҳии ояндаи пролетариати ҷаҳон Влдаимир Илйич Ленин гардид.
Баъди озод шудан дар Мюнхен котиби редаксияи газетаи «Искра», 1904 котиби газетаи «Вперёд» («Ба пеш») ва соли 1905 котиби Бюрои хориҷии КМ РСДРП буд.
 
Бозгашт ба Россия
Моҳи ноябри соли 1905 Крупская ҳамроҳи В. И. Ленин ба Россия баргашт. Котиби КМ партия аввал дар Петербург, баъд (аз охири соли 1906) дар Куоккала (Финляндия) буд. Охири соли 1907 ҳамроҳи В. И. Ленин ба Женева рафта, дар газетаи «Пролетарий» ва пас дар газетаи «Сотсиал – демократ» ба ҳайси котиб фаъолият дошт.  Соли 1911 муаллимаи мактаби партиявӣ дар Лонжюмо. Аз соли 1912 ба робитаи В. И. Ленин бо «Правда» ва фраксияи болшевикӣ дар Думаи 4-уми давлатии Россия кӯмак расонд.

Солҳои 1913 - 1914 дар ташкили маҷаллаи болшевикии «Работнитса» ширкат варзид. Иштирокчии конференсияҳои партиявӣ, аз ҷумла конференсияи 6-уми (Прагагӣ) ва 7 - уми (Апрелии) партия.

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:40

 

7. 03.1930. Дар СССР Қарор дар бораи умумигардонии замин, ҳайвоноти хонагӣ ва асбобу анҷоми колхозчиён ба тасвиб расид.

7.03.1935. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Ҳизби Коммунист ҳамаи асарҳои Лев Тротский, Григорий Зиновев ва Лев Каменев аз китобхонаҳо бардошта шуданд.

7.03.1936. Артиши Фюрери олмонӣ ба вилояти Рур ворид шуданд. Ин вилоят, ки дар сарҳади Олмону Фаронса қарор дошт, тибқи Созишномаи сулҳи Версал ба ҳайати Фаронса даромад. Фюрер бо ворид шуданаш ба Рур сулҳи Версалро вайрон кард ва аввалин хиштро дар зербинои ҷанги нав гузошт.

7.03.1954.Хоккейбозони шӯравӣ бори нахуст мақоми чемпиони ҷаҳонро касб карданд. Дар бозии ниҳоӣ хоккейбозон бо хоккейбозони Канада қувва озмуда, бо ҳисоби 7:2 мунтахаби Канадаро шикаст доданд.

7.03.1967. Дар СССР ҳафтаи кории 5-рӯза бо 2 рӯзи истироҳат ҷорӣ карда шуд.

8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ, ки дар Копенгагени Донморк мустақар буд, рӯзи 8 март Рӯзи Байналмилалии Занон эълон гардид.

8.03.1921.Дар Маскав Анҷумани Х-уми ВКП (б) доир гардид. Дар ин Анҷуман қарор дода шуд, дар СССР Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) роҳандозӣ гардад.

8.03.1950.СССР эълон намуд, ки дорои силоҳи атомӣ мебошад.

9.03.1940.Сарбозони финнӣ дар рафти ҷанги шӯравию финн, ки дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст, бори аввал, бо тонкҳои шӯравӣ шишаҳои дорои моеъи оташангезро истифода намуданд. Ин шишаҳо баъдан бо «коктейли Молотов» маъруф гардиданд ва аскарони шӯрави низ дар ҷанг бо Олмон аз ин шишаҳо васеъ истифода мебурданд.

9.03.1953. Дар Маскав маросими дафни Иосиф Сталин баргузор шуд. Рӯзи маросим дар пойтахт анбӯҳи зиёди мардум ҷамъ гардид ва анбӯҳи мардум ба ҳамдигар фишор овард. Дар натиҷа зиёда аз сад нафар дар фишордиҳиҳо ба ҳалокат расиданд.

10.03.1939. Оғози Анҷумани XVIII-и ВКП(б). Ин Анҷуман бо он маъруф гардид, ки дар он ғалабаи сотсиализм дар СССР эълон карда шуд.

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:37

 

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:34

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:31

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:27

Салом ба СССР-чиён гиромӣ! Дар маркази шаҳри Бохтар воқеъ дар меҳмонхонаи шаҳр бо номи маъруф «Меҳмонхонаи Қурғонтеппа» чанд нафар кару гунг солҳои тӯлонӣ мешавад, ки дар ин мавзеъ ба иҳотаи худ наврасону донишҷуёнро ҷалб карда, ба қимор машғуланд ва касе парвои ингуна бетартибиро надорад, алалхусус кормандони мақомоти қудратии шаҳр. Ҳангоме, ҷавон, ки ба қимор дил баст, метавонад даст ба ҷиноят занад!

Б.Саломзода,

ш.Бохтар,

Тел: 555532078

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:25

Ҳоло дар бораи лимити барқ бисёр менависанду мегӯянд. Баъзеҳо ҷангу ҷанҷолро мебардоранд, асабҳояшонро хароб мекунанд. Қисме ҳатто барои будани қувваи барқ асабҳояшон хароб мешавад. Масалан, ман вақте қувваи барқ хомӯш намешавад, ҳамеша худ ба худ мегӯям, ки барои чӣ имрӯз қувваи барқро хомӯш накарданд? Чӣ гап шуда бошад? Ягон ҳодиса рӯй дода бошад?

Ҳамеша ҳушу ёдам ба қувваи барқ аст. Ҳатто баъзе вақт бо аъзои оила ҷанҷол мекунам, ки барои чӣ имрӯз қувваи барқро хомӯш накарданд? Хулоса, дигар қувваи барқ бошад ҳам  асабҳо хароб аст, набошад ҳам. Ана ҳамин хел, оҳиста-оҳиста зиндагӣ ба поён мерасад, вале мо хабар надорем!

Ғуломалӣ Асоев,

ноҳияи Файзобод

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter