ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Март 2022 08:51

Ростӣ, маро бубахшанд, украиниҳо, вале ҳамин Зеленский, ки лухтакчаи дасти хориҷиён аст, аслан зебу зиннати президентӣ на-до-рад!!!

Ҳоло душманони мо мегӯянд, СССР тарафгири ҷанг аст. На! Ҷанг бе тарафгириву бо тарафгирии мо давом дорад ва хоҳад ёфт. Маскав хашм гирифтааст. Ва сабаби ин хашм чисту кист, дар НАТО ҳам нек медонанду дар Иттиҳоди Аврупо низ. Мо мисли рафиқоне нестем, ки дар даст паспорти ФР доранду барои худнамоӣ пеши грантдиҳандагон бо футболкаву тарсиму эмблемаи Украина дар интернет худнамоӣ мекунанд. Яъне ин дуг…бубахшед дупогонаҳо дар сар фикри Грин-Карти Амрико низ доранд. Ба 1 ҳарф, нафаре ватани худро фурӯхта, паспорти Россия гирифтааст, метавонад ба Маскав содиқ бошад? Ин суол ба консулгарии ФР ва шахсан ба сафири ФР дар ҶТ рафиқ Лякин-Фролов аст. Игор Семёнович! Ҳич андеша мекунед, ки ба киҳо паспорти ФР додаед? 1 бор ба сайтҳои иҷтимоӣ назар дӯзед ва бинед, ки кадоме аз «недо-таджико-недо-россиянин»-кардаатон, тарафдори киву чистанд?!...

Вале бало сари инҳо. Баргардем сари Зеленский.

О, ту, рафиқ президент Падари миллатат ҳастӣ ва вақте халқатро бомбаборон мекунанд, гуфтаи бобои Ғулом «дар бункери гитлерӣ номаъқул мекунӣ?!». Лидер, пешво, раҳбар, садри миллат ин хел тарсу намешавад. Берун баро! «Бомбаубежище» надаро. Бигзор бомба сарат резад. О, ту аз 1 укроинӣ чӣ бартарият дорӣ, ки мегӯӣ, русҳо укроиниҳоро кушта истодаанду худат бо 1 футболкаи ифлос 10 рӯз шуд, дар такзамине пинҳон нишастаӣ, то захмӣ нашавӣ?

Маро укроиниҳо бубахшанд, вале Зеленский шоху думи зиёдатӣ надорад, ки худ пинҳон шаваду мардумаш зери тир қарор гирад. Дар кадом ҷангу хархаша чунин рухдоде иттифоқ уфтодааст?

А-ҳаааа…. Дар Афғонистон! Вале Ашраф Ғании бемаънӣ, ки дар ҳаққаш Нуралии мо гуфта:

Лаънати дунё бар он оби манӣ,

Рехт бар раҳмеву шуд Ашраф Ғанӣ!!!

…ҳатто ӯ ба бункер надаромад. Мардона, зери шиори «қочмаган номард!» халтаи доллари амрикоиҳоро вардошта, аз думашон, думро хода кард.

           

Бо акси Путин дар Кремл ва Зеленский дар Бункер ва Бен Ладен дар Бункер!

 

Путин бункер надорад?

Дорад! Вале аз кабинеташ дар Кремл сӯҳбат мекунад. Ҳол он ки душманонаш бештар аз Зеленскиянд.

Бори дигар маъзарат аз миллати укроин, ки хеле иззаташон мегузорам, аммо «Изҳороти президентии Зеленский» шахсан ба назари ман ҳамон изҳоротҳои Тара-Бораи «бункерии Усома бен Ладен»-ро ба хотир меоранд.

Ун мардакро-ку тамомии НАТО меҷуст, то маҳв созад ва маҷбур буд аз бункер гап занад. Вале Зеленскийро то ҷое ман медонам, баракс, тамомии НАТО, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳифз мекунад. Пас ин мардакро чӣ бало задааст, ки аз бункераш намебарояд?

Савганд ба номи Худо, фарқи изҳороти бункерии Зеленский ва Ладен танҳо ҳамин аст, ки дар пушти дуввумӣ 1 автомати Калашников меистоду ахирӣ басо «уверенно» ва ҷасурона оламиёнро таҳдид мекард. Инаш хеле тарсуёна кӯмак мепурсад, ки ӯро наҷот диҳанд…

           

Бо акси Гитлер дар Бункер, Сталин дар Кремл!

 

Бункерҳои таърихӣ

Бункери охирине, ки оламиён ёд доранд, ин бункери Гитлер буд. Гитлер марди нотарс набуд, мардум. Нафаре, ки ҷаҳонро сари зону шинонида буд, метавонист тарсу бошад? Гитлер ҳатто бо Бобои Ғулом ҷангид (ҷасоратро бинед!). Вале чун дар апрели соли 1945 сарзаминаш ба хок яксон ва аз 6 ҷиҳат муҳосира шуд, кишварро тарк накард, маҷбур ба бункер даромад. Мардаквор заҳр хӯрду мурд, аммо кишварашро тарк накард!!! Зеро Гитлер ҳам буд, лидер буд, мард буд…

Ҳоло овозаҳост, ки Зеленский дар Киев нест! Мегӯяд ҳастам! Бовар дорем, ки ҳастӣ. Вале агар бошӣ, ақаллан ҳини танаффуси ҷангӣ, 1 боракак берун давида барову ҳамту 2-3 селфӣ карда, боз ба бункерат даро?!

            Депутати Верховни Радаи Украин аз фраксияи «Оппозиционная платформа — За жизнь» (ОПЗЖ) Иля Кива ба модараш қасам хӯрдааст, ки Зеленский Полша гурехтааст.

Зеленский савганд хӯрдааст, ки дар Киев аст, вале дар бункер.

Стоп! О, президентҳо даст рӯи Сарқонун савганд мехӯранд, ки ҷони худро қурбони миллату давлаташон мекунанд. Пас, чаро ӯ дар кабинеташ нест? Вақте президент дар кабинеташ нест, куҷо бовари мардум бар ҳукумат мемонад?

 

Бо акси Лукашенко бо автомат, Аскар Акаев, Уго Чаве ва Мадура, Косимжоматр Токаев!

 

Кабинети президент муқаддас аст!!!

Агар хонанда фаромӯш кардааст, ман ёд дорам, ки дар солҳои аввали ҷанги гражданӣ, аз ҳама ҷои хатарнок кабинети президенти ҶТ буд. Вале ман ёд надорам, ки ақаллан ӯ 1 соат аз кабинеташ фирор карда бошад! Баракс, ҳатто дар ҳамин кабинет хоб мерафт!!!

Магар ҷон барои ӯ азиз набуд? Буд! Вале лидери миллат бояд ҷони миллаташро азиз шуморад, на аз худро! Эмомалӣ Раҳмон ҳатто 1 бор ба ягон бункер нафаромад ва миллаташро наҷот бахшид!!!

Дар соли 1941 ҳамагӣ 18 км то Маскав монда буду аз Сталин хостанд мисли Кутузов Маскавро бар душман монда, ақибнишинӣ кунад. Сталин ҳатто ба бункери таки Кремл НАФАРОМАД! Ва ҷангро бурд!

Тобистони соли 2020 Белорусия ба коми бало печид. Садҳо ҳазор нафар табаддулотгар Минскро зеру забар карданд ва Лукашенко чӣ кор кард? Оре, аккурат, автомати Калашниковро ба даст гирифта, 1 бор ба мардум худро нишон дод ва Белорус тинҷу ором шуд.

Дар Қирғизистони ҳамсоя 4 президенташ аз тарси мардуми ба шӯр омада, тарки кабинет карданд ва дар ин кишвар 5 револютсия шуду вазъ ҳамоно печида боқӣ мондааст!

Соли 2013, Венесуэла баъди фавти Уго Чавеси номӣ, фикр кардем, адо, капут, тамом шуд. Вале мерсобари ҳизбияш, Николас Мадуро, таҳти ҳамон шиорҳои қаблӣ сари по шуд, ҳатто вақте ба ҷонаш террор карданд, аз сари минбар ба бункер нафаромад ва пирӯз гардид.

Дур намеравем. Дар Қазоқистони дирӯза чӣ шуду чӣ гузашт? Миллионҳо нафар дар тамомии шаҳру қишлоқ ба кӯча рехта, вандализму вакханалия ҳукмрон  шуд. Ҳама ҳукумат фирор кард, илло Қосим-Жомарт Тоқаев, ки гуфт «Ғарб номаъқул кардааст, ки бо ин тӯда бояд гуфтушунуфт кард» ва аз қудрат кор гирифт. Аз кабинеташ ба бункер нафаромад ва фирӯз ба дар омад!

