28.05.1987. Дар Рӯзи сарҳадчиён ҳавонаварди 19-солаи немис Матиас Руст бо тайёраи сабуки варзишии "Sessna 173R" дар Майдони сурхи Маскав фуруд омад. Баъди нишаст ӯ иддаъо кард, ки мехост дар масоили сулҳ дар саросари ҷаҳон бо Михаил Горбачев-ГенСеки СССР суҳбат кунад.
29.05.1923. Дар СССР Иттиҳоди Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таъсис дода шуданд.
29.05.1975. Дар РСС Белорус истеҳсоли бузургтарин мошини боркаши СССР "БелАЗ-7520" оғоз гардид. Ин мошин 110 тонна бор мебардошт ва метавонист корвони мошинҳои боркаши маъмулиро ҷойгузин кунад.
31.05.1918. Баъди шикаст ва парокандашавии имературии Австро-Венгрия чехҳо ва словакҳо дар шаҳри Питтсбурги ИМА бо ҳам иттиҳоди сиёсӣ баста, кишвари нав-Чехословакияро таъсис доданд.
23.05.1924. Дар Маскав Анҷумани XIII-и РКП (б) ба кори худ сар кард, ки аввалин Анҷумани ҳизби болшевикӣ баъди марги Ленин буд. Дар он 748 вакил бо овози ҳалкунанда ва 416 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Пеш аз оғози Анҷуман миёни аъзои собиқадори ҳизбӣ Васиятномаи Ленин қироат карда шуд. Дар васиятнома доҳии болшевикон Тротскийро аз ҳама фарди болаёқат дар КМ арзёбӣ ва аз аъзои КМ талаб мекард Сталинро барои дағаливу густохиаш аз вазифаи котиби генералии ҳизб барканор кунанд. Мегӯянд, Сталин баъди қироати Васиятнома хоҳиши ба истеъфо рафтан кард ва фармуд: “Ман дар ҳақиқат дағалам. Илич ба шумо пешниҳод мекунад каси дигарро ёбед!” Аммо яке аз дӯстони Сталин аз толор садо зад: “Моро бо дағалӣ наметарсонӣ. Тамоми ҳизби мо дағал аст, ҳизби пролетарист!”
17.05.1918. Шӯриши корпуси чехославакӣ дар Сибир. Оғози ҷанги шаҳрвандии Руссия.
17.05.1919. Дар РСФСР моликияти калисо ва дигар муассисаҳои динӣ давлатӣ эълон гардиданд.
17.05.1941.Шумораи навбатии рӯзномаи "Правда" бо сармақолае нашр шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Нерӯи мо, чи дар сарҳад ва чи дар дохили кишвар бе ист зиёд мешавад". То оғози ҶБВ ҳамагӣ 36 рӯз боқӣ монда буд.
17.05.1944. Дар СССР Ҷумҳурии автономии Қрим барҳам дода шуд. Дар 1 шаб Артиши шӯравӣ 200.000 тотори қримро ба навоҳии Осиёи Миёна, Урал ва назди Волга бадарға карданд.
11.05.1918. Дар РСФСР бо пешниҳоди Феликс Дзержинский раёсати КМИ қарореро қабул кард, ки тибқи он рузномаҳои масквагӣ "хабарҳои дурӯғро барои бесарусомонӣ андохтан миёни мардум нашр мекунанд ва одамонро алайҳи ҳукумати Шӯроҳо таҳрик медиҳанд" баста мешуданд. Баъди ин қарор бештари рузномаҳои Москва-пойтахти аввалин кишвари Шӯроҳо фаъолияти худро қатъ карданд.
11.05.1944. Дар СССР қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа ба тасвиб расид, ки тибқи он тоторҳо, булғориҳо ва юнониён аз ҳудуди Қрим ба дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ табъид мешуданд.
3.05.1991. Дар пойтахти Намибиё-шаҳри Видхук "Эъломияи Вендхук" ба имзо расид. Он ҳукумати тамоми кишварҳои дунёро даъват кард, ки озодии матбуот ва хусусиёти демократии онро таъмин кунанд. Ин рӯз бо қарори Юнеско чун Рӯзи байналмилалии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад.
4.05.1946. Бюрои сиёсии ВКП(б) бо қарори худ Нашриёти давлатии адабиёти хориҷӣ ва китобхонаи адабиёти хориҷиро дар СССР таъсис дод. Ин 2 ниҳод то ба имрӯз ҳам фаъоланд.
4.05.1960. Шӯрои Вазирони СССР қарор дар бораи "Тағйири меъёри нархҳо ва ҷойгузинии пулҳои дар муомилот буда, бо пулҳои нав" ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор аз 1.01.1961 дар аввалин кишвари Шӯроҳо деноминатсияи нархҳо ва пул амалӣ гардид. Нархҳо ва даромади шаҳрвандон 10 карат поин бурда шуда, пули нав роҳандозӣ ва 1 рублаш ба 10 рубли кӯҳна баробар карда шуд.
25.04.1905. Дар пойтахти Англия-шаҳри Лондон Анҷумани III-юми РСДРП баргузор гардид.
26.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқӣ-Шӯравии Хоразм.
26.04.1936. Дар милисаи Шӯравӣ рутбаҳои ҳарбӣ ҷорӣ гардиданд.
26.04.1945.Дар рафти амалиёти Берлин тонкҳои Артиши Сурх ба маркази пойтахти Рейхи саввум расиданд.
26.04.1986. Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил. Он яке аз бузургтарин садамаҳо дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт ва оқибатҳои он то ҳанӯз рафъ нагардидаанд.
27.04.1918. Дар Руссияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ҳуқуқи меросбарии шаҳрвандон бекор карда шуд. Аз ин ба баъд дар аввалин кишвари Шӯроҳо касе аз касе ирс намебурд. Ин қонун то 22.05.1922 амал кард ва пас аз ин болшевикон онро бекор карданд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар