ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Окт 11 2018


3.10.1968. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози тайёраи мусофирбари Ту-154 амалӣ гардид. Он яке аз маъруфтарин тайёраҳо дар хатсайрҳои собиқ Иттиҳод буд ва то ҳол бо муваффақият мавриди истифода қарор дорад.
3.10.1990. Дар ин рӯз Олмони Шарқӣ (ГДР) бо Олмони Ғарбӣ (ФРГ) пайваст гардид ва ҷудоии 45-солаи ин кишвар поён ёфт.
3.10.1993.Дар Маскав зиддияти тарафдорони президент Борис Николаевич Елтсин ва Шӯрои Олии Русия ба ҳолати даргирии ошкори мусаллаҳона мегузарад. Тарафдорони ШО муҳосираи Кохи сафедро рахна ва бинои шаҳрдории Маскавро тасарруф намуданд.
4.10.1957.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози моҳвораи маснуии Замин ба амал оварда шуд.
4.10.1991.Роҳбарони тамоми ҷамоҳири собиқи СССР, ба истиснои ҷумҳуриҳои назди Балтик, созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.
4.10.1992.Кунгураи халқҳои Қафқоз аз Русия ва Гурҷистон талаб кард, ки истиқлолияти давлатии Чечен, Абхазия ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият бишиносанд.
4.10.1993. Президенти Русия Б.Елтсин барои пиёдасозии фармони худ оид ба пароканда кардани Шӯрои Олии Русия ба Маскав нерӯҳои тонкии артишро ворид ва низомиёни артиши рус ба бинои парлумон ҳамла карданд.

Чоршанбе, Окт 03 2018


28.09.1925. Дар СССР дастуруламал оид ба таъсиси милитсияи Коргарӣ-Деҳқонӣ қабул карда шуд.
28.09.1939. Дар рафти рафти Ҷанги ҷаҳонии 2 немисҳо пойтахи Полша-шаҳри Варшаваро тасхир намуданд. Худи ҳамин рӯз миёни СССР ва Олмони гитлерӣ "Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадот" ба имзо расид.
29.09.1938. Нишасти таърихии Мюнхен. Шаби 29.09.1938 сарони 4 кишвари аврупоӣ-Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса дар шаҳри Мюнхени Олмон ҷамъ омаданд ва Чехословакияро миёни Олмон, Полша ва Венгрия тақсим намуданд.
29.09.1941. Оғози кушторҳои оммавӣ дар Бабий Яри Украина. Артиши олмонӣ дар зарфи 2 рӯз дар сойҳои Бабий Яр (наздикиҳои Киев) наздики 60.000 одамро ба қатл расониданд. Бештари кушташудагонро яҳудиён, лӯлиҳо ва асирони Артиши Сурх ташкил медоданд.

Панҷшанбе, Сен 27 2018


19.09.1941. Дар рафти ҶБВ гурӯҳи 2-и тонкии немисҳо, дар наздикии мавзеи Лохвитсӣ бо гурӯҳи 1-и тонкӣ пайваст ва дар натиҷа нерӯҳи фронти ҷанубу-ғарбии Артиши Сурх ба муҳосира афтида, немисҳо пойтахти Украина-шаҳри Киевро тасарруф карданд.
19.09.1985. Заминҷунбии сахт дар пойтахти Мексика-шаҳри Мехико. Заминларза бо қувваи 8,1 балл ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа зиёда аз 9000 одам ҳалок ва 30.000 маҷрӯҳ шуданд.
20.09.1918.Нерӯҳои мусаввитии Озарбойҷон бо кумаки англисҳо ҳокимияти Шӯроҳоро дар Боку сарнагун карда, роҳбарияти ин ҳукуматро, ки аз 26 комиссар иборат буданд, ба қатл расониданд.
21.09.1973.Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.
21.09.1993.Президенти Русия Борис Елтсин бо қарори махсуси худ, фаъолияти Шӯрои Олии ин кишварро қатъ кард ва ШОро пароканда намуд.
22.09.1989.Дар РСС Қазоқистон забони қазоқӣ, забони давлатии ин ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

22.09.1991. Дар РСС Тоҷикистон баъди гирдиҳамоии мардумӣ фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ шуд. Ин мамнӯъият танҳо 1 рӯз идома ёфта, 23 сентябр парлумони кишвар раиси ШО Қадриддин Аслоновро аз вазифа сабукдӯш кард ва фаъолияти ҲК аз нав қонунӣ шуд.

Панҷшанбе, Сен 20 2018


14.09.1917. Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд. Инчунин дар ин рӯз торумори ниҳоди полис, ҳабси аъзои Шӯрои вазирон қонуни гардонида шуда, бадарға бекор ва тамоми маҳбусони сиёнӣ озод карда шуданд. Ҳукумати муваққат инчунин ҷорӣ кардани озодиҳои сиёсӣ ва даъвати Маҷлиси Муассисонро дар кишвар ваъда кард.
14.09.1929. Футболбозони дастаи “Динамо”-и Киев аввалин бозии байналмилалии футболро доир карданд. Футболбозони шӯравӣ бо дастаи яккачини коргарони Австрияи Поёнӣ бозида, бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи футболбозони австриягӣ анҷомид.
14.09.1936. Дар машварати махфии НКВД СССР, роҳбарияти ин ниҳод қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ фиристад. Тарафи СССР то охир аз ҷумҳурихоҳони испанӣ ҳимоят кард, аммо бо вуҷуди ин ҷумҳурихоҳон дар Испания шикаст хӯрданд.

Чоршанбе, Сен 12 2018


6.09.1928. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созишномаи Бриан-Келлога ҳамроҳ гардид. Тибқи ин созишнома тамоми кишварҳо мебоист зиддиятҳо ва мушкилоту нофаҳмиҳои худро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл мекарданд.
6.09.1936. Дар СССР унвони фахрии "Артисти халқии СССР" таъсис дода шуд. Соҳибони аввалини ин унвон К.С.Станиславский, В.И.Немирович-Данченко, В.Качалова ва И.Москвин гардиданд. Бори охир бошад ин унвонро с.1991 Алла Пугачёва ва Олег Янковский соҳид гардиданд.
6.09.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Раёсати ШО "Кумитаи халқии назорати давлатӣ" таъсис дода шуд.

6.09.1991. Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои назди Балтик - Эстония, Латвия ва Литваро расман эътироф кард.
8.09.1934. Кӯҳнавардони шӯравӣ Виталий Аблаков, Чернуха ва Лукин ба яке аз қуллаҳои қаторкӯҳи Олой нимпайкараи Ленинро насб карданд. Ин қуллаи то ин вақт бе ном ба таври табиӣ номи доҳии пролетарҳои ҷаҳонро соҳиб ва қуллаи Ленин номида шуд.

Панҷшанбе, Сен 06 2018


30.08.1918. Суиқасд ба ҷони доҳии болшевикон Владимир Илич Ленин. Ленин дар яке аз корхонаҳои Маскав назди коргарон баромад мекард ва баъди баромад, аз ҷониби намояндаи ҳизби эссерон Фанни Каплан сахт маҷрӯҳ шуд. Худи ҳамин рӯз дар пойтахти шимолии болшевикон-ш.Петроград, шоир Леонид Каннегисер ба ҷони намояндаи дигари ҳизби болшевикон, раиси ВЧК и Петроград Моисей Соломонович Уритский суиқасд намуд. Дар натиҷа Уритский ба ҳалокат расид.
30.08.1935. Дар Маскав конгресси VII и Коминтерн доир шуд. Дар он коммунистони ҷаҳон бо сотсиал-демократҳо барои мубориза бо фашизм муттаҳид гардиданд.
31.08.1914. Бо фармони подшоҳ Николайи 2 шаҳри Санкт-Петербург ба Петроград тағйири ном кард. Русия вориди ҷанг бо Олмон шуда буд ва ҳар чизе, ки бӯи немисӣ медод, аз кишвар ҳазф мешуд.

саҳ 40 аз 60

Китобҳо

Flag Counter