ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Март 2022 08:21

Хроникаи 1 ҷанг…

-22.02.2022. Президенти Россия, ВВП 2 республикаи худхондаро ба расмият шинохт.

-23.02.2022. Россия «амалиёти вежаи ҳарбиро» дар Украина шуруъ кард. Аврупо ба ҷанги навин кашида шуд…

Ҷонибдору зидд дар ин ҷанг хеле зиёданд. Миёни Тоҷикон низ сару садоҳо то дашному таҳқир мерасад. Албатта дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ин ҷо ҳар кас худ шеру худ шоҳу худ вазир аст. Вале биёед назари мунсифона ва бидуни тарафгирӣ аз қаноти ҷангие кунем.

 

Чаро ҷанги 2 кишвари ҳамхуну ҳамтабор шуруъ шуд?

Вилоёти Донетск ва Луганск, 8 сол пеш, баъди зуҳури Майдан (инқилобҳои таҳмилӣ) худро аз Киеви расмӣ ҷудо карданд. 8 сол ҷанг мерафт, вале ҷамоаи ҷаҳонӣ хамӯш буд. Тавре ахиран Путин изҳор кард, «Ин моҷаро наметавонист 1 умр давом кунад!».

 14 сол пеш, бо сари кор омадани Шоҳи Шоколадин-Порошенко кор расво шуд ва ҷудохоҳон зери фишор қарор гирифтанд. Зеленский, агар касе фаромӯш кардааст, бо ин иддао рӯи кор омад, ки ҷангро дар Донбасу Луганск хатм мекунад. Порошенко Януковичро пеш карду Зеленский Шоҳколадбаччаро. Аввалин коре, ки артисти комик кард, майдони ҷанг рафт, вале чӣ шуду чӣ монд, ки ҷанг на танҳо бас нашуд, ки авҷ гирифт. Зеленский ҳатто ба 1 ҷангӣ, дар навори нахустинаш  мегуфт, «Я Президент Украины! Я чё те лох? Сложи оружие». Вале баъдан бархӯрди Зеленский дигар шуд. Тамоман дигар!

           

Чаро чунин шуд?

Косаи сабри Кремл вақте лабрез гардид, ки Зеленский иддао намуд, «силоҳи атомӣ месозад!». Шояд шӯхӣ кард? Вале сарварони давлат набояд шӯх-комик  бошанд.

            Баъди ин даъво Кремл Донетску Луганскро ба расмият шинохт ва чун ишон ҳамчун давлатҳои шинохташуда, ки дигар расман дӯсти Маскав гашта буданд, кӯмаки низомӣ хостанд, Армияашро ба ин кишвар даровард.

Хроникаи ҷанг тамоман зидду нақиз аст. Агар расонаҳои Россияро гӯш кунӣ- Киев капут шуд! Вале хабаргузориҳои хориҷи дуру наздик тамоман дигар чӣ мегӯянд. Маскалитҳо капут!

Ҷанг бадбахтист. Ва бо худ марг меорад. Аз Аврупову Амрико нишаста, ҷангро маҳкум кардан дигар асту дар ин ҷанг қурбонӣ шудани садҳо ҳазор укроиниву рус тамоман чизи дигар.

100.000 рус дар рӯзи аввали ҷанг фирор карданд. Дар рӯзи 3-и ҷанг ҳудуди 400.000 укроинӣ аз ватан рахт баст. Дар 3 рӯз ним миллион сокини осоишта бадбахт шуд. Аврупо ҳатто марзҳои худро бар рӯи укроиниҳо баст! Гап байни худамон, мафияи русӣ, ки дар Аврупо метарсанд, аксарияташ бархоста аз хохолу қафқозиянд. Ва боз ҳам гап байни худамон-мо, тоҷиконро низ дар Аврупо раша, яъне урус мегӯянд ва метарсанд. Ин ҳамту-инфо барои андеша!

 

Тарафгирони Россия чӣ мегӯянд?

Онҳо даъво пеш меоранд, айби НАТО шуд, ки хост доманаи ин паймонашро то марзҳои Россия наздик оварад. Ва дуруст ҳам мегӯянд! Зеро тибқи аҳдномаи ҳанӯз бо Горбачёви бехирад басташуда, ин паймони ҷангӣ бояд ба Аврупои Шарқӣ, кишварҳои узви «Шартномаи Варшава» намедаромад. Даромад! Ва ин дарди ба хайре мешуд, агар НАТО то таки фуки Маскав намеомаду Киевро узви НАТО кардан намехост. Ҳоло ақлҳои солиме низ дар Аврупо иддао доранд, ки НАТО Россияро ба ин набард таҳрик дод. Каманд. Вале ҳастанд!

Пурсида мешавад, мегӯянд онҳо, агар НАТО на ғарази Маскав дорад, пас куҷо медарояд? То-та!

 

Тарафгирони Украина…

Аз байни Тоҷикон каманд, вале тамоми ҳаммеҳанони худро, бе ақлу ғуломбашара мепиндоранду менависанд, ки Киеви расмӣ 1 давлати аврупоист ва худ тақдири худро бо дасти хеш бояд бинвисад. Дуруст ҳам мегӯянд. Вале шеваи бархӯрд хеле аҷиб менамояд. Бори дигар мегӯем, агар Вашингтон мегуфт, Украинаро ҳампаймони НАТО намебинад, кор то ҷанг намекашид. Вале нагуфт. Ҳоло Иттиҳоди Аврупо (ИА) хатои усулӣ мекунад, ки мехоҳад Украина оҷилан узви ИА шавад. Яъне бо 2 ҳарф-Россия минбаъд бо ИА ҷанг мекунад? То-та!

 

Трамп…лин

Ана дар ҳамин маврид Доналд Трамп, президенти қаблии Амрико, ки ба компанияи нави интихоботӣ сар кардааст, трибунаашро трамплин сӯи қудрат карда, ба Ҷо Байден нишон дод, ки «харчангҳо дар куҷо замистонгузаронӣ доранд!». Ӯ гуфт, демократхоҳон ҳамагӣ дар ним сол Афғонистонро валангор кардаву Украинаро ба коми ҷанг кашиданд. Рост нагуфт мӣ? Ещё как рост гуфт!

Профессор Ҷумъахон Алимӣ, ки сиёсатшиноси хубест, баъди интихоб шудани Байден дар саҳифаи ФБ-яш навишт, ки «демократхоҳон сахт мазҳабиянд ва ҳамакнун зидди православҳо ҳуҷум мекунанд!».

Воқеан ҳам дар олам 2 давлати сахт мазҳабист: Англия ва Америка. Ва зинҳор фиреби назар нахӯред, ки ун ҷо демократияву озодандешӣ рушд дорад. Озодиву демократия дар доираи дин ва мазҳаби насрония аст, на бешу на кам!

А, украинҳо усулан католиканд. Мисли демократхоҳони Байден. Ва ин аст, ки Аврупову  Амрико онҳоро пуштибонӣ мекунанд. Ёд доред, ҷанги Югославияро? Он ҷо низ ҷанг миёни правослаҳо буду католикҳо. Аз катаклотсизм НАТО пуштӣ мегирифту аз православҳо Россия. Чизе миёни таассуби шиаву суннӣ…

           

Мавзуъи ҳассос

Гап сари ин меравад, ки Москва аз наздиктарин шарикони стротегии мост. Мисле, ки Украина низ бо мо дӯсту бародар мебошад. Вале ба ин фарқ, ки дар Россия беш аз 1 млн Тоҷик кору фаолият дорад. Дар Украина хелееее камтар. Медонам, ки тоҷико-укроинибаччаҳо, ҳаргиз бо ман розӣ буда наметавонанд, агар ин иддаоро пеш оварам, ки Украина қурбонӣ шуд. Қурбонии НАТО. Мисле, ки Афғонистон бо Ашраф Ғанӣ қурбонӣ гардид. Дар 1000 сол Россия ба Украина иҷозат намедиҳад, ки шомили НАТО шавад. Мисле, ки Покистон ҳаргиз ба Афғонистон озодии интихобу истиқлол нахоҳад дод.

Хеле мутаассифам, ки дар чанд кишвари пасошӯравӣ, лидерҳои баркамоле чун Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Шавкат Мирзиёев, Қосим Жомарт Тоқаев сари кор наомаданд.

Чаро аз Президенти ҶТ сар кардам? Зеро, даст рӯи қалб, агар Ӯ намешуд шумо, мо, ман, ту ба ҷое намерасидем, хонандаи ин сутур. Инро ман мегӯям, нафаре, ки 7 сол дар ҷанги граждании Тоҷикон хабарнигор будаву ҳаргиз садои сулҳу ваҳдат аз ҷонибе, бидуни суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдат набишнидаам!

 

Лидеры от Бога

Ва бигзор евромуллоҳо лаққидан гиранд, аммо ҳастанд, пешвоёне, ба таъбири русҳо,  «Лидеры от бога!» мебошанд. Бо ҳама иззат Зеленский чунин нест!!!

Ҷанги Украинаро саҳлу сода нагиред. Кишварҳои пасошӯравӣ меҳвари табъизу тақриру таҳрири абарқудратон қарор гирифтаанд. Аввалтар аз ҳама Белорусро чанд бева ба коми бало кашид. Ал. Лукашенко, ки «Лидер от Бога» буд, ҳамаро тенҷу ором кард. Сипас мушкил сари Қазоқистон омад. Тоқаев, ки «Лидер от Бога» буд, бо кӯмаки муттафиқинаш кишварашро наҷот доду ОДКБ худро чун қудрати воқеӣ ба намоиш гузошт.

            Фикр намекунед, чаро Афғонистон ба дасти Толиб уфтод? Шумо 1 толиби калушпушидаро дидаед, ки ҷанг карда бошад? Ин марҳалаи сунъӣ буд, то ба марзҳои кишварҳои пасошӯравӣ 1 қувваи террористӣ наздик шавад. Украина охири кор нест. Ин ҷо низ ҷангхоҳон даъвоҳои геополитикӣ доранд! Ба забони дигар имрӯз касе дар фикру андешаи мо нест. Давлатро, амниятро, суботро бояд бо дасти худ сохт на бегонагон!

            Аз ҳазорон ҳамсояи ба ном ҳамзабону ҳамфарҳанг ба мо кишварҳои пасошӯравӣ наздиктаранд. Борҳо гуфтаву боз мегӯям, ӯзбеку қазоқу русу белорусу укроинӣ ва ҳатто қирғиз ба маданияту фарҳангу ҷаҳонбинии мо қарибтараканд, ки 1 эрониву афғонистонӣ буда бошад. Мо Метавонем!

 

Путин Ленин мешавад?

            Дар ин гирудор муҳимтарин нукта ин аст, ки мардуми олам ба худ суол медиҳанд, «ВП оё ВЛ мешавад ва СССР-ро барқарор мекунад?». Тарси олами Ғарбу Шарқ низ аз ҳамин аст. Зеро таври маълум СССР аз абарқудраттарин давлати ҳастаӣ буд, ки дар ҳини мавҷудияташ НАТО ЯГОН давлати олам, ба вежа мусалмониро ҳадаф қарор намедод. Ин давлатро 1 камхирад бо номи Раиска Максимовна бо шавҳараш Горбачёв аз байн бурданд. Тақдири СССР ҳатто онҳоеро, ки ҳамакнун соҳибдавлату сарватманданд, нигарон кардааст.

1 бонкири Тоҷик, ки миллионҳо дорад, боре дар сӯҳбат бо ман гуфт:

-Акаи Сайёф, ба номи Худо, омодаам ҳама сармояамро гиранд, давлату сарватамро гиранд, вале чун дар замони советӣ, 1 папка таки каш, савори троллейбус, бо асаби ором, ба мактаб рафта, ба хонандагон дарс диҳам ва бо маоши каму беғами шӯравӣ, ба умеде, ки фардо маро касе намекушад, писарам муҷоҳид намешавад, духтарам фоҳиша намегардад, нафаре маро террор намекунад, экстремисте мисли кабиричаҳо ватанро ба валангорӣ намекашанд…зиндагонӣ кунам!

Оре, дар СССР ин ҳама буд! Вале бебозгашт ба таърих рафт. Ҳамакнун тақдири давлату миллати хешро бояд бо дасти худ навишт. Атрофи сарвари давлати худамон гирд оем. СССР мехоҳед? Давлати тинҷу ором мехоҳед? Ворастагӣ мехоҳед? Пас ман, ту, вай, Тоҷикон бояд онро созем, на каси дигар. Бо Пешвои худ. Мо Метавонем!

А, дар бораи барқарорсозии СССР худи ВП изҳори назар кард, ки ҳаргиз ВЛ шуданӣ нест. Ӯ гуфт:

-Касе барои СССР намесӯзад, дил надорад! Касе барои СССР месӯзад ақл надорад!

           

Чоршанбе, 02 Март 2022 15:20

Чоршанбе, 02 Март 2022 15:15

Чоршанбе, 02 Март 2022 15:11

Чоршанбе, 02 Март 2022 15:01

Чоршанбе, 02 Март 2022 14:36

Чоршанбе, 02 Март 2022 14:28

Чоршанбе, 02 Март 2022 14:24

саҳ 8 аз 10

Китобҳо

Flag Counter