 

Хотима барои андеша

…Зеленский ҳатто 1 бор унтарафтари худро, дар ҳамин бункераш ҳам  нишон намедиҳад, ки бинем, он ҷо чанд журналист, хабарнигор ва умуман ЯГОН одами дигар ҳаст ё на?

Ва фикр доред, ана ҳамин одам, ҳамин президент, ҳамин сарвар бо кӯмаки НАТО ватанашро наҷот мебахшад? Ман маъзарат мехоҳам, пеши тамоми халқи олам, вале чунин одами тарсуро ҳатто Худо наҷот дода наметавонад!!!

Бори дигар мегӯям, ин матлаб дидгоҳи хоси ман аст, на мавқеи газет, на кормандон ва тем более на аз ҳукумат. Ба фарқ аз олами имрӯза, ки ба рӯи дигарандешӣ туф кардааст, дар мо, шукри Худо, он, яъне дигарандешӣ ҳаст ва Зеленский пайғамбару расули ман нест. Ӯ 1 президенти неудачник асту бас, ки чанд журналисти грантхӯраки тоҷик низ ҳоло дар аватаркаҳои хеш аз ӯ Худову расул тарошида истодаанду ҳамду санош мефиристанд.

Боз мегӯям, ҳаргиз тарафдори ҷанг на будам, на ҳастам. Хеле беандеша мебояд буд, ки чунин андешаро тарафгир бошӣ. Вале аз барои Худо, бо чунин президенти беирода, тарсу, бункернишин…магар метавон пирӯз шуд?

Суоли риторикист, барои укроиниҳо. Мо Метавонем!

 

Бо акси сафири Россия ва Украина дар Точикисттон!

 

PS: Ҳушдор бар неотарҷумонҳои сафорати Россия ва Украина! Аввалтар аз ҳама айб аст, ки сафири Россия ё Украина ё Америка ё дилхоҳ сафири давлати дигари муқими Тоҷикиситон, забони тоҷикӣ, давлатиро надонад. 2 ин ки тарҷумонҳо худ забони давлатиро хуб балад нестанд. 3 ин ки онҳо шумо-муҳтарам сафиронро гӯл мезананд ва он матлаберо тарҷума мекунанд, ки худ мехоҳанд шумо «шунавед». 4 ва аз ҳама охир: Агар 1 бори дигар тарҷумонҳои сафорати ФР, Арабистони Саъудӣ, Украина, Иттиҳоди Аврупо ва дилхоҳ сафоратхонаи дигар мақолаҳои газетаи мардумии СССР-ро таҳриф карда, духӯра намуда, бар нафъи худ тарҷума мекунанд, мо тарҷумонҳоро ба суд медиҳем. Шумо медонед, ки ман, Сайёфи Мизроб, сардабири СССР, чиро ва киро дар назар дорам! Ман ҳаргиз аз гуфтаву аз навиштаи худ даст намекашам ва ҳамеша позитсияи шаҳрвандии худро ҳифз мекунам. Эҳтиёт ними ҳаёт.

Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 09 Март 2022 10:17

 

 

Чоршанбе, 09 Март 2022 09:23

Чоршанбе, 09 Март 2022 09:20

Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод теъдоди дорухонаҳо, мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворию либоса зиёд шудаанд. Аз байни деҳа шоҳроҳ мегузарад. То солҳои пешин майдони ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт васеъ буду ронандагон бе мамоният мошинҳояшонро дар ин майдон дар хатсайр ҷойгир мекарданд. Бо навбат ба самтҳои шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Файзободу шаҳраки Обигарм ба сафар мебаромаданд.

Имрӯз бошад воситаҳои зиёди нақлиёт ҷамъ омада, ба убури пиёдагардон халал ворид мекунанд. Дар маркази деҳа бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, ки он ҷо якшанбебозор барпо мегардад ва аз тамоми гӯшаю канори кишварамон тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро вориди бозор мекунанд. Барои назорату танзим, нозирони хадамоти танзим ва назорати Вазорати нақлиёт ба роҳҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шудаанд, вале аз чӣ сабаб бошад дар самти танзим, нозирони воситаҳои нақлиёт танзими роҳкироро назорат намекунанд? Оё БДА-и ноҳияи Файзобод пробкаи ҷойдоштаи маркази деҳаи Мискинободро намедида бошад?

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод

Чоршанбе, 09 Март 2022 09:17

Чоршанбе, 09 Март 2022 09:13

 

Чоршанбе, 09 Март 2022 09:01

Чоршанбе, 09 Март 2022 08:51

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter