23.08.1935. Дар манораҳои Кремл ситораҳои ёқутӣ, ки дар яке аз корхонаҳои Донбасс сохта шуда буданд, насб гардиданд.
23.08.1939. Дар Маскав миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони нозӣ Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба имзо расид. Ин Созишнома бо “пакти Молотов-Рибентроп” маъруф аст ва барои муддате ҷангро миёни СССР ва Олмон боздошт.
23.08.1942. Оғози муҳорибаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ ба наздикиҳои Сталинград расида, мудофиа шаҳр оғоз гардид.
23.08.1943.Дар рафти ҶБВ ба Артиши Сурх муяссар шуд, шаҳри Харковро аз дасти немисҳо озод кунад. Ҷангҳо барои Харков бисёр шадид буданд. АС 3 маротиба кӯшиш кард шаҳрро ба тассаруф дарорад, аммо 2 кӯшиши аввал ба нокомӣ анҷомида, танҳо дар дафъаи 3-ум немисҳо тоб наоварда ақиб нишастанд.
17.08.1958. Роҳбари Чини коммунистӣ Мао Цзе Дун эълон кард, ки дар Чин сиёсати "ҷашиҳи бузург" амалӣ мегардад.
17.08.1965. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системаи мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ гардид. Акнун тамоми аҳолӣ муваззаф буданд, ки нормаҳои ГТОро бисупоранд.
17.08.1965. Оғози амалиёти Старлет («Starlite») дар ҷанги Ветнам. Он аввалин амалиёти низомии артиши ИМА дар хушкӣ дар рафти ҷанги Ветнам буд.
18.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ "Иттиҳоди умумирусиягии журналистони шӯравӣ" таъсис дода шуд. Иттиҳод баъдан филиалҳои худро ба 15 ҷумҳурии шӯравӣ интиқол дод ва он ҷо ҳам созмони рузноманигорон таъсис дода шуданд.
18.08.1920. Кунгураи ИМА ислоҳоти 19-умро ба Сарқонуни ИМА таъйид кард, ки тибқи он занҳо ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиб гаштанд.
19.08.1945. Артиши Сурх, артиши Квантунии японҳоро дар Манҷурия шикаст дода, водор ба таслимшавӣ кард.
19.08.1945. Худи ҳамон рӯз артиши коммунистии Ветнам бо сарварии Хо Ше Мин пойтахти ин кишвар-шаҳри Ханойро ба тасарруф дароварданд.
9.08.1928. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бинои Сирки шаҳри Ленинград аввалин Осорхонаи сирк ва эстрада дар ҷаҳон ифтитоҳ ёфт.
9.08.1990. Шӯрои Олии РСФСР қарор "Оид ба ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Русия"-ро қабул кард. Тибқи ин қарор Шӯрои Олии РСФСР тамоми муомилоти идора ва муассисаҳои иттиҳодӣ оид ба тилло, алмос, уран ва дигар маҳсулоти стратегӣ дар қаламрави РСФСР аз эътибор соқит мегардиданд.
9.08.1991.Федератсияи Русия ҷойнишини ҳуқуқии Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф карда шуд.
9.08.1991. Дар Русия раиси кобинаи Вазирон Сергей Степашин истеъфо дод ва ба ҷояш шахси он ҳангом ношинос Владимир Путин таъйин карда шуд.
11.08.1921.Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР қарор дар бораи сиёсати нави иқтисодиро ба тасвиб расонид.
2.08.1930. Дар наздикии шаҳри Воронеж аввалин бор дар ҷаҳон десанти ҳавоӣ фароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи нерӯҳои десантӣ-ҳавоӣ бо тантана ҷашн мегирифтанд.
2.08.1933.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ канали Беломоро-Балтийск ифтитоҳ ёфт. Ин канал баҳри Сафедро бо кӯли Онега мепайваст ва 227 км масоҳат дошт. Канал ба номи Сталин гузошта шуд, ки яке аз сохтмонҳои бузурги 5-солаи аввал ба шумор мерафт. Иншооти мазкур пурра бо дасти маҳбусон сохта шуда буд.
2.08.1934. Баъди марги президенти Олмон Гинденнбург, Адолф Гитлер фюрери миллати немис эълон карда шуд.
2.08.1946. Дар СССР генерал-лейтенант А.А.Власов-фармондеҳи Артиши озодибахши Русия ба қатл расонида шуд. Ӯ с.1942 худро ба немисҳо таслим кард ва яке аз афсарони олирутбаи шӯравӣ буд, ки бо немисҳо ҳамкории зич дошт.
3.08.1929.Дар СССР аввалин стансияи автоматикунонидаи телефонӣ (АТС) ба кор шурӯъ кард.
25.07.1918. ШКХ бо имзои В.Ленин қарореро ба тасвиб расонд, ки дар он яҳудиситези (антисемитизм)-ро "марг барои инқилоби коргару-деҳқон" унвон кард. Дар ҳақиқат бештари роҳбарони ҳизби болшевикӣ яҳудитабор буданд ва бадбинии онҳо инқилобро ногузир ба шикаст мунҷар мекард.
26.07.1917.Дар Петроград Анҷумани VI-и РСДРП (б) ба кори худ сар кард. Ин Анҷуман дар шароити нимапинҳонӣ мегузашт, чун хавфи бастани он аз ҷониби Ҳукумати муваққат хеле зиёд буд. Дар Анҷуман 267 вакил ширкат варзиданд, ки 162 ташкилоти ҳизбиро муаррифӣ мекарданд. Он шабу рӯз ҳизби сотсиал-демократи коргарии болшевикон 240.000 аъзо дошт. Аз роҳбарони олирутбаи ҳизб Ленин ва Зиновев дар хуфия ва Тротский бо Каменев бошанд дар ҳабс қарор доштанд, лиҳозо дар кори Анҷуман ширкат наварзиданд. Анҷуманро Сталин ва Свердлов роҳбарӣ карданд.
26.07.1917.Раиси ҳукумати муваққати Русия Александр Керенский бо тантана савганд ёд кард, ки тамоми кӯшишҳои барқарорсозии дубораи ҳукумати подшоҳиро дар Русия бераҳмона пахш хоҳад кард.
18.07.1921. Ҳукумати Русия аз тамоми кишварҳои хориҷӣ даъват кард, ки ба мардуми гуруснаи Поволже кумак кунанд. Ин аввалин дархости болшевикон барои ёрӣ аз кишварҳои капиталистӣ буд. Сабаби асосии гуруснагӣ дар навоҳии соҳили Волга ҷанги шаҳрвандии Русия буд. Дар натиҷаи ҷанг аз ҳама бештар навоҳии назди Волга зарар дид ва гуруснагӣ 35 губернияи Русияро печид. Теъдоди умумии мардуме, ки аз гуруснагӣ азият мекашиданд 40 млн нафар буд. Дар натиҷаи гуруснагӣ зиёда аз 5 млн одам ба ҳалокат расиданд.
18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин мусобиқаи Ҷоми СССР оид ба футбол баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 94 дастаи футбол ширкат варзид ва пирӯзиро дастаи Локомотиви Маскав ба даст овард. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони Локомотив бо дастаи Динамои Тбилисӣ вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 бар футболбозони гурҷӣ пирӯз шуданд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